Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон (2013)
(Тағйири масир аз Интихоботи президентии Тоҷикистон (2013))
Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон 6 ноябри соли 2013 баргузор шуд. Дар натиҷа Президент Эмомалӣ Раҳмон барои давраи чорӯм баъд аз дарёфти 83,92% овозҳо ғолиб омад.[1]
Номзадҳо
вироишШаш номзадҳои зерин дар интихоботи соли 2013 ширкат карданд:
- Эмомалӣ Раҳмон — президент ва узви ҳизби ҳокими Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон.
- Абдуҳалим Ғаффоров — Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон.
- Бухориев Толиббек Аҳмадович — Ҳизби аграрии Тоҷикистон.
- Олимҷон Бобоев — Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон.
- Талбаков Исмоил Иброимович — Ҳизби коммунистии Тоҷикистон.
- Саидҷаъфар Исмонов - Ҳизби демократии Тоҷикистон
Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон шомили онанд, дар моҳи сентябр Ойниҳол Бобоназароваро номзади ягонаи худ дар интихоботи президентии 6 ноябр эълон карданд. Вале ситоди интихоботии ӯ рӯзи 11 октябр эълон кард, 210 ҳазор имзое, ки Кумисюни марказии интихобот таъйин кардааст, натавонист ҷамъоврӣ намояд (ба тарафдории Бобоназарова 202 ҳазор имзо ҷамъ шуд.) ва аз ин рӯ аз сабқат берун шудааст. аст.[2]
Натоиҷ
вироишCandidate | Party | Votes | % |
---|---|---|---|
Эмомалӣ Раҳмон | Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон | 3 023 754 | 83,92 |
Олимҷон Бобоев | Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон | 140 733 | 3,91 |
Бухориев Толибек Аҳмадович | Ҳизби аграрии Тоҷикистон | 166 224 | 4,61 |
Исмоил Талбаков | Ҳизби коммунистии Тоҷикистон | 181 675 | 5,04 |
Абдуҳалим Ғаффоров | Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон | 54 148 | 1,5 |
Саидҷаъфар Исмонов | Ҳизби демократии Тоҷикистон | 36 573 | 1,02 |
Овозҳои холӣ/номӯътабар | 36 949 | – | |
Ҳамагӣ | 3 640 056 | 100 | |
Овоздиҳандагони сабтшуд/ҳозиршуда | 4 201 156 | 86,64 | |
Манбаъ: IFES |
Эзоҳ
вироиш- ↑ 7 ноябр/АМИТ «Лоиқ». 13 ноябри 2013 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 ноябри 2013.
- ↑ ozodagon.com