Майкл Ҷексон (англ. Michael Jackson, 29 августи соли 195825 июни соли 2009) — сарояндаи машҳури ИМА

Майкл Ҷексон
Michael Jackson
Иттилооти асосӣ
Ном ба ҳангоми таваллуд англ. Michael Joseph Jackson
Таърихи таваллуд 29 август 1958(1958-08-29)
Зодгоҳ Гэри, Индиана, ИМА
Таърихи даргузашт 25 июн 2009(2009-06-25) (50 сол)
Маҳалли даргузашт
Солҳои фаъолият 19642009
Кишвар
Пеша(ҳо) овозхон
Навъи садо тенор
Соз фортепиано[2][2][3], drum kit[d][4][3] ва сози зарбӣ
Сабк мусиқии поп, soul music[d], мусиқии рақсӣ, disco[d], рок[d], блюз[d], ритм энд блюз[d], funk[d], new jack swing[d], ҳип-ҳоп[d], ҳорд-рок[d], urban contemporary[d], сомбо[d][4] ва dance-pop[d]
Номи мустаъор The King of Pop
Ношир(он) Epic Records[d], Sony Music[d], Motown[d], Universal Music Group[d], Sony BMG[d], Legacy Recordings[d] ва Steeltown Records[d]
Ҷоизаҳо
Officer of the National Order of Merit
Grammy Lifetime Achievement Award

Grammy Legend Award[d] (1993)

International Artist Award of Excellence[d]

Genesis Award[d]

Grammy Award for Best Male R&B Vocal Performance[d] (1980)

Grammy Award for Album of the Year[d] (1984)

Grammy Award for Best Male Pop Vocal Performance[d] (1984)

Grammy Award for Record of the Year[d] (28 феврал 1984)

Grammy Award for Best Male Rock Vocal Performance[d] (28 феврал 1984)

Grammy Award for Best Album for Children[d] (1984)

Grammy Award for Producer of the Year, Non-Classical[d] (1984)

Grammy Award for Best Music Film[d] (1985)

Grammy Award for Song of the Year[d] (1986)

Grammy Award for Best Music Video[d] (1990)

Grammy Award for Best Music Video[d] (1996)

Johnny Mercer Award[d] (2002)

Grammy Award for Best R&B Song[d] (28 феврал 1984)

Grammy Award for Best Male R&B Vocal Performance[d] (28 феврал 1984)

Medal of the City of Paris[d] (июни 1988)

star on Hollywood Walk of Fame[d]

American Choreography Awards[d]

Rock and Roll Hall of Fame[d] (2001)

Соядаст
Соядаст
Сомонаи расмӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор
Ҳайкали Майкл Ҷексон дар Ҳоланд

Зиндагинома вироиш

Майкл Ҷозеф Ҷексон 29 августи соли 1958 дар шаҳри Гарии иёлоти Индиана ба дунё омадааст. Сарвари оила Ҷо мусиқанавози хуб буд ва кӯдакон аз хурдӣ дар ҷодаи дӯстдории санъат тарбия меёфтанд. Ҳанӯз дар синни шаш солагӣ Майкл хуб рақсида ва суруда метавонист. Падар бо бародарони Майкл гурӯҳи овозхонони панҷгонаро бо номи «Jackson Five» ташкил кард, ки дар он Майкли шашсола низ баромад мекард. Чанде пас, истеъдоди баланди Майкл ва гурӯҳ дар маҳалли худ овозадор гардид. Дар байни солҳои 1969 ва 1971 гурӯҳ шаш суруди алоҳидаи худро пешкаши мухлисон гардонд, ки дар байни онҳо сурудҳои "I Want You Back" ва "ABC" машҳур шуданд. Дар давоми солҳои 70-ум гурӯҳ боз чандин хитҳои дигар баровард. Ба Ҷексони наврас баромадҳои гурӯҳӣ кофӣ набуд ва ӯ дар студияи [[Motown соли 1971 суруди дар алоҳидагӣ сурудаашро сабт кард. Вақте ки суруди "I"ll Be There" дар байни дӯстдорони мусиқӣ машҳур шуд ва дар хит – парад ҷои чорумро гирифт, ба ҳамагон аён гашт, ки дар осмони санъати сарояндагии Амрико ситорае наве тулӯъ мекунад. Дар баробари кор бо бародарон, Ҷексон боз чандин суруди алоҳидаи худро месарояд ва чанде пас нахусталбоми худро мебарорад. Охири солҳои ҳафтодум Майкл ҳунари худро дар синамо санҷидан мехоҳад ва бо Дайана Росс дар филми "Волшебник из страны Оз" ("The Wizard of Oz") нақш меофарад. Филм дар байни тамошобинон комёб нагардид, вале Ҷексонро бо продюсери овозадор Куинсӣ Ҷонс шинос кард. Ҷонс ва Ҷексон дар якҷоягӣ албоми нави сарояндаро "Off the Wall" ([[1979) бароварданд, ки он муаллифашро ба қатори ситорагони олами мусиқӣ ворид сохт. Дар як муддати кӯтоҳ 10 миллион нусхаи сабти ин албом ба фурӯш рафт. Мунаққидон ба он баҳои баланд дода, омезиши хуби сабкҳои соулу рокро қайд карданд. Чор суруди ин албом дар хит-парадҳо ҷои аввалро гирифта, яктояш ба Майкл ҷойизаи Грэммиро овард. Албоми "Thriller", ки соли 1982 баромада буд, шуҳрати овозхонро ба авҷи аъло расонид. «Thriller» аз ҷиҳати миқдори фурӯш ҳамаи рекордҳи нав гузошт ва он то ҳол боқист. То охири аср 46 миллион нусхаи он ба фурӯш рафт; албом сазовори ҳафт ҷоизаи «Грэммӣ» гардид. Дар он сурудҳое буданд, ки видеоклип доштанд. Дар видеоклипҳо дар баробари санъати сарояндагии Майкл инчунин истеъдоди баланди раққосии ӯ ҳувайдо буд. Ҳарчанд ки албомҳои ояндаи Ҷексон "Bad" (1987) ва "Dangerous" (1991) бо теъдоди зиёд пешкаши мухлисон гардиданд ва дар хит-парадҳо пешсаф буданд, вале рекорди «Thriller]]» дигар дастнорас буд. Соли 1994 Ҷексон ба духтари сарояндаи машҳури рок-н-ролл Элвис ПреслӣЛайза Мария издивоҷ мекунад, вале ҳаёти оилавии онҳо дер давом накард ва онҳо ду сол пас ҷудо шуданд. Бори дуюм Майкла тирамоҳои соли 1996 оила бунёд кард. Ӯ ба Деббӣ Роу хонадор шуд. Дар ду соли оянда онҳо соҳиби ду фарзанд - Принс Майкл Ҷексони хурдӣ ва Пэрис Майкл Катрин Ҷексон гардиданд. Вале ин оиладорӣ низ дер давом накард ва соли 1999 онҳо ҷудо шудан. Соли 2001 Майкл Ҷексон сиюмин солгарди ҳунармандияшро ҷашн мегирад ва дар саҳна бо гурӯҳи Jackson Five баромад мекунад.

Ҷоизаҳои гирифтаи Майкл Ҷексон вироиш

Инҷоро ҳам бингаред вироиш

Викианбор маводҳои вобаста ба мавзӯи

Эзоҳ вироиш