Meta Platforms, Inc. (то 28 октябри 2021 ҳамчун — Facebook, Inc.[6]) — ширкати нигаҳдори чандмиллатии амрикоӣ аст, ки дорои як ширкати хушаии фанноварӣ мебошад ва дар Менло Парки Калифорния ҷойгир аст. Он ширкати модари Facebook, Instagram, WhatsApp ва Oculus мебошад[7].

Meta Platforms
Навъ ширкати саҳҳомии ом[d], ширкати фанноварӣ, online service provider[d] ва ширкати тиҷорӣ
Таъсисёбӣ 29 июл 2004[1][2]
Бунёнгузорон Марк Зукерберг, Eduardo Saverin[d], Dustin Moskovitz[d], Chris Hughes[d] ва Andrew McCollum[d]
Макон
Бахш фановариии иттилоот
Сармояҳои хусусӣ
Гардиш
Шумораи кормандон
Ширкатҳои духтарӣ Reality Labs[d], Facebook (Israel)[d], WhatsApp LLC[d][3], Facebook Ireland Limited[d], Facebook Israel[d], Novi Financial[d][1], PlayGiga[d], Beat Games[d], Mapillary AB[d][4], Oversight Board[d], Cassin Networks ApS[d][1], Инстаграм[1], Facebook AI Research[d], Facebook Overseas, Inc[d], Facebook International Operations Limited[d] ва Meta Spark Studio[d]
Сайт meta.com(англ.)

Ин яке аз пурарзиштарин ширкатҳои ҷаҳон аст ва дар баробари Amazon, Google, Apple ва Microsoft яке аз ширкатҳои «панҷгонаи бузург» дар бахши фанновариҳои иттилоъотии ИМА маҳсуб мешавад. Ширкат тақрибан тамоми даромади худро аз ҳисоби фурӯши фазои таблиғотии хадамоти худ ба даст меорад[8] .

Meta дигар маҳсулот ва хадамотро пешниҳод мекунад, аз ҷумла Facebook Messenger, Facebook Watch ва Facebook Portal. Он инчунин Giphy ва Mapillary-ро ба даст овардааст ва 9,99 % саҳмияҳои Jio Platforms дорад[9].

Дар моҳи октябри 2021, ба думболи пӯшиши манфӣ қобили таваҷҷуҳ Facebook, Inc дар мавриди наҳваи амалкарди платформаи расонаи иҷтимоъии ҳамноми он, расонаҳо гузориш доданд, ки ширкати модар қасд дорад номи худро тағйир диҳад, то мунъакискунандаи «тамаркузи он ба эҷоди метакоинот» бошад[10] ва 28 октябр дар ҳамон моҳ ширкат бо тағйири номи тиҷорӣ Meta номгузорӣ шуд[11].

Сохтор

вироиш

Мудирият

вироиш

Раҳбарони калиди Meta Core[12]:

  • Марк Зукерберг, раис ва мудири иҷроия
  • Шерил Сандберг, мудири амалиётӣ
  • Майк Шропфер, мудири фанноварӣ
  • Дэвид Вечнер, мудири молия
  • Крис Кокс, мудири тавлидот[13]

То моҳи декабри соли 2020 Meta 58 604 корманд дошт, ки нисбат ба соли гузашта 30,4 % бештар аст[14].

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 1.5 https://d18rn0p25nwr6d.cloudfront.net/CIK-0001326801/4dd7fa7f-1a51-4ed9-b9df-7f42cc3321eb.pdf
  2. https://opencorporates.com/companies/us_de/3835815 (ингл.) — 2010.
  3. Facebook to Acquire WhatsApp — 2014.
  4. Facebook acquires crowdsourced mapping company Mapillary (ингл.) — 2020.
  5. https://www.sec.gov/Archives/edgar/data/0001326801/000132680124000012/meta-20231231.htm — 2024.
  6. Facebook Inc. Certificate of Incorporation (September 1, 2020). — «"File Number 3835815"»  28 октябри 2021 санҷида шуд.
  7. Facebook Reports Second Quarter 2021 Results. investor.fb.com. 12 августи 2021 санҷида шуд.
  8. Facebook, Inc. Form 10-K (2021) (January 28, 2021). 13 августи 2021 санҷида шуд.
  9. Facebook Invests $5.7 Billion in Indian Internet Giant Jio, The New York Times (April 22, 2020). Бойгонӣ шудааст 9 Январ 2021  сол. Проверено 22 апрели 2020.
  10. Heath, Alex Facebook is planning to rebrand the company with a new name (en-US). The Verge (October 19, 2021). 20 октябри 2021 санҷида шуд.
  11. Dwoskin, Elizabeth Facebook is changing its name to Meta as it focuses on the virtual world (en-US). The Washington Post (October 28, 2021). 28 октябри 2021 санҷида шуд.
  12. Facebook Management. Facebook Investor Relations. Facebook. 29 марти 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 27 апрели 2019.
  13. Chris Cox is returning to Facebook as chief product officer, The Verge. Проверено 11 июни 2020.
  14. H., Tankovska Number of Facebook employees 2004-2020. Statista.com (June 30, 2020). 26 марти 2021 санҷида шуд.