Ритик Рошан
Ритик Рошан (ҳиндӣ: ऋतिक रोशन, англ. Hrithik Roshan; тав. 10 январ 1974) — яке аз беҳтарин ҳунарпешаҳои Болливуд мебошад. Ӯ дар синамои Ҳинд нақшҳои бисёреро бозидааст ва бо маҳорати рақсияш шинохта шудааст. Инчунин Ритик яке аз ҳунармандони баландпардохт ба шумор меравад, ки то ин дам ҷоизаҳои зиёдеро бурд кардааст. Шаш маротиба бо мукофоти Filmfare Awards, 4-тояш барои Беҳтарин нақши Мардона, яктояш барои Беҳтарин Нақш ва дигарш барои Беҳтарин Ҳунарпеша қадрдонӣ шудааст.
англ. Hrithik Roshan | |
| |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | Hrithik Roshan |
Таърихи таваллуд: | 10 январ 1974 (50 сол) |
Зодгоҳ: | Мумбай, Маҳороштра, Ҳиндустон |
Шаҳрвандӣ: | Ҳиндустон |
Касб: | Ҳунарпеша |
Корнома: | 1986 - то ҳол |
Ҷоизаҳо: | Filmfare Awards |
IMDb: | ID 0004335 |
hrithik.net | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Ритик бо падараш зиёд ҳамкорӣ мекунад аз ҳамин сабаб ӯ солҳои 80-ум дар якчанд нақшҳои хурд нақши кӯдакро мебозид ва баъдтар дар чор филми падараш ҳамчун режиссёри дуюм шуда кор кардааст. Аввалин филме ки дар ӯ нақши марказиро бозидааст ин филми муваффақ ва серпардохти Бигӯ, ки дӯст медори (2000) (англ. Kaho Naa... Pyaar Hai) мебошад, барои ин нақш якчанд ҷоиза бурд намудааст. Намоишҳои ӯ соли 2000 дар филми Физа (англ. Fiza) , ки мавзӯъи терроризмро дорад ва соли 2001 дар филми мелодраммавии Ҳам дар ғам ва ҳам дар хурсандӣ (англ. Kabhi Khushi Kabhie Gham) Ритикро ба ҳамагон муаррифӣ намуданд аммо пас аз ин филмҳо якчанд филмҳои ӯро хуб қабул накарданд.[1]
Зиндагинома
вироишДар оилаи ҳиндуҳо ба дунё омадааст. Падари ӯ актёр ва коргардони ҳиндӣ Ракеш Рошан, амакаш композитор Раҷеш Рошан ва падари модараш режиссёр Ҷ. Ом Пракаш мебошанд.
Ритик дар кӯдакиаш аз сабаби печидани забон[2] ва намуди зоҳирии худ хеле азият мекашид - ӯ ду ангушти часпида (полидактилия) дар дасти росташ дорад. Дар 14-солагиаш, ӯ таҳти табобати вижа қарор гирифт ва тавонист аз мушкилоти забонӣ халос шавад.
Ритик мактаби Шотландии Бомбейро хатм карда, курси тиҷоратиро дар Коллеҷи Сиденҳам хатм кардааст[3][4].
Фаъолият
вироишБори аввал дар филм, Ритик ҳамчун кӯдак соли 1980 дар филми машҳури Aasha бо Ҷитендра, Рина Рой нақш бастааст. Инчунин дар хурди дар филмҳои Aap Ke Deewane (1980) бо Ришӣ Капур, Ракеш Рошан ва Bhagwaan Dada (1986) бо Раҷникант, Дэннӣ Дензонгпа, Ракеш Рошан, Шридевӣ ва Сатиш Шоҳ ҳунарнамоӣ намудааст. Нахустнамоиши ӯ баъди бузург шудан соли 2000 дар филми падараш "Kaho Naa… Pyaar Hai" аст. Дар ин филм, Ритик нақши дукаратаро бозидааст: ӯ писари камбизоат, ки ба духтари сарватманд ошиқ мешавад, ки ҳамҷуфташро Амиша Пател бозидааст. Филм ҳунарпешаро ду ҷоизаи Filmfare Awards бурд кард: Беҳтарин дебют ва беҳтарин коргардон.
Ҳамон сол ду филми дигар бо иштироки ӯ бароварда шуд: "Дар ҷустуҷӯи бародар" (Fiza), бо Ҷая Баччан Баҳодурӣ ва Каришма Капур, нақши мусалмонеро, ки пас аз ошӯбҳои Бомбай дар солҳои 1992-1993 террорист шуда буд, мебозад ва "Амалиёт" Кашмир" (Mission Kashmir), бо ки дар он нақши сарбозро бозидааст, ки дар Кашмир адои хидмат мекунад. Дар ин филм ӯро Притӣ Зинта, Санҷай Датт ва Ҷекӣ Шрофф ҳамроҳӣ кардаанд. Ҳарду филм муваффақ гардид[5].
Соли 2001 филми "Хотираҳо" (Yaadein) рӯи навор омад, ки дар он ҷо бо Карина Капур, Ҷекӣ Шрофф ва Амриш Пурӣ бозӣ кард. Филм аз мунаққидон танқидҳои манфӣ гирифт ва дар дафтари дапомад ноком шуд. Барои Ритик, ин аввалин нокомӣ дар фаъолияти ҳунарияш буд. Худи ҳамон сол ӯ дар филми "Kabhi Khushi Kabhie Gham..." нақш бозида, писари хурдии оилаи сарватмандро, бозӣ кард. Дар ин мазҳака ҳунарпешаҳои маъруфи Болливуд, Шоҳруххон, Каҷол, Амитабҳ Баччан, Карина Капур, Ҷая Баччан Баҳодурӣ, Ранӣ Мукҳерҷӣ, Алок Натҳ ва Фарида Ҷалол ҳунарнамоӣ намудаанд. Филм муваффақияти тиҷорӣ гардид ва яке аз филмҳои муваффақтарин дар Ҳиндустон ва дар хориҷи кишвар бо фарогирии 1 миллиард рупия дар саросари ҷаҳон гардид[6].
Соли 2002 бо иштироки ӯ якчанд филмҳо бароварда шуданд. Аввал - "Aap Mujhe Achche Lagne Lage", ки дар он ҷо боз бо Амиша Пател бозӣ кардааст, дуюм - "Mujhse Dosti Karoge?", бо Карина Капур ва Ранӣ Мукҳерҷӣ- дар хориҷа муваффақ гардид, аммо дар кассаи Ҳиндустон ноком шуд. Филми сеюми Ритик дар он сол - "Na Tum Jaano Na Hum" (бо Сайф Алихон ва Эша Деол), низ ноком шуд ва пас аз он матбуот ба пешгӯии поёни фаъолияти ӯро шурӯъ кард[7][8]. Аммо дар соли 2003, ӯ вазъро бо филми "Koi... Mil Gaya" ислоҳ кард, ки дар он ҷо ҷавони рӯҳан бемор Роҳит Меҳру, ки бо сайёраи дигар дар тамос аст, бозӣ кардааст. Барои нақш Ритик 8 кг вазн партофтааст. Дар филм ӯ миёни ҳунарпешаҳои маъруф Рекҳа, Притӣ Зинта ва Ҷоннӣ Левер ҳунарнамоӣ намудааст. Филм муваффақтарин филм дар соли 2003 гардид, ки Ритик ҷоизаи Filmfare барои беҳтарин нақш ва беҳтарин ҳунарпешаро аз ҷониби мунаққидон гирифт[9].
Соли 2006, Ритик дар филми бадеии Крриш, ки идомаи филми "Koi... Mil Gaya" мебошад, ширкат варзид. Қабл аз сабти филм, Ритик барои омӯзиш ба Чин сафар карда буд. Филм муваффақ гардид[10]. Соли 2008 филми "Ҷодҳа ва Акбар" ба фурӯш бароварда шуд, ки дар он ӯ нақши Ҷалолуддин Муҳаммад Акбарро бо Айшвария Рай бозид. Барои сабти филм, ӯ мубориза бо шамшер ва асп савор шуданро ёд гирифт ва дар дарсҳои урду иштирок кард. Филм муваффақ гардид ва ба ӯ ҷоизаи чаҳорум Filmfare-ро барои беҳтарин ҳунарпеша ба даст овард.
Соли 2014, дар ремейки филми амрикоии Knight of Day, "Bang Bang!" (бо Катрина Каиф), нақш офаридааст, ки дар он Ритик як агенти махфии ботаҷрибаеро мебозид, ки нақша дорад террористро бо дуздии алмос, ки ӯ ҳадаф дошт, пайгирӣ кунад. Ҳангоми наворбардорӣ ҳунарпеша ҷароҳати сар бардоштааст, ӯ ҷарроҳӣ шудааст[11][12]..
Соли 2016, ӯ дар филми таърихии Mohenjo Daro як деҳқонро бозӣ кард, ки бо вуҷуди буҷаи калон доштанаш филм ноком шуд[13]. Дар филми "Kabil" соли 2017, Ритик як марди нобиноеро бозӣ кард, ки қасоси таҳқир ва марги занашро мегирад. Ба хотири сабти филм, ӯ чор рӯз худро дар як ҳуҷра даргиронд ва аз робита бо одамон худдорӣ кард[14]..
Ритик соли 2019 дар филми Super 30 нақши олим Ананд Кумарро мебозад, ки барномаеро мекушояд ва ба 30 донишҷӯи донишгоҳ технологӣ ройгон меомӯзад. Дар ин сол ӯ инчунин дар филми "War", бо Тайгер Шрофф нақши Кабирро бозидааст.
Ҳаёти шахсӣ
вироишСоли 2000, ӯ бо Сюзанна Хон духтари коргардони филм Санҷай Хон хонадор шудааст ва дар ин издивоҷ ду фарзанд таваллуд шуд - писарон Реҳан (2006) ва Ридан (2008). Ритик ва Сюзанна 13 сол бо ҳам зиндагӣ карданд ва соли 2013 аз ҳам ҷудо шуданд[15][16].
Филмнома
вироишНомгӯй | Сол | Нақш | Шарҳҳо | Иқт. |
---|---|---|---|---|
Aasha | 1980 | Номаълум | Намоиш дар суруди "Jaane Hum Sadak Ke Logon" | [17] |
Aap Ke Deewane | 1980 | Раҳим дар хурдӣ | Намоиши хурд | |
Aas Paas | 1981 | Номаълум | Намоиш дар суруди "Shehar Main Charchi Hai" | |
Aasra Pyaar Da | 1983 | Номаълум | Полливуд Намоиши хурд |
|
Bhagwaan Dada | 1986 | Говинда | — | [18] |
Khudgarz | 1987 | — | Ёрдамчии коргардон | |
King Uncle | 1993 | — | Ёрдамчии коргардон | |
Karan Arjun | 1995 | — | Ёрдамчии коргардон | [19] |
Koyla | 1997 | — | Assistant director | |
Kaho Naa... Pyaar Hai | 2000 | Роҳит/Раҷ Чопра | [20] | |
Fiza | 2000 | Амон Икромуллоҳ | [21] [22] | |
Mission Kashmir | 2000 | Алтаф Хон | [23] | |
Yaadein | 2001 | Ронит Малҳотра | [24] | |
Kabhi Khushi Kabhie Gham... | 2001 | Роҳан Райчанд | [25] [26] | |
Aap Mujhe Achche Lagne Lage | 2002 | Роҳит | [27] | |
Na Tum Jaano Na Hum | 2002 | Раҳул Шарма | [28] | |
Mujhse Dosti Karoge! | 2002 | Раҷ Ханна | [29] | |
Main Prem Ki Diwani Hoon | 2003 | Прем Кишен Матҳур | [30] | |
Koi... Mil Gaya | 2003 | Роҳит Меҳра | [31] | |
Lakshya | 2004 | Каран Шергилл | [32] [33] | |
Krrish | 2006 | Кришна Меҳра ва Роҳит Меҳра[I] | [34] [35] | |
Dhoom 2 | 2006 | Арян/Ҷаноби А | [36] | |
I See You | 2006 | Номаълум | Намоиш дар суруди "Subah Subah" | [37] |
Om Shanti Om | 2007 | Худаш | Намоиши махсус | [38] |
Jodhaa Akbar | 2008 | Ҷалолуддин Моҳаммад Акбар | [39] | |
Krazzy 4 | 2008 | Номаълум | Намоиш дар суруди "Krazzy 4" | [40] |
Luck by Chance | 2009 | Заффар Хон | [41] | |
Kites | 2010 | Ҷай Сингҳания | Сарояндаи пасикадрӣ дар суруди "Kites in the Sky" | [42] [43] |
Guzaarish | 2010 | Этан | [43] [44] [45] | |
Zindagi Na Milegi Dobara | 2011 | Арҷун Салуҷа | [46] [47] [48] | |
Don 2 | 2011 | Дон | Намоиши махсус | [49] |
Agneepath | 2012 | Виҷай Динанатҳ Чауҳан | [50] [51] | |
Main Krishna Hoon | 2013 | Худаш | Намоиши хурд | [52] |
Krrish 3 | 2013 | Кришна Меҳра ва Роҳит Меҳра[I] | [53] [54] | |
Bang Bang! | 2014
Раҷвир Нанда/Ҷай Нанада |
[55] [56] | ||
Hey Bro | 2015 | Худаш | Намоиши махсус дар суруди "Birju" | [57] |
Mohenjo Daro | 2016 | Сарман | [58] | |
Kaabil | 2017 | Роҳан Бҳатнагар | [59] | |
Hrudayantar | 2017 | Худаш | Синамои Маротҳӣ Намоиши хурд |
[60] |
Super 30 | 2019 | Ананд Кумар | Инчунин сарояндаи пасикадрӣ дар суруди "Question Mark" | [61] |
War | 2019 | Кабир | [62] |
Ҷоизаҳо
вироишҶоизаҳо | ||||
---|---|---|---|---|
Мукофот | Категория | Филм | Сол | Иқтибосҳо |
Filmfare Awards | Беҳтарин нахустнамоиши мардона | Kaho Naa… Pyaar Hai | 2000 | [63] |
Беҳтарин нақши мардона | [64] | |||
Koi… Mil Gaya | 2003 | [9][65] | ||
Беҳтарин нақши мардон бо ақидаи мунаққидон | [9][66] | |||
Беҳтарин нақши мардона | Dhoom:2 | 2007 | [67] | |
Jodhaa Akbar | 2009 | [68] | ||
IIFA Awards | Беҳтарин нақши мардона | Kaho Naa… Pyaar Hai | 2001 | [69] |
Koi… Mil Gaya | 2003 | [70] | ||
Samsung Style Icon | — | 2005 | [71] | |
Glamorous Star | — | 2007 | [72] | |
Беҳтарин нақши мардона | Krrish | |||
Jodhaa Akbar | 2009 | [73] | ||
— | ||||
Star Screen Awards | Умедбахши навтарин | Kaho Naa… Pyaar Hai | 2000 | [74] |
Беҳтарин нақши мардона | ||||
Беҳтарин нақши мардона | Koi… Mil Gaya | 2003 | [65][75] | |
Krrish | 2006 | [76] | ||
Jodhaa Akbar | 2008 | [77] | ||
Zee Cine Awards | Беҳтарин ҳунарпешаи навин | Kaho Naa… Pyaar Hai | 2001 | [78] |
Беҳтарин нақши мардона | [79] | |||
Koi… Mil Gaya | 2004 | [80][81][82] | ||
Krrish | 2007 | [83] | ||
Guzaarish | 2011 | [84] | ||
Stardust Awards | Беҳтарин нақш барои таҳягарон | Lakshya | 2004 | [85] |
Ситораи сол | Jodhaa Akbar | 2009 | [86] | |
Беҳтарин нақши Мардон дар мазҳака | Guzaarish | 2011 | ||
Zindagi Na Milegi Dobara | 2012 | [87] | ||
Agneepath | 2013 | [88] | ||
Sansui Awards | Беҳтарин нақши мардона | Kaho Naa… Pyaar Hai | 2000 | [89] |
Беҳтарин нақши мардона | Koi… Mil Gaya | 2003 | [65] |
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Vijayakar, Rajiv 2 States of stardom - When child stars grow up! 1. Bollywood Hungama (17 апрел 2014). 24 июни 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 19 феврал 2015.
- ↑ Stammering made my childhood hell: Hrithik(англ.). The Indian Express (24 September 2009). 24 сентябри 2015 санҷида шуд.
- ↑ Just How Educated Are These Bollywood Actors?(англ.). Rediff.com (12 January 2012). 24 сентябри 2015 санҷида шуд.
- ↑ Must know facts about Hrithik(англ.). The Times of India. 24 сентябри 2015 санҷида шуд.
- ↑ Box Office 2000(англ.). Box Office India. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 23 марти 2008.
- ↑ Top Lifetime Grossers Worldwide (IND Rs)(англ.). Box Office India. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 27 Декабри 2012.
- ↑ Sheela Raval, Kaveree Bamzai. Hero in slide role(англ.). India Today (27 May 2002). Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 марти 2016.
- ↑ Uniyal, Parmita. Hrithik Roshan: how the loverboy transformed into a super-actor(англ.). Hindustan Times (9 January 2014). Баргирифта аз сарчашмаи аввал 3 май 2014.
- ↑ 9.0 9.1 9.2 For Hrithik, it is a Preity night to remember(англ.). Rediff.com (23 February 2004). Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 апрели 2015.
- ↑ Box Office 2006(англ.). Box Office India. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 21 Январ 2008.
- ↑ Dubey, Bharati. Hrithik Roshan's brain surgery is successful, says father. The Times of India (7 July 2013). 27 феврали 2017 санҷида шуд.
- ↑ Hrithik Roshan's surgery successful, dad says nothing to worry(англ.). New York Daily News (7 July 2013). Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 ноябри 2013.
- ↑ Hrithik Roshan, Ashutosh Gowariker blame each other for poor box office collection of 'Mohenjo Daro'?(англ.). International Business Times (23 August 2016). Баргирифта аз сарчашмаи аввал 30 Декабри 2016.
- ↑ Hrithik Roshan locks himself for four days to prepare for 'Kaabil'(англ.). Mumbai Mirror (30 November 2016). Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 феврали 2017.
- ↑ Meghna Yelluru. Sussane & Hrithik officially divorced(англ.). The Indian Express (2 November 2014). 23 сентябри 2015 санҷида шуд.
- ↑ Hrithik Roshan, Sussanne divorce finalised, no alimony involved(англ.). HindustanTimes (2 November 2014). 23 сентябри 2015 санҷида шуд.
- ↑ 40 Things You Didn't Know About Hrithik Roshan 1. Rediff.com (10 January 2010). 9 июни 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 31 марти 2014.
- ↑ Bhagwan Dada (1986). Bollywood Hungama (10 January 2010). 9 июни 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 августи 2014.
- ↑ AS, Sashidhar. Hrithik was an assistant director for SRK’s films, The Times of India (1 September 2012). Проверено 24 июни 2014.
- ↑ Kaho Naa Pyaar Hai (2000). Bollywood Hungama. 24 июни 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 1 сентябри 2014.
- ↑ Fiza (2000). Bollywood Hungama. 24 июни 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 сентябри 2014.
- ↑ The Nominations Шаблон:Mdash 2000. Indiatimes. 4 апрели 2014 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
- ↑ Mission Kashmir (2000). Bollywood Hungama. 24 июни 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 1 апрели 2015.
- ↑ Yaadein (2001). Bollywood Hungama. 24 июни 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 14 июли 2014.
- ↑ Kabhi Khushi Kabhie Gham (2001). Bollywood Hungama. 24 июни 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 1 сентябри 2014.
- ↑ The Nominations Шаблон:Mdash 2001. Indiatimes. 4 апрели 2014 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
- ↑ Aap Mujhe Achche Lagne Lage (2002). Bollywood Hungama. 24 июни 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 июли 2014.
- ↑ Na Tum Jaano Na Hum (2002). Bollywood Hungama. 24 июни 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 20 июли 2014.
- ↑ Mujhse Dosti Karoge (2002). Bollywood Hungama. 24 июни 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 7 августи 2014.
- ↑ Main Prem Ki Diwani Hoon (2003). Bollywood Hungama. 24 июни 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 14 июли 2014.
- ↑ Koi Mil Gaya (2003). Bollywood Hungama. 24 июни 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 1 сентябри 2014.
- ↑ Lakshya (2004). Bollywood Hungama. 24 июни 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 15 августи 2014.
- ↑ Nominees of 50th Filmfare Awards. Indiatimes. 4 апрели 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 июли 2012.
- ↑ Krrish (2006). Bollywood Hungama. 24 июни 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 31 марти 2015.
- ↑ Hrithik Roshan: Awards & nominations. Bollywood Hungama. 23 июли 2010 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 6 май 2009.
- ↑ Dhoom 2 (2006). Bollywood Hungama. 24 июни 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 сентябри 2014.
