Иржи Бечкаолим, ховаршинос, тарҷумон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Иржи Бечка
Иржи Бечка
Таърихи таваллуд 16 октябр 1915(1915-10-16)
Зодгоҳ Прага
Таърихи даргузашт 21 декабр 2004(2004-12-21) (89 сол)
Маҳалли даргузашт Прага
Кишвар  Чехия
Фазои илмӣ шарқшиносӣ[1], исломшиносӣ[d][1], Адабиёти форс-тоҷик[1], Адабиёти Тоҷик[1], translating activity[d][1], literary activity[d][1] ва исломшиносӣ[d][1]
Ҷойҳои кор Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии АИ Чехословакия,
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои фалсафа доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи Карли ш. Прага
Ҷоизаҳо Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ

Зиндагинома

вироиш

Иржи Бечка ховаршиноси маъруфи чех, доктори илмҳои адлия ва фалсафа 16 октябри соли 1915 дар Прага ба ҷаҳон омадааст. Соли 1945 Донишгоҳи Карли шаҳри Прагаро хатм карда, корманди Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии АИ Чехословакия шудааст. Ҳамчун шогирди сазовори ховаршиноси машҳур Ян Рипка дар таҳқиқу тарғибу омӯзиши адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик саҳми арзанда гузоштааст. Соли 1985 70-солагии зодрӯзи ӯ бо ширкати худаш дар Душанбе мутантан ҷашн гирифта шуд. Пас аз бознишастагӣ ( 1992) ба корҳои илмиву эҷодӣ шуғл меварзид; дар муддати панҷ-шаш соли охири умраш раиси Ҷамъияти равобити дӯстии Чехия ва Эрон, Тоҷикистону Афғонистон, сардабири маҷаллаи» Бӯстон» буд.[2]

Эҷодиёт

вироиш

Доир ба ҷанбаҳои гуногуни осори Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Пайрав Сулаймонӣ, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Ҷалол Икромӣ ва дигарон асарҳои пурарзиш офаридааст. Шеъру ҳикоя ва қиссаҳои бисёр адибони тоҷикро ба чехӣ тарҷума кардааст. «Фарҳанги форсӣ ба чехӣ ва чехӣ ба форсӣ»-и мураттабнамудаи ӯ соли 2004 дар Теҳрон интишор ёфтааст. Иржи Бечка бо донишмандони тоҷик Б. Ғафуров, А. Мирзоев, М. Шакурӣ, С. Табаров, А. Афсаҳзод, А. Турсон робитаҳои илмӣ дошт. Пас аз вохурӣ ва суҳбат бо Б.Гафуров Бечка ба Тоҷикистон даъват шуд ва ба пажӯҳиши адабиёти тоҷик ҷиддан машғул гардид. Иржи Бечка бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар Прага вохӯрда, суҳбат карда буд. Дар асари ҷомеаи шарқшиносони Чехословакия – «Таърихи адабиёти форсӣ ва тоҷикӣ» фаслҳои «Адабиёти тоҷик дар асрҳои 16-20» ва «Адабиёти шӯравии тоҷик» ҷой гирифтаанд.

И. Бечка повести «Марги судхӯр»-и С. Айнӣ,» достони “Муш ва гурбаи»-и Убайди Зоконӣ, маҷмӯаи шеърҳои Мирзо Турсунзодаро бо номи «Салому алайкум» баёзе бо унвони «Ситораҳои наздик» (намунаҳо аз эҷодиёти адибони муосири тоҷик – А.Деҳотӣ, С.Улуғзода, М.Миршакар,Ғ.Мирзо, У.Раҷаб, Лоиқ, Кӯҳзод ва диг.), намунаҳоро аз эҷодиёти Рӯдакӣ, рубоёти Умари Хайём, осори Ҷалолуддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мушфиқӣ, Сайидо, Шамсиддини Шоҳин ба забон и чехӣ тарҷума кардааст. Соли 1985 70-солагии зодрӯзи ӯ бо ширкати худаш дар Душанбе мутантан ҷашн гирифта шуд. Соли 2002-юм Иржи Бечка барои охирин бор ба Тоҷикистон сафар карда, дар ҷашни истиқлол ширкат кард. Дӯсти Бечка, ховаршиноси олмонӣ аз Донишгоҳи Ҳумболдти Берлин, Манфред Лорентс дар бораи он сафар гуфта буд:

"Ман дидам, ки чӣ тавр мардуми тоҷик ӯро дӯст медорад ва эҳтиром мекунад. Дар Кохи Борбад президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз наздики мо рад шуд ва ногоҳ ақиб омада, Бечкаро ба оғӯш кашид. Дӯстони тоҷик медонистанд, ки Бечка чӣ қадар барояшон инсони азиз ва муҳим аст.

— Манфред Лорентс

[2]

Ҷоизаҳо

вироиш
  • Барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ.[3]
  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 1.5 1.6 Чешская национальная авторитетная база данных
  2. 2.0 2.1 Доктор ИРЖИ БЕЧКА: - Муҳаққиқи маъруфи адабиёти тоҷик(рус.). www.kmt.tj. 25 Январ 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 29 июли 2018.
  3. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 57 ISBN 978-99947-2-379-9