Азиз Несин
Ази́з Неси́н (тур. Aziz Nesin), номи аслӣ — Муҳаммад Нусрат (тур. Mehmet Nusret; 20 декабр 1915[1][2][3] ё 21 декабр 1915[4], Heybeliada[d][6] ё Истанбул[2] — 6 июл 1995[5][6][3][…], Alaçatı[d], Вилояти Измир[7]) — нависанда ва воқеъанависи турк.
тур. Aziz Nesin | |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | тур. Mehmet Nusret Nesin |
Таърихи таваллуд: | 20 декабр 1915[1][2][3] ё 21 декабр 1915[4] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 6 июл 1995[5][6][3][…] (79 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир, нависанда, румоннавис, нависандаи кӯдакон, рӯзноманигор, муаллиф |
Солҳои эҷод: | аз 1945 |
Жанр: | танз[d] |
Забони осор: | туркӣ[9][2] |
Ҷоизаҳо: | |
Парвандаҳо дар Викианбор | |
Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард |
Зиндагинома
вироишДар 12-солагӣ аз падару модар маҳрум шуд ва дар дорушшифо (мактаби интернат)-и Истанбул ба камол расид. Ба донишкадаи ҳарбии Челенкой шомил гардид ва то соли 1944 дар хидмати ҳарбӣ буд. Баъд аз хидмати ҳарбӣ таҳсилашро дар Академияи санъати нафиса идома дод. Дар айёми таҳсил шеър менавишт; бо ҳидояти шоири маъруф Нозим Ҳикмат бо имзои падараш Азиз ба таълифи осори мансур оғоз намуд. Азиз Несин инчунин аз нависандаи машҳури турк Сабоҳиддин Алӣ ошкорбаёниву ҳақиқатнигорӣ омӯхтааст. Соли 1933 дар Туркия қонуне ба тасвиб расид, ки мутобиқи он бояд ҳар як турк номи хонаводагӣ (насаб) мегирифт ва Нусрати ҷавон насаби «Несин» гирифт, ки маънояш «Ту чӣ?» «Чистӣ?» мебошад. Азиз Несинро метавон «адиби зиндонӣ» ном бурд. Вай барои ҳақгӯӣ, ҳаҷви нишонрас с-ҳои 1946, 1948, 1949, 1950, 1984 ба муддатҳои гуногун — 4 моҳ, 11 моҳ, 17 моҳ, 9 моҳ ва ғайра аз озодӣ маҳрум шудааст.
Эҷодиёт
вироишМуҳаққиқони осораш Азиз Несинро соҳиби 40 китоб барои кӯдакон, 56 маҷмӯаи ҳикояҳо ва романҳо донистаанд. Худи нависанда беш аз 2 ҳазор ҳикоя ва романи шашҷилдаи тарҷумаиҳолӣ навиштанашро таъкид намудааст. Асарҳои «Хари мурда» (1958), «Офарин» (1959), ҳикояҳои ҳаҷвии «Агар зан мебудам» (1961), «Биёед, дами беғам занем» (1966), маҷмӯаҳои шеърҳои «Азизнома» (1948), романи «Шоҳи футбол» (1978), «Намоишномаҳо» (1985) ба қалами Азиз Несин тааллуқ доранд. Ӯ муаллифи пйесаҳои «Як дақиқа назди ман оед», «Дар мамлакате» ва ғайра мебошад. Аксар осори Азиз Несин ба забонҳои гуногуни дунё тарҷума ва нашр шудаанд. Аз осори Азиз Несин ба забони тоҷикӣ маҷмуаи ҳикояҳои «Фонус» (1963, тарҷумаи А. Раҳимов), «Мактубҳо аз он дунё» (1978, тарҷумаи Ӯ. Кӯҳзод), романи «Шоҳи футбол» (1990, тарҷумаи Ҷ. Шарифов) ва ҳикояҳои бисёре дар саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳо тарҷума ва чоп шудаанд.
Азиз Несин ба Тоҷикистон ихлосу муҳаббати самимӣ дошт ва ҳамвора шеъру лафзи хуб ва меҳмоннавозии мардуми форсу тоҷикро ситоиш мекард. Ӯ соли 1978 ба Тоҷикистон омада дар ҷашни 100-солагии Садриддин Айнӣ ширкат ва суханронӣ намуда буд. Дунё Азиз Несинро эътироф намудааст ва замоне Туркияро бо номи ӯ мешинохтанд. Дар Туркия ду маротиба нависандаи халқ интихоб гардид, медали тилои Лантоссойро соҳиб шуд, узви фахрии пенклубҳои Англия ва Германия буд. Дар озмуни байналмилалии ҳаҷвнигорон, ки дар Италия баргузор гардид (солҳои 1956 ва 1957) ба дарёфти мукофоти асосӣ — «Шохи тилоии нахл» мушарраф шуд; ҳамчунин мукофоти маҷаллаҳои «Хорпуштаки тилоӣ» ва «Крокодил»-ро дар солҳои 1952, 1956, 1959 дарёфт намудааст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 2.0 2.1 2.2 2.3 2.4 Roux P. d. Nouveau Dictionnaire des œuvres de tous les temps et tous les pays (фр.) — 2 — Éditions Robert Laffont, 1994. — Vol. 1. — P. 194. — ISBN 978-2-221-06888-5
- ↑ 3.0 3.1 3.2 3.3 Internet Speculative Fiction Database (ингл.) — 1995.
- ↑ 4.0 4.1 Internet Movie Database (ингл.) — 1990.
- ↑ 5.0 5.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 6.0 6.1 6.2 6.3 http://en.academic.ru/dic.nsf/hotels/901661017
- ↑ 7.0 7.1 http://www.nytimes.com/1995/07/07/obituaries/aziz-nesin-of-turkey-dies-at-80-writer-escaped-militants-arson.html
- ↑ http://www.britannica.com/EBchecked/topic/609800/Turkey-in-1993
- ↑ Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
Адабиёт
вироиш- Шарифова Г., Услуби тарҷумаи «Ҳикояти худам», маҷ. «Илм ва ҳаёт», 2001, № 7 — 9;
- Шокирзода Ш., Азиз Несин — классики адабиёти турк, маҷ. «Адаб», 2009, № 4.
Сарчашма
вироиш- Азиз Несин // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.