Сафар Амиршоев
Сафар Амиршоев (15 декабри соли 1912, деҳаи Заргар, ноҳияи Ховалинг, вилояти Кӯлоб – 16 июли 1944, деҳаи Жежмаряй, Литва) — сержанти калони гвардия ва иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ (1944).
Сафар Амиршоев | |||
---|---|---|---|
Зодрӯз | 15 декабр 1912 | ||
Зодгоҳ | деҳаи Заргар, хонигарии Бухоро, Империяи Русия[1] | ||
Таърихи даргузашт | 16 июл 1944 | ||
Мансубият | Иттиҳоди Шӯравӣ | ||
Намуди лашкар | артиллерия | ||
Солҳои хидмат | артиллерия | ||
Рутба | Сержанти калони гвардия | ||
Қисм | сержанти калон | ||
Фармондеҳ | фармондеҳи тӯпҳо | ||
Набард/ҷангҳо | Ҷанги Бузурги Ватанӣ | ||
Ҷоизаҳо |
(пас аз марг) |
||
Равобит |
Зиндагинома
вироишСафар Амиршоев 15 декабри соли 1912 дар деҳаи Заргар, хонигарии Бухоро, Империяи Русия (ҳозира Деҳоти Лоҳутӣ, ноҳияи Ховалинг) дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Маълумоташ миёнаи нопурра. То соли 1935 дар колхози ба номи Кирови ноҳияи Балҷувон ҳисобчӣ ва котиби колхоз буд. Соли 1935 ба сафи Армияи Сурх даъват шуда, дар шаҳри Сталинобод дар ҳайати полки 47-уми кӯҳгарди савораи тоҷик аввал ҳамчун аскари қаторӣ ва пас аз хатми мактаби 6-моҳаи командирӣ ёрдамчии командири взводи савора (то соли 1937) буд.
Иштирок дар ҶБВ
вироишСафар Амиршоев декабри 1941 ихтиёрӣ ба ҷанг рафт. Дар ҳайати батареяи 5-уми дивизиони 2-юми полки 206-уми артиллерии дивизияи 8-уми артиллерии захираҳои Сарфармондеҳи Олии ҷабҳаҳои Ҷанубу Ғарбӣ ва Воронеж, сипас дар ҳайати полки 213-уми артиллерии гвардиявии корпуси 5-уми артиллерии Армияи 5-уми Белоруссия ба сифати командири дастаи тӯпчиён ҷангидааст. Дар яке аз муҳорибаҳо бо тӯпи худ гитлерчиёни бисёреро нобуд сохта, аслиҳаи ҷангии онҳоро ғанимат гирифт.
Қаҳрамонӣ ва марг
вироишСубҳи 16 июли 1944 бригадаи 8-уми артиллерӣ ба канори шаҳрчаи Жожмаряйи Литва наздