Абдураҳим Раҳимов
Абдураҳим Раҳимов (5 январ 1952, ноҳияи Рӯдакӣ — 8 сентябр 2001, Душанбе) — библиограф ва китобшинос, доктори илмҳои педагогӣ, профессор. Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2001).
Абдураҳим Раҳимов | |
Таърихи таваллуд | 5 январ 1952 |
Зодгоҳ | ноҳияи Рӯдакӣ, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Таърихи даргузашт | 8 сентябр 2001 (49 сол) |
Маҳалли даргузашт | Душанбе, Тоҷикистон |
Кишвар |
![]() |
Фазои илмӣ | педагогика |
Ҷойҳои кор | Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, Академияи илмҳои Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои педагогика |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, Пажӯҳишгоҳи илмӣ тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Ҷоизаҳо | Аълочии фарҳанги Тоҷикистон |
Зиндагинома
вироишАбдураҳим Ҳамроевич Раҳимов 5 январи соли 1952 дар деҳаи Қосимободи ноҳияи Рӯдакӣ чашм ба ба дунё омдаааст. Пас аз таҳсил дар мактаби миёнаи деҳа ӯ Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии маданӣ-маърифатии ноҳияи Ленин ва факултаи китобдории Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистонро хатм кардаст.
Корнома
вироишДар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон аз омӯзгорӣ то проректорӣ ифои вазифа мекунад. Солҳои 1978—1981 дар аспирантураи назди Донишкадаи давлатии фарҳанги шаҳри Санкт-Петербург таҳсил мекунад ва дар мавзӯи «Системаи ахбори библиографӣ оид ба илмҳои ҷомеашиносӣ дар Тоҷикистон» рисолаи номзадӣ дифо намуда, сазовори унвони илми педагогӣ мегардад. Ӯ боз ба Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон баргашта, ба кори таълиму тарбияи донишҷӯён мепардозад ва дар ҳамин даргоҳ ба унвонҳои дотсент ва профессор мушарраф мегардад.
Абдураҳим Раҳимов дар соли 1997 директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 1998—2001 мудири шуъбаи фарҳанги Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Моҳи январи соли 1997 Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон то кушта шудан дар ҳамин мансаб кор кардааст.
Фаъоияти илмӣ
вироишБиблиограф ва китобшиноси варзидаи халқи худ Абдураҳим Раҳимов барои таҳқиқу рушди соҳа ва хусусиятҳои хоси миллии он, таҳқиқи осори қаламӣ ва чопии халқи тоҷик, илми соҳаи китобдории кишвар саҳми босазое гузоштааст.
Осор
вироиш- Назаре ба фаъолияти шуъбаи ахбороти илмии Китобхонаи Академияи фанҳои Тоҷикистон // Китобхонашиносӣ ва библиографияи Тоҷикистон: Маҷмӯаи мақолаҳо. — Душанбе, 1977. — С.97-108.
- Китобхонаи ба номи А.Фирдавсӣ — маркази ахбороти библиографӣ оид ба маданият ва санъати Тоҷикистон // Китобхонаи ба номи Фирдавсӣ — 50 сола: Маҷмӯаи мақолаҳо. — Душанбе: Ирфон, 1983. — С.104-110.
- Таҳкурсии ташаккули ахбороти библиографӣ // Проблемаҳои ташкилнамоӣ ва баландгардонии самаранокии хидмати китобхона¬вию библиографӣ ба аҳолии Тоҷикистон: Маҷмӯаи мақолаҳо. — Душанбе, 1986. — С.50-64.
- Раҳимҷон Шарофов: Нишондиҳандаи шарҳиҳолию библиографӣ / КДР ба номи Фирдавсӣ. — Душанбе, 1988. — 29 с.
- Китоби қаламӣ ҳамчун объекти фаъолияти библиографӣ // Проблемаҳо ва пешомадҳои таъмини ахборотию библиографии иқтисодиёт ва маданияти Тоҷикистон: Маҷмӯаи мақолаҳо. — Душанбе, 1989. — С.71-84.
- Андешаҳо перомуни китобу китобхона // Китобхонаи миллии Тоҷикистон: Ҷашннома. — Душанбе, 1993. — С.32-40.
К вопросу о периодизации истории библиорафической информации в Таджикистане //Библиотеке имени Фирдоуси 50 лет: Сб. статей. — Душанбе: Ирфон, 1983. — С.116-127.
- Проблемы библиографирования таджикско-персидской рукописной киниги: Состояние и пути оптимизации // Проблемы организации и повышения эффективности библиотечно-библиог. обслуживания населения Таджикистана: Сб. статей. — Душанбе, 1986. — С.5-35.
- Состояние библиотечного дела в Таджикистане и пути его оптимизации // Проблемы и перспективы информационно-библиографического обеспечения экономики и культуры Таджикистана: Сб. статей. — Душанбе, 1989. — С.24-41.
Даргузашт
вироишАбдураҳим Раҳимов 8 сентябри соли 2001 ҳангоми берун шудан аз манзили худ дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе ҳадафи тири афроди номаълум қарор гирифта, аз захми панҷ тири туфангча ба кушта шуд[1].
Эзоҳ
вироиш- ↑ Рао/Ро. Вазири фарҳанги Тоҷикистон Абдураҳим Раҳимов дар назди хонааш бо зарби тир кушта шуд(тоҷ.), Радиои Озодӣ (8 сентябри 2001). Проверено 27 феврали 2025.
Адабиёт
вироиш- Родмарде дар фарози фарҳанг: Маҷмӯаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти шодравон А.Ҳ.Раҳимов /Мураттиб Қ. Авғонов; зери назари К. Олимов; Муҳаррир. Ш. К. Тошев. — Душанбе, 2001. — 96 с.
- Тошев Ш. Раҳимов Абдураҳим Ҳамроевич //Коршиносони эҷодкори китобхонаи миллӣ: Маълумотномаи шарҳиҳолию библиографӣ /Мураттибон: Ҳ.Маҳмадҷонов, Ё.Сучонӣ; Муҳаррирон Ҷ. Раҷабов, А.Юнусов. — Душанбе: Эҷод, 2004. — С.52-54.