Институти шарқшиносии АИ ҶШС Тоҷикистон - соли 1970, дар пояи Шӯъбаи шарқшиносӣ ва осори хаттӣ АИ ҶШС Тоҷикистон (1958) таъсис ёфтааст. Бунёдгари ин маркази шарқшиносӣ академик Абдулғанӣ Мирзоев буд, ки дар рушди шарқшиносӣ дар Тоҷикистон саҳми калон гузоштааст. Соли 1977 академик Муҳаммад Осимӣ директори Институти шарқшиносӣ таъйин гардид.

Институти шарқшиносӣ
Соли таъсис 1970
Президент Кароматулло Олимов (2008-2010)
Нишонии ҳуқуқӣ ш. Душанбе, 734025, хиёбони Рӯдакӣ, 21
Сайт iza.tj
Институти шарқшиносӣ ва мероси хатӣ

Таърих

вироиш

То ибтидои солҳои 80-уми асри XX мутахассисони шарқшиноси баландихтисос дар самтҳои зиёди илми шарқшиносӣ тайёр карда шуданд. Осори илмии А. Мирзоев, А. Афсаҳзод, Р. Ҳодизода, К. Айнӣ, З. Аҳрорӣ, А. Алимардонов, А. Ғаффоров, М. Муллоаҳмадов , А. Зуҳуриддинов, Д. Саидмуродов, Ҷ. Додалишоев, С. Сиддиқов, С. Шохуморов, М. Умаров ва дигарон на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки берун аз он ҳам нашр шуданд.Дар соли 1986 роҳбарияти институт иваз шуд ва доктори илмҳои фалсафӣ А.Турсунов директори институт таъйин гардид ва соли 1992 узви вобастаи АИ ҶТ Ҳ. Назаров директори институт интихоб шуд.[1].

Соли 1993 Институти шарқшиносии АИ ҶТ барҳам дода шуд. Ба ҷойи он, Институти мероси хаттии АИ ҶТ номгузорӣ шуд.

Бо назардошти муҳим будани таҳқиқоти шарқшиносӣ ва зарурати муттаҳид кардани мутахассисон дар як марказ барои таҳқиқи масъалаҳои муҳими шарқшиносии муосир, инчу-нин тавсиаи робитаҳои илмӣ бо марказҳои шарқшиносии кишварҳои хориҷии наздику дур бо қарори Раёсати АИ ҶТ аз 2 апрели 1998, №48 Институти мероси хаттӣ ба Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ номгузорӣ шуд. Солҳои охир узви вобастаи АИ ҶТ Ҷӯрабек Назриев (1993-2007), доктори илмҳои таърих Ш. Имомов (2007-2008), узви вобастаи АИ ҶТ Кароматулло Олимов (2008-2010) роҳбарони Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ буданд. Мутахассисони шарқшинос ба кор ҷалб шуданд, тағйироти сохторӣ ба амал омад, шӯъбаву бахшҳои нав ташкил гардиданд, таҳқиқи масъалаҳои шарқшиносӣ ба роҳ монда шуд, пояҳои моддии институт мустаҳкам карда шуда, барои рушди суннатҳои шарқшиносии тоҷик тадбирҳо андешида шуданд. Самтҳои асосии тадқиқоти институт: масъалаҳои муҳими таърихи фарҳанги кишварҳои Шарқи хориҷӣ (Афғонистон, Эрон, Ҳиндустон, Покистон ва кишварҳои араби Шарқ); тавсифи илмии Захираи дастхатҳои АИ ҶТ; тартиб додан ва нашри феҳристҳои мухтасар ва мукаммали шарқӣ, тадқиқи эҷодиёти намояндагони барҷастаи адабиёт ва илми тоҷику форс; ҷустуҷӯ ва нашри осори онҳо; ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ тарҷума кардани ёдгориҳои муҳими таърихи фарҳанги Осиёи Марказӣ; барқарор намудани робитаҳои байналмилалӣ ҷиҳати нашри муштараки ёдгориҳои хаттӣ.

Солҳои охир дастнависҳои институт хеле пурра гардид. Ҳоло дар «Ганҷинаи дастнависҳои шарқӣ» беш аз 5750 нусхаи хаттӣ ва тақрибан 6350 китоби чопи сангӣ ба забонҳои тоҷикӣ, форсӣ, арабӣ, туркӣ, ибрӣ ва забонҳои дигар, ки зиёда аз 30 ҳазор рисолаву асарро дар ҳамаи соҳаҳои илму фарҳанги асримиёнагӣ дар бар мегиранд, маҳфуз мебошанд.[2].

Сабти электронии 5680 дастнависи аслӣ омода шудааст. Дар бинои институт озмоишгоҳи тармими дастнависҳо мавҷуд аст, ки барои тармиму безаҳрсозии нусхаҳои хаттӣ аҳамияти калон дорад. Ҷилди ҳафтуми Феҳристи дастнависҳои шарқии АИ ҶТ дар соли 2010 пурра ба забони русӣ ба нашр омода шуда буд. Дар солҳои Истиқлолияти давлатии ҶТ ба захираи дастхатҳои шарқӣ 42 нусхаи хаттӣ ва 37 нусха китоби чопии сангӣ ворид шудааст.

Дар шӯъбаи тадқиқ ва нашри осори илмӣ таваҷҷӯҳи асосӣ ба нашри маҷмӯи ёдгориҳои хаттии таърихи илму фарҳанг «Ганҷи шайгон» дар 50 ҷилд равона шуда буд. Асарҳои «Равзату-с-сафо»-и Муҳаммади Мирхонд, «Тибби Акбарӣ», «Таърихи Байҳақӣ», «Таърихи Табарӣ», «Захираи Хоразмшоҳӣ», «Зодулмусофирин»-и Носири Хусрав, «Меъёруттадайюн»-и Аҳмади Дониш ба нашр омода шудаанд.[3].

Муттаҳид гардидани институтҳо

вироиш

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 4 феврали соли 2011, №36 Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ бо Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ ҶТ муттаҳид гардида, Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хатии ба номи А. Рӯдакӣ номгузорӣ шуд. Узви вобастаи АИ ҶТ, доктори илми фалсафа Акбар Турсун директори институт таъйин гардид.[4].

Нигаред низ

вироиш

Пайвандҳо

вироиш
  • iza.tj — вебгоҳи расмии Институти шарқшиносӣ