Канада

кишваре дар Амрикои Шимолӣ
(Тағйири масир аз Canada)

Кана́да (англ. Canada [ˈkænədə] ; фр. Canada [kanadɑ] ) — кишвар дар Амрикои Шимолӣ, бузургтарин минтақа дар ин қора ва дувумин дар ҷаҳон. Бар асоси ҷамъият, 38-умин кишвари ҷаҳон (40 170 072 нафар дар 22 июли соли 2023). Зичии аҳолӣ (4,2 нафар дар ҳар 1 км²) яке аз камтаринҳо дар ҷаҳон аст. Пойтахташ — шаҳри Оттава. Шаҳрҳои бузургтарин — Монреал, Торонто, Калгари ва Ванкувер.

Канада
Canada
Парчам Нишон
Шиор: «A Mari Usque Ad Mare "Аз баҳр ба баҳр"»
Суруди миллӣ: «[[Суруди миллии Канада|O Canada

]]»

Рӯзи истиқлолият
Забони расмӣ англисӣ, фаронсавӣ
Пойтахт Оттава
Шаҳри калонтарин Торонто, Оттава, Монреал, Ванкувер, Эдмонтон
Идораи давлат
Наxуствазир Ҷастин Трюдо
Масоҳат
  • Ҳамагӣ
  • Фоизи об.
2-ум ҷой дар ҷaҳон
9,984,670 км²
8.92 %
Аҳолӣ
  • Ҳамагӣ (2022)
  • Зичӣ
36-ум ҷой дар ҷaҳон
38 929 902[1]
3.2 нафар/км²
ММД
  • Ҳамагӣ (2006)
  • Ба сари аҳолӣ
11-ум ҷой дар ҷaҳон
0.99 млрд. $
25,816 $
Пули миллӣ Доллари Канадӣ
Интернет-Домен .ca
Коди телефон +1
Соат UTC -7
Имрӯз қисми {{{Имрӯз}}}

Дар Ҷанубу Ғарб бо обҳои уқёнуси Ором, дар Шимол тавассути Уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ ва дар Шарқ бо обҳои Уқёнуси Атлантик фаро гирифта шудааст. Дар Ҷануб ва Шимолу Ғарб бо ИМА ҳаммарз буда, иқтисодаш ба ин кишвар вобастагии қавӣ дорад. Масоҳаташ 9984,7 ҳаз. км2.

Тақвими маъмул: григорианӣ. Ҷашнҳои миллӣ: 1 янв. – соли Нав, 15 февр. – Рӯзи парчами Канада, 18 февр. – Рӯзи Мерос, охирин якшанбеи моҳи май – Ҷашни малика Виктория, 27 июн – Рӯзи суруди миллии Канада, 1 июл – Рӯзи Канада, 13 октябр – Рӯзи Шукргузорӣ, ҳамчунин ҷашнҳои дигар ба монанди Мавлуди Исо, Пасха, Рӯзи Валентини Муқаддас, Рӯзи Патрики Муқаддас ва ғайра таҷлил мешаванд. Асъор – доллари Канада.

Таърих

вироиш

Тибқи фарзияҳо аз 30 то 12 ҳазор сол пеш одамон аз Осиё тавассути гулӯгоҳи Беринг убур намуда, дар ҳудуди Канада сокин шудаанд. Қадимтарин осори бостоншиносӣ, ки дар Канада ёфт шудаанд, таърихи 11–8 ҳазорсола доранд. То ҳазорсолаи 7 инсонҳо дар ҳудуди Канада то марзҳои ҷанубӣ ва шарқии он, инчунин дар ҷазираи Нюфаундленд сокин шуда, ниёгони эскимосҳо дар шимолу ғарб ва қабилаҳои ҳинду ба Ҷанубу Шарқ ба самти кӯлҳои Бузург ва соҳилҳои Атлантик ҳаракат карда дар он ҷо маскан гирифтанд. Ҳиндуҳои Канада ба гурӯҳҳои қабилавии алгонкин ва атапаск тааллуқ дошта, тарзи зиндагии қавмӣ-қабилавӣ доштанд ва шуғли асосиашон шикору моҳидорӣ ва аҳёнан кишоварзӣ низ буд. Бузургтарин қабилаҳои ҳинду: ассинибойнҳо, атапаскҳо, кри (музофотҳои кунунии Алберта ва Саскачеван), алгонкинҳо, ирокезҳо, гуронҳо (Онтарио, Квебек), алгонкинҳои шарқӣ, микмакҳо, беотукҳо (соҳилҳои Атлантик), нутка (соҳилҳои уқёнуси Ором). Дар асрҳои 10–11 викингҳо ба соҳилҳои атлантикии Канада расида, пас аз гаштугузор дар Лабрадор ба Ҷануб рафта, дар Винланд (эҳтимол Шотландияи Нав) маскан гирифтанд, аммо ба мустамликасозии кулли минтақа напардохтанд. Адами робитаи мунтазами викингҳо бо марокизи бузурги нормании Аврупо, инчунин муносибати тезутунди онҳо бо аборигенҳо боиси таназзули мустамликаҳои амрикоияшон дар асри 14 гардидааст.

Таҳқиқи минбаъдии заминҳои Канада аз ҷониби аврупоиҳо ба давраи Кашфиёти бузурги ҷуғрофӣ рост меояд. Солҳои 1497–98 Ҷ. Кабот ном марди итолиёие, ки дар хидмати шоҳи Англия қарор дошт, ба соҳилҳои Нюфаундленд расида, пас аз таҳқиқи соҳилҳои Лабрадор ва Шотландияи Нав ин сарзаминҳоро мулки шоҳи Англия Ҳенрихи VII эълон кард. Довталабии худро барои заминҳои савоҳили атлантикии Канада испаниҳо ва португалиҳо низ иброз доштанд, аммо таҳқиқоти муназзами заминҳои Канада-ро асосан фаронсавиҳо анҷом доданд. Ж. Картйе дар раванди се экспедитсия (1534, 1536–36, 1541–42) дар болооби дарёи Лаврентияи Муқаддас то рустои Хочелагаи ҳиндуён (наздикиҳои Монреали кунунӣ) расида, санаи 14.7.1534 ҳукумати шоҳи Фаронсаро дар ин заминҳо эълон кард. Картйе ин мамлакатро дар пайравӣ ба истилоҳи ҳиндии «каната» (русто ё деҳаи хурд) Канада ном гузошт. Дар санадҳои расмии фаронсавӣ ин кишвар «Фаронсаи Нав» (Nouvelle-France) номида шудааст. Аз миёнаҳои асри 16 аврупоиҳо дар соҳилҳои Нюфаундленд ба моҳигирии доимӣ шуруъ карданд. Солҳои 1576–78 баҳрнаварди англис М. Фробишер ҳудуди шимолу шарқии Канада (Заминҳои Баффин)-ро фатҳ намуд. Соли 1583 Англия ҳаққи соҳибияти худро бар Нюфаундленд эълон намуд, ки аз ҷониби Португалия ва Фаронса ба чолиш кашида шуд.

Мустамликасозии муназзами ҳудуди фатҳнамудаи Картйе аз ҷониби фаронсавиҳо дар асри 17 бо экспедитсияҳои С. Шамплейн ва Э. Брюл (1603–15) ва бунёди нахустин шаҳракҳои доимии тиҷоратӣ (факторияҳо)-и Порт-Роял дар Акадия (1605; Аннаполиси кунунӣ дар Шотландияи Нав) ва Квебек (1608) оғоз гардид. Ин раванд мухолифати Англия ва Фаронсаро ба вуҷуд меовард. Дар натиҷаи ҷанги Англия ва Фаронса дар Аврупо дуввумӣ муддате (солҳои 1629–32) умури мустамликаҳои канадагиашро аз даст дод. Дар нимаи аввали асри 17 фаъолияти ширкатҳое, ки монополияи тиҷорати пӯстро дар ихтиёр доштанд, боиси суръат гирифтани мустамликасозии заминҳои Канада гардид. Идоракунии ҳар мустамлика ба уҳдаи губернаторе буд, ки аз ҷониби ширкат таъйин мегардид; дар ҳар кадом заминҳои мустамликашуда низоми сенйорӣ (феодалӣ) ҷорӣ шуд. Шумораи аҳолӣ низ афзуда, соли 1642 шумори муҳоҷиршудагон тақрибан ба 200 нафар ва соли 1663 ба 2,5 ҳазор нафар расид.

Соли 1663 Фаронсаи Нав музофоти шоҳгарии Фаронса эълон шуда, дар баробари губернатор, ки идоракунии мустамликаро аз номи шоҳ амалӣ мекард, мансаби интендант (идоракунии корҳои дохилӣ ва рушди иқтисодӣ) таъсис дода шуд. Ҳамчунин, усқуф (епископ) маъмури калисои католикӣ ва корҳои таблиғотӣ гардида, Шӯрои Олӣ вазифаҳои мақомоти машваратиро иҷро мекард. Низоми нави маъмурӣ боиси якбора зиёд шудани аҳолӣ гардид: соли 1666 шумораи аҳолӣ тақрибан ба 3,2 ҳазор ва соли 1676 ба 8,5 ҳазор нафар расида, чаҳоряки аҳолӣ дар се шаҳр: Квебек, Монреал ва Труа-Ривйер сокин буд. Соли 1670 дар Лондон Ширкати халиҷи Ҳудсон таъсис ёфта, монополияи азхудкунии заминҳои шимолу шарқи Канада-ро ба даст овард, ки дар пайи ин рӯйдод миёни Англия ва Фаронса ихтилофҳои нав сар заданд. Англисҳо ва ҳолландиҳо рақибони фаронсавиҳо – ирокезҳо ва гуронҳоро дастгирӣ мекарданд. Дар ҷанги Англия ва Фаронса дар солҳои 1689–97 англисҳо мағлуб шуда, ҷанги Ирокез ҳам дар соли 1701 бо пирӯзии фаронсавиҳо анҷом ёфт.

Дар ибтидои асри 18 муҳоҷирони фаронсавӣ дар ҷануби Амрикои Шимолӣ то резишгоҳи дарёи Мисисиппи пеш рафта, ҳукумати Фаронса соли 1700 ҳамаи заминҳои навро дар мустамликаи Луизиана муттаҳид намуд ва ба бунёди қалъаҳо дар сар то сари дарё шуруъ кард. Ин мустамликаи нав монеъи ҳаракати мустамликасозони Амрико ба самти Ғарб шуда, боиси шиддат гирифтани низоъ миёни Англия ва Фаронса гардид. Яке аз сабабҳои ҷанги Англия ва Фаронса барои мероси Испания (1701–14) ҳам рақобат бар сари заминҳои Амрикои Шимолӣ буд. Тибқи созишномаи Утрехт дар соли 1713 Акадия ва Нюфаундленд ба ихтиёри Британия гузашт. Аммо созишномаи сулҳи Ахен дар соли 1748, ки ҷанг бар сари мероси Австрия (1740–48)-ро хотима бахшид, масъаларо ба суди ягон ҷониб ҳал накард ва марзҳо бо таъйиноти пештара боқӣ монданд. Сол 1749 англисҳо дар Шотландияи Нав бандари Галифаксро бунёд карданд. Даъвои Англия бар сари мустамликаҳои Фаронса дар Амрикои Шимолӣ боиси оғози Ҷанги Ҳафтсола (1756–63) миёни ин ду кишвар гардид. Дар нахустин муҳориба, ки соли 1754 дар наздикии Форт-Карилйон рух дод, англисҳо шикаст хӯрданд. Аммо 27.7.1758 гарнизони фаронсавии Луисбург дар қалъаи аз лиҳози стратегӣ муҳими Шотландияи Нав таслим шуд. Соли 1759 англисҳо Квебекро низ фатҳ карда, 9.9.1760 артиши фаронсавиҳо Монреалро ҳам ба англисҳо таслим намуд. Созишномаи сулҳи Париж (1763) ҳукумати Англияро дар заминҳои фатҳшуда расмиёт бахшид. Аммо ин созишнома бо ин ки 70 ҳазор фаронсавии католики сокинони Фаронсави Навро дар тобеияти англисҳо қарор дод, барои ҳукумати Англия мушкилоти нав пеш овард. Ҳамчунин масъалаи марзҳои мустамлика ва заминҳои ҳиндуҳо низ ҳалношуда боқӣ монданд, ки боиси заъиф шудани таъсири Англия бар мустамликаҳояш мешуд. Эъломияи шоҳии Георги III аз 7.10.1763 баъзе аз масоили мавҷудро ҳал кард, аз ҷумла: марзҳои заминҳои ҳиндуҳоро (аз кӯҳҳои Аллеган то водии дарёи Мисисиппи) муайян кард; Фаронсаи Нав қисме аз заминҳояшро аз даст дода (навоҳии Кӯлҳои Бузург, Лабрадор ва ҷазираи Иоанни Муқаддас), Квебек номида шуд; Акадия ба ду мустамлика: Шотландияи Нав ва Ню-Брансуик тақсим карда шуд; ҷазираи Иоанни Муқаддас мақоми мустамликаи алоҳидаро гирифта, ҷазираи Шоҳзода Эдуард номгузорӣ шуд. Маъмурияти Британияро дар мустамликаҳо генерал-губернатор намояндагӣ мекард, ки ҳуқуқи даъват ва пароканда кардани ҷаласаҳои намояндагонро дошт. Шӯриши Понтиак (1763–65) ва ҳаракатҳои густаришёбанда барои намояндагӣ дар мустамликаҳои амрикоӣ ноустувории ҳукумати англисҳоро дар Амрикои Шимолӣ собит намуд. Барои нигоҳ доштани садоқати нисбии франкоканадагиҳо нисбат ба худ парламенти Англия санади Квебек (1774)-ро қабул намуда, тибқи он низоми сениориалии заминдорӣ, озодии виҷдон ва ҳуқуқи граждании фаронсавиро иҷозат дод. Ҷанги Амрикои Шимолӣ барои истиқлолият (1775–83)-ро танҳо сокинони Шотландияи Нав дастгирӣ карда, аҳолии Квебек ва Ню-Брансуик худро канор гирифтанд. Созишномаи сулҳи Париж дар соли 1783 заминҳои Канада-ро дар ҳайати империяи Британия нигоҳ дошт. Дар ин давра аҳолии Канада аз ҳисоби омадани мухолифини инқилоб аз дигар мустамликаҳои амрикоӣ, ки қариб 100 ҳазор нафар буданд, зиёд шуд. Соли 1791 парламент санади Конститутсиониро қабул намуд, ки тибқи он: 5 мулки мустамликашуда (Квебек, Шотландияи Нав, Ню-Брансуик, Нюфаундленд ва ҷазираи Шоҳзода Эдуард) дар ҳайати Амрикои Шимолии Британия муттаҳид карда шуданд; Квебек ба Канада-и Болоӣ (англисзабон) ва Поинӣ (фаронсавизабон) тақсим карда шуд; дар ҳар кадом мулкҳои мустамликашуда маҷлисҳои намояндагӣ ва қонунгузорӣ таъсис дода шуданд. Соли 1812 ҷанги нави Англия ва Амрико сар зад, соли 1814 бо сулҳи Гент ва марзҳои бетағйир ба анҷом расид, аммо монеаҳо барои тиҷорати озоди Амрико ва Канада бардошта шуд. Солҳои 1837–38 дар Канада Поинӣ Ҳизби Ватандӯстон шӯриш бардошт, ки дар Канада Болоӣ аз ҷониби У. Л. Маккензи пуштибонӣ мешуд. Вале шӯриш бо қувваҳои мусаллаҳи мустамликадорон пахш гардид. Соли 1838 лорд Дарем генерал-губернатор таъйин шуд. Соли 1840 бо пешниҳоди Дарем парламент Юнион-пакт қабул намуда, дар асоси он ҳар ду қисми Канада-ро ба як музофот табдил дод. Дар баробари ин, Дарем принсипи «ҳукумати масъул»-ро пешниҳод намуд, ки солҳои 1848–55 амалӣ гардид. Дар асоси принсипи мазкур музофот ҳаққи худиидоракунӣ, доштани асъори худ ва таъсиси аҳзоби сиёсиро пайдо кард. Парокандагии мулкҳои мустамликашуда, ки танҳо зоҳиран дар Амрикои Шимолии Британия муттаҳид шуда буданд, тараққиёти дохилии Канада-ро бозмедошт. Соли 1864 ҳукумати эътилофи Бузург ташкил шуд, ки тамоми қувваҳои муътадили сиёсии Онтарио ва Квебекро ба ҳам овард ва бад-ин восита гомҳои нахустин ба самти иттиҳод бардошта шуд.

Соли 1867 парламенти Британия Санадро дар бораи Амрикои Шимолии Британия тасдиқ намуд, ки тибқи он чаҳор музофот – Квебек, Онтарио, Шотландияи Нав ва Брансуик бо доштани ҳаққи мухторияти комил дар сиёсати дохилӣ федератсияи шартномавиро ташкил карданд. Доминион ҳаққи ташкили парламенти федералии дупалатагиро соҳиб шуд: Палатаи Поинӣ (умумӣ) бо 180 аъзо ҳар 5 сол 1 маротиба интихоб мешуд; палатаи Болоӣ (Сенат) бо 104 аъзо аз ҷониби сарвазир таъйин мегардид. Ҳукумат танҳо аз ҳисоби аъзои парламент ташкил мешуд метавонист бо изҳори нобоварии палатаи Поинӣ нисбат ба он сарнагун шавад. Ҳангоми таъйин шудан ба мансаб довталабон барои садоқат ба шоҳи Британия савганд ёд мекарданд. Намояндаи шоҳ дар сатҳи федералалӣ генерал-губернатор ва дар сатҳи музофотҳо лейтенант-губернатор буд. Оттава (Онтарио) пойтахти доминион шуд. Масъалащои ицтисод, молия, андозҳои федералӣ, корҳои гумрукӣ, қонунгузории ҷиноятӣ ва политсияи сиёсӣ, хоҷагии ҷангал, баҳрнавардӣ, моҳидорӣ дар салоҳияти мақомоти федералӣ ва корҳои вобаста ба маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, бима, қонунгузории гражданӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон, андозҳои музофотӣ, истифодаи захираҳои обию заминӣ ва роҳҳо дар ихтиёри мақомоти маҳаллӣ буд. Санад дар бораи Амрикои Шимолии Британия то соли 1982 амалан конститутсияи Канада ба ҳисоб мерафт.

Дар нахустин интихоботи умумӣ (18.9.1867) консерваторҳо (муҳофизакорон) бо сарварии Ҷ. Макдоналд пирӯз шуданд. Соли 1868 ҳукумат заминҳои Ширкати халиҷи Гудзонов (Ҳудсон)-ро харид. Дар заминҳои мазкур ҳиндуҳо ва канадагиҳои фаронсавиасли бо онҳо махлут зиндагӣ мекарданд, ки бидуни кафолати риояи ҳуқуқашон намехостанд ба федератсия ҳамроҳ шаванд. Соли 1870 онҳо бо сарварии Л. Риэл дар қалъаи Гэрри ҳукумати муваққатиро таъсис дода, талаб карданд, ки ба заминҳои онҳо мақоми музофоти комилҳуқуқ дода шавад. Ҳукумати марказӣ талаби онҳоро пазируфт ва музофоти Манитоба 15.7.1870 ба ҳайати федератсия ҳамроҳ шуд. 20 7.1871 Колумбияи Британия ҳам мақоми музофотро соҳиб шуд ва ҳамин тариқ Канада ба кишвари қудратманди ҳавзаи уқёнуси Ором табдил ёфт. Ду сол қабл аз ин бунёди роҳи оҳани уқёнуси Ором шуруъ гардида буд, ки соли 1885 ба анҷом расид. 1.7.1873 ҷазираи Шоҳзода Эдуард ҳам ба ҳайати федератсия ҳамроҳ шуд. Дар ҳамин сол ҳукумати консерваторҳоро дар гирифтани ришваҳои бузург аз соҳибкорони канадагӣ ва амрикоӣ ба ивази имтиёзҳои ҳукуматӣ муттаҳам шуд ва дар пайи он Сарвазир ба истеъфо рафт. Дар интихоботи ғайринавбатӣ (январи 1874) ҳизби Либералӣ бо сарварии А. Маккензи пирӯзӣ ба даст овард ва ислоҳоти заминро дар ҷазираи Шоҳзода Эдуард роҳандозӣ кард. Аммо ба сабаби надоштани таҷрибаи кофии идоракунӣ дар интихоботи 1878-ро ба консерваторон бохт. Соли 1885 ҳиндуҳо ва фаронсавитаборони Саскачеван бо сарварии Л. Риэл, ки аз ИМА омада буд, шӯриш бардоштанд. Нерӯҳои федералӣ моҳи майи соли 1885 шӯришро пахш карда, сарвари онро ба қатл расонданд. Дар интихоботи соли 1986 либералҳо пирӯз шуданд ва У. Лоре сарвари ҳукумат интихоб гардид. Дар 15 соли сарвазирии Лоре ҳудуд Юкон ба ҳайати федератсия ҳамроҳ шуда (13.6.1898), Саскачеван ва Алберта мақоми музофотро соҳиб шуданд (1.9.1905). Дар ибтидои асри 20 раванди азхудкунии заминҳо суръат гирифта, чандин конҳои маъданҳо табиӣ кашф шуданд. Дар даҳсолаи аввали асри 20 масъалаи таъсиси флоти ҳарбии Канада ва таҳти фармондеҳии артиши Британия қарор додани он, инчунин масъалаи истифодаи қувваҳои мусаллаҳи Канада дар ҷангҳои Англия дар Африқои Ҷанубӣ ба миён омад, ки англоканадагиҳо аз он ҷонибдорӣ ва франкоканадагиҳо ба он мухолифат карданд. Ҳукумат маҷбур шуд ба ҷанги Африқои Ҷанубӣ фақат ихтиёриёнро сафарбар кунад. 4.8.1918 Британия муқобили Олмон ҷанг эълон кард ва бо ин восита Канада ба ҷанги Якуми ҷаҳонӣ кашида шуд. Талафоти Канада аз ин ҷанг 60 ҳазор нафар кушта ва 173 ҳазор нафар маҷруҳро ташкил дод. Соли 1919 Канада созишномаи сулҳи Версалро имзо карда, узви Лигаи Миллатҳо шуд. Тӯли солҳои ҷанг миёни коргарон ва соҳибони ширкатҳо моҷаро сар зада, хислати оммавӣ гирифт. Барои ҳалли ин мушкилӣ ҳукумат соли 1927 боҷи гумрукиро барои воридот кам карда, ба когарон ва хидматчиёни аз 70 сола боло нафақа таъйин кард. Эъломияи соли 1926-и Балфур ва қонуни соли 1931 Вестмер воқеиятро расмиёт бахшиданд: ҳанӯз аз соли 1922 Канада пешниҳоди Британияро дар хусуси барқарор кардани робита бо Туркия рад карда буд; соли 1924 Канада бо ИҶШС робитаҳои дипломатӣ ба роҳ монд (соли 1929 қатъ шуда, соли 1942 барқарор ва солҳои 1945–54 мутаваққиф шуда буданд). Соли 1927 Канада бо ИМА робитаи мустақими дипломатӣ барқарор кард. Аз соли 1929 бо сабаби кам шудани талабот ба ғалладона ва паст шудани нархи он, ки маҳсулоти асосии содиротӣ маҳсуб мешуд, вазъи иқтисодии Канада якбора бад шуда, ҳазорон нафар бекор монданд. Ҳукумати тозаинтихоби консерваторҳо бо сарварии Р. Беннет барои бекорон урдугоҳҳо ташкил намуда, норасоиҳои музофотҳоро аз буҷети федералӣ ҷуброн кард. Инчунин дар бораи барқарор кардани хоҷагиҳои фермерӣ дар марғзорҳо (прерияҳо) қонунҳо қабул шуда, барои тиҷорат бо дигар доминионҳои империя созишномаҳои Оттава (1932–34) тасвиб шуданд. Ислоҳоти иҷтимоии Беннет нуфузи ҳизби ӯро наафзуд ва баръакс пас аз чанде аз ҷониби Додгоҳи Олии кишвар ғайриқонунӣ дониста шуд. Дар интихоботи соли 1935 либералҳо пирӯз шуда, чанд ислоҳот роҳандозӣ карданд. Аз ҷумла, ҳиссаи давлатро дар иқтисод афзуданд, ба шаҳрвандон иҷозат доданд, ки барои ҳифзи манфиатҳои худ иттиҳодияҳо таъсис диҳанд ва урдугоҳҳо барои коргаронро баҳрам доданд. Бо вуҷуди ин, иқтисоди Канада, ки аз вазъи бозорҳои берунӣ вобаста буд, тамоми давраи солҳои 30-ум вазъи ногувор дошт. 9.9.1939 парламенти Канада дар бораи эълони ҷанг бо Олмон эъломия қабул кард ва пас аз як рӯз артиши ин кишвар вориди ҷанги Дуюми ҷаҳонӣ (1939–45) шуд. Нерӯҳои ҳарбии Канада дар муҳорибаи Депп (1942), озодкунии Италия ва Ситсилия (1943), муҳорибаи Нормандия (июн-июли 1944) ва берун кардани қувваҳои Олмон аз Ҳолланд (1945) ширкат кардаанд. Аз 1 млн нафар сарбозони Канада дар ҷанги мазкур 42 ҳазор нафар кушта ва 54 ҳазор нафар маҷрӯҳ шуданд. Соли 1945 Канада узви СММ шуд.

Соли 1947 парламенти Канада Санадро дар бораи шаҳрвандии ин кишвар қабул намуда ва сарвари ҳамонвақтаи ҳукумат нахустин шаҳрванди мамлакат шуд. Соли 1948 Кинг аз сарварии ҳукумат ва роҳбарии ҳизби худ канор рафт ва ба ҷои ӯ Л. Сен-Лоран омад. 31.3.1949 Нюфаундленд ба ҳайати федератсия дохил шуд. Ҳангоми таъсиси НАТО (4.4.1949) Канада яке аз муассисони ин созмон шуд. Аз ибтидои солҳои 1950 иқтисоди Канада ба марҳалаи нави рушд қадам ниҳод. Коркарди конҳои тоза кашфшудаи радий (Лабрадор), нафт ва гази табиӣ (Алберта) шуруъ гардид. Соли 1962 мушаки амрикоӣ нахустин радифи сунъии канадагиро ба мадори Замин баровард. Мушкилоти асосии дохилии Канада дар солҳои 1960–70 афзудани ҷудоихоҳӣ дар миёни фаронсавитаборони Квебек ва ба талаботи замони нав ҷавобгӯ набудани конститутсияи мамлакат буд. Барои ин мушкилот ҳукумати либеларҳо бо сарварии П. Трюдо сиёсати дузабониро дар сатҳи федералӣ эълон дошта, вазорати рушди минтақавиро таъсис дод, ки маблағҳои асосии он ба Квебек равона мешуданд. Аммо ҷудоихоҳии миллии баъзе гурӯҳҳо моҳи октябри соли 1970 ба терроризми ошкоро табдил шуд: Ҷабҳаи озодихоҳи Квебек ноиби сарвазири музофот П. Лапортро рабуд. Ба Квебек қувваҳои федералӣ ворид карда шуданд, аммо наҷот додани асир муяссар нашуд. Вале ин амал шумораи ҷонибдорони Ҷабҳаи озодихоҳи Квебекро кам кард, зеро аксари сокинони ин музофот, ки фаронсавитабор буданд, кушторро роҳи нодурусти муборизаи сиёсӣ медонистанд. Соли 1970 синну соли интихобкунандагон аз 21 ба 18 сола поин оварда шуд. Афзоиши нархи нафт дар соли 1973 боиси сар задани ихтилоф миёни ҳукумати федералӣ ва ҳукуматҳои музофотҳои Алберта ва Саскачеван гардид. Ҳукумати марказӣ ба даромадҳои бузурги ширкатҳои нафтӣ хироҷ ҷорӣ карда, нархҳои дохилии нафтро зери назорати ҷиддӣ гирифт. Ин ихтилофҳо соли 1974 бо тавофуқ ҳал шуданд. Дар худи ҳамон сол Агентии тафтишоти сармояҳои хориҷӣ таъсис дода шуд, ки меъёри сармоягузориҳои хориҷиро дар иқтисоди Канада назорат мекард. Соли 1976 Канада ба гурӯҳи 6 давлати мутараққӣ дохил гардид ва бо ин «Ҳафтгонаи бузург» ташкил шуд. Мушкилоти вобаста ба тақсими салоҳиятҳо миёни ҳукумати федералӣ ва музофотҳо пас аз қабули Санади Конститутсионии соли 1982 ҳалли худро ёфт. Санади мазкур вобастагии Канада-ро ба парламенти Британия дар масъалаи қонунгузорӣ барҳам дода, Санадро дар бораи Амрикои Шимолии Британия, ки аз соли 1867 инҷониб қонуни асосии мамлакат маҳсуб мешуд, аз эътибор соқит кард. Ҳамзамон, ҳукумати либералҳо дастурамали барномаи Миллии энергетикиро (1980–85) татбиқ мекард, ки ҳадафи он нигоҳ доштани нархҳои дохилии маҳсулоти нафтӣ ва газӣ, барҳам додани имтиёзҳои андозсупорӣ барои ширкатҳои нафтугазии фаромиллӣ, харидорӣ кардани дороиҳои хориҷии соҳаи энергетикии иқтисод, фаъол кардани корҳои таҳқиқӣ-геологӣ, рушди соҳаи алтернативии энергетика ва сарфакори дар истифодаи сӯзишворӣ ва нерӯи барқ буд. Соли 1980 суруди миллии Канада дар баробари нишон (1921) ва парчами шоҳӣ (1965) ҳамчун рамзи давлатӣ тасдиқ шуд. Соли 1988 Канада ва ИМА дар бораи тиҷорати озод созишномаҳо имзо карданд, ки соли 1992 Созишномаи Амрикои Шимолӣ дар бораи тиҷорати озод (НАФТА) онро иваз намуд. Аз вақт инҷониб миёни Канада ва ИМА ҳамгироии қавӣ ба амал омада, то кунун идома дорад. Ҳукумати либералии солҳои 1993–2006 тавонист мушкилоти норасоии буҷет ва қарзи хориҷиро бартараф намуда, бори гарони андозҳоро коҳиш диҳад. Соли 1996 дар масъалаи забону фарҳанг ба Квебек салоҳияти махсус дода шуд. 1.4.1999 ҳудуди Нунавут ҳамчун аъзои 13-уми федератсия ба ҳайати Канада дохил шуд. Канада дар амалиёти НАТО дар Югославия (1999) ва Афғонистон (2001) ширкат карда, аз иштирок дар ҷанги ИМА ба муқобили Ироқ (2003) худдорӣ намуд. Баъд аз интихоботи соли 2006 ҳукумати консервативҳо бо сарварии Стивен Харпер квотаҳоро барои муҳоҷирон якбора ихтисор карда шартҳоро барои онҳо зиёд кард. Чунин сиёсат ҷомеаи Канада парокандагиро ба вуҷуд овард: нафароне, ки зидди масрафоти зиёди иҷтимоӣ барои муҳоҷирон буданд, аз ин сиёат пуштибонӣ карданд, дар ҳоле, ки муҳоҷирон ва сокинони шаҳрҳои бузург аз чунин сиёсат розӣ набуданд. Дар интихоботи соли 2015 либералҳо бо роҳбарии Ҷастин Трюдо ғолиб шуда, ҳукуматро соҳиб шуданд.

Сарвазирони Канада: Ҷ. Макдоналд (июли 1867 – ноябри 1873; Ҳизби Консервативӣ – ҲК); А. Макензи (ноябри 1873 – октябри 1878; Ҳизби Либералӣ – ҲЛ); Ҷ. Макдоналд (октябри 1878 – июни 1891; ҲК); Э. Эббот (июни 1891 – ноябри 1892; ҲК); Д. Томпсон (декабри 1892 – декабри 1894; ҲК); М. Бауэл (декабри 1894 – апрели 1896; ҲК); Ч Тапер (май – июл 1896; ҲК); У Лоре (июли 1896 – октябри 1911; ҲЛ); Р. Борден (октябри 1911 – октябри 1917; ҲК); Р. Борден (окбябри 1917 – июли 1920; Ҳизби Юнионистӣ); А. Мейген (июли 1920 – декабри 1921; ҲК); У. Кинг (декабри 1921 – июни 1926; ҲЛ); А. Мейген (июни – сентябри 1926; ҲК); У Кинг (сентябри 1926 – августи 1930; ҲЛ); Беннет (августи 1930 – октябри 1935; ҲК); У Книг (октябри 1935 –ноябри 1948; ҲЛ); Л. Сен-Лоран ноябри 1948 – июни 1957; ҲЛ; Ҷ. Дифенбейкер (июни 1957 – апрели 1963; Ҳизби тараққихоҳи консервативӣ– ҲТК); Л. Пирсон (апрели 1963–апрели 1968; ҲЛ); П. Трюдо (апрели 1968– июни 1979; ҲЛ); Ҷ. Кларк (июни 1979–марти 1980; ҲТК); П. Трюдо (марти 1980–июни 1984; ҲЛ); Ҷ. Тернер (июн – сентябри 1984; ҲЛ); Б. Малруни (сентябри 1984 – июни 1993; ҲТК); Канада Кемпбелл (июн – ноябри 1993; ҲТК); Ж. Кретен (ноябри 1993 – декабри 2003; ҲЛ); П. Мартин (декабри 2003 – феврали 2006; ҲЛ); С. Харпер (феврали 2006 – 2015; ҲК); Ҷ. Трюдо (аз 4.11.2015).

Сиёсат ва ҳукумат

вироиш

Сохти давлатӣ. Канада давлати федеративии дорои шакли идоракунии монархияи конститутсионӣ мебошад. Узви Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеи Бритониё. Асосҳои ҳуқуқии идоракунии давлат дар маҷмуи санадҳои конститутсионӣ, қонунҳои Британия ва амсоли онҳо таҷассум ёфтаанд. Расман сарвари давлат шоҳи Бритониё буда, намояндаи маликаи Бритониё – генерал-губернатор  бо пешниҳоди сарвазир аз ҷониби шоҳи Бритониё таъйин мешавад.

Ҳокимияти қонунгузор тавассути шоҳ ва парламенти дупалатагӣ (поинӣ – Палатаи (маҷлис)-и умумӣ, ки вакилони он тариқи интихоботи умумӣ ба муҳлати 5 сол интихоб мешаванд; болоӣ – Сенат, ки аъзои он бо пешниҳоди сарвазир аз ҷониби генерал-губернатор таъйин мешаванд ва то синни 75 солагӣ фаъолият мекунанд) амалӣ мешавад.

Ҳокимияти иҷрои мутааллиқ ба шоҳ аст ва бо сарварии сарвазир тавассути ҳукумат амалӣ карда мешавад. Ҳукумат назди Палатаи умумӣ масъул аст ва дар сурати изҳори нобоварӣ аз ҷониби Палата нисбат ба фаъолияти ҳукумат он бояд истеъфо диҳад.

Канада узви чунин созмонҳои ҷаҳонӣ аст: СММ (1945), ХБА (1945), ББТР (1045), НАТО (1949), САҲА (1973), АТЭС (1989), СКА (1990), СУТ (1995) ва ғайра. Канада бо Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи 1992 равобити дипломатӣ дорад. Қароргоҳи сафири фавқулодда ва мухтори Канада дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон воқеъ мебошад. Ҳамкории Тоҷикистон бо Канада тариқи Агентии рушди байналмилалии Канада (CIDA) дар чаҳорчӯби барномаҳои соҳаи истеҳсолоти кишоварзӣ, тандурустӣ ва маориф бар роҳ монда шудааст. Ҳамчунин, Канада дар омодасозии кадрҳои соҳаи ҳарбӣ, безараргардонии минаҳо ва пешгирии мубодилаи ғайриқонунии маводи мухаддир ба Тоҷикистон кумак кардааст. Ҳаҷми тиҷорати дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Канада дар соли 2013 ба 1756.5 ҳазор доллари ШМА расид, ки аз он содирот 4.8 ҳазор доллар ва воридот 1751.7 ҳазор долларро ташкил дод.

Ҳизбҳои сиёсӣ. Канада 19 ҳизби сиёсӣ дорад, ки 5 адади онҳо дар парламент намоянда доранд: ҳизби консервативӣ (таъсисаш солҳои 1880); ҳизби либералӣ (1872 ); ҳизби нави демократӣ (1961); ҳизби сабз (1983) ва блоки Квебек (1991). Соли 1942 ҳизби консервативӣ ба ҳизби тараққихоҳи консервативӣ табдил шуда, пас аз муттаҳид шудан бо иттиҳоди ислоҳотхоҳи Канада ҳизби нави консервативӣ ташкил шуд (2003). Блоки Квебек манфиатҳои фаронсавитаборони кишварро дар сатҳи федералӣ ҳимоя мекунад. Нерӯҳои сотсиал-демократиро ҳизби нави демократӣ намояндагӣ мекунад. Ҳизбҳои дигаре ҳам фаъолият доранд, ки дар парламент намоянда надоранд. Аз ҷумла, ҳизби Коммунистии Канада (таъсисаш соли 1921); ҳизби Марксистӣ-Ленинӣ (1970); ҳизби Либертарианӣ (1975); ҳизби мероси масеҳӣ (1987); ҳизби Амал (1997); ҳизби тараққихоҳи Канада (2004); Нахустин ҳизби халқии Канада (2004); ҳизби блоки Ғарбӣ (2005) ва ғ.

Бахшбандии кишварӣ

вироиш

Аз лиҳози маъмурӣ ба 10 музофот ва 3 қаламрав тақсим мешавад

Ҷуғрофия

вироиш

Табиат. Релеф, сохти геологӣ ва захираҳои табиӣ. Хатти соҳилӣ дар Шимол ва Шарқ бисёр ноҳамвор буда, чандин халиҷи калон, нимҷазираҳо ва обдара (фиорд)-ҳо дорад, ки нимҷазираҳои Бутия, Мелвилл, халиҷи Ҳудсон, нимҷазираҳои Лабрадор ва Унгава, халиҷи Сент-Лоуренс (Лавренти Муқаддас), нимҷазираи Шотландияи Нав, ҷазираҳои Нюфаундленд, Кейп-Бретон, Принс-Эдуард, Антикости ва ғайра аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Соҳилҳои Ғарбӣ баланд ва душворрас буда, тавассути обдараҳо тақсим шудааст. Қад-қади соҳил ҷазираҳои зиёде воқеъ гардидаанд. Ба ғайр аз қисмате, ки дар қитъа воқеъ мебошад, ҳудуди Канада ҳамчунин Галаҷазираҳои Арктикии Канадаро низ фаро мегирад, ки чандин гулӯгоҳу халиҷ дорад. 75 % қаламрави кишварро ҳамворӣ ва пуштакӯҳҳо фаро гирифта, кӯҳҳо асосан дар қисми ғарбии кишвар ва дар Шимолу Шарқи Галаҷазираҳои Арктикии Канада воқеъ мебошанд. Дар Ҷануб ва Ҷанубу Ғарб ҳамвориҳои Марказӣ, дар ғарби он пуштакӯҳҳои Ҳамвориҳои Бузург ва дар Шимолу Ғарб пастии Маккензи қарор доранд. Дар Шимоли дарёи Сент-Лоуренс паҳнкӯҳҳои Лоурент (Лаврентия) воқеанд. Дар Ғарб аз Шимол ба Ҷануб дар мувозии қаторкӯҳҳои Соҳилӣ ва кӯҳҳои Сангӣ кӯҳҳои Кордилер тӯл кашидаанд, ки баландтарин қуллаи мамлакат (5951м) дар онҳо воқеъ мебошад. Дар Шимолу Ғарб кӯҳҳои Маккензи ва дар Ҷанубу Шарқ шохаҳои кӯҳҳои Апалачи мавқеъ доранд.

Аксари ҳудуди мамлакат дар платформаи қадимии Амрикои Шимолӣ воқеъ аст, ки дар Ғарб бо системаи чиндори интиҳои давраи мезозой-ибтидои кайнозойии Кордилер ва дар Шарқ тавассути системаи чиндори каледонӣ-герсинии Апалачҳо маҳдуд шудааст.

Канада захираи бузурги маъданҳо ва маҳсулоти хом дорад, ки метавонад талаботи дохилии кишварро қонеъ намояд ва ҳамзамон имкон медиҳад, ки асбест, руҳ, никел, сурб, оҳан, мис, нуқра, нефт, газ ва ғайра ба миқдори зиёд ба кишрҳои дигар фурӯхта шаванд. Канада вобаста ба миқдори захираҳои маъданҳои оҳан, никел, титан ва намакҳои калий дар қитъаи Амрикои Шимолӣ мақоми аввал ва вобаста ба захираҳои волфрам ва руҳ пас аз Чин ва Австралия дар ҷаҳон мақоми дуввумро мегирад. Тибқи омори собитшуда Канада аз рӯи дороии захираҳои нафту газ пас аз Арабистони Саудӣ дар ҷаҳон ҷои дуввумро соҳиб аст.

Иқлим. Бо сабаби масоҳати бузург аз Ғарб ба Шарқ ва хусусиятҳои релеф иқлими Канада бисёр гуногун аст. Дар Шимол – арктикӣ ва субарктикӣ (дамои солона –5–10° С буда, аксараи ҳудуди он дар давоми сол барфпӯш аст); дар ҷанубтари ин ҳудуд асосан иқлим муътадил ва континенталӣ (зимистони қаҳратун, тобистони хушк ва хеле гарм; дар нишебиҳои ғарбии кӯҳҳои Кордилер муътадили баҳрӣ (зимистони нарми боронӣ ва тобистони серун); дар соҳилҳои Атлантик ва ҷазираи Нюфаундленд иқлими муътадили борутубат (зимистони нарм, тобистони нисбатан гарм, туманҳои мудовим) ҳукмфармост. Ҳарорати миёнаи моҳи январ дар Шимол –30–35 °С, дар навоҳии дохилии Ҷануб –20°С, дар ҷазираи Фаундленд –5–10 °С, дар соҳилҳои ғарбӣ +1–4 °С мебошад. Ҳарорати миёнаи моҳи июл аз +3–5 °С дар Шимол то +20°С дар Ҷануб мерасад. Пасттарин ҳарорат –60 °С дар болооби дарёи Юкон ба қайд гирифта шудааст. Дар соҳилҳои ғарбӣ миқдори боришот нисбатан зиёд (солона 2400–2700 мм, дар ҷазираи Ванкувер то 5000 мм), буда, дар ноҳияҳои дохилӣ то 250–500 мм, дар Шимол камтар аз 150 мм ва дар соҳилҳои Атлантик 1000–1400 мм-ро ташкил медиҳад. Иқлими соҳилҳои уқёнуси Ором таҳти таъсири ҷараёнҳои гарми уқёнусӣ қарор гирифта, ҳавои он намии бештар дорад. Қисмати Шимолу Шарқ ва Шарқ бошад зери таъсири ҷараёни сарди Лабрадор аст ва зимистон ин ҳудудро муддати тӯлонӣ барф пӯшондааст.

Обҳои дохилӣ. Аксари дарёҳои Канада ба ҳавзаи уқёнуси Атлантик ва Яхбастаи Шимолӣ тааллуқ дошта, қисми камтари онҳо ба уқёнуси Ором мерезанд. Дарёи Лаврентияи Муқаддас дар Шарқ, ки 3057 км тӯл ва чандин шохобҳо (Оттава, Сагиней, Сен-Морис, Маникуаган ва ғ.) дорад, қобили киштигардӣ аст. Ин дарё ҳавзаи кӯлҳои Бузургро бо уқёнуси Атлантик мепайвандад. Дар марказ дарёи Саскачеван ба кӯли Виннипег рехта, аз он ҷо дарёи Нелсон ибтидо мегирад ва ба халиҷи Ҳудсон мерезад. Дарозтарин дарёи Канада – Маккензи, ки 5472 км тӯл мекашад, аз кӯли Бузурги Слейви оғоз шуда, ба уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ мерезад. Дарёи Фрейзер ва ду дарёи дигаре, ки қисман аз ҳудуди Канада мегузаранд – Юкон ва Колумбия ба уқёнуси Ором мерезанд. Манбаи асосии дарёҳо барфу борон аст. Дамиши дарёҳо дар ҳамвориҳо дар охири баҳор ва дар кӯҳҳои Кордилер дар фасли тобистон ба амал меояд. Ба ғайр аз Ҷануб дарёҳо муддати 5–9 моҳ ях мебанданд. Дар баъзе қитъаҳои ҳамвориҳо дарёҳо қобили киштигардианд. Дар дарёҳои кӯҳистонӣ захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ мавҷуданд. Канада аз лиҳози доштани кӯлҳо дар ҷаҳон мақоми намоёнро мегирад. Дар марз бо ИМА кӯлҳои Бузург (қисме аз акватория ба ИМА тааллуқ дорад) – Онтарио, Эри, Гурон, Болоӣ воқеанд, ки тавассути дарёҳои хурд ба ҳам пайваста, ҳавзаи бузурги масоҳаташ бештар аз 240 ҳазор км2-ро ташкил медиҳанд. Кӯлҳои нисбатан хурд дар ҳудуди Сипари Канада ҷойгиранд. Дар марз бо ИМА шаршараи бузурги Ниагара қарор дорад. Дар Шимол яхбандии доимӣ масоҳати зиёда аз 195 ҳазор км2-ро фаро мегирад. Пиряхҳо ҳам дар кӯҳҳои ғарби мамлакат ва ҳам дар Галаҷазираҳои Арктикии Канада (146,5 ҳазор км2) мавҷуданд.

Хок ва рустаниҳо. Дар ҳамвориҳо хосияти минтақавӣ доштани қабати хокӣ-гиёҳӣ дақиқан возеҳ буда, бо наздикшавӣ ба кӯҳҳои сангӣ субмеридионалӣ ва дар кӯҳҳо кӯҳистонӣ мешавад. Дар Шимоли Галаҷазираҳои Арктикии Канада қабати хокӣ-гиёҳӣ мутааллиқ ба биёбони арктикӣ мешавад. Канорҳои шимолии қисмати материкии кишвар ва аксари ҳудуди Галаҷазираҳои Арктикиро тундрае фаро гирифтааст, ки то дарунтари Ҷануб қад-қади соҳилҳои ғарбии халиҷи Ҳудсон ва нимҷазираи Лабрадор тӯл мекашад. Дар ин ҷо халанҷӣ, ғеша, тӯси майда ва бед мерӯянд. Хоки ин ҷо тундрагӣ ва торфӣ-глеӣ аст. Ҷанубтар қитъаҳои тундраҷангал ва минтақаҳои тайга бо хоки хокистарранги ботлоқӣ воқеанд. Дар Ҷанубу Шарқи он ҷангалҳои дарахтони сузанбарги баргҳояшон паҳн бо хоки хокистарии чимдор ҷойгиранд. Махсусан ҷангалҳои навоҳии кӯлҳои Бузург хеле гуногун буда, дар ҳудуди он коҷи сафед, ларг (норун)-и амрикоӣ, тсугаи канадагӣ, булут, шоҳбулут, бук ва ғайра мерӯянд. Дар соҳилҳои уқёнуси Ором ҷангалҳои дарахтори сӯзанбарг қарор дошта, дар музофотҳои лабибаҳрии соҳили Атлантик ҷангалҳои дорои санавбари баласондор, коҷҳои сиёҳу сурх, ҷалғӯза, коҷи баргрези амрикоӣ ва тӯси зард мерӯянд. Дар Ҷануб ва Ҷанубу Ғарб, аз ғарби кӯли Виннипег то доманаи кӯҳҳои Сангӣ (Роки) ҷангалдашту даштҳо воқеанд, ки дар аксари ҳудуди онҳо гандум корида мешавад. Дар паҳнкӯҳҳои Лаврентия ва пастиҳои Маккензи ботлоқҳои зиёде ҷойгиранд. Ҷангалҳо сеяки ҳудуди мамлакатро фаро гирифта, дар ҷангалҳои саноатӣ захираи чӯб 22 млрд3-ро ташкил медиҳад.

Олами ҳайвонот. Дар тундра гавазни шимолии карибу, говмеш, гурги тундрагӣ, харгӯши сафед, лемминг, буми сафед, кабк ва хирси сафед (дар соҳилҳои шимолӣ ва Галаҷазираҳои Арктикии Канада); дар тайга – шоҳгавазни амрикоӣ, бизон, хирс (хокистарранг, сиёҳ ва малла), гург, рӯбоҳ, силовсини канадагӣ, росомаха, савсори канадагӣ, кундуз, харгӯш, санҷоб (сурх ва хокистарранг), эзорсурхаки амрикоӣ, титави марғзорӣ, рябчик; дар ҷангалҳои сузанбаргони паҳнбарг – гавазни виргинӣ, гавазни вапити, суғур, харгӯш, енот, резачорпои сурх; дар даштҳо – рӯбоҳ, қашқалдоқ, саги даштӣ, хази даштӣ, юрмон, кӯрмуш; дар гӯҳҳои Кордилер – гӯсфанди кӯҳӣ, бузи барфӣ, хирси гризли ва пума зиндагӣ мекунанд. Ҳамчунин шумораи зиёди парандаҳои шикорӣ ва лонагузор дар Канада сукунат дошта, дар обҳои ширини ин кишвар шумораи моҳӣ зиёд аст.

Масъалаҳои экологӣ. Сол ба сол фишори инсонӣ ба ландшафтҳои табиӣ дар ҳоли афзоиш аст, хоссатан дар Ҷануби кишвар. Вазъи экологӣ бештар аз ҳама дар ҳамвориҳои нимҷазираи Онтарио ва дар водии дарёи Лаврентияи Муқаддас, ки қариб нисфи аҳолии Канада дар он сокинанд ва шаҳрҳои бузургу марказҳои саноатии кишвар дар он ҷо воқеанд, ногувор аст. Дар ин ноҳия дарахтон бурида шуда, ба ҷои ҷангалҳои нестшуда киштзору сохтмонҳо бунёд карда мешаванд. Аз ҳисоби боронҳои кислотадоре, ки аз навоҳии шарқии ИМА меоянд, ифлосшавии атмосфера, хок ва обҳо ба амал омада, боиси таназзули ихтиофаунаи кӯлҳои Бузург, камшавии популятсияи ҳайвоноти наздиобӣ ва нестшавии баъзе парандаҳо шудааст. Дар ҳавзаи Арктикии кишвар дар натиҷаи азхудкунии конҳои истихроҷи нафт ва ба оби баҳрҳо партофтани партовҳои маҳсулоти нафтӣ хатари бузурги экологиро ба миён овардааст. Мушкили асосии экологӣ дар тайгаҳо ва кӯҳҳои Кордилер нестшавии майдонҳои ҷангалзор мебошад, ки сабаби он омода кардани маҳсулоти чӯбӣ мебошад. Фишори инсонӣ ба манотиқи даштӣ низ хеле бузург аст. Зеро дар даштҳо 60% киштзорҳо, 80% чарогоҳҳо, инчунин шаҳрҳои бузург ва роҳҳои нақлиётӣ ҷойгиранд. Барои ин манотиқ хатари бузург эрозияи хок ва камшавии ҳосилнокии замин ба ҳисоб меравад.

Минтақаҳои табиии махсус ҳифзшаванда. Мамнуъгоҳҳо ва боғҳои миллии (ҳамагӣ 37 адад) 730 ҳазор км2 (7% масоҳати мамлакат)-ро ташкил медиҳанд. Аз миёни онҳо боғи миллии Наханни (1978), боғи музофотии Дайносор (1979), ҷазираи Энтони (1981), боғи миллии Вуд-Баффало (1983), боғҳои кӯҳҳои Сангии Канада (1984, 1990), боғи миллии Грос-Морн (1987), боғи музофотии Мигуаша; инчунин боғу мамнуъгоҳҳои қисман дар ҳудуди ИМА қарордошта: Клуэйн, Врангеляи Иляи Муқаддас, Глейшер-Бей, Татшеншини-Алсек (1979, 1992, 1994), Боғи Байналмилалии Сулҳ Уотертон-Лейкс – (1995) ба феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил шудаанд.

Аҳолӣ. 90% ҳолӣ дар Ҷануб, дар паҳнои 150-200 км хатти марзӣ бо ИМА иқомат дорад. Канада кишвари муҳоҷирон аст. Дар асрҳои 19–20 муҳоҷират манбаи асосии афзоиши аҳолӣ буд. Давоми солҳои 1901–2001 аҳолии Канада аз 5,4 млн ба 30 млн расид. Аҳолии Канада-ро асосан англоканадагиҳо ва франкоканадагиҳо ташкил медоданд. Аммо дар тӯли асри 20 шумораи ин ду қавмият то ҳадди назаррас (англоканадагиҳо аз 60% то 28%; франкоканадагиҳо аз 31% то 23%) кам шуда, шумораи дигар қавму миллатҳо аз ҳисоби муҳоҷирон афзоиш ёфт. Франкоканадагиҳо асосан дар Квебек зиндагӣ мекунанд, аммо дар дигар музофотҳо аз лиҳози шумора англоканадагиҳо бартарӣ доранд. Ҳамчунин, ирландиҳо (12%), олмониҳо (9%) итолиёиҳо (4%), полякҳо (4%), украиниҳо (3%), скандинавиҳо, русҳо ва яҳудиҳо дар ин кишвар сукунат доранд. Тӯли даҳсолаҳои охир шумораи муҳоҷирон аз ҳисоби мардумони осиёӣ ва Амрикои Лотинӣ афзудааст. Ҳиндуҳо, ки 2% аҳолиро ташкил медиҳанд, дар резерватсияҳои Ҷануби кишвар зиндагӣ мекунанд. Дар қисмати Шимол шумораи ками инуитҳо (эскимосҳо; 31 ҳазор нафар) иқомат доранд. Канада ду забони давлатӣ дорад: англисӣ ва фаронсавӣ. 17% сокинони кишвар бо ҳарду забон, 67% фақат бо англисӣ ва 14% танҳо бо фаронсавӣ гуфтугӯ мекунанд. 46% аҳолии Канада католик, 36% протестантҳо ва боқимонда пайравони дигар адён мебошанд. Таваллуднокӣ 10,8, миқдори фавт 7,8, афзоиши табиӣ 3 (2007) – аз миёни солҳои 1970 дар пайи камшавии таваллуд рӯ ба коҳиш овард. Нишондоди фавти кӯдакон ба сари 1000 нафар зинда таваллудшудагон ба 4,6 баробар аст. Давомнокии миёнаи умр 80,3 (аз мардон 76,9 ва аз занон 83,3) солро ташкил дода, дар ҷаҳон яке аз баландтарин нишондод аст. Сохтори синнусолии аҳолӣ: 0–14 сола – 17,3%, 15–64 сола – 69,2%, аз 65 сола боло 13,5%. Ба ҳисоби миёна ба ҳар 100 нафар зан 98 мард рост меояд. Зичии миёнаи аҳолӣ ба ҳар км2 3 нафарро ташкил медиҳад. Бештар аз 80% аҳолӣ дар шаҳрҳо иқомат доранд. Шаҳрҳои бузургтарин ва шумораи аҳолии онҳо тибқи омори соли 2008 (ҳазор нафар): Тронто – 6324,5; Монреал – 3763,7; Ванквер – 2254,4; Оттава – 1152,7; Калгари – 1140,9. Сохтори шуғли аҳолӣ: соҳаи хидматрасонӣ (ба шумули нақлиёт ва алоқа) 76%, саноат, 16%, сохтмон 6%, кишоварзӣ 2%. Сатҳи бекорӣ 5,9% (2007).

Иқтисод

вироиш

Канада дар қатори кишварҳои пешрафтаи сафи аввали дунё қарор дошта, иқтисоди хуб рушдкарда дорад. Аҳолиаш асосан дар қисмати ҷануби мамлакат сукунат дошта, минтақаҳои азхуднашуда ё кам азхудшуда бисёр дорад. Ин мамлакат дорои захираҳои бузурги нафт, гази табиӣ, маъдани оҳан, филиззоти ранга ва қиматбаҳо, уран, ангиштсанг, намакҳои калий, асбест ва чӯб мебошад. Аз ин рӯ пойгоҳи муҳими ашёи хом барои бозори ҷаҳонӣ, аз ҷумла барои ИМА ба ҳисоб меравад. 10% масоҳати ҷангалҳои ҷаҳон ба Канада тааллуқ дошта, ин кишвар аз лиҳози захираи чӯб дар дунё ҷои 3-юм ва аз лиҳози ҳаҷми он бар сари аҳолӣ ҷои 1-умро мегирад.

ММД (тибқи таносуби қобилияти харидорӣ (ТҚХ)) 1518 трлн долл. Сохтори ММД монанди кишварҳои пешрафтаи саноатӣ аст: 71% ММД дар соҳаи хидматрасонӣ, 26% дар саноат ва 3% дар кишоварзӣ тавлид мешавад. Афзоиши ММД 2,5% (2014). Соҳаҳои асосии иқтисод: саноати истихроҷи маъдан, энергетика, металлургияи ранга, мошинсозӣ, саноати ҷангал ва коркарди чӯб, саноати химия ва химияи нафтӣ ва кишоварзӣ. Канада таъминкунандаи асосии ашёи хоми ИМА ва ҳамзамон истеъмолгари асосии маҳсулоти ин кишвар аст. Канада аз соли 1994 узви Созишномаи Амрико дар бораи тиҷорати озод (НАФТА) аст.

Саноат. Соҳаи истихроҷ асосан ба содирот нигаронида шуда, то 80% маҳсулоти истихроҷшуда ба беруни мамлакат содирот мешавад. Канада талаботи дохили худро ба захираҳои энергетикӣ пурра қонеъ мекунад. Ҳаҷми истихроҷи нафт дар Канада соли 2016 ба 218 млн тонна ва ҳаҷми гази табиӣ ба 174 млрд3 баробар буд. Минтақаи асосии истихроҷи нафту газ Алберта аст, ки 70% нафт ва 80% гази табиӣ аз он ҷо гирифта мешавад. Дар ибтидои асри 21 Канада истихроҷи нафту газро дар тунукобаҳои уқёнуси Атлантик шуруъ кардааст.

Аз лиҳози тавлиди нерӯи барқ (663000 ГВт.с, 2016) Канада ба қатори даҳ кишвари пешсафи ҷаҳон дохил буда, аз лиҳози тавлиди барқи обӣ (62%) мақоми аввалро соҳиб аст.

Яке аз соҳаҳои муҳими саноат коркарди филиззот аст, ки ашёи хоми он асосан аз худи кишвар гирифта мешавад ва пас аз коркард ба беруни мамлакат содирот мешавад.

Саноати мошинсозӣ асосан ба истеҳсоли техникаи фазоӣ-кайҳонӣ, мошинҳои хоҷагидорӣ, қисмҳои эҳтиёти тайёра ва қатораҳо, таҷҳизоти энергетикӣ ва дастгоҳу лавозимоти соҳаҳои истихроҷи маъдану коркарди чӯб нигаронида шудааст.

Саноати электронӣ истеҳсоли роёнаҳо (компютерҳо) таҷҳизоти телекомуникатсионӣ ва дигар техникаи кориро дар бар мегирад. Киштисозӣ ва таъмири киштиҳо низ хеле рушд кардааст. Саноати химия ва химияи нафтӣ ҳам рушди назаррас дошта, асосан истеҳсоли моддаҳои органикиро дар бар мегирад. Соҳаи дорусозӣ ҳам пешрафта аст. Коркарди чӯб хуб тараққӣ карда, аз ашёи хоми дохилӣ тамоми маҳсулоти чӯбӣ ва коғазу дафтар омода карда мешавад. Ширкатҳои махсус ба истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва пояфзорҳо машғуланд. Саноати хӯрокворӣ асосан ба истеҳсол ва коркарди маҳсулоти худӣ (гӯшт, шир, ғалладона, моҳӣ) нигаронида шудааст.

Хоҷагии қишлоқ асосан кишти ғалладона ва чорводориро фаро мегирад. Макони асосии рушди соҳаҳои мазкур манотиқи даштӣ ва атрофи кӯлҳо мебошад. Канада 16% гандуми тамоми ҷаҳонро истеҳсол мекунад ва аз лиҳози содироти он дар дунё ҷои 3-юмро мегирад. Дар даштҳои Бузурги ҷануби мамлакат дар баробари гандум, ҷуворимакка, офтобпараст, тамоку, ангур ва парвариши чорвои хурд ҳам роиҷ аст. Дар шимоли кишвар парвариши гавазну дигар ҳайвоноти шимолӣ ва коркарди пӯст низ маъмул аст. Дар минтақаҳои наздисоҳилӣ ва кӯлу дарёҳо моҳидорӣ ҳам рушд кардааст.

Нақлиёт. Бо сабаби масофаҳои тӯлонӣ нақлиётҳои роҳи оҳан, автомобилӣ, баҳрӣ ва лӯлаҳои интиқолӣ дар иқтисоди Канада нақши муҳим доранд. Аз солҳои 1990 соҳаҳои нақлиёти ҳавоӣ, баҳрӣ ва роҳи оҳан, қисман хусусӣ шуда, танзими давлатии онҳо камтар шуд. Дарозии роҳҳои оҳани Канада 49422 км (2017), роҳҳои автомобилӣ 1042 ҳазор км (2011), ки 497 ҳазор км-и он мумфарш ва 17 ҳазор км роҳҳои бузург (автострада); тӯли умумии роҳҳои обии дохилӣ 631 км ва хатрҳои интиқоли нафту маҳсулоти нафтӣ 23654 км ва газӣ 74980 км-ро ташкил медиҳанд. Роҳҳои асосии хушкӣ аз Шотландияи Нав ва Квебек тавассути Онтарио ва Ҳамвориҳои Бузург гузашта, то бандарҳои баҳрии Колумбияи Британия мерасад. Дар ҷанубу шарқи кишвар нақлиёти обии дохилӣ (дарёи Лаврентияи Муқаддас, кӯлҳои Бузург; 3769 км) нақши хеле муҳим дорад. Фурӯдгоҳҳои байналмилалии Канада: Монреал (Дорвал), Торонто (Пирсон), Ванкувер, Галифакс, Калгари.

Робитаҳои иқтисодии хориҷӣ. Аз лиҳози табодули тиҷорати хориҷӣ Канада ба қатори даҳ кишвари пешсафи дунё дохил мешавад. Маҳсулоти асосии содиротӣ: автомобилҳо, тайёраҳо, таҷҳизоти телекомуникатсионӣ, маҳсулоти химиявӣ, чӯб, коғаз, нафт ва маҳсулоти нафтӣ, гази табӣ, барқ, алюминий, никел, намакҳои калий ва гандум. Шарикони асосии Канада вобаста ба содирот ИМА (85%), Чин, Мексика, Ҷопон, Британия ва Норвегия мебошанд. Маҳсулоти асосии воридотӣ: ашё барои мошинсозӣ, молҳои истеъмолӣ, маҳсулот барои саноати химиявӣ, коркарди филиззот, хоҷагии қишлоқ ва моҳидорӣ. Шарикони асосӣ вобаста ба воридот: ИМА, Чин, Мексика ва Ҷопон мебошанд.

Дар соҳаи хидматрасонии иқтисоди Канада хидматрасониҳои тафреҳӣ нақши муҳим доранд. Тибқи оморҳо соли 2012 16 млн нафар сайёҳ аз Канада дидан кардаанд ва аз ин кор 17,4 млрд доллари ИМА ба иқтисоди ин кишвар фоида расидааст. Сайёҳон асосан ба дидани шаҳрҳо, шаршараҳои бузург (Ниагара, Монморанси, Вилсон, Хелмкен, Вирҷиния ва ғ.), кӯлҳо, дараҳову манзараҳои табиӣ, олами ҳайвонот ва боғҳои милливу мамнуъгоҳҳои Канада меоянд.

Тандурустӣ

вироиш

Масрафоти умумии соҳаи тандурустӣ 10,1% ММД (маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷет 70,3%, сектори хусусӣ 29,7%, 2016)-ро ташкил медиҳад. Маблағгузории буҷетӣ дар се зина: федералӣ, музофотӣ ва маҳаллӣ ба роҳ монда мешавад. Соҳаи тандурстӣ дар асоси низоми иҷтимоии бимаи саломатии шаҳрвандон фаъолият мекунад ва аз ҳисоби бимаҳои хусусӣ ба он илова карда мешавад. Ба сари 100 ҳазор нафар сокинони кишвар 220 пизишк ва 1000 нафар мутахассисони маълумоташон миёнаи тиббӣ рост меояд. Шумораи катҳои хоб барои беморон бар сари ҳар 10 ҳазор нафар 29 ададро ташкил медиҳад.

Аҳолӣ

вироиш

Сатҳи зиндагии сокинони Канада дар ҷаҳон яке аз баландтаринҳост. ММД ба сари аҳолӣ 46200 долларро ташкил медиҳад (2016), ки дар миёни кишварҳои бузург танҳо аз ИМА поин аст. Сатҳи таваррум 1,4% (2017). Шумораи истифодабарандагони интернет 16 млн ва аз телефонҳои мобилӣ 13,5 млн нафарро ташкил медиҳад.

Маориф ва илм

вироиш

Сатҳи саводнокӣ дар миёни аҳолии аз 15 сола боло 99 %-ро ташкил медиҳад. Низоми маорифи Канада яке аз беҳтаринҳо дар ҷаҳон буда, мутамарказ нест, яъне вазорати маорифи федералӣ ва стандартҳои умумии таҳсилот дар ин кишвар вуҷуд надорад. Тибқи сарқонуни мамлакат соҳаи маориф комилан таҳти салоҳияти ҳуқуқии ҳар музофот аст ва сиёсати маорифу масрафот ба ин соҳаро ҳар музофот мустақилона муайян мекунад. Таҳсил дар макотиби миёна ройгон аст. 95% муҳассилин дар ду навъи мактабҳо таҳсил мекунанд: 1) мактабҳои давлатии умумӣ, ки дар онҳо писарону духтарон якҷоя дар мехонанд; 2) мактабҳои католикӣ, ки писарону духтарон дар алоҳидагӣ таҳсил мекунанд. Ҳамчунин мактабҳои хусусии пулакӣ вуҷуд доранд, ки 5% муҳассилинро ба таълим фаро гирифтаанд. Муддати таҳсил дар мактабҳои миёна дар аксари музофотҳо 12 сол, дар Манитоба ва Онтарио 13 сол ва дар Квебек 11 сол аст. Таҳсил бо забони англисӣ ё фаронсавӣ сурат мегирад. Дар Канада зиёда аз 170 коллеҷҳои хусусиву давлатӣ фаъолият доранд, ки мутахассисони ҳирфаиро барои соҳаҳои тиҷорату саноат омода мекунанд. Шумори каме аз коллеҷҳо муассисаи олии таҳсилотӣ ба ҳисоб мераванд ва дипломи онҳо бо намунаи донишгоҳӣ баробар дониста мешавад.

Дар Канада қариб 100 муассисаи олии таҳсилотӣ аст, аксари онҳо мақоми донишгоҳро доранд. Тамоми донишгоҳҳо давлатианд, ба ғайр аз чанд муассисаи таълимии динӣ. Бузургтарин донишгоҳҳои Канада: Донишгоҳи Торонто (таъсисаш соли 1827), Донишгоҳи Оттава (1848), Донишгоҳи Лавал дар Квебек (1852), Донишгоҳи Виннипег (1871), Донишгоҳи Монреал (1876), Донишгоҳи Манитоба дар Виннипег (1877), Донишгоҳи Алберта дар Эдмонтон (1908), Донишгоҳи Колумбияи Британия дар Ванкувер (1908), Донишгоҳи Карлетон дар Оттава (1942), Донишгоҳи Виктория (1963), Донишгоҳи Саймон Фрейзер дар Ванкувер (1965), Донишгоҳи муттаҳидаи Квебек (1968). Иттиҳодияи донишгоҳҳо ва коллеҷҳои Канада яке аз куҳантарин (1911) созмонҳои ғайридавлатии ин кишвар аст.

Ба рушди таҳқиқоти илмӣ дар Канада дар асри 19 Пажӯҳишгоҳи Шоҳии Канада дар Торонто (1849) ва Ҷамъияти Шоҳии Канада дар Оттава (1882) мусоидат мекарданд, ки дар худ Академияи адабиёт ва илмҳои гуманитарӣ ва Академиияи илмҳои иҷтимоӣ ва гуманитариро фаро мегирифтанд. Соли 1916 Шӯрои миллии таҳқиқотӣ бо шуъбаҳояш дар Оттава ва Монреал таъсис дода шуд. Ҳоло ба масъалаҳои умумии илмӣ Шӯрои илм (1966) ва Вазорати илм ва техника (1971) машғул буда, вобаста ба самтҳои муайяни таҳиқоти илмӣ Институти астрофизикаи ба номи Г. Хертсберг дар Оттава (1975), Академияи технологии Канада (1987), Академияи шоҳии санъат дар Торонто (1880), Пжӯҳишгоҳи миллии саратоншиносӣ (1943), Академияи адабиёти музофоти Квебек дар Монреал (1944) ва ғ. фаъолият доранд.

Адабиёт

вироиш

Сокинони аслии Канада – ҳиндуҳо фолклори бузурге эҷод кардаанд, ки аз ҷониби адабиётшиносони англис дар маҷмӯаи «Қабилаҳои бумии Канада» дар соли 1956 гирдоварӣ шуда, бо забни англисӣ нашр гардидааст. Аз ҷумлаи нависандагони маъруфи ҳиндутабори асрҳои 19–20 Полин Ҷонсон аст, ки бо асарҳояш дар бораи ҳайвонот дар ҷаҳон машҳур гаштааст. Дар ин давра забони асосии адабиёт англисӣ ва фаронсавӣ буд, аммо баъзе нависандагон бо забонҳои модарии худ – шотландӣ, исландӣ, украинӣ ва ғ. шеъру асар эҷод мекарданд. Забони англисӣ дар адабиёти Канада аз нимаи дуввуми асри 18 роиҷ гаштааст. Намояндагони маъруфи адабиёти асрҳои 18–19-и Канада нависанда Ф. Брук, Ҷ. Хай, Т. Ч. Халибёртон, О. Голдсмит, Ҷ. Ричардсон, А. Маклахлан ва дигарон буда, адабиёти ин давра асосан хислати тақлидӣ дошт. Чунин маҳдудаи фикрӣ пас аз мақоми доминионро соҳиб шудани Канада (1867) рафта, маҷаллаву адабиёти умумиканадагӣ ба вуҷуд омаданд. Дар ин давра чанде аз шоирони хаёлпараст (Ч. Робертс, У. Б. Кармен, Д. Канада Скотт) табиат ва мардуми Канада-ро ситоиш карда, воситаву оҳангҳои мухталифро аз қаҳрамонӣ то жанрҳои мағмуму хаёлӣ истифода карданд ва бад-ин восита «асри тилоӣ»-и адабиёти Канада-ро бо забони англисӣ сабт карданд. Рӯйдодҳои нисбатан муҳими асрҳои 19–20 дар адабиёти Канада эҷодиёти С. Б. Ликок, муаллифи қариб 30 маҷмӯаи ҳикояҳои ҳаҷвӣ ва ҳикояҳои Э. Сетон-Томпсон дар бораи ҳайвонот мебошанд, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф шуданд. Дар асри 20 бо таъсири адабиёти амрикоӣ ва аврупоӣ дар адабиёти Канада равияҳои реализм (намояндагонаш Ф. Гров, М. Лаури, Х. Гарнер, М. Л. Кэллехен), модернизм (Л. Дюдек, Р. Сустер, И. Лейтон) ва адабиёти оммавӣ (С. Росс, Канада Холландер) ба вуҷуд омаданд. Осори файласуф ва фарҳангшинос Г. М. Маклюэн дар адабиёти Канада мақоми махсус дорад. Ӯ дар асараш «Галактикаи Гуттенберг» (1962) аз фарорасии давраи наве хабар медиҳад, ки китобу адабиёт ҷойгоҳи худро ба воситаҳои электронии коммуникатсионӣ, радио ва телевизион медиҳанд. Китоби Маклюэнро, ки маъруфтарин китоби адабиёти Канада дар ҷаҳон аст, ҳам аз лиҳози шакл ва ҳам мазмун метавон яке аз нахустин нишонаҳои гузариши адабиёт ба постмодернизм донист.

Адабиёти Канада ба забони фаронсавӣ ҳам (асосан дар Квебек) дар баробари англисӣ рушд мекард. Яке аз нахустин дастовардҳои маъруфи он «Таърихи Канада аз замони кашф то рӯзгори мо»-и Ф. Канада Гарно мебошад. Нависандагони маъруфи фароснависабони асрҳои 19–20-и Канада Л. О. Фрешет, А. Жерен-Лажуа, П. Леме, А. Лаберж, Э. Де Сен-Дени Гарно, Г. Мирон, Ж. Эно, Р. Жигер, Р. Эли ва дигарон мебошанд, ки дар равияҳои символизм, сюрреализм, экзистенсиализм ва ғайра асарҳо эҷод карданд. Осори баъзе муаллифони муосири канадагӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гардида, бо мукофоту ҷоизаҳои намоён сарфароз шудаанд.

Фарҳанг

вироиш

Меъморӣ ва санъати тасвирӣ. Иқоматгоҳҳои асосии сокинони бумии Канада кулбаҳои вигвам ва хаймаҳои типи буданд, ки бо пӯсти ҳайвонот пӯшонда шуда, ҳангоми тағйири ҷои зист онҳоро бо худ мебурданд. Манзилҳои сокинони шимоли кишвар кулбаҳои гунбадшакли зимистона – иглу ва аз бошандагони шимолу ғарб хонаҳои чӯбии ҷамъиятӣ буданд. Ҳангоми ҳафриёти бостоншиносӣ аз Канада муҷассамаи сангӣ ва сангнавиштаҳо (петроглифҳо)-е пайдо шуданд, ки ба ҳазорсолаҳои 5–3 то мелод тааллуқ дошта, яке аз қадимтаринҳо дар ҷаҳон шумурда мешаванд. Санъати ҳиндуҳои Канада асосан кандакорӣ дар чӯбу санг, нақшу нигори ороишӣ, бофандагӣ бо нақшунигори мураккабро фаро мегирифт. Дар миёни ирокезҳо сохтани маҳсулоти баландсифати сафолӣ бо ороишоти гуногун бисёр маъмул буд.

Аз асри 17 меъморӣ ва санъати тасвирии Канада таҳти таъсири анъанаҳои муҳоҷирони фароснавӣ (дар Канада-и поёнӣ, Квебек) ва англис (Канада болоӣ, Онтарио) қарор гирифт (калисои ҷомеъ (1642) ва қасри Усқуфии Квебек-сити, қалъаи Водрей (1723–27 ва ғ.). Баъд аз соли 1759 анъанаҳои фаронсавӣ ва англисӣ дар якҷоягӣ ва омехтагӣ истифода шуда, аз ибтидои асри 19 анъанаҳои ангисӣ бартарӣ пайдо карданд.

Дар санъати тасвирии мустамликадорони Канада намунаҳои аврупоӣ дида мешуд. Мусаввараҳои динӣ асосан аз ҷониби рассомони фаронсавитабор (Канада Франсуа) ва манзараҳои табиат аз ҷониби рассомони англистабор (Р. Шорт) эҷод карда мешуд.

Аз охири асри 19 урбанизатсия суръат гирифт, ки бунёди биноҳои ба талаботи замон мутобиқро тақозо мекард. Дар биноҳои ин давра таҷрибаи меъмории шаҳрҳои Чикаго ва Ню-Йорки истифода шуд. Аз солҳои 1950–60 дар меъмории Канада услуби модернизм маъмул гардида, бинову иншоот ва маҷмааҳои меъморӣ дар иҳотаи манзараҳои табиӣ сохта мешуданд. Чунин раванд дар солҳои 1980–90 осори меъмории асри 19-ро бештар дар худ ҳазм кард. Аммо аз охири асри 20 ва ибтидои асри 21 равияи модернизм дар меъмории Канада аз нав маъруфият касб намуд.

Санъати тасвирии Канада аз охирҳои асри 19 бештар манзараҳои табиии минтақаҳои ҷудогонаи ин кишварро намоиш дода, онҳоро ҳамчун муаррифгари сарватҳои миллӣ ба қалам медод. Аз солҳои 1980 хусусияти алоҳидаеро дар санъати тасвирии Канада мушоҳида карда намешавад. Осори рассомон вобаста ба мушкилоти мавҷуда ба масъалаҳои гендерӣ, экологӣ, иҷтимоӣ, санъати мардумони бумии кишвар, зиндагӣ дар шаҳр, мушкилоту арзишҳои замони муосир ва ғайра бахшида шудааст.

Мусиқӣ. Гуногунии қавмӣ, нобаробарии рушди минтақаҳо  ва дигар омилҳо имкон намедоданд, ки дар Канада фарҳанги мусиқӣ рушд намояд. Аврупоиҳо аз замони ҳиҷрати худ ба Канада (асри 17) бо мақсади густариши дини масеҳӣ мусиқӣ ва таронаву шеърҳои мазҳабиро ба забонҳои қабоили ҳиндӣ тарҷума ва барои дар миёни ҳиндуҳо роиҷ кардани онҳо талош мекарданд. Ҳамчунин суруду таронаҳои анъанавии муҳоҷирони аврупоӣ, ки аз ҷониби ҷангалбонҳо, шикорчиён, чӯпонҳо ва сайёҳон замзама мешуд, жанри махсуси сурудхониро ба вуҷуд овард.

Пас аз забти Канада аз ҷониби Англия фарҳанги мусиқӣ дар музофотҳои англисзабону фаронсавизабони кишвар ба шакли ҷудогона рушд мекард. Аз асри 18 дар Канада ҷамъиятҳои мусиқӣ ташкил шуда, аз охири ҳамин қарн ва ибтидори асри 19 дар назди калисоҳо муассисаҳои таълимии мусиқӣ ва ҳамчунин чопи нотаҳо ба вуҷуд омаданд. Мусиқидонҳои касбии ин давра Фредерик Глаккемайер (1759–1836) ва Жозеф Кенел (1746–1809) буданд, ки ба рушди операи фаронсавӣ дар Канада нахустин шуда иқдом намуданд.

Рушди нисбатан босамари мусиқӣ дар Канада асосан аз замони ташкили федератсия (1867) заминагузорӣ шуд. Дар охири асри 19 ва ибтидои асри 20 дар Канада чандин ҷамъияту иттифоқҳои мусиқӣ таъсис ёфта, консертҳо ва фестивалу намоишҳои зиёд баргузор шуданд ва даҳҳо мусиқидонҳои маъруфи ин кишвар дар сатҳи ҷаҳонӣ шинохта шуданд. Ҳамчунин муассисаҳои бузурги таълимии мусиқии Канада: консерваторияҳо дар Монреал (1876), Торонто (1886), Галифакс (1887), коллеҷи мусиқӣ дар Торонто (1888), донишкадаи мусиқӣ дар Гамилтон (1888) ва ғайра дар ҳамин давра таъсис шудаанд. То соли 1913 дар Канада зиёда аз 50 муассисаи таълимии мусиқӣ фаъолият мекард.

Солҳои 1920–40 таваҷҷуҳ ба мусиқӣ ва рақсҳои мардумии Канада афзуда, барои рушди он фестивалҳо ташкил мешуданд. Ҳоло дар ин кишвар чандин иттиҳодия ва ҷамъиятҳои касбии мусиқӣ ва даҳҳо оркестрҳои доимӣ фаъолият дошта, ҳар сол фестивали байналмилалии мусиқӣ (Монреал, аз соли 1967) баргузор мешавад.

Балет. Фаронсавиҳо бо маскун шудан дар заминҳои Канада (асри 16) ҳамроҳ бо худ анъанаҳои рақсии миллиашонро оварданд. Аз асри 17 дар Канада намоишҳои рақсӣ барпо шуда, минбаъд дар асрҳои 18–19 дастаҳои рақсии аврупоӣ низ дар ин ҷо намоишҳои худро баргузор мекарданд. Солҳои 1930 дар Канада дастаҳои рақсии ҳаваскорон ташкил шуданд, ки яке аз онҳо «Бошгоҳи Балет» (соли 1938 дар шаҳри Виннипег бо ташаббуси Г. Ллойд ва Б. Фаралли таъсис шудааст) буд. Ин бошгоҳ, ки соли 1955 «Балети Шоҳии Виннипег» ном гирифт, раққосони касбиро дар худ фаро гирифта, муддати тӯлонӣ мақоми аввалро дар соҳаи балети Канада соҳиб буд. Соли 1951 дар Торонто «Балети Миллии Канада» ташкил шуд, ки бузургтарин дастаи рақсии балет дар мамлакат буд.

Дар Канада намудҳои гуногуни рақси озод ҳам хеле маъмуланд. Аз соли 1985 дар Монреал ҳар сол фестивали байналмилалии рақси нав баргузор мешавад.

Театр. Дар Канада намоишҳои театрӣ ҳамзамон бо ду забон – англисӣ ва фаронсавӣ баргузор шуда, санъати театрии ин кишвар аз фарҳанги фаросавиҳо, англисҳо ва дигар мардумони аврупоӣ бисёр баҳра гирифтааст. Нахустин намоиши театрӣ дар Канада пас аз мустамликашавии ин сарзамин 14.11.1606 бо забони фароснавӣ баргузор шудааст. Дар намоишҳои театрии ин давра ҳаваскорон аз тамоми табақаҳои аҳолӣ нақш мебозиданд. Дар миёнаи асри 18 дар Квебек театри лӯхтак таъсис дода шуд. Дар асри 19 дар Торонто, Виктория ва Гамилтон ҳам театрҳо таъсис шуда, аз солҳои 80-уми ин қарн низоми театрҳои сайёр амал мекард. Ибтидои асри 20 дар назди донишгоҳҳо, калисоҳо ва мактабҳо дастаҳои ҳаваскорони театрӣ таъсис шуда, аз охири солҳои 40-ум дар шаҳрҳои бузурги кишвар чандин дастаҳои касбии театрӣ ба вуҷуд омаданд. Ҳоло низ Канада дар соҳаи санъати театрӣ пешрафтҳои назаррас дошта, ҳунармандони ин кишвар дар сатҳи ҷаҳонӣ шинохта шудаанд.

Кино. Солҳои 1900 барои ҷалби муҳоҷирон ба Канада якчанд филми мустанад сабт гардида, соли 1906 нахустин кинотеатри доимӣ дар Монреал ифтитоҳ гардид. Соли 1918 дар назди Вазорати тиҷорат ва саноати кишвар дафтари намоишӣ-таблиғӣ кушода шуд, ки соли 1923 ба Бюрои ҳукуматии кинои Канада табдил ёфт. Солҳои 1930–45 Канада дар таҳияи филмҳои мустанад мақоми намоёнро дар сатҳи ҷаҳонӣ касб намуд. Аммо солҳои 1950–60 бо сабаби аз кишвар рафтани коргардонҳои бомаҳорат соҳаи кино дар Канада ба кундӣ рушд мекард. Соли 1967 ширкати рушди кинои Канада таъсис шуд, ки бо дастгирии он чандин филмҳои хуб сохта ва ба намоиш гузошта шуданд. Аз охирҳои асри 20 ва ибтидои асри 21 соҳаи киносозии Канада дар арсаи ҷаҳонӣ мақоми намоён пайдо карда, чандин филмҳои истеҳсоли ин кишвар сазовори мукофоту ҷоизаҳои маъруфи байналмилалӣ шудаанд.

Сирк. Аз охирҳои асри 18 дорбозон, ромкунандагони ҳайвонот ва масхарабозони аврупоии ба Канада муҳоҷиршуда дар кӯчаҳо намоишҳо баргузор мекарданд. То нимаи дуввуми асри 20 асосан дастаҳои ҳунарии сирки ИМА ба Канада омада барномаҳои худро намоиш медоданд.

Соли 1984 дар Монреал аз ҷониби Ги Лалиберте «Сирки Дю Солей»-и Канада таъсис дода шуд, ки унсурҳои санъати хореографӣ, вокалӣ, драммаи анъанавӣ ва намоишҳои кӯчагиро дар худ фаро мегирифт. Дар ибтидои асри 21 «Сирки Дю Солей» ба ширкати фаромиллӣ табдил ёфта (2100 нафар корманд дорад), намоишҳои он бо касбият ва ғояҳои ҷадиди худ дар сатҳи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи намоён пайдо кардааст.

Осорхонаҳо. Дар Канада беш аз 2100 осорхона ва мамнуъгоҳи таърихӣ аст. Осорхонаҳои машҳури ин кишвар инҳоянд: дар Оттава – Осорхонаи табии Канада, Осорхонаи миллии илм ва техника, Нигористони миллии Канада; дар Гатино – Осорхонаи таърихии Канада; дар Ванкувер – Осорхонаи баҳрӣ, Осорхонаи Ванкувер, Осорхонаи антропологӣ дар назди донишгоҳи Колумбияи Британия; дар Налаймо – Осорхонаи этнографӣ ва парки сангнавиштаҳо; дар Виннипег – Осорхонаи инсон ва табиат; дар Портиҷ-ла-Прери – деҳаи таърихии ҳиндуҳо, Осорхонаи азхудкунии Канада; дар Лондон (музофоти Онтарио) – Осорхонаи бостоншиносӣ, Осорхонаи қувваҳои мусаллаҳи шоҳии Канада, таҷдиди шаҳракҳои нахустин фотеҳони Канада; дар Торонто – Осорхонаи шоҳии Онтарио; дар Онтарио – Осорхонаи илм, Осорхонаи ҳарбӣ. Қариб дар ҳар шаҳри мамлакат осорхонаи санъати ҳиндуҳо мавҷуд аст.

Китобхонаҳо. Китобхонаи миллии Канада (таъсис 1953; хазинааш 16 млн воҳиди захира) дар Оттава бо Бойгонии миллии ин кишвар муттаҳид карда шуда, дар як бино ҷойгри карда шудаанд. Китобхонаву бойгониҳо дар тамоми музофотҳои кишвар мавҷуд буда, дар аксари онҳо комиссияҳои ҳукуматие фаъолият доранд, ки барои таъсиси китобхонаву бойгониҳо дар шаҳракҳои хурд мусоидат мекунанд. Ба навоҳии камаҳолӣ китобҳо дар асоси барномаи «дастрасии озод» фиристода мешаванд. Китобхонаҳои бузурги илмӣ дар назди донишгоҳу донишкадаҳо низ фаъоланд, ки баъзе аз онҳо барномаҳои маърифатӣ роҳандозӣ мекунанд.

ВАО. Дар Канада зиёда аз 100 рӯзнома ва маҷалла ба забонҳои англисӣ ва фаронсавӣ нашр мешавад. Куҳантарин ва маъруфтарин рӯзнома ба забони англисӣ «Globe and Mail» (аз соли 1844) дар шаҳрҳои Торонто, Оттава, Калгари, Ванкувер, Галифакс нашр мешавад. Куҳантарин рӯзнома ба забони фаронсавӣ «La Press» ном дорад, ки аз соли 1884 дар Монреал нашр мегардад. Агентии иттилоотии Канада «Canadian Press» ном дошта, аз соли 1917 фаъолият дорад. Хусусияти ВАО-и Канада алоқаи қавии он бо телевизион ва радио мебошад, яъне дар ин кишвар рӯзномаву маҷаллаҳои бузург маъмулан шабакаҳои радио ва телевизионии худро доранд. Бузургтарин ширкати телевизион ва радиои Канада (Canadian Broadcasting Corporation, Ci-Bi-Ci) соли 1936 таъсис шуда, шабакаҳои радиоӣ ва телевизионии мамлакатро назорат мекунад, ҳамчунин бо забонҳои англисӣ, фаронсавӣ ва забонҳои ҳиндуҳову эскимосҳо барномаҳо пахш менамояд. Ин ширкат чаҳор пойгоҳи радиоӣ ва ду шабакаи телевизионӣ дорад. Дар умум дар Канада қариб 2000 пойгоҳи радиоӣ ба қайд гирифта шудааст.

Варзиш

вироиш

Кумитаи миллии олимпии Канада соли 1907 таъсис шуда, ба ҳайати Кумитаи олимпии ҷаҳонӣ дохил шуд ва аз он замон варзишгарони канадагӣ дар бозиҳои тобистонаву зимистонаи олимпӣ (ба истиснои бозиҳои соли 1980) ширкат кардаанд. Дар умум вазишгарони Канада аз бозиҳои тобистонаи олимпӣ 260 медал (58 медали тило, 94 нуқра ва 108 биринҷӣ, асосан аз навъҳои варзиши сабук, шиноварӣ, заврақронӣ, гӯштӣ, гимнастика ва ғ.) ва аз бозиҳои зимистона 119 медал (38 медали тило, 38 нуқра ва 43 биринҷӣ, асосан аз мусобиқаҳои хоккеи бо шайба, конкитозӣ, дави рӯи ях, лижаронии кӯҳӣ ва рақси рӯи ях) ба даст овардаанд. Канада дар таърихи худ як бор мизбони бозиҳои тобистонаи олимпӣ (1976 дар Монреал) ва ду маротиба мизбони бозиҳои зимистонаи олимпӣ (1988 дар Калгари; 2010 дар Ванкувер) шудааст. Маъруфтарин навъи варзиш дар Канада хоккей бо шайба аст. Дастаи мардонаи хоккейбозони Канада 7 маротиба дар мусобиқаҳои олимпӣ ва 18 маротиба дар мусобиқаҳои қаҳрамонии ҷаҳон ғолиб шудааст. То ба майдон омадани дастаи хоккейбозони ИШҶС (1954) мунтахаби Канада дар ин навъи варзиш комилан бе рақиб буд. Аммо аз соли 1954 дастаи ИҶШС мақоми аввалро дар бозиҳои хоккей дар ҷаҳон аз дасти Канада гирифт ва минбаъд дастаҳои дигар кишварҳои Аврупо низ ба мағлуб сохтани хоккейбозони Канада муваффақ шуданд. Дар баробари хоккей навъҳои дигари варзиши зимистона, теннис, мошинпойга ва ғайра низ дар Канада роиҷанд.

Инчунин нигаред

вироиш

Сарчашма

вироиш

Конодо // Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов. — Д. : СИЭМТ, 2011—2023.

Ҳукумат

Корпоратсияҳои федеролӣ

Дигар

  1. Population estimates, quarterly(англ.). Statistics Canada(пайванди дастнорас — таърих).