Ҳарриет Бичер Стоу
Ҳа́рриет Эли́забет Би́чер-Сто́у (англ. Harriet Elizabeth Beecher Stowe; 1 (14) июн 1811, Литчфилд, Коннектикут, ИМА — 1 (1) июли 1896, Ҳартфорд, Коннектикут, ИМА) — нависанда, педагоги амрикоӣ.
англ. Harriet Beecher | |
![]() | |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | англ. Elizabeth Harriet Beecher |
Таърихи таваллуд: | 14 июн 1811[1][2][3][…] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 1 июл 1896[1][2][3][…] (85 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | румоннавис, шоир, нависандаи кӯдакон, қиссанавис, нависанда, abolitionist |
Жанр: | румон ва tale[d] |
Забони осор: | American English[d] ва инглисӣ[1] |
Ҷоизаҳо: | |
Имзо: |
![]() |
harrietbeecherstowe.org | |
![]() | |
![]() | |
![]() |
ЗиндагиномаВироиш
Аз оилаи рӯҳонӣ. Дар оилаашон ҳама мардон рӯҳонӣ буданд, худи Бичер-Стоу ҳам ба профессори. фиқҳу илоҳиёти насронӣ К. Стоу ба шавҳар баромад.
ОсорВироиш
Масъалаи ғуломдорӣ дар Амрико ӯро мутаваҷҷеҳ сохта буд ва ба ҳар василае барои аз байн бурдани он мубориза мебурд. Махсусан, романаш «Кулбаи Томамак» (1982; тарҷ. тоҷикиаш 1959) барои аз байн бурдани ғуломдорӣ замина муҳайё кард. Дар ҳаёти ҷамъиятии Амрико ин асар таъсири зиёде дошт ва он дар тамоми ҷаҳон машҳур гардид. Президенти ИМА А. Линколн Бичер-Стоуро «зани хурди сабабгори ҷанги калон» (Ҷанги шаҳрвандӣ дар ИМА 1861-65) ном бурдааст. Соли 1853 Бичер-Стоу ба романи «Кулбаи Томамак» тафсире бо номи «Калиди кулбаи Томамак» навишт, ки дар он санадҳои бисёреро оид ба ғуломдорӣ дастраси ҷомеа кард. Дар романи «Дред, қиссаи ботлоқи наҳс» (1856) боз ҳам ба масъалаи ғуломдорӣ таваққуф намудааст, вале ӯ нависандаест насиҳатгар, пандомӯз. Аз пешниҳоди роҳи зӯрӣ ва инқилобии ҳалли масъалаи ғуломдорӣ худдорӣ кардааст. Бичер-Стоу инчунин муаллифи якчанд романи дигар ва памфлети «Ба дастгирии леди Байрон» (1870) мебошад, ки дар он рафтори завҷаи Байронро, ки аз ӯ ҷудо шуда буд, маъқул шуморидааст.
ЭзоҳВироиш
- ↑ 1.0 1.1 1.2 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 2.0 2.1 2.2 Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ 3.0 3.1 Internet Broadway Database (ингл.) — 2000.
- ↑ Blain V., Grundy I., Clements P. The Feminist Companion to Literature in English (ингл.): Women Writers from the Middle Ages to the Present — 1990. — P. 1036.
- ↑ 5.0 5.1 http://web.archive.org/web/20170323042012/http://jeugdliteratuur.org/auteurs/harriet-beecherstowe
- ↑ https://en.wikisource.org/wiki/Woman_of_the_Century/Harriet_Beecher_Stowe
АдабиётВироиш
- Орлова Р. Д. Г. Бичер-Стоу: Очерк жизни и творчества. М., 1971.
СарчашмаВироиш
- Бичер-Стоу, Ҳарриет // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2021, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
Lua error in Модул:External_links at line 153: attempt to call field 'getWikidataRefHtml' (a nil value).