Ноҳияи Рӯшон (форсӣ: شهرستان روشان‎, Ręxonzemath) — яке аз ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст ва дар шарқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад.

Ноҳияи маъмурӣ
Ноҳияи Рӯшон
Ręxonzemath
Azøm žiwj ta ay Mihan
Кишвар  Тоҷикистон
Тобеъи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Шомили 7 ҷамоат
Маркази маъмурӣ Вамар
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис 27 октябри 1932
Масоҳат 5870,7 км²
Баландӣ
  • · Миёна
  • · Камтарин


  • 3000 м
  • 1640 м
Вақти минтақавӣ UTC+05:00
Шаҳри бузургтарин Вамар
Аҳолӣ
Аҳолӣ 26 500[2] нафар (2022)
Миллият тоҷикон
Мазҳаб мусулмонон
Забонҳои расмӣ помирӣ,инглисӣ, порсӣ
Шиносаҳои ададӣ
Сарвожа RU
Рамзи ISO 3166-2 TJ.BK.RU
Коди телефон +992 3556
Нишонаи почта 736200
Домени интернет tj
Коди мошинҳо 04 TJ
vanjiman.com
Ноҳияи Рӯшон дар харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ин ноҳия 29-уми октябри соли 1932 таъсис ёфта аст. Маркази ноҳияи Рӯшон шаҳраки Вамар (форсӣ: وامر‎) аст, ки 67 км шимолтар аз шаҳри Хоруғ дар резишгоҳи рӯди Бартанг ба рӯди Панҷ ҷой дорад.

Ҷуғрофия вироиш

Ноҳияи Рӯшон дар миёни қаторкӯҳҳои Язгулом ва Рӯшон воқеъ аст. Дар шимол бо ноҳияи Ванҷ, дар шарқ бо ноҳияи Мурғоб, дар ҷануб бо ноҳияи Шуғнони Тоҷикистон ва дар ғарб бо вулусволии Шуғнони вилояти Бадахшони Афғонистон ҳаммарз мебошад.

Аз шимолу шарқи ноҳияи Рӯшон ба ҷанубу ғарби он рӯди Бартанг гузар мекунад.

Ноҳияи Рӯшон 5870,7 км² масоҳат дорад.

Мардум вироиш

Бино бар саршумори соли 2015 дар ноҳияи Рӯшон 24 800 нафар зиндагӣ мекунад.[3] Мардуми Рӯшон ба забони рӯшонӣ (ва бо гӯҳишҳои он - бартангӣ, рошорвӣ ва хӯфӣ сухан мегӯянд.

сол 2014 2015 2019 2020
шумора
(ҳаз. нафар)
24,5 24,8 25,6 25,8

Таърих вироиш

Бино бар роҳномаҳо ва ҷаҳоннамоҳои арабизабон ва порсизабони садаҳои миёна ва то миёнаи асри XIX Рӯшон як сарзамини мустақил будааст. Рӯшону Шуғнон аз замони Сомониён то соли 1895 ҳукумате мустақил дошта ва фармонравоёни онҳоро шоҳ мехондаанд. Қаламрави подшоҳии Рӯшон сарзамини имрӯзаи ноҳияи тоҷикии Рӯшон ва бахши Рӯшони вулусволии афғонии Шуғнон (форсӣ: شغنان‎) дар ду канораи рӯди Панҷро дар бар мегирифтааст.

Соли 1895 подшоҳии Рӯшон, ки дар ҳар ду канораи рӯди Панҷ қарор дошт, дар паи ҷаҳонгириҳои Русия ва Британия дупора гардид ва канораи рост ба аморати Бухоро ва канораи чап ба Афғонистон дода шуд.[4]

Кӯшишҳои мардуми Рӯшон барои озоди аз аҷнабиёни афғон ки аз тарафи Русияи Подшоҳӣ дасгири ва пасон амалӣ шуд ба мақсади худидоракунии ин мулкҳо нарасиданд зеро дар солҳои 1895 – 1920 Рушон дар баробари дигар мулкҳои Помир яке аз бекигариҳои аморати Бухорои турк гашт ва бек ҳокимияти Қалъаи Вамар-ро гирифта мир хонда шуда бо ваҳшонияти бе нобиға машҳур шуд. Туркони Бухоро мардуми нодори кӯҳистонро ғорат, таҷовузи занон ва баччабозиро ба мардуми мазлум раво медиданд. Мардуми Рушонзамин аз зулми туркон ба дод омадаанд ва хидмати хирсонаи русҳо ҳам дер давом накард ки инқилоби Октябр ба Помир ҳам расид.

Пас аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 ва таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Тоҷикистон дар соли 1924, Рӯшон бахше аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гардид, ки 2 январи соли 1925 таъсис дода шуд. Замоне ҳам Ванҷу Рӯшон як ноҳия буданд.

Бахшҳои идорӣ вироиш

Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Рӯшон 7 ҷамоат дорад[5]

Ҷамоатҳои ноҳияи Рӯшон
Ҷамоат Аҳолӣ Деҳаҳо
Назаршо Додхудоев (собиқ Баррӯшон) 7183 Баррӯшон, Барзуд, Дерзуд, Вамд, Деҳрушон
Бартанг 1854 Сипонҷ, Висав, Даржомч, Дашт, Равивд, Равмед, Разуч, Хичез
Басид 2120 (2010) Басид, Бардара, Чадуд
Пастхуф 2773 Пастхуф, Баҷув, Барде, Дерде, Пастбаҷув.
Рӯшон 5587 Рӯшон (деҳа), Шуҷанд, Ямтс, Багу
Савноб 2774 Савноб, Барчадев, Кудара, Нисур, Пасор, Рошорв, Рухч, Япшорв
Муъминшоҳ Абдулвосиев (собиқ Шидз) 2015 Шидз (деҳа, н. Рӯшон), Вознавд, Деҳ, Шпад

Ҳукумат вироиш

 
Тақсимоти идории ВМКБ

Сарвари ноҳияи Рӯшон Раиси Ҳукумати он аст, ки аз ҷониби Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон таъйин мегардад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Рӯшон - Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз тарафи ҳама мардуми ноҳияи Рӯшон ба муддати 5 сол интихоб мешавад.

Эзоҳ вироиш

  1. 1.0 1.1 https://web.archive.org/web/20221010195817/https://stat.tj/storage//1.01.2022.pdf
  2. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. ШУМОРАИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТО 1 ЯНВАРИ СОЛИ 2022. 18 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 октябри 2022.
  3. Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2015 года. Сообщение Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан.. 26 июли 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 июли 2015.
  4. Постников А.В. Схватка на «Крыше Мира»: политики, разведчики и географы в борьбе за Памир в XIX веке. М.: Памятники исторической мысли, 2001. 416 стр., 8 л. карт. ISBN 5-88451-100-0
  5. Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. — Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013. — 332 с.

Манобеъ вироиш