Алии Қушчӣ

мунаҷҷим, олим ва мутафаккири номӣ
(Тағйири масир аз Алӣ Қушчӣ)

Алии Қушчӣ (форсӣ: علی قوشچی‎), Мавлоно Алоуддин Алӣ ибни Муҳаммад Самарқандӣ (1403, Самарқанд — 1474, Истанбул) — ахтаршинос, риёзидон ва донишманди форс-тоҷик, яке аз бузургтарин намояндаи мактаби илмии Самарқанд.

Алии Қушчӣ
усм. علی قوشچی
ар. علاء الدين علي بن محمد القوشجي[1]
Таърихи таваллуд 1403[2]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 16 декабр 1474[2]
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Ҷойҳои кор
Алма-матер
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Алии Қушчӣ соли 1403 дар Самарқанд таваллуд шудааст. Писари сарвари қароргоҳи амир Темур. Дар саройи Улуғбек ба парвариши бозҳо (қушҳо) машғул буд, ки тахалусаш «Қушчӣ» аз ҳамин ҷост. Маълумоти ибтидоиро дар Самарқанд гирифта, сипас, дар Кирмон (1414) илми замонааш, хусусан илмҳои табииро 3 сол омӯхт.

Солҳои фаъолият

вироиш

Соли 1417 ба Самарқанд баргашта, ба мадрасае, ки Улуғбек таъсис дода буд, дохил шуд ва шогирди Қозизодаи Румӣ ва Ғиёсуддини Кошонӣ буд. Пас аз хатми мадраса дар ҳамон ҷо дарс гуфта, бо корҳои илмӣ машғул гардид. Дар ҳамин давра «Рисолаи ҳисоб» ва «Рисолаи нуҷум»-ро навишта, дар байни аҳли илми замонааш обрӯву эътибори калон пайдо кард. Баъди ба кор даромадани расадхонаи Улуғбек (1428) таҳти роҳбарии ӯ тадқиқот бурд ва асарҳои нав эҷод кард. Дар таълифи асари Улуғбек «Зиҷи ҷадиди Кӯрагонӣ» саҳми калон дорад. Соли 1438 Улуғбек Алии Қушчиро ба Хитой сафир таъйин кард. Баъди таназзули мактаби илмии Самарқанд Алии Қушчӣ осори илмии олимони ин расадхонаро ба Хуросон бурд. Пас аз қатли Улуғбек (1449) Алии Қушчӣ ба Кирмон рафт. Дар он ҷо ба дарбор даъват шуда, дар мадраса низ аз нуҷум ва риёзиёт дарс мегӯяд. Алии Қушчӣ дар Эрон мактаби илмӣ ташкил дода, анъанаҳои мактаби илмии Самарқандро давом медиҳад. Баъди ба Табрез кӯчидани пойтахти мамлакат (1465) султон Ҳасанбек ӯро ба Туркия ба дарбори султон Муҳаммади II сафири мухтор таъйин намуд. Дар Туркия Алии Қушчӣ баробари анҷоми вазифаи давлатӣ ба навиштани осори илмӣ пардохт. Дар ин ҷо Алии Қушчӣ «Китоб-ул-Муҳаммадия» ном рисола таълиф кард (1473) ва дар асоси қазияҳои (теорема) ҳандасӣ «Зиҷи ҷадиди Кӯрагонӣ»-ро шарҳ дод. Дар ин асараш ӯ формулаи Нютонро овардааст.

Алии Қушчӣ дар рисолаҳои худ ақидаҳои илмии Абулвафои Бузҷонӣ, Ҷамшеди Кошонӣ, Фарғонӣ, Абурайҳони Берунӣ, Ибни Сино, Насируддини Тусӣ ва дигаронро идома дода, махсусан дар соҳаи фалсафа, мантиқ, риёзиёт, ҳайъат, ҷуғрофия ва ғайра тадқиқоти зиёде ба анҷом расондааст. «Рисола ал-мӯъҷаз фӣ-т-тиб», «Рисолаи мантиқ», «Рисолаи ҳисоб», «Ҳайати форсӣ» аз ҷумлаи онҳоанд. Алии Қушчӣ дар ҳалли масъалаи асосии фалсафа мисли пешгузаштагонаш оламро офаридашуда пиндошта, дар «Рисолаи мантиқ» навиштааст, ки «…олам мутағаййир аст ва ҳар чӣ мутағаййир аст, ҳодис аст. Пас олам ҳодис аст». Вале ин ҷиҳати таълимоти идеалистии Алии Қушчиро дар афкори табиию илмиаш пайдо кардан душвор аст. Алии Қушчӣ дар масъалаҳои муайян намудани мавқеи ҷисм, ҳаракати ҷисмҳои моддӣ ва намудҳои он, ҳаракати ҷисмҳои осмонӣ ва як қатор дигар масъалаҳои илми ҳайат нуқтаи назари материалистӣ дошт. ӯ оламро ба ду қисм — коинот ва олами моддӣ тақсим намуда, охириро аз ҷаҳор унсур пайдошуда меҳисобад ва муътақид буд, ки дар натиҷаи ба ҳам пайваст шудани унсурҳои мазкур ашё ва олами моддӣ ба вуҷуд меоянд. Ба ақидаи ӯ олами моддӣ аз олами ҷамодӣ, наботӣ ва ҳайвонӣ иборат буда, байни онҳо алоқаи узвӣ мавҷуд аст. Алии Қушчӣ ҷавҳар ва аразро категорияҳои асосии ҳастӣ мешуморид. Роҷеъ ба назарияи маърифат бошад, ӯ нақши ҳис ва ақлро дар ҷараёни дониш қайд карда, ягонагии онҳоро махсусан зикр намудааст.

Риёзиёт ва ахтаршиносӣ

вироиш

Саҳми Алии Қушчӣ дар инкишофи математика ва астрономияи асри XV — XVII-и Осиёи Марказӣ калон аст. ӯ бори нахуст дар «Китоб-ул-Муҳаммадия» ва «Рисолаи кусур» дар алгебра мафҳуми адади манфиро дохил кард, назарияи функсияҳои тригонометриро инкишоф дод (теоремаҳои синус ва косинус), аввалин шуда ҷадвали бисёррақамаи функсияҳои тригонометриро таҳия кард. Алии Қушчӣ бузургии майли эклиптика (майли минтақат-ул-буруҷ), тағйири солонаи авҷи Офтоб, тадвири (пресессия) солона, координатаҳои ситорагонро саҳеҳ ҳисоб кардааст. Ӯ тағйири фаслҳои солро натиҷаи ба Офтоб наздик ва аз он дур шудани Замин медонист. Афкори табиию илмии Алии Қушчӣ нуқтаҳои муҳими назариявӣ ва таҷрибавию мушоҳидавии бисёр масъалаҳои астрономия, математика, физика ва дигар илмҳоро дар бар мегирад. Дар мактаби илмии Самарқанд Алии Қушчӣ бо Қозизодаи Румӣ ва Ғиёсуддини Кошӣ рисолаи «Зиҷи ҷадиди султонӣ»-ро тартиб доданд. Дар «Рисолаи ҳисоб»-и ӯ ададҳои бутуни арифметикӣ, масъалаҳои решаи квадратӣ муайян карда шуда, каср, ба миён омадани махраҷи умумӣ, тақсими ададҳои бутун ва касрӣ ва дигар мафҳумҳои геометриявӣ (нуқта, хат, сатҳ, ҷисм), ки бевосита барои муҳосиботи математикии натиҷаҳои мушоҳидаҳои расадхона истифода мебурданд, баррасӣ шудаанд. Дар «Рисолаи ҳайъат» Алии Қушчӣ заминро курашакл дониста, қайд мекунад, ки қисми зиёди онро об ишғол карда, фақат аз чаҳор як қисми онро хушкӣ ташкил медиҳад. Дар муайян намудани маркази коинот Алии Қушчӣ аз назарияи геомарказии Батлимус (Птоломей) комилан озод шуда натавонист, вале бино ба маълумоти муҳаққиқон, дар баъзе бобҳои «Ҳайъати форсӣ»-и ӯ ғояи назарияи гелиомарказиро мушоҳида намудан мумкин аст. Алии Қушчӣ дар масъалаи тақвим низ назарияҳои ҷолиб изҳор кардааст.

Аз осори Алии Қушчӣ ба забони форсӣ ва арабӣ 23 рисола доир ба астрономия, математика, мантиқу фалсафа, тибу адабиёт боқӣ мондааст, ки дар китобхонаҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи А. Фирдавсӣ («Рисолаи ҳисоб»), дар Санкт-Петербург, Тошканд, Теҳрон, Лейден (Ҳолланд) маҳфузанд.

Адабиёт

вироиш
  • Бартольд В. В. Улугбек и его время. // Бартольд В. В. Соч., Т.2, Ч.2. — М., 1964, с. 23-196.
  • Кары-Ниязов Т. Н. Астрономическая школа Улугбека. М.-Л.: Изд. АН СССР, 1950.
  • Матвиевская Г. П., Сираждинов С. Х. О математических работах школы Улугбека. В кн.: Из истории эпохи Улугбека. Ташкент: Наука, 1965, с. 173—199.
  • Матвиевская Г. П., Розенфельд Б. А. Математики и астрономы мусульманского средневековья и их труды (VIII—XVII вв.). В 3 т. М.: Наука, 1983.
  • Булатов М. С., Обсерватория Улугбека в Самарканде. Историко-математические исследования, XVIII, 1986, соли 199—216.

Сарчашма

вироиш