- ↑ I See You (2006). Bollywood Hungama. 24 июни 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 18 май 2014.
- ↑ Om Shanti Om (2007). Bollywood Hungama. 24 июни 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 25 октябри 2014.
- ↑ Jodhaa Akbar (2008). Bollywood Hungama. 24 июни 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 1 сентябри 2014.
- ↑ Krazzy 4 (2008). Bollywood Hungama. 24 июни 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 1 сентябри 2014.
- ↑ Luck by Chance (2009). Bollywood Hungama. 24 июни 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 1 сентябри 2014.
- ↑ Kites (2010). Bollywood Hungama. 24 июни 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 6 Январ 2014.
- ↑ 43.0 43.1 Now Hrithik Roshan sings in 'Guzaarish'. Zee News (14 April 2010). 9 июни 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 20 октябри 2014.
- ↑ Guzaarish (2010). Bollywood Hungama. 24 июни 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 31 августи 2014.
- ↑ Nominations for 56th Idea Filmfare Awards 2010. Bollywood Hungama (14 January 2011). 2 марти 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 14 ноябри 2013.
- ↑ Kotwani, Hiren. Hrithik Roshan taking singing lessons?, The Times of India (31 March 2014). Бойгонӣ шудааст 19 октябри 2014 сол. Проверено 17 июли 2014.
- ↑ Zindagi Na Milegi Dobara (2011). Bollywood Hungama. 24 июни 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 июли 2015.
- ↑ Nominations for 57th Idea Filmfare Awards 2011. Bollywood Hungama (11 January 2012). 4 апрели 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 15 июли 2015.
- ↑ Don 2 (2011). Bollywood Hungama. 24 июни 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 15 май 2016.
- ↑ Agneepath (2012). Bollywood Hungama. 24 июни 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 24 июни 2013.
- ↑ Nominations for 58th Idea Filmfare Awards 2012. Bollywood Hungama (13 January 2013). 4 апрели 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 16 Январ 2013.
- ↑ Main Krishna Hoon (2013). Bollywood Hungama. 24 июни 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 21 июли 2015.
- ↑ Krrish 3 (2013). Bollywood Hungama. 24 июни 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 8 июли 2013.
- ↑ Nominations for 59th Idea Filmfare Awards 2013. Bollywood Hungama (14 January 2014). 4 апрели 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 1 марти 2014.
- ↑ Bang Bang! (2014). Bollywood Hungama. 27 Январ 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 июли 2015.
- ↑ 60th Britannia Filmfare Awards 2014: Complete nomination list, The Times of India (20 January 2015). Бойгонӣ шудааст 20 Январ 2016 сол. Проверено 20 Январ 2015.
- ↑ A double take on twins, The Hindu (25 February 2015). Проверено 6 июли 2015.
- ↑ Hrithik Roshan goes time-travelling in Mohenjo Daro’s first look, Hindustan Times (8 June 2016). Бойгонӣ шудааст 8 июни 2016 сол. Проверено 8 июни 2016.
- ↑ Iyer, Sanyukta. Lights, camera, action for Hrithik, Mumbai Mirror (30 March 2016). Бойгонӣ шудааст 1 апрели 2016 сол. Проверено 30 марти 2016.
- ↑ Hrithik Roshan’s Marathi debut Hrudayantar to hit theatres in June Бойгонӣ шудааст 12 апрели 2017 сол.
- ↑ Dubey, Swati. Super 30 wrap-up party: Hrithik Roshan, Mrunal Thakur and Amit Sadh make it a starry affair, The Indian Express (6 September 2018). Проверено 6 сентябри 2018.
- ↑ Pathak, Vedanshi. Tiger Shroff and Hrithik Roshan begin shooting for their venture with YRF, Filmfare (5 September 2018). Проверено 7 сентябри 2018.
- ↑ Previous Awards: Best Debut(англ.). The Times of India. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 29 июни 2015.
- ↑ Previous Awards: Best Actor(англ.). The Times of India. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 29 июни 2015.
- ↑ 65.0 65.1 65.2 Hrithik, Preity conquer 2003 awards(англ.). Rediff.com. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 21 октябри 2014.
- ↑ Gitanjali Roy. Hrithik Roshans 10 Best Roles Over 15 Years(англ.). NDTV (14 January 2015). 24 сентябри 2015 санҷида шуд.
- ↑ Rang De Basanti sweeps Filmfare awards(англ.). The Times of India (25 February 2007). 11 июли 2017 санҷида шуд.
- ↑ Filmfare: 'Jodha...' bags 5, Priyanka, Hrithik shine(англ.). The Times of India (1 March 2009). Баргирифта аз сарчашмаи аввал 23 октябри 2012.
- ↑ IIFA Through the Years – IIFA 2001: South Africa(англ.)(пайванди дастнорас — таърих). IIFA Awards. 24 сентябри 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 апрели 2016.
- ↑ IIFA Through the Years – IIFA 2004 : Singapore(англ.)(пайванди дастнорас — таърих). IIFA Awards. 28 ноябри 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 20 ноябри 2017.
- ↑ IIFA Through the Years – IIFA 2005 : Amsterdam, Netherlands(англ.)(пайванди дастнорас — таърих). IIFA Awards. 2 июли 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 3 июли 2015.
- ↑ IIFA Through the Years – IIFA 2007 : Yorkshire, United Kingdom(англ.)(пайванди дастнорас — таърих). IIFA Awards. 24 сентябри 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 25 сентябри 2015.
- ↑ IIFA Through the Years – IIFA 2009 : Macau, China(англ.)(пайванди дастнорас — таърих). IIFA Awards. 24 сентябри 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 14 марти 2017.
- ↑ Screen Award winners for the year 1998 are(англ.). Indian Express Newspapers. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 29 октябри 2003.
- ↑ Karishma Vaswani. India awards annual cinema prizes(англ.). BBC (23 May 2004). 14 апрели 2015 санҷида шуд.
- ↑ Winners: 13th Annual Star-Screen Awards(англ.). Oneindia.com (8 January 2007). 24 сентябри 2015 санҷида шуд.
- ↑ Winners: 15th Annual Star-Screen Awards(англ.). Oneindia.com (15 January 2009). 24 сентябри 2015 санҷида шуд.
- ↑ ZCA 2001 > Videos > Hrithik Roshan Wins Best Debutant Award(англ.)(пайванди дастнорас — таърих). Zee Cine Awards. 24 сентябри 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 25 сентябри 2015.
- ↑ ZCA 2001 > Videos > Hrithik Roshan Wins Best Actor(англ.)(пайванди дастнорас — таърих). Zee Cine Awards. 24 сентябри 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 25 сентябри 2015.
- ↑ `Koi Mil Gaya' sweeps top honours at Zee Cine Awards(англ.). Outlook (27 February 2004). 15 октябри 2013 санҷида шуд.
- ↑ K S R Menon. ‘Koi Mil Gaya’ sweeps top honours at Zee Cine awards(англ.). The Tribune (27 February 2004). 14 апрели 2015 санҷида шуд.
- ↑ ZCA 2004 > Videos > Hrithik Awarded Best Actor(англ.)(пайванди дастнорас — таърих). Zee Cine Awards. 24 сентябри 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 25 сентябри 2015.
- ↑ ZCA 2007 > Videos > Hrithik Wins Best Actor Award(англ.)(пайванди дастнорас — таърих). Zee Cine Awards. 24 сентябри 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 25 сентябри 2015.
- ↑ ZCA 2011 > Videos > Hrithik Wins Best Actor Award(англ.)(пайванди дастнорас — таърих). Zee Cine Awards. 24 сентябри 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 25 сентябри 2015.
- ↑ Motwani, Ashok. Stardust Awards - Celebrating New Talent(англ.). DNN.com (21 February 2005). 24 сентябри 2015 санҷида шуд.
- ↑ Stardust Award 2015(англ.). Bollywood Hungama. — Выбрать в окне «SELECT YEAR» 2009 год. 24 сентябри 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 3 Январ 2016.
- ↑ Asha Mahadevan. Vidya Balan, Anushka Sharma and Bipasha Basu win big at the 10th Max Stardust Awards(англ.). Bollywoodlife.com (20 February 2012). 24 сентябри 2015 санҷида шуд.
- ↑ Nikhil Ramsubramaniam. Have our Award functions become a Joke?(англ.). Bollywood Hungama (1 February 2013). 24 сентябри 2015 санҷида шуд.
- ↑ ‘Kaho na...’ sweeps Sansui awards (4 июни 2001). 23 Январ 2008 санҷида шуд.