Арманистон (арманӣ. Հայաստան [hɑjɑsˈtɑn], Ҳайастон), номи расмӣ: Ҷумҳурии Арманистон (арманӣ. Հայաստանի Հանրապետություն [hɑjɑstɑˈni hɑnɾɑpɛtuˈtʰjun]) —  кишварест дар Қафқози Ҷанубӣ, дар ғарби Осиё. Дар шимол бо Гурҷистон, дар шарқ бо Озарбойҷон, дар ғарб ва ҷануби ғарб бо Туркия ва дар ҷануб бо Эрон ҳамсарҳад мебошад. Дарозии умумии сарҳадаш 1254 км; масоҳ. 29,8 ҳазор км2. Аҳолиаш 3083 ҳазор нафар (2009). Пойтахташ ш. Ереван. Шаҳрҳои бузургаш: Ереван, Ванадзор, Кировакан, Ленинакан, Вагаршапат, Раздан, Гюмрӣ, Эчмиадзин. Мувофиқи тақсимоти маъмурию ҳудудӣ Арманистон аз 10 марз (вилоят) иборат аст (якҷоя бо Ереван). 21 сент. — иди миллӣ — Рӯзи Истиқлоли Арманистон Воҳиди пулӣ — драм (аз 1993).

Арманистон
Հայաստանի Հանրապետություն
Парчам Нишон
Шиор: «Մեկ Ազգ , Մեկ Մշակույթ»
Суруди миллӣ: «Մեր Հայրենիք» (слушать )
Рӯзи истиқлолият (аз Итиҳоди Шӯравӣ)
Забони расмӣ Забони арманӣ
Пойтахт Ереван
Шаҳри калонтарин Ереван
Идораи давлат
Масоҳат
  • Ҳамагӣ
  • Фоизи об.
141-ум ҷой дар ҷaҳон
29,800 км²
4.71 %
Аҳолӣ
  • Ҳамагӣ
  • Зичӣ
136-ум ҷой дар ҷaҳон
3 009 800[1]
нафар/км²
Пули миллӣ
Интернет-Домен .am
Коди телефон +
Соат UTC
Имрӯз қисми {{{Имрӯз}}}

Сохти давлатӣ

вироиш

Конститутсияи амалкунандаи қарни 5 июли 1995 қабул шудааст. Сарвари давлат — Президент. Мақоми олии қонунбарор парламент буда, он аз як палата — Маҷлиси миллӣ (2007—131 вакил; ба мӯҳлати 5 сол интихоб мешаванд) иборат аст. Мақоми олии иҷроия — Ҳукумати Ҷумҳурии Арманистон Ҳокимияти судиро Суди Олӣ ва Суди конститутсионӣ иҷро мекунанд. Ҷумҳурии Арманистон аз с. 1992 узви СММ, Шӯрои Аврупо, ИДМ ва ташкилоти байналмилалии ОБСЕ мебошад. Бо ҶТ муносибати дипломатӣ дорад (аз 1992). Барои ташкили ҳамкориҳои дуҷониба Комиссияи доимии байниҳукуматии Тоҷикистон ва Арманистон таъсис дода шудааст.

Табиат

вироиш

Арманистон қисми шим. шарқии кӯҳсори Арманро ишғол мекунад, баландии миёнааш аз с. б. 1800 м, нуқтаи баландтаринаш дар кӯҳсори Арагас — 4090 м ва Аждаак — 3597 м. Қариб 90 фоизи ҳудуди Арманистон аз с. б. аз 1000 м баланд аст. Қисми шим. шарқӣ асосан аз қ-кӯҳҳои чиндори Кавкази Хурд (Сомхет, Базум, Памбак, Арегунӣ, Севан ва ғ.) иборат буда, релйефаш структурию тектоникӣ ва оббурида аст. Қисми ҷанубӣ бештар кӯҳҳои чиндору ноҳамвор дорад, ки баландтарини онҳо қ-кӯҳи Зангезур (қ-кӯҳи Капутҷӯҳ, 3904 м) аст. Як қисми соҳили чапи ҳавзаи Араси Миёна ҳам ба ҳудуди Арманистон дохил мешавад. Релйефи қисми шим. ғарбии он — ҳамвории Арарат (800—1000 м) аккумулятивӣ мебошад. Сохти геологии Арманистон хеле мураккаб буда, дар ин ҷо ҷинсҳои кӯҳии давраҳои гуногун мавҷуданд. Арманистон конҳои мис, молибден, оҳан, тилло ва зиёда аз 1300 чашмаи оби минералӣ дошта, дар ин минтақа осоишгоҳҳои беҳтарини Арманистон — Ҷермук, Дилиҷон, Аникован, Севан ва ғ. ҷойгиранд. Қариб тамоми Арманистон дар ҳудуди камари зилзилавӣ қарор дорад. Танҳо дар қарни 20 чаҳор заминҷунбии шадид дар шаҳрҳои калони Арманистон — Ленинакан (1926), Зангезур (1931), Ереван (1937) ва Спитак (1988) рух дод.

Иқлим

вироиш

Арманистон дар минтақаи субтропикӣ ҷой гирифта, иқлимаш гуногун аст. Ҳарор. миёнаи солона аз 2,7°С то 13,8°С, тобистон (дар пастиҳо) 24 — 26°С, дар ҷойҳои баландкӯҳ аз 10 то 15°С, зимистон 0,9 — 14°С. Ҳарор. баландтарин 42°С, пасттарин — 46°С. Боришоти солона аз 200 то 800 мм. Дар баландии 3500 м барфи доимӣ мавҷуд аст. Арманистон рӯдҳои зиёд дорад. Калонтарини онҳо Аракс бо шохобҳояш Ахурян, Севҷур, Раздан, Арпа, Воротан ва ғ. мебошад. Д-ҳои Дабад ва Ағстов ба д. Кура мерезанд. Ин д-ҳо тезоб ва серостонаанд, барои обёрӣ ва чун манбаи гидроэнергия истифода мешаванд. Кӯлҳо низ дар Арманистон бисёранд ва калонтарини онҳо Севан мебошад.

Олами ҳайвонот

вироиш

Олами ҳайвонот гуногун буда, 76 намуд ширхор, 304 намуд паранда, 44 намуд хазанда, 24 намуд моҳӣ ва зиёда аз 10 ҳазор намуд бемӯҳрагонро дар бар мегирад. Дар нимбиёбонҳо хояндаю хазандаҳо, дар қамишзорҳо оҳу, нахчир, гурбаи ваҳшӣ, хирс, гуроз, парандаҳо бисёр вомехӯранд. Ҳайвонҳои хоси маҳал — бузи кӯҳӣ, нахчир, мурғи ҳилол ва гулмоҳӣ (дар Севан). Дар Арманистон 6 мамнӯъгоҳ ва боғҳои табиии ҳифзшаванда (масоҳ. умумиашон 213,6 ҳазор га) ҳастанд, ки машҳуртаринаш Боғи миллии Севан аст.

Аҳолӣ

вироиш

Аҳолии асосӣ — арманиҳо (95,5 %). Инчунин курдҳо, русҳо, украинҳо, юнониён, ошуриҳо, гурҷиҳо, яҳудиҳо ва дигар миллату халқиятҳо зиндагӣ мекунанд. Дар натиҷаи зиддиятҳои қавмии (этникии) солҳои 1989 — 93 рухдода қариб тамоми озарбойҷониҳо Арманистонро тарк карда, 200 ҳазор арманиҳо аз Озарбойҷон ба Арманистон кӯчиданд. Солҳои охир наздики 1 млн нафар сокинони Арманистон ба кишварҳои дигар муҳоҷир шуданд. Забони давлатӣ — арманӣ, забони русӣ низ роиҷ аст; 94 фоизи аҳолӣ эътиқодманди дини масеҳианд. Дарозии миёнаи умр — 71,2 сол. Аҳолии шаҳрнишин — 66,6 % (33 % дар Ереван). Қариб нисфи аҳолӣ дар ҳамвории Арарат зиндагӣ мекунад.

Таърих

вироиш

Кӯҳсори Арман яке аз қадимтарин марказҳои маданияти ҷаҳонист. Одамони ибтидоӣ дар ин ҷо аз нимаи якуми давраи чорумин зиндагӣ карда, дар давраи неолит ба деҳқонӣ гузаштаанд. Дар ҳазорсолаи 2 ва 1 то м. ҷамъияти синфӣ ташаккул ёфта, иттифоқҳои қабилавӣ ба вуҷуд омаданд ва дар Арманистон 9 то м. ба давлати ғуломдории Урарту табдил ёфтанд. Маданияти Урарту баландпоя буд (қалъаҳо ва марказҳои хоҷагию маъмурии Тушпа, Эребуни, Тейшебаини). Халқи арман дар натиҷаи раванди мураккаби омезиши қабилаҳои маҳаллии кӯҳсори Арман (урартҳо, ҳайҳо, арменҳо) ташаккул ёфтааст. Баъди таназзули Урарту (қарни 6 то м.) Шоҳигарии арман (Армина) ба вуҷуд омад. Дар охири қарни 6 то м. онро давлати Ҳахоманишиён забт намуд. Баъди давлати Порсро торумор кардани Искандари Мақдунӣ давлати Ервандуни (Ервандиён, марказаш Армавир) ба вуҷуд омад. Дар нимаи аввали қарни 3 то м. аз давлати Ервандиён вил-ҳои ҷанубу ғарбӣ — шоҳигарии Коммаген ва Софен ҷудо шуданд. Дар ох. қарни 3 то м. давлати арманҳо ба Селевкиён тобеъ шуд. Баъди аз ҷониби римиҳо шикаст ёфтани Селевкиён Арманистони Сағир (ғарби д. Фурот), Арманистони Кабир (хамии Арарат) ва Софен (шарқи д. Фурот) аз таназзули Селевкиён истифода бурдаву муттаҳид шуда, с. 189 то м. истиқлол ба даст оварданд ва ин мамлакат Арманистони Кабир ном гирифт. Дар Арманистони Кабир сулолаи Арташесҳо (Арташеҳр) пойдор гардид, ки машҳуртарин намояндаи он Тиграни II (95 — 56 то м.) буд. Арманистон тобеи Империяи Рим шуда, давлати калони давраи эллинизм гардид. Соли 62 м дар Арманистони Кабир сулолаи Ашкониён (Аршакиҳо) пойдор гардид. Дар нимаи 2-юми қарни 3 Арманистони Кабир ба Сосониёни Эрон тобеъ шуд. Соли 387 давлати Порс ва империяи Византия Арманистонро байни худ тақсим карданд. Аз қарни 3 дар Арманистон муносибатҳои феодалӣ ба вуҷуд омаданд. Дар аввали қарни 4 Арманистон дини насрониро қабул кард. Калисои арманӣ-григорианӣ ташкилоти бузурги феодалӣ гардид. Бар зидди ҳукмронии порсҳо якчанд шӯриши калон (450—451 бо роҳбарии Вардан Мамиконян, шӯришҳои 481—484, 571—572) ба вуқӯъ омад. Дар нимаи 2-юми қарни 7 Арманистонро арабҳо забт карданд. Ох. Арманистон 9 дар натиҷаи муборизаи зидди арабҳо давлати Багратиён (Багратуни) ба вуҷуд омад. Ш-ҳои Ани, Ван, Двин, Қарс, Маназкарт ва ғ. марказҳои калони ҳунармандӣ ва тиҷорат шуданд. Вале Арманистонро қарни 11 Салҷуқиён ва қарни 13 тотору муғулҳо забт намуданд. Давлати арманҳо несту нобуд, шаҳрҳо харобу валангор шуда, қувваҳои истеҳсолкунанда таназзул ёфтанд. Муҳоҷирати арманҳо ба дигар мамлакатҳо авҷ гирифт. Дар канори ҷануби шарқии Осиёи Сағир давлати Киликияи арманҳо (1080—1375) ба вуҷуд омада, иқтисодиёт ва маданияти он хеле тараққӣ кард. аввали қарни 15 Арманистонро қабилаҳои бодиянишини турк забт карданд. Дар аҳди Аббоси I миқдори зиёди арманҳо ба Порс бадарға гардиданд. Дар асрҳои 16 — 18 Арманистон ба арсаи муборизаи шадиди Туркия ва Порс табдил ёфт. Соли 1639 Арманистон ба ду тақсим шуд: Арманистони Шарқӣ ба давлати Порс, Арманистони Ғарбӣ ба Туркия гузашт. Ҷабру ситами иҷтимоӣ ва миллию динӣ боиси муқобилияти сахти халқи арман гардид. Солҳои 1722 — 28 дар Қарабоғ ва Сюник ба муқобили истилогарон шӯриши калон ба амал омад. Дар натиҷаи ҷанги Россияю Порс (1826 — 28) мувофиқи шартномаи Туркманҷой (1828) Арманистони Шарқӣ (хонигариҳои Эриван ва Нахичеван) ба Россия ҳамроҳ шуд. Арманистони Ғарбӣ дар зери асорати Туркия монд. Арманҳои ғарбӣ кӯшиш мекарданд, ки аз зулми туркҳо озод ва бо Арманистони Шарқӣ ҳамроҳ шаванд (шӯриши Зайтун с. 1862, ҳаракатҳои озодихоҳонаи солҳои 1870 — 80). Солҳои 1895 — 96 ва 1915 — 16 аҳолии армани Империяи Усмонӣ (ба миқдори зиёд — аз 600 ҳазор то 1 млн) қир ва бадарға (ба биёбонҳои Байнаннаҳрайн) гардиданд. Дар рафти муборизаи зидди зулми мутлақияти подшоҳӣ ва бедодгарии султони турк дар Арманистони Шарқӣ ва Арманистони Ғарбӣ ҷараёнҳои гуногуни ҷамъиятию сиёсӣ ба вуҷуд омаданд. Баъди ғалабаи Инқилоби Октябр 29 дек. 1917 дар Декрети СКХ «Дар бораи Арманистони Туркия» Арманистон соҳибистиқлол эълон шуд. Моҳи майи 1918 дар Арманистон ҳизби майдабуржуазии миллатчиёни Дашнаксутуюн ба сари ҳокимият омада, мамлакатро ҷумҳурии соҳибихтиёри буржуазӣ эълон кард. Дар давоми ду соли ҳукмронии дашнакҳо Арманистони Шарқӣ рӯ ба таназзул ниҳода, иқтисодаш заиф шуд. Туркия ду маротиба (1918 ва 1920) ба Арманистон ҳуҷум карда, мамлакатро харобу аҳолиро нобуд ва аз се ду ҳиссаи ҳудуди онро ба худ тобеъ кард. Аммо 29 ноябри 1920 меҳнаткашони Арманистон бо ёрии қисмҳои Армияи Сурх ҳукумати дашнакҳоро сарнагун сохта, Арманистонро Ҷумҳурии Советии Сотсиалистӣ эълон карданд. Февр. 1921 дашнакҳо боз исёни аксулинқилобӣ бардоштанд, дар мамлакат ҷанги гражданӣ шурӯъ гардид; апр. 1921 исён пахш карда шуд. Марти 1922 Арманистон ба ҳайати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Закавказия ва дек. 1922 ба ҳайати СССР дохил шуд ва аз дек. 1936 Арманистон ҷумҳурии иттифоқӣ гардид. Соли 1930 қариб 250 ҳазор арманиҳо, ки зидди коллективонӣ буданд, ба Осиёи Миёна муҳоҷир карда шуданд. Дар солҳои сохтмони сотсиалистӣ дар Арманистон индустрикунонӣ, коллективонии хоҷагии қишлоқ, инқилоби маданӣ ба амал бароварда шуд. Солҳои ҶБВ (1941 — 45) халқи арман ба фронт 6 қисми ҳарбии миллӣ дод, 107 арман сазовори номи Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ гардид. Баъди ба охир расидани Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ қисми зиёди мутахассисони арман, ки дар хориҷа (асосан Шарқи Наздик) буданд, бо даъвати Католикос (унвони сарвари калисои арман) дар давоми солҳои 1945 — 48 ба Арманистон (150 ҳазор) баргаштанд ва солҳои баъди ҷанг то ох. солҳои 80 қарни 20 равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва идеологии Арманистон чун дар дигар ҷумҳуриҳои Иттифоқи Советӣ сурат мегирифт. Соли 1988 зиддияти Арманистон бо Озарбойҷон оид ба мақоми Вилояти мухтори Қарабоғи Кӯҳӣ (арманиҳои он мехостанд, ки вилоят аз ҳайати Озарбойҷон бароварда ба ҳайати Арманистон дода шавад) шадид гардида, то задухӯрди мусаллаҳона расид. Шӯрои Олии Арманистон 23 августи 1990 «Эъломия оид ба истиқлол» қабул кард ва баъди он РСС Арманистон барҳам дода шуда Арманистон худро Ҷумҳурии соҳибистиқлол эълон кард. Моҳи майи 1994 байни Арманистон ва Озарбойҷон оид ба бас кардани амалиёти ҳарбӣ созишнома баста шуд.

Ҳизбҳои сиёсӣ

вироиш

Баъди эълони истиқлол дар Арманистон ба фаъолияти ҳизбҳои даврони то сохти шӯравӣ фаъолиятдошта: Федератсияи револютсионии арман, Дашнаксутуюн, Ҳизби Рамкавар-Азатакан (либералӣ-демократӣ) иҷозат дода шуда, ҳизбҳои нави Иттиҳоди миллӣ-демократӣ, Иттиҳоди худмуайянкунии миллӣ, Ҳизби халқӣ (1998) ва ох. солҳои 90 қарни 20 фирқаи «Миаснютун» (Ваҳдат) ва "Иравункев Мабанютун (ҳуқуқ ва иттиҳод) таъсис ёфтанд. Дар Арманистон Ҳизби коммунистӣ, Ҳизби «Оринатс еркир» (давлати ҳуқуқбунёд), Иттиҳоди миллӣ-демократӣ низ фаъолият доранд.

Иқтисод

вироиш

Баъди пош хӯрдани СССР Арманистон ба бӯҳрони иқтисодӣ рӯбарӯ шуд. Дар натиҷаи блокадаи иқтисодӣ вобаста ба масъалаи Қарабоғи Кӯҳӣ Арманистон аз Озарбойҷон ва Туркия ва вобаста ба зиддияти байни Гурҷистону Абхозистон аз Россия канда шуд. Давлат дар соҳаи иқтисоди бозорӣ як қатор ислоҳот гузаронда, ба шароити нав мутобиқ шуд: барои додугирифт роҳҳои Эрон ва Гурҷистонро истифода бурд. Иқтисодиёти ҳозираи Арманистон бо роҳандозии ёрии молиявии байналмилалӣ ва ҷалби сармоягузорони хориҷӣ, алалхусус ИМА, рушд дорад.

Саноат

вироиш

Пошхӯрии СССР ба саноати мамлакат низ таъсир расонда, бисёр корхонаҳо аз фаъолият бозмонданд. Солҳои охир бо дастгирии сармоягузории хориҷӣ ва Хазинаи Байналмилалии Асъор бисёр иншооти муҳими давлатӣ ба кор оғоз карданд, аз ҷумла комб. мисгудозӣ дар ш. Алаверди, комб. маъдани кӯҳии Зангезур ва Агарак, Комплекси саноати химияи Ванадзор. Тилло истихроҷ мекунад, саноати хӯрокворӣ (39 %) ва электроэнергия (30 %) бартарӣ доранд. Пойгоҳҳои асосии барқи Арманистон: НБО-ҳои Севану Раздан, нерӯгоҳҳои барқии аловӣ дар Ереван ва Ванадзор, НБА дар Метсамор ва ғ. Инчунин соҳаҳои оҳангудозӣ, истеҳсоли таҷҳизоту асбобҳои дақиқ, резин, пластмасса, маводи химиявӣ, нуриҳои минералӣ, ҷавоҳирот, матоъҳои абрешимӣ, матоъҳои сунъӣ, масолеҳи сохтмонӣ вусъат дода шуд. Қисми асосии ин корхонаҳо аз ҳисоби давлатҳои Исроил, Англия, Белгия, Россия фаъолият доранд (корхонаҳои муштарак). Саромягузории бевосита, дастгирии сармоядорони бурунмарзии арман, интиқоли маблағ аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷумлаи даромадҳои Арманистон аст.

Кишоварзӣ

вироиш

Арманистон ноҳияи қадимии зироати обӣ мебошад. Солҳои 1991 — 92-ум 80 фоизи заминҳои хоҷагии қишлоқ ба деҳқонон тақсим шуда, 98 фоизи масолеҳи кишоварзиро хоҷагиҳои хусусӣ истеҳсол мекарданд. Растанипарварӣ 59,3 фоизи маҷмӯи маҳсулоти хоҷагии қишлоқро ташкил медиҳад. Дар Арманистон боғу токпарварӣ, парвариши зироати ғалладона, зайтун, бодом, зироатҳои техникӣ ва сабзавот тараққӣ карда, чорводорӣ (моли калони шохдор, гӯсфандпарварӣ дар баландкӯҳҳо) хуб роҳандозӣ шудааст.

Равобити иқтисодӣ

вироиш

Содироти асосӣ (45%-и он)-и Арманистон сангҳои қиматбаҳои коркардшуда, таҷҳизоти металлҳои ранга, маҳсулоти саноати хӯрокворӣ буда, алмоси коркарднашуда, тилло, тамоку, маводи хӯрокворӣ, нуриҳои минералӣ, техникаи кишоварзӣ ворид менамояд. Шарикони асосии тиҷоратии Арманистон Белгия, Россия, ИМА, Эрон, Германия, Британияи Кабир, Юнон, Аморатҳои Муттаҳидаи Араб ва давлатҳои ИДМ мебошанд.

Васоили нақлия

вироиш

Нақлиёти асосии Арманистон автомобилӣ ва р. о. мебошад. Дарозии р. о. 845 км (90%-и он электронида шудааст), роҳи автомобилгард 15,9 ҳазор км. Ереван ба воситаи роҳҳояш бо Гурҷистон, Қарабоғи Кӯҳӣ ва Эрон пайваст аст. қарни 17 аэропорт дорад. Калонтарини онҳо фурудгоҳи Ереван мебошад. Хатсайрҳои байналмилалӣ ба воситаи фурудгоҳи Эребунӣ, Эвартнос (Ереван) ва Ширак (Гюмрӣ) амалӣ мегарданд. Соли 2007 қубури интиқоли гази табиӣ (аз Эрон ба Арманистон) ба истифода дода шуд.

Тандурустӣ

вироиш

Соҳаи тиб дар Арманистон дар замони шӯравӣ рӯ ба тараққӣ ниҳод. Дар Арманистон то пошхӯрии СССР 10 ин-ти тадқиқоти илмӣ, аз ҷумла онкологӣ, гематологӣ, кардиологӣ ва ҷарроҳии дил, ортопедӣ ва ғ., 13 диспансери касалии сил, 4 диспансери касалиҳои пӯсту ҷимоӣ ва 3 диспансери онкологӣ, санаторияҳо ва хонаҳои истироҳат кор мекарданд. Ҳоло (2010) дар қарни 174 муассисаи табобатӣ ва 503 бунгоҳи тиббӣ фаъолият доранд. Ин-ти ҷарроҳии ба номи Арманистон Л. Микаэлян ва Пажӯҳишгоҳи кардиологӣ, Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои уронефрологияи бачагона хеле машҳуранд. 7,5%-и ММД ба соҳаи тандурустӣ сарф мешавад.

Маориф, илм, муассисаҳои илмӣ ва фарҳангӣ

вироиш

Дар Арманистон «Қонун дар бораи маориф»- и ҷорӣ ба тавсиб расидааст, ки мувофиқи он омӯзиш дар мактабҳои миёнаи умумӣ 11 сол муқаррар гардидааст. Калонтарин муассисаҳои олии таълимии Арманистон: Донишгоҳи давлатии Ереван (1979), Донишгоҳи давлатии муҳандисии Арманистон, Донишкадаи хоҷагии халқ, Донишгоҳи минералогӣ, Донишгоҳи давлатии забоншиносӣ, Донишгоҳи давлатии тиббӣ, Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ, Донишгоҳи давлатии меъморӣ ва сохтмон, Донишкадаи санъати театрӣ ва кинематография, Консерваторияи давлатӣ, Донишкадаи славянии Россияву Арманистон, Донишгоҳи америкоии Арманистон (бо кумаки Донишгоҳи Калифорнияи ИМА таъсис ёфтааст).

Дар Арманистон илм аз давраҳои қадим тараққӣ карда меояд. Солҳои 405—406 Месроп Маштос алифбои арманиро тартиб дод ва баъд аз ин илм дар Арманистон босуръат тараққӣ кард. Асарҳои муаррихони арман (асрҳои 4 — 7) Агатангехос, Павстос Бузанд, Корюн Егише, Лазар Парбетсӣ маъмулу машҳуранд. Таърихшиноси машҳури арман Мовсес Ҳоренатсиро «Геродоти Шарқи Наздик» меноманд. Мутафаккир, риёзидон, мунаҷҷим, географ Ананий Ширакатси (қарни 7) доир ба гирифтани Офтобу Моҳ ва курашакл будани Замин маълумот додааст. Дар Арманистон асарҳои файласуфони Юнони Қадим ба забони арманӣ тарҷума мешуданд: то давраи мо «Хроника»-и Евсевий Кессарий, асари Зенон «Дар бораи табиат», «Ҳадҳо»-и Гермес, «Санъати нотиқӣ»-и Филони Александрӣ ва дигар омада расидаанд.

Григор Магатрос (990—1058) донишманде буд, ки бо табиатшиносӣ, тиб, фалсафа ва филология шуғл дошт. Асосгузори мактаби олӣ дар пойтахти Арманистон ш. Анӣ олими машҳур Ованес Имастасер (Иоанн Саркаваг, 1045—1129) доир ба математика, табиатшиносӣ, астрономия ва назарияи тақвим чандин асар офаридааст. Дар асрҳои миёна олиму духтурҳои машҳур Миҳтар Гератсӣ (қарни 12) ва Амирдавлат Амасиатси (қарни 15) доир ба тиб якчанд асар навиштаанд. Дар соҳаи илми таърих асарҳои Киракос Гандзакетсӣ, Вардан Аравелсӣ, Степанос Орбелян (қарни 13) ва дигарон маълуманд.

Аз қарни 17 сар карда маданияти арман асосан берун аз хоки Арманистон дар ҷамоаҳои хориҷии арманҳо тараққӣ мекард. Пеш аз ба Россия ҳамроҳ шудани Арманистони Шарқӣ (1828) дар худи Россия чанд маркази маданияти арманиҳо мавҷуд буд (муҳимтарини онҳо академияи Лазарев дар Москва, 1815). Дар Россия, Ҷулфаи Нав, Париж, Лвов, Венетсия ва Калкатта мактабҳои арманӣ бунёд мешуданд. Х. Абовян ва М. Налбандян барои дар Арманистон паҳн шудани ғояҳои мутафаккиронаи пешқадами рус ва Аврупои Ғарбӣ саҳми калон гузоштаанд. Илму маданияти арман дар замони шӯравӣ хеле пеш рафт. Бисёр олимони Арманистон дар тараққӣ ва ташаккули соҳаҳои ҷудогонаи илм нақши калон бозиданд. Соли 1935 дар Арманистон филиали АИ СССР ташкил ёфта, с. 1943 ба АИ РСС Арманистон табдил дода шуд. Нахустин президенти он акад. И. А. Орбели буд. Тадқиқоти олимони расадхонаи астрофизикии Бюракан (асосгузораш В. Арманистон Амбарсумян) дар тамоми ҷаҳон эътироф шудаанд. Дар соҳаи радиофизика ва электроника, генераторҳои квантӣ тадқиқоти муҳим бурда мешуд. Ташкили маркази ҳисоббарории АИ Арманистон (1957), тадқиқоти дар соҳаҳои механика, геология, химия, физиология, биохимия, тиб, таърих бурдашуда Арманистонро пешсафи дигар кишварҳо кардааст. Осоре, ки дар Матенадаран нигоҳ дошта мешаванд, аҳамияти калони илмӣ доранд. Соли 2009 дар Арманистон 96 ташкилоти илмӣ-техникӣ фаъолият дошт. Марказҳои маъмурии пешбарандаи илм АИ Арманистон (1943), Расадхонаи астрофизикии Бюракан (1946), Академияи хоҷагии халқи Арманистон ва ғ. мебошанд. Давлат танҳо самтҳои заруриро маблағгузорӣ мекунад. Муассисаҳои фарҳангии Арманистон хеле зиёданд. Дар қарни 1,1 ҳазор китобхона фаъолият дорад, қи бузургтаринашон Китобхонаи миллии Арманистон (бо 6185 ҳазор воҳиди махзанӣ), Китобхонаи ҷумҳуриявии илмӣ-техникӣ (20 млн воҳиди махзанӣ), Китобхонаи АИ Арманистон ва Китобхонаи Донишгоҳи давлатии Ереван мебошанд. Ин-ти осори хаттии Матенадаран (Матдерон) наздики 20 ҳазор китоб ва дастхатҳоро маҳфуз медорад, ки дар байнашон дастхатҳои форсӣ хеле бисёранд. Солҳои охир дар Арманистон 77 осорхона кор мекунад, ки машҳуртаринашон Осорхонаи миллии таърихӣ, Осорхонаи таърихи ш. Ереван, Нигористони давлатӣ, Осорхонаи санъати муосир, Осорхонаи санъати кӯдакон (ҳамаашон дар ш. Ереван), Осорхонаи этнография ва фолклор (дар ш. Сардарабад), Осорхонаи санъати динӣ (дар Эчмиадзин) мебошанд.

Матбуот, радио ва телевизион

вироиш

Аввалин асарҳо ба забони арманӣ солҳои 1512 — 13 дар Венетсия чоп шуда, асосан мансуби осори динӣ буданд. Дертар чопхонаҳои марказҳои фарҳангии арманҳо дар Константинопол (Қустантания, 1567), Рим (1584), Париж (1633), Лейпсиг (1680), Лвов ва Эчмиадзин (1771), Санкт-Петербург (1780), инчунин дар Тифлис, Маскав, Боку ташкил шуданд. Рӯзномаи аввалини арманӣ «Аздарар» («Хабаррасон») с. 1794 дар ш. Мадраси Ҳиндустон ва дертар аввалин маҷ. — «Азгасер» («Ватандӯст») дар Калкатта ба табъ расидааст. Нимаи аввали қарни 19 дар кишварҳои гуногун ба забони арманӣ сӣ номгӯй маҷаллаву рӯзнома нашр мешуд. Ҳоло дар Арманистон наздики 250 рӯзнома ва 50 маҷ. ба табъ мерасад, ки калонтаринашон инҳоанд: «Еркир», «Азг», «Республика Армения» (ба забони русӣ ва арманӣ). Агентиҳои иттилоотии Арманистон: «Арка», «Армен-пресс», «Арминфо», «Медиамакс» ва ғ. Дар Арманистон 9 пойгоҳи радиошунавонӣ ва 4 шабакаи телевизионӣ фаъолият доранд.

Адабиёт

вироиш

Адабиёти Арманистон яке аз қадимтарин адабиётҳои ҷаҳон мебошад. Нуқтаи олии эҷодиёти халқ достони миллии «Давид Сасунси» («Довуди Сосунӣ») аст. Таърихи адабиёти хаттӣ аз қарни 5 оғоз меёбад: шеърҳои Месроп Маштос, асарҳои муаррихони қарни 5. Ҳангоми асорати арабҳо ва истилои Византия (асрҳои 7 — 8) асарҳои фиқҳӣ ва назми калисоӣ васеъ паҳн шуд, ғояҳои инсонпарварӣ қувват гирифтанд ва дар асарҳои Григор Нарекатси (951—1003), Нерсес Шноралӣ (1102 — 73), Мҳитар Гош (1133—1213), Вардан Айгекси (асрҳои 12 — 13) ва дигарон инъикос ёфтаанд. Намояндагони назми ошиқонаи давраи Эҳёи арман инҳоянд: К. Ерзнкатси (асрҳои 13 — 14), О. Тулкуранси (қарни 14), Н. Кучак (қарни 16), Н. Овнатан (қарни 18), Саят-Нова (Сайёди Наво). Давраи нави инкишофи адабиёти арман баъди ба Россия ҳамроҳ шудани Арманистони Шарқӣ сар мешавад. Асосгузори адабиёти нави арман Х. Абовян, нависанда ва мутафаккир М. Налбандян, шоир Г. Алишан, драмнависон Г. Сундукян ва А. Шервонзода ғояҳои бедории миллиро тараннум кардаанд.

Адабиёти нави арман дар замони И. Иоаннисян, О. Туманян, А. Исаакян ба авҷи инкишоф расид. Дар шеърҳои В. Терян, Д. Варужан, Ш. Кургинян мавзӯъҳои шаҳрвандӣ қувват ёфт. А. Акопян асосгузори адабиёти пролетарии арман аст. Дар аввали қарни 20 дар инкишофи танқиди адабӣ С. Шаумян ва С. Спандарян нақши калон бозиданд. Дар солҳои 20 қарни 20 шоирон А. Вштунӣ, Н. Зарян, Г. Сарян, В. Алазан, насрнависҳо А. Бакунтс, Д. Демирчян, С. Зорян, В. Тотовенс асар эҷод кардаанд. Адабиёти солҳои 30 қарни 20 бо шеъру ҳикоя, роману достон ва пйесаҳои М. Армен, Г. Маари, А. Сирас, Р. Кочар, В. Ананян, Агавни, С. Таронси, Г. Севунтс ва дигарон бой гардид. Дар солҳои ҶБВ (1941 — 45) ва баъди ҷанг ба сафи адибони арман П. Севак, С. Капутикян, Г. Эмин, А. Сагиян, Р. Ованесян ва дигарон дохил шуданд. Танқиди адабии арман ва адабиётшиносӣ инкишоф ёфт. Адабиётшиносон М. Абегян, И. Орбели, А. Тертерян ва дигарон асоси илмии давраҳои таърихи адабиёти арманро муайян кардаанд.

Меъморӣ

вироиш

Қадимтарин осори меъмории Арманистон ба ҳазорсолаи 3 то м. (биноҳои азими назди Арагас, деворҳои азамат ва ғ.) мансубанд. Меъморӣ дар асрҳои 9 — 6 то м. дар Урарту хеле тараққӣ карда буд (маъбади худо Ҳолд ва Эребуни — қарни 8 то м.). Вусъати сохтмони биноҳои сангӣ ба пайдоиши равоқу гунбазҳо оварда расонд (базиликаҳои Танаат ва Дираклар — қарни 4; Гарни ва Аван, қасрҳои Текор, Еруру, калисоҳои Одзун ва Эчмиадзин — қарни 5). Ибодатхонаҳои Гаяне, Рипсиме, Мастара, Звартнос — қарни 7); асрҳои 11 — 13 сохтани қалъаҳо (Ани, Тигнис, Магасберд), пулҳо (Ани, Санаин), корвонсаройҳо (Салим, Талин), меҳмонхонаҳо, дайрҳо (Татев, Санаин, Ахпат) ривоҷ ёфт. Ох. қарни 12 биносозии дар аҳди Салҷуқиён суқуткарда боз эҳё шуд. асрҳои 12 — 14 иншооти дунявии бо амали кандакорӣ ва кошӣ ороёфта: китобхонаҳо (назди маъбадҳо), ансамблҳо, кӯшку қасрҳо (маъбади Сариядар, Сис, Ламброн) маъмул гашт. Дар Арманистон и мувофиқи шартномаи с. 1639 байни Империяи Усмонӣ ва давлати Порс тақсимшуда (дар Ереван ва дигар шаҳрҳо) сохтмони қасрҳои шоҳӣ, роҳҳо, корвонсаройҳо, ҳаммом ва ғ. рушд кард. Дар шаҳрсозии ин замон аносири ороишии шарқи мусулмонӣ мушоҳида мешавад (ноқусхонаи Эчмиадзин). асрҳои 17 — 18 давраи инкишофи деворанигорист. Дар қарни 19, баъди ба Россия ҳамроҳ шудани Арманистони Шарқӣ, шаҳрҳо тараққӣ карданд, биноҳои серошёнаи маъмуриву истиқоматӣ ба вуҷуд омаданд. Дар давраи шӯравӣ нақшаи азнавсозии Ереван (плани генералии с. 1924) сар шуд. Баъди с. 1955 бинокории типӣ вусъат ёфт. Дар ох. қарни 20 ва аввали қарни 21 кӯшишҳои дар меъморӣ ҷорӣ кардани аносири шавқовар ва ғайричашмдошт ба назар мерасад. Дар қатори биноҳо ва маҷмааҳои мӯҳташам ба меъмории хурдшакли ҷолибу дилнишин рӯ меовардагӣ шуданд. Аз ёдгориҳои меъморӣ ва табиӣ Ансамбли калисоии Ахпат, калисои Гегард (дар болооби д. Азат), калисои ҷоме ва дайрҳои Эчмиадзин, калисои Санаин, инчунин Звартнос ба рӯйхати умумиҷаҳонии мероси ЮНЕСКО ворид гардидаанд.

Ҳунарҳои таҷассумӣ

вироиш

Аввалин асарҳои санъати тасвирӣ, ки аз хоки Арманистон ёфт шудаанд, ба ҳазорсолаи 6 — 2 то м. мансубанд. Аз санъати Урарту ва давраи Юнони Қадим маснуоти санъати тасвирӣ, ҳайкалҳои биринҷию тилло, нақшунигор, хотамкорӣ, нақшаҳои рӯидеворӣ боқӣ мондаанд. Дар асрҳои миёна рассомии монументалӣ, хотамкорӣ ва нақшунигори девор хеле тараққӣ кард (Двин — қарни 5; Звартнос — қарни 7; Смбатаванк — қарни 7; Татев — қарни 10; Ахтамар — қарни 10; Ахпат — қарни 13;). Баробари қабул шудани дини насронӣ ва ихтирои алифбои арманӣ ороишу наққошии китоб (Инҷили Малика Млке — 862; Инҷили Эчмиадзин — 989; Инҷили Ахпат — 1211 ва ғ.) тараққӣ кард. асрҳои 13 — 14 минётура хеле инкишоф ёфт. Осори авлоди рассомон Овнатанянҳо (аз ох. қарни 17 то солҳои 80 қарни 19) дар байни рассомони он давра ҷойи намоёнро ишғол мекунанд. Санъати амалӣ (наҷҷорӣ, кулолӣ, заргарӣ, тӯрбофӣ, гулдӯзӣ, қолинбофӣ) хеле тараққӣ кард. Замони шӯравӣ давраи нави инкишофи санъати тасвирии Арманистон сар шуд. Рассомони сокини хориҷи кишвар ба ватан баргаштанд. Асарҳои рассомони насли калонсол — Е. Татевосян (1870—1939), С. Агаҷанян (1863—1940), махсусан санъати олии М. Сарян ба пешрафти санъати кишвар мусоидат кард. Насли нави ҳайкалтарошон — Г. Чубарян, С. Багдасарян, Э. Кочар ва дигарон ба майдон омаданд. Санъати ороиши китоб ба дараҷаи баланд расид, ки асосгузори он график ва рассом Арманистон Коҷоян мебошад. Рассомони намоёни нимаи дуюми қарни 20 М. Авитесян, А. Акопян ва оилаи Элибекянҳо мебошанд. Эҷодиёти рассомони (ҳозираи асосан бурунмарзӣ) арман дар доираи ҷараёнҳои гуногуни санъати тасвирии маъмули замон сурат мегирад.

Мусиқӣ

вироиш

Мусиқии арман таърихи 3000-сола дорад (санъати гусанҳо). Сурудҳои динӣ, мардумӣ, маросимӣ, сурудҳои рақсӣ маълуманд. Дар қарни 5 дар асоси мусиқии халқӣ ва сурудҳои бутпарастии пеш аз оини насронӣ мусиқии касбии динӣ ба вуҷуд омад. Сринг, дудук, зурна, камонча, қонун, тмбук (тунбак), дапп (даф), доол (дуҳул) созҳои миллианд. «Чем-чем», «шарор», «кочари» намудҳои рақсҳои анъанавӣ мебошанд. асрҳои 8 — 9 барои навишта гирифтани мусиқӣ усули «хаз»-ро истифода мебурданд. Дар қарни 12 тариқи дигари нотанависии «хаз» ба вуҷуд омад. аввали қарни 19 назариётчӣ ва оҳангсоз А. Лимонҷян (1768—1839) нотанависии нави арманро ихтироъ кард ва ин имкон дод, ки мусиқии динӣ ва сурудҳои халқӣ навишта гирифта шаванд. Сурудхонии бисёровоза аз қарни 19 маъмул гашта, рақсу сурудҳои халқӣ аз нав таҳрир шуданд. Мусиқии классикии арман бо эҷодиёти Г. Чухаҷян (1837 — 98) — муаллифи операи нахустини арманӣ «Аршаки II», М. Екмалян (1856—1905) — муаллифи мусиқии хори «Патарага», Комитас, А. Спендиаров вобаста аст. Баъди Инқилоби Октябр нашъунамои нави санъати мусиқии арман сар шуд. Соли 1921 дар Ереван студияи мусиқӣ ташкил гардида, с. 1923 ба консерватория табдил ёфт. Соли 1930 театри мусиқӣ, Иттифоқи композиторон ва филармония таъсис шуд. А. Хачатурян, С. Баласанян, А. Долуханян, А. Арутюнян, А. Бабаҷанян, Ҷ. Тер-Татевосян ва дигарон дар жанрҳои гуногун — опера, балет, оперетта, симфония, эстрада асарҳо офаридаанд. Ереван маркази асосии ҳаёти мусиқии кишвар аст. Намояндагони машҳури мактаби иҷроии арман дар солҳои охир — дирижёр А. Мелик-Пашаев, Э. Ханҷян, сарояндагон Г. Гаспарян, П. Лиситсиан, З. Долуханова. Дар Арманистон даҳҳо мактаби мусиқӣ ва 5 омӯзишгоҳи мусиқӣ ҳаст.

Театр

вироиш

Таърихи театри арман аз ҳазорсолаи 2 то м. оғоз ёфтааст. Жанру навъҳои театри қадим гуногун буд. Актёрҳо — дзайнарку гусанҳо, вохпергакҳо ва катакергакҳою гусан — катакаҳо асарҳои фоҷиавии драматургҳои юнонӣ ва арманиро иҷро мекарданд. Театри ҳаҷвии сайёри гусанҳо — мимосҳо, сахратсу низ вуҷуд дошт. асрҳои 17 — 18 дар колонияҳои арманӣ театри нави арман пайдо шуд. Соли 1810 намоиши аввалин спектаклҳои арманӣ барпо гардид. Солҳои 1846 — 66 театри «Арман татрон» вуҷуд дошт. Дар ибтидои солҳои 60 қарни 19 дар Константинопол «Аревелян — татрон» («Театри Шарқ») ва дар Тифлис театрҳои доимии касбӣ ташкил шуданд. Соли 1918 труппаҳои (дастаҳои) театрии арман дар Россияи Шӯравӣ, Украина ва Кавкази Шимолӣ, солҳои 20 қарни 20 дар худи Арманистон, Гурҷистон ва Озарбойҷон пайдо шуданд. Театри шӯравии арман с. 1918 дар Кавкази Шимолӣ ба вуҷуд омад. Соли 1921 дар Ереван Театри якуми давлатии Арманистон барпо шуд (аз с. 1937 Театри ба номи Г. Сундукян). Солҳои 20 — 30 қарни 20 дар Боку, Тбилиси, Ленинакан, Ереван, Кировакан ва дигар шаҳрҳо театрҳои нави давлатӣ ташкил шуданд. Соли 1944 дар Ереван Донишкадаи театрӣ кушода шуд. Солҳои 60 — 80 дар марказ театрҳои нав: Театри драмаи арман (1969), Театри ҷавонон, Театри камеравӣ, Театр-студияи киноактёр, Театри пантомима ба фаъолият шурӯъ карданд. Дар қарни 20 ва ибтидои қарни 21 дар байни коргардонҳо ва актёрҳои театр Арманистон Б. Ҷигарханян, Жасмин, М. Симонян, Ф. Мкртчян, В. Т. Вартанян, А. Григорян ва ғ. шӯҳратманд гаштаанд. Дар театрҳои арман асосан асарҳои классикаи миллӣ, рус ва Аврупои Ғарбӣ, аз эҷодиёти драматургҳои замон асарҳои Д. Демирчан, В. Вагаршян, П. Зейтунсян, К. Тренёв, Н. Погодин, В. Розов, А. Вампилов, Б. Брехт ва дигарон ба саҳна гузошта мешуданд ва аз нав таҳия мешаванд. Театрҳои ох. қарни 20 — аввали қарни 21 худро дар ҳамаи шаклҳои саҳнавӣ ва ҷараёнҳои замонавӣ, ҳатто «театри абсурд» (театри ҳарза) ё асарҳои романтикӣ таҷриба мекунанд, дар фестивалҳои театрии байналмилалӣ иштирок менамоянд.

Синамо

вироиш

Аввалин филми хроникавӣ с. 1907 ба навор гирифта шудааст (маросими дафни Католикос Мкртич Хримян). Воқеабардорони арман дар давраи Ҷанги якуми ҷаҳонӣ (1914 — 18) лаҳзаҳои муҳорибаҳоро дар Фронти Кавказ, инчунин ҳодисаҳои фоҷиабори аз Туркия ронда шудани арманҳоро ба навор гирифта буданд (чун маводи хроникавӣ). Соли 1923 «Госкино» ташкил ёфта, аз с. 1957 киностудияи «Арманфилм» ном гирифт. Якумин филми ҳуҷҷатӣ «Арманистони советӣ» (1924) ва филми бадеӣ «Номус» (1925) мебошад. Минбаъд филми эпикии «Заре» (1927), филми мазҳакавии «Шор ва Шоршор» (1927), аввалин филми овозии «Пэпо» (аз рӯи асари ҳамноми Г. Сундукян, 1935), филми мазҳакавии «Кикос», драмаи психологии «Гикер» (реж. Мартиросян) наворбардорӣ шуданд; аввалин филмҳои тасвирӣ («Саг ва гурба», 1938) низ пайдо гардиданд. Баъдтар филмҳо дар мавзӯи таърихӣ: «Каро», «Зангезур», «Давид-Бек» ва дар мавзӯъҳои инсон ва таҳаввулоти ботинии он «Аз баҳри виҷдон», «Бо роҳи раъди ғуррон», «Роҳ ба саҳна» истеҳсол шуданд. Филмҳои «Шахсан маълум» (дар бораи инқилобгар Камо, 1958) ва «Супориши фавқулода» наворҳои машҳури прокати (филмнамоишдиҳии) шӯравӣ гардиданд. Соли 1959 студияи истеҳсоли филмҳои хроникавӣ-ҳуҷҷатӣ ва илмӣ-оммавӣ ба кор шурӯъ карда, солҳои 60 як қатор наворҳои ҷолиб офарид: "Мартирос Сарян (1966), «Хафт суруди Арманистон» (1967). Синамогарони арман ба асарҳои классикӣ низ рӯ оварданд: филмҳои «Барои шараф» (аз рӯи асари Шервонзода) «Кориолан» (Шекспир) «Хатабала» (Сундукян). Дар мавзӯи муосир филми «Салом, ин манам!» (реж. Ф. Довлатян) ва дар мавзӯи ҷанги шаҳрвандӣ «Бародарон Сароянҳо» (реж-ҳо Х. Абрамян, Айрапетян)-ро офариданд. Дар синамои Арманистон кӯшишҳои қолабшиканӣ дар жанрҳои анъанавӣ (филмҳои ҳунарии С. И. Параҷанов, аз ҷумла «Ранги анор», филмҳои ҳуҷҷатии А. Пелешян «Ибтидоҳо», «Мо», «Асри мо») ба назар расида, филмҳои солҳои 1960 — 80-и мамлакатро ба сатҳи ҷаҳонӣ баровард. Минбаъд студияи «Арманфилм» (муҷаҳҳаз бо техникаи замонавӣ) дар жанрҳои гуногун соле 6 — 7 филми бадеӣ ва даҳҳо навори ҳуҷҷатию телевизионӣ дар мавзӯъҳои геносиди арманҳо, роҳи душвори ҷумҳурии Арманистон дар солҳои 20 қарни 20, дар жанри «монологи дохилӣ» («Офтоби тирамоҳӣ»-и Б. Оганесян) ва ҳаёти рӯзмарра истеҳсол мекард. Солҳои 80 қарни 20 таҳияи силсилаи телевизионӣ (телесериал) оид ба хазинаи маънавии «Матенадаран» оғоз гардид. Ҳамчунин филми бадеии «Куҷо будӣ, марди худо?» оид ба як зиёии армани қарни 20, як қатор филмҳо дар мавзӯъҳои охирзамон — шикасти низоми ҷаҳон, ташаннуҷҳои ҷомеаи Арманистон, мушкилу масоили Қаробоғи Кӯҳӣ ва ҳаёту тақдири инсонҳо («Имдодҷӯӣ дар биёбон», «Боди фаромӯшӣ», «Гаравгонон», «Лаънатзадагон», «Раҳм кун, худоё!» ва ғ. ба навор гирифта шуд. Филмҳои бахшида ба хориқаи С. И. Параҷанов «Параҷанов. Баҳори охирин» ва «Параҷанов. Коллажи охирин» зуҳуроти тоза дар кинематографияи ҷаҳон буд. Аз солҳои 90 қарни 20 дар таърихи кинои арман истеҳсоли аввалин филмҳои хусусӣ ба роҳ монда шуд ва ҳоло муравваҷ аст.

  1. Հայաստանի Հանրապետության Ազգային վիճակագրության ծառայություն: Հայաստանի Հանրապետության մշտական բնակչության թվաքանակը 2014 թվականի հուլիսի 1-ի դրությամբ — ստուգվում: 1.8.2014

Адабиёт

вироиш


 
Созмони ҳамкории Шанхай
 
Қазоқистон  | Қирғизистон  | ҶХЧ  | Русия  | Тоҷикистон  | Ӯзбекистон
Кишварҳо-мушоҳидачиён: Ҳиндустон | Эрон | Муғулистон | Покистон


 
Иттиҳоди иқтисодии Евразия
Қазоқистон  | Қирғизистон  | Беларус | Русия  | Тоҷикистон |  Ӯзбекистон |
Кишварҳо-мушоҳидачиён: Арманистон | Молдова | Украина