Муҳсин Аминзода
Муҳсин Аминзода (Аминзода Муҳсин Муҳиддинович; тав. 10 марти 1954, Хуҷанд) — шоири тоҷик. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1999).
Номи пурра | Аминзода Мӯҳсин Муҳиддинович |
---|---|
Таърихи таваллуд: | 10 март 1954 (70 сол) |
Зодгоҳ: | Хуҷанд |
Навъи фаъолият: | шоир |
Зиндагинома
вироишМуҳсин Аминзода 10 марти соли 1954 дар шаҳри Хуҷанд, дар хонадони шоир ва тарҷумони маъруфи тоҷик Муҳиддин Аминзода, ба ҷаҳон омадааст. Соли 1968 мактаби ҳаштсолаи № 1 шаҳри Хуҷандро хатм карда, таҳсилашро дар мактаби миёнаи № 5 идома додааст. Баъди хатми мактаби миёна дар Комбинати овозадори «Абрешим» ба фаъолияти меҳнатӣ пардохта, пайваста шеър ҳам офаридааст. Аслан, шавқи навиштани шеър дар дилаш аз овони мактабхонӣ ҷой гирифта, маслиҳатгари аввалинаш дар ҷодаи эҷод хоҳараш — шоираи маҳбуб Озод Аминзода будааст. Нахустин шеъри ӯ «Муаллим» солҳои мактабхонияш дар рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» чоп шудааст. Баъди панҷ соли кор дар комбинати мазкур, соли 1976, донишҷӯи факултаи филологияи Институти давлатии педагогии Ленинобод шудааст ва таҳсил дар донишгоҳи олӣ ба фаъолияти эҷодии ӯ таъсири мусбат расондааст. Солҳои донишҷӯӣ дар курс-конфаронсҳои ҷумҳуриявии адибони ҷавон ширкат варзида, аз маслиҳату машварати устод Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Сайидалӣ Маъмур, Камол Насрулло, Фарзона ва диг. бархурдор гаштааст.
Эҷодиёт
вироишНахустин маҷмӯаи ашъори ӯ «Чашма» соли 1989 ба чоп расидааст. Китоби дувуми ӯ «Сояи хаёл» соли 1998 интишор ёфтааст. «Занҷираи заррин» савумин китоби шеърҳои Муҳсин Аминзода мебошад, ки соли 2007 мунташир гардидааст. Китоби чоруми ашъорашро «Қаламам Ватан навишт» (2014) номгузорӣ кардааст, ки саршори андешаҳои миллату ватандӯстии ӯст. Аз соли 1981 дар Кумитаи телевизион ва радиои вилояти Суғд фаъолият мебарад. Бештар бо таҳияи барномаҳои адабию фарҳангию ахлоқӣ ва филмҳои мустанад машғул аст. Барои офаридани панҷ филми мустанад дар бораи ҳаёт ва маҳсули эҷоди Аминҷон Шукӯҳӣ, Боймуҳаммад Ниёзӣ, Муҳиддин Аминзода ва Озод Аминзода сазовори Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ гардидааст. Филми мустанади ӯ дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Нависандаи халқии Тоҷикистон Раҳим Ҷалилро дӯстдорони адабиёт хуш пазируфтанд. Очеркномаҳои ӯ «Диловарони Ёва» ва «Ӯ аввалин буд» аз қаҳрамонию шуҷоати зодагони деҳаи Ёва дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва маҳсули кору ҷустуҷӯҳои пурсамари олими зардолушинос Аҳмадҷон Пӯлодов нақл мекунанд.
Ҷоизаҳо
вироиш- Аълочии фарҳанг, матбуот, телевизион ва радиои Тоҷикистон.
- Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе, «Адиб», 2014, — с. 37-38 ISBN 978-99947-2-379-9
Сарчашма
вироиш- Аминзода Муҳсин // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |