Интихобот дар Тоҷикистон

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи миллӣ интихоб мешаванд. Президенти Тоҷикистон ба муҳлати ҳафт сол аз тарафи мардум интихоб мегардад ва дар асоси ҳуқуқи интихоботии умумӣ, баробар, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб карда мешавад.

Маҷлиси Олӣ аз ду маҷлис - Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст (Маҷлиси ду палатагӣ баъд аз ворид гардидани тағйироту иловаҳои раъйпурсии уммумихалқии соли 1999 ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст). Мӯҳлати ваколати Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон 5 сол аст. Ташкил ва фаъолияти Маҷлиси Олиро қонуни конститутсионӣ танзим мекунад.Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 63 вакил иборат аст, ки онҳо дар асоси ҳуқуқи интихоботии умумӣ, баробар, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб карда мешавад. Маҷлиси намояндагон доимоамалкунанда ва касбӣ мебошад.

Аз чор се ҳиссаи аъзоёни Маҷлиси миллӣ ба таври ғайримустақим аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои онҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, ноҳияҳои тобеи Ҷумҳурӣ бо овоздиҳии пинҳони интихоб мешаванд (ҷамъ - 25 вакил). Аз чор як ҳиссаи аъзоёни Маҷлиси миллиро (8 вакилро), Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад. Ҳайати Маҷлиси миллӣ - 33 вакили маҷлисро дарбар мегирад.

Дар Тоҷикистон Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) аз соли 1994 дар якчанд интихоботҳои умумихалқии парлумонӣ аксари овозҳои интихобкунандагонро соҳиб шуда дар сари қудрат мебошад.[1]

Донистаниҳо

вироиш

Нигаред

вироиш