Дарвешия (ар. درویشیه‎) — яке аз силсилаҳои тасаввуфиро гӯянд, ки пайравонаш гӯшанишинӣ ва зуҳду тақворо тарғибу ташвиқ мекунанд.

Таърих

вироиш

Ҳамчун силсилаи алоҳида он дар асрҳои 9—11 дар Бағдод, Басра ва Куфа пайдо шудааст. Пайравони силсилаи мазкур аксаран косибону ҳунармандони шаҳр буданд, ки бо гадоию сақоӣ машғул шуда, зимни он ба хондани шеърҳои ирфонӣ мепардохтанд. Дарвешон барои худ хонақоҳ ва зовияҳои махсусе доштанд, ки дар онҳо суҳбат ва баҳсҳои ирфонӣ сурат мегирифт. Силсилаҳои нисбатан машҳури дарвешия қодирия, заҳабия, нақшбандия, ясавия, мавлавия, бектошия, чиштия ва ғайра мебошанд.

Таълимот

вироиш

Дар таълимоти дарвешия муроқибаи қалбии инсон (махсусан, зикри ҷаҳрӣ, ҳуфия, рақсу самою ғино, ваҷди ирфонӣ) мақоми махсус дорад. Ҳаракати дарвешон дар асрҳои миёна баъзан ҳамчун шакли эътирози табақаҳои поёни нисбат ба идеология ва сохти иҷтимоии ҷамъияти мавҷуда зуҳур мекард. Вале ин ҳаракат ғайрифаъол буда мардумро дар рӯҳияи итоаткорию гӯшагирӣ, даст кашидан аз мубориза баҳри ҳаёти моддӣ тарбия менамуд, ва дар таълимоташ ҳаёти маънавиро тарғиб мекард.

Дарвешия ҳоло дар Покистон, Ҳиндустон, Индонезия, Эрон ва як қатор мамлакатҳои Африқо ҷой дорад. Фаъолияти дарвешон дар Туркия аз соли 1925 манъ шудааст.

Сарчашма

вироиш