Ислом Акрамович Ҷӯраевомӯзгор, олим, китобхонашинос, собиқ профессори факултаи китобдории Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода

Ислом Ҷӯраев
Ислом Акрамович Ҷӯраев
Таърихи таваллуд 2 феврал 1931(1931-02-02)
Зодгоҳ Истаравшан, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 10 январ 2017(2017-01-10) (85 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе, Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон Тоҷикистон
Фазои илмӣ китобхонашинос,олим,омӯзгор

Зиндагинома

вироиш

Ислом Акрамович Ҷўраев 2 феврали соли 1931 дар деҳаи зебоманзари «Гули Сурх» - и шаҳри бостонии Ӯротеппа (ҳозира Истаравшан) дар оилаи зиёӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Соли 1933 хонаводаи онҳо ба шаҳри Душанбе кӯч мебандад. Баъди хатми таҳсил даҳсолаи мактаби миёнаи № 15 таҳсили худро дар Омўзишгоҳи ҷумҳуриявии маданӣ-маърифатии ноҳияи Ленин давом медиҳад. Баъди хатми омӯзишгоҳ фаъолияти омӯзгории Ислом Ҷӯраев оғоз меёбад. Ва сарчашмаи нахуст дарсгӯй ӯ аз мактаби ибтидои ноҳияи Шӯрчӣ оғоз меёбад. Баъди ду соли фаъолияти омӯзгорӣ, шавқу завқ ва истеъдоди фитриву забондонӣ ӯро барои сайқал додани дониши худ ба Донишкадаи фарҳанги шаҳри Москав равон мекунанд. Баъди хатми Донишкадаи фарҳанги шаҳри Москав ва гирифтани маълумоти олии китобдорӣ ӯ фаъолияташро дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон (Китобхонаи давлатии оммавӣ ба номи Абулқосим Фирдасӣ) оғоз менамояд. Солҳои 1956 – 1960 Шуъбаҳои методӣ, коркарди адабиёт ва ташкили феҳристҳои Китобхонаро сарварӣ намудааст. Дар ин солҳо фаъолияти илмии ӯ оғоз ёфт. Даҳҳо мақолаҳо ва дастурҳои методиро таҳия намуда, беҳтарин асарҳои олимони русро ба забони тоҷикӣ тарҷума менамояд. Яке аз нахустин пажуҳишҳои илмӣ дар самти истилоҳи китобдорӣ ин рӯйи кор омадани «Луғати русӣ-тоҷикии китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ» мебошад. Зикр кардан бамаврид аст, ки асари мазкуро устод бори аввал зери унвони «Луғати русӣ-тоҷикии терминологияи китобдорӣ ва китобшиносӣ» дар соли 1974 таълиф ва чоп карданд. Соли 2012 аз нав бо таҳлилу иловаҳо бо номи «Луғати русӣ-тоҷикии китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ» таҳия мегардад. Ҳамчунин бо қалами устод асарҳои «Истилоҳномаи китобдорӣ: форсӣ ба тоҷикӣ ва русӣ» (1993), «Сайре дар олами китоб» (1996) ва даҳҳо мақолаҳои илмӣ аз нашр расидаанд.

Фаъолияти омӯзгорӣ ҳамеша ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти Ислом Акрамович буд. Ӯ ба ҳайси омӯзгори Коллеҷи фарҳанги Тоҷикистон ба номи П. Ҷ. Бӯйдоқов, Доншгоҳи шаҳри Хуҷанд, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода заҳмат кашидааст. Ва бояд қайд кард, ки устод Ислом Арамович яке аз асосгузорон ва аввалин декани факултаи китобдории Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, солҳои 1973-1983 сарварии факултаро ба уҳда доштанд.

Ӯ дар қатори пажӯҳишу тадқиқ ва тарбияи кадрҳои китобдорӣ низ саҳм гирифтаааст. Маҳз бо маслиҳату ҳидоятҳои падаронаи ӯ чун омӯзгори пурмасъул шогирдонаш А.Ҳ.Раҳимов, З. Шораҳматов, С. Сулаймонӣ, Ҷ. Шерматов, Ш. Комилзода, С.Ҳ. Шосаидов ва Б. Холов дар аспирантура ва Донишгоҳҳои олии фарҳанг ва санъати шаҳрҳои Москва ва Санкт-Петербург таҳсил намуда, ба унвонҳои илмӣ сазовор гардидаанд. Ва имрӯзҳо дар сохторҳову мақомоти фарҳангӣ кор ва фаъолият намуда, саҳми беназири худро дар пешрафту навгонии соҳаи китобдорӣ дареғ намедоранд.[1][2]

Дар бораи И. Ҷӯраев

вироиш

Ҷӯрабой Раҷабов. Ҷӯраев Ислом Акрамович. Дастури шарҳиҳолӣ ва библиографӣ. - Душанбе,1991, 43 с.

Пайвандҳо

вироиш