Барток Бела (1881-1945), композитори барҷастаи венгерӣ, пионинонавоз, омӯзгор, донандаи бузург ва гирдоварандаи фолклори мусиқӣ.

Барток Бела
маҷорӣ: Bartók Béla
Bartók Béla 1927.jpg
Иттилооти асосӣ
Таърихи таваллуд 25 март 1881(1881-03-25)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 26 сентябр 1945(1945-09-26)[1][4][2][…] (64 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Пеша(ҳо) оҳангсоз, пиёнунавоз, хореограф, омӯзгор, педагог, мусиқишинос, омӯзгори мусиқӣ, ethnomusicologist, профессори донишгоҳ, collector of folk music, entomologist, мусиқидон
Соз фортепиано
Сабк опера ва мусиқии клоссик[d]
Ҷоизаҳо
Хатои Lua: expandTemplate: template "ref-hu" does not exist.
Commons-logo.svg Аудио, фото, видео дар Викианбор

ЗиндагиномаВироиш

Хатмкардаи Консерваторияи Будапешт. Фаъолияти Б. васеъ ва бо ҷидду ҷаҳд қайд карда шудааст. Консертҳои Барток дар ватанаш ва ҳам дар ш.-ҳои Аврупо ва ИМА (соли 1929 дар ИҶШС баромад дошт) муваффақият доштанд. Барток тамоми умр ба ҷамъоварӣ, омӯзиш ва нашри сурудҳои халқӣ (венгерҳо, руминҳо, словакҳо, сербҳо, хорватҳо, арабҳо) машғул буд, якчанд тадқиқот ба мусиқии фолклорӣ навиштааст. Аз соли 1907 профессор Академияи мусиқии Будапешт буда, вай як зумра композиторони миллиро тарбия намудааст; ба педагогикаи бачагон аҳамияти зиёд додааст. Вале мазмуни асосии фаъолияташ ин эҷодиёти ӯст, ки номи ӯро дар ҷаҳон машҳур сохтааст: 2 балет, опера, як қатор асарҳои симфонӣ ва камеравӣ (аз ҷумла, Консерт барои оркестр, мусиқӣ барои созҳои торӣ, зарбӣ ва челеста, 3 консерт барои фортепиано, 6 квартети торӣ ва ғ.). байни мероси васеи фортепиании Б. силсилаи «Барои бачагон» (4 ҷилд – 85 пиеса) ва «Микрокосмос» (6 ҷилд – 153 пиеса) мавқеи намоён доранд. Асарҳои Барток мазмуну мундариҷаи ғанӣ дошта, бо маҳорати баланд эҷод шудаанд. Композитсияҳо ва асарҳои Барток дар дунё машҳуранд. Барток мукофоти ба номи Кошута (баъд аз ваф., 1948), мукофоти Байналмилалии Сулҳ (баъд аз ваф., 1955) сарфароз гардидааст.[6]

ЭзоҳВироиш

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 Немецкая национальная библиотека, Берлинская государственная библиотека, Баварская государственная библиотека и др. Record #118506900 // Общий нормативный контроль (GND) — 2012—2016.
  2. 2.0 2.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF: платформа открытых данных — 2011.
  3. Encyclopædia Britannica
  4. 4.0 4.1 Барток Бела // Большая советская энциклопедия: [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
  5. LIBRIS — 2018.
  6. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 57. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 (тоҷ.)