Ҷӯрабой Раҷабов
Ҷӯрабой Раҷабов (8 декабри 1950, деҳаи Оҳалики вилояти Самарқанд) — китобшинос, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассамблеяи китобхонаҳои Авруосиё, Сардори шуъбаи илмӣ-тадқиқотии Китобхонаи миллии Тоҷикистон Китобхонаи миллии Тоҷикистон.
Ҷӯрабой Раҷабов | |
Таърихи таваллуд: | 8 декабр 1950 (73 сол) |
Зодгоҳ: | деҳаи Оҳалики вилояти Самарқанд |
Навъи фаъолият: | Сардори шуъбаи илми-тадқиқотии Китобхонаи миллии Тоҷикистон |
Зиндагинома
вироишҶӯрабой Раҷабов яке аз он китобдоронест, ки дар шуъбаи китобдории Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии маданию маърифатӣ (1966—1969) ва факултаи китобдории Донишкадаи давлатии маданияти Москва (1973—1978) таҳсил намуда, беш аз 40 соли ҳаёти бобаракати хешро барҳри рушду нумӯи соҳаи китобдорӣ сарф намудааст. Ӯ аз соли 1969 фаъолияти кориашро дар [[Китобхонаи милии Тоҷикистон}Китобхонаи давлатии ҷумҳуриявии Тоҷикистон ба номи Фирдавсӣ]] оғоз кардааст. Кор дар ин Китобхонаи калонтарин ва шиносоӣ бо мутахассисони варзидаи соҳа Ҷӯрабой Раҷабовро водор месозад, ки ба омӯзиши на танҳо масоили амалӣ, балки ба таҳқиқу пажӯҳиши назарияи соҳа низ камари ҳиммат бандад. Аз ин рӯ, Ҷӯрабой Раҷабов идома додани таҳсили ғоибонаро зарур шуморида, соли 1973 ба шуъбаи ғоибонаи факултаи китобдории Донишкадаи давлатии маданияти Москав дохил мешавад. Талабу дархост ва эҳтиёҷоти хонандагони китобхонаҳои ҷумҳуриро ба эътибор гирифта, ӯ дар таҳияю танзими маводи методӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Барои беҳтару ҷоннок намудани фаъолияти китобхонаҳои оммавӣ, омӯзиш ва тарғиби таҷрибаи муфиду пешқадами китобхонаҳо, нишонрас ва натиҷабахшии чорабиниҳои доиршаванда, ҷорӣ намудани усулу равишҳои самарабахши хадамоти китобдорӣ дар байни аҳолӣӯ Барои китобдӯстон ва ташкили китобхонаҳои шахси Ҷӯрабой Раҷабов китоберо таҳти унвони «Китобхонаи шахси чӣ гуна бошад» (1985) интишор намуд, ки дар он барои созмондиҳии китобхонаҳои шахсӣ ва мавриди истифода қарор додани захираи китобии онҳо маслиҳатҳои муфид дода шудааст. Ӯ ҳини кор ба хайси мудири шуъбаи илмӣ-методӣ на танҳо дар таҳияю вироиши дастурҳои методӣ саҳм гузоштааст, балки боз ба омӯзишу тарғиби таҷрибаи муфиду пешқадами китобхонаҳои ҷумхурӣ кӯшиш ба харҷ додааст. Тавассути мақолаҳои «Ҷамъиятчиёни китобхонаи пешқадам» (1973), «Сафи китобдӯстон меафзояд» (1979), «Вазифаи фахрии китобдорон» (1980), «Мададгор» (1982), «Ғамхорӣ» (1982), «Машъалафрӯзони маърифатгоҳ» (1982) ва амсоли инҳо ӯ вазъи хадамоти китобхонавии аҳолиро баррасӣ намуда, нақши китобхонаҳоро дар тарғиби адабиёти пурмазмуну баландғоя мавриди таҳлил қарор додааст. Ӯ аз соли 1996 бо кормандони шуъбаи библиографияи миллии Китобхонаи миллӣ ба омоданамоии ахбори «Тақвими ҷашн ва санаҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон» (барои солҳои 1996—2000) пардохта, баъдан барои таҳияи дастури умумибиблиографии «Тақвими ҷашн ва санаҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон» (барои солҳои 2003—2009) ҳамчун мураттиб ва муҳаррир бевосита саҳм гирифтааст. Ҷӯрабой Раҷабов дар таҳияю таҳрири дастурҳои мухталифи библиографӣ низ саҳм гузоштааст. Доир ба осори илмӣ, илмию методӣ ва библиографии олимон ва мутахассисони риштаи китобдорӣ дастурҳои шарҳиҳолию библиографии «Ҷӯраев Ислом Акрамович» (1989), «Тарғиботчии китобхонаҳои бачагона» (Бахшида ба методист Нуриддин Давлатов, 1990), «Василий Георгиевич Белан» (1990), «Юнусов Абдуллоҷон» (1987, 1997, 2007)-ро мураттаб ва ба табъ расонидааст. Китобномаҳои таҳиякардаи ӯ «Ҷамъияти дӯстодорони китоб ва китобхонаҳои шахсии Тоҷикистон дар матбуот» (1986), «Таърихи варзиши Тоҷикистон» (1997), «Давраи тилоии тоҷикон» (1999) дар пажухишу интихоби адабиёти зарурӣҳамчун роҳнамо кумак мерасонад. Ҷӯрабой Раҷабов дар вироиши маводи методию библиографӣ ва нашрияҳои ҷудогонаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Фирдавсӣ саҳми муносиб гузоштааст. Ӯ аз соли 1992 вазифаи ҷонишини Раиси Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба зимма дошт. Натиҷаи дастовардҳои илмии Ҷӯрабой Раҷабов тавассути мақолаҳои проблемавии «Китобхонаи ба номи Фирдавсӣҳамчун маркази методӣ» (1983), «Оиди муаммоҳои роҳбарии методии кори китобдорӣ дар Тоҷикистон» (1986), «Китоб ва хонанда» (1987), «Нақши Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи А. Фирдавсӣ дар пажӯҳишу тадқиқи илми китобдории тоҷик» (2000) арзёбӣ шудаанд. Ӯ барои омӯзиши истифодаи самараноки захираи китобии китобхонаҳои Тоҷикистон ва дар ин робита барои муайян намудани аҳамият ва нақши дастурҳои методию библиографӣ дар тарғиби адабиёт, роҳбарии хониш ва ташкилу гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ пурсишномаҳо таҳия намуда, фикру мулоҳизаҳои хонандагону китобдоронро мавриди таҳқиққарор додааст. Ӯ дар қатори пажӯҳишу тадқиқ ва тарбияи кадрҳои китобдорӣ низ саҳм гирифта, ҳамчун омӯзгори калони факултаи китобдории Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ба донишҷӯён солҳои зиёде дарс додааст. Ҷӯрабой Раҷабов дар фаъолияти кории худ дар шуъбаи илмию методии Китобхона ба кормандони 830 китобхонаҳои ҷумҳурӣ маслиҳатҳои методию амалӣ расонида, ба ин васила баҳри баланд бардоштани самаранокии кору дониши онҳо саҳми босазое гузоштааст. Ӯ дар ин давра дар 216 семинару ҷамъомадҳои китобдорон ширкат варзида, гузоришҳои пурмазмун кардааст. Илова бар ин, ӯ ба 51 гурӯҳи шунавандагони курсҳои такмили ихтисоси китобдорон сабақ омӯхтааст. Ӯ, инчунин, ба китобдорону мутахассисони соҳаи китобдорӣ 164 маслиҳатҳои шифоҳию хаттӣ дода, роҳбарии таҷрибаи истеҳсолии 243 донишҷӯёни риштаи китобдориро ба зимма дошт. Ҷӯрабой Раҷабов дар 26 конфронсҳои илмию амалии байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва семинар — машваратҳои кормандони китобхонаҳо фаъолона ширкат варзида, нисбати беҳбуди фаъолияти кори китобхонахо гузоришҳои ҷолиб баён намудааст. Ӯ аз рӯзҳои аввали таъсиси Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявӣ (1974) бо ин даргоҳи муқаддас ҳамкорӣ дорад.
Имрӯз ӯ сардори шуъбаи илмӣ ва тадқиқотии Китобхонаи миллии Тоҷикистонро ба уҳда дорад ва ҳамроҳи мутахассисони шуъбааш кӯшиш ба харҷ дода истодааст, ки тадқиқи масоили мубрами соҳаи китобдориро мавриди омӯзишу тарғиб қарор диҳад. Ҳоло кормандони шуъба ба таҳқиқи масъалаҳои «Вазъи воридоти нусхаҳои ҳатмӣ ба китобхонаи миллии Тоҷикистон», «Чеҳраҳои мутолиотии донишҷӯёни мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар» камар бастаанд ва дар ин ҷода кор карда истодаанд. Бо кӯшиши ӯ дар ин даргоҳ як силсила дастурҳои соҳавӣ, ба монанди «Тақвими ҷашн ва санаҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Барои соли 2013, 2012), «Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Феҳристи адабиёт, 2013), «Осорномаи профессор Худойназар Асозода» (2014), «Тақвими арбобони барҷастаи фарҳанг ва санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Солҳои 2011—2012, 2013—2014, 2015, бо Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо Қурбоналӣ Бӯриев ва диг.), «Душанбе — шаҳри сулҳу дӯстӣ» (бо Китобхонаи марказии шаҳрии пойтахт ба номи А. Лоҳутӣ 2014) манзури хонандагону мутахассисони соҳаи китобдорӣгардонида шудаанд. Имрӯз Ҷӯрабой Раҷабов дар ҳамкорӣ бо мутахассисони варзида лоиҳаи «Рушди Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2015—2020» омода намуда, «Консепсияи китобшиносии таърихи халқи тоҷик»-ро таҳия карда истодааст ва ин ҳуҷҷатҳо барои равнақи минбаъдаи фаъолияти на фақат Китобхонаи миллии Тоҷикистон, балки соҳаи китобдории кишварамон мусоидат менамоянд.
Фаъолияти илмӣ
вироишҶӯрабой Раҷабов дар муддати зиёда аз чил соли фаъолияти кориаш 50 асару дастурҳои методию библиографӣ (дар ҳаҷми 120 ҷузъи чопӣ) офарида, 110 мақолаҳо барои таҷрибаи кори китобдорону китобхонаҳо ва тақризу тавсияномаҳо дар матбуот чоп намудааст. Ӯ дар таҳриру тарҷумаи 100 асарҳо, китобу дастурҳои соҳавӣ (200 ҷузъи чопӣ) низ саҳм гирифтааст, ки то кунун онҳоро китобдорону мутахассисони соҳаи китобдорӣ самаранок истифода мебаранд, аз ҷумла:
Дастурҳои методӣ:
- «Мавод ба ёрии кормандони китобхонаҳо барои гузаронидани машғулиятҳои семинарӣ» (1973),
- «Норак-иншооти бузург» (1973),
- «Аҳмадҷон Ҳамдӣ» (1975),
- «С. Айнӣ-асосгузори адабиёти советии тоҷик» (1977),
- «Китобхона ва кишту кори баҳорӣ» (1980),
- «Тавсияҳои методӣ барои адабиёти табиатшиносӣ ва муҳофизати табиат» (1983),
- «Ҷашнномаи адибони мо» (Бахшида ба тарғиби осори адабии Мирзо Турсунзода ва Муҳаммадҷон Раҳимӣ,1981),
- «Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва нависандагони советии тоҷик» (1990),
- «Вориси Хайём» (Бахшида ба фаъолияти адабии Лоиқ Шералӣ,1991),
- «Тарғиби осори бебаҳои ниёгон дар китобхонаҳо» (1994),
- «Осори адибони муосири тоҷик дар китобхонаҳо» (1997),
- «Тавсияҳои методию библиографӣ барои китобдорони китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2000) ба табъ мерасонад.
Асару дастурҳои методию библиографии омоданамуда:
- «Ҳамқадами замон» (Нависанда Шодӣ (Шодон) барои наврасон, 1991),
- «Шоир, китобхона ва кӯдакон» (Мулоҳизаҳо барои тарғиби асарҳои шоир Убайд Раҷаб байни кӯдакон дар китобхонаҳои бачагонаю мактабӣ, 1992),
- «Давраи тилоии тоҷикон» (Китобнома бахшида ба 1100 — солагии Давлати Сомониён, 1999),
- «Табиат ва кӯдакон» (Тавсияҳои методию библиографӣ ба ёрии китобдорони китобхонаҳои бачагона ва мактабӣ, 2002),
- «Фурӯғи маърифат» (Тавсияҳо барои китобдорони китобхонаҳои бачагонаи ноҳиявию шаҳрӣ ва вилоятӣ барои созмондиҳии ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2007),
- «Чор фасли соли кишвари соҳибистиқлоли ман — Тоҷикистон» (Баъзе андешаю мулоҳизот перомуни баргузории чорабиниҳо бо кӯдакону наврасон дар китобхонаҳо, 2007, ҳаммуаллиф Қурбон Авғонов),
- "Нашри китоб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Солҳои 1941—1945): Феҳристи адабиёт, 2005, ҳаммуаллиф Қурбон Авғонов),
- «Тарғиби осори Алӣ Бобоҷон дар китобхонаҳо» (Тавсияҳои методӣ ба ёрии китобдорони китобхонаҳои бачагона ва мактабӣ, 2006),
- "Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» (Мавод барои созмондиҳандагони Фестивал, 2008),
- «Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар» (Маводи роҳбарикунанда барои истифодаи хидматӣ, 2009, ҳаммуаллиф-таҳиягар Қурбон Авғонов),
- «Консепсияи хадамоти китобдории кӯдакону наврасон тавассути китобхонаҳои давлатӣ — оммавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2009, ҳаммуаллиф-таҳиягар Қурбон Авғонов) ва ғайра
Ҷ. Раҷабов ҳамчунин дар омӯзиш ва тахқиқи масоили муҳим — хадамоти китобдорӣ ба аҳолии хурдсоли ҷумҳурӣ, вазъи фаъолияти китобхонаҳои бачагонаю мактабӣ ва натиҷаи самарабахшии чорабиниҳои доиркардаи ин китобхонаҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, тавассути мақолаҳои «Маърифатгоҳи кӯдакон» (1984), «Китобхона ва тарбияи ҷавонон» (1985), «Ба хонандагони хурдсол дар бораи устод» (1987), «Ба бачагон дар бораи шоир А. Лоҳутӣ» (1987) мулоҳизаҳои ҷолиб баён кардааст. Ӯ барои ҳамаҷониба тарғиб намудани осори адибон Шодон Ҳаниф, Ҷамолиддин Тошматов, Лоиқ Шералӣ, Алӣ Бобоҷон ва Убайд Раҷаб дастурҳои «Ҳамқадами замон», «Ҷамолиддин Тошматов», «Вориси Хайём», «Тарғиби Алӣ Бобоҷон дар китобхонаҳо» ва «Шоир, китобхона ва кӯдакон»-ро барои китобдорон таҳия намудааст.
Дастурҳои таҳрирнамуда:
- «Хизматрасонии китобхонавии деҳоти ҶШС Тоҷикистон» («Библиотечное обслуживание села Таджикской ССР», мактуби методӣ ба ёрии китобхонаҳои оммавӣ, 1983),
- «Тақвими ҷашн ва санаҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 1998» (1997),
- «Ашъори Наримон Бақозода пур аз меҳру вафост» (Маводи методию библиографӣ барои китобдорон, 2006),
- «Китобчаҳои заррин» (Барои кӯдакони синфҳои 5-8): Хулосаи адабиёт, 2008,
- «Ҷашнҳои фархундаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Сенарияи баргузории маҳфилҳои адабӣ дар китобхонаҳо, 2008)
ва амсоли инҳо ба китобдорони китобхонаҳои бачагонаю мактабӣ то кунун кумак мерасонанд.
Ҷӯрабой Раҷабов беш аз 30 номгӯи ангораҳои таълимию омӯзишии адиб Абулвайси Азиз, ба монанди «Ваҳдат» (2011), «Нуроби Ваҳдат» (2014), «Чорахтар» (Рубоӣ ва дубайтиҳо ба ёди солгарду ҷашнҳои Барқобҳои Вахш, 2011), «Зартоӣ Авасто» (2011), «Эҳёи Наврӯз» (2011), «Наврӯзи гулҳо» (Ба истиқболи пазируфтани Наврӯз ҳамчун Иди байналмилалӣ, 2011), «Ровии сулҳу дӯстӣ: Мирзо Турсунзода» (2011), «Ҷанг ва сулҳ» (Дар асоси баъзе достонҳои «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ва нигоришоти Сотим Улуғзода оид ба достонҳои «Шоҳнома» (2014) ва чанде дигареро дар ҳамкорӣ бо А. Олимов таҳрир ва ба талабагони мактабҳои миёнаю донишпажӯёни донишкадаҳои олии кишвар пешкаш намудааст. Дар ҳамкорӣ бо ин адиби пуркор ӯ ангораҳои «Ҳикмати Самарқанд» (2012) ва «Ангораҳои ҷашнӣ» (Бахшида ба пешвози 600 — солагии Абдураҳмони Ҷомӣ ва 700 — солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва таъсиси ҷашнҳои 3000 — солагии Ҳисори Шодмон, 90 — солагии шаҳри Душанбе ва Иди Замин)-ро низ офаридааст.
Ҷоизаҳо
вироиш- Бо унвонҳои аълочии фарҳанг ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз шудааст.