Қосим Роҳбар
Қосим Роҳбар (Қосимов Қосим Роҳбарович; зод. 3 октябри 1964, шаҳри Хуҷанд, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС) — ходими давлатӣ, сиёсӣ ва ҷамъиятӣ.
Қосимов Қосим Роҳбарович | |
Таваллуд |
3 октябр 1964 (60 сол) |
Ҳизб | |
Таҳсилот | |
Касб | агроном |
Ҷоизаҳо |
Зиндагинома
вироишҚосим Роҳбар 3 октябри 1964 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Ленинобод дар хонаводаи арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ Роҳбар Қосимов ба дунё омадааст. Соли 1986 факултаи агрономии Донишгоҳи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро хатм намудааст.
Корнома
вироиш- 1986—1989 — Агрономи колхози «40-солагии Октябр»-и ноҳияи Хуҷанд
- 1989—1991 — Котиби дуюми комитети комсомоли ноҳияи Хуҷанд
- 1991—1992 — Мудири шуъбаи ташкилии комитети комсомоли вилояти Ленинобод
- 1992—1994 — Раиси Шӯрои ташкилоти вилоятии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд
- 1994—1996 — Раиси ноҳияи Хуҷанд
- 1996—2006 — Раиси вилояти Суғд
- 2006—2008 — Раиси комиҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд
- 2008 — Вазири кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон
- 2008—2015 — Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- 2015—2022 — Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
- 27 январи соли 2022—15 апрели соли 2024 — раиси шаҳри Ҳисор[1].
Ҷоизаҳо
вироишБарои хидматҳои шоён аз тарафи давлату ҳукумат бо ҷоизаҳо ва унвонҳои зиёд сарфароз гардидааст.
- Соли 1998 бо «Ордени дӯстӣ»;
- Cоли 2002 Медали ҷашнӣ бахшида ба 10-солагии ҷаласаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Соли 2006 Ифтихорномаи Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Cоли 2006 «Ордени Исмоиои Сомонӣ» дараҷаи II;
- Cоли 2012 Медали ҷашнӣ бахшида ба 20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ифтихорномаҳои давлативу соҳавӣ мукофотонида шуда, ҳамзамон аълочии маориф, фарҳанг, тандурустӣ, узви Иттифоқи архитекторон ва мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Президенти Тоҷикистон. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор таъйин намудани Қосим Р.. president.tj. 27 Январ 2022 санҷида шуд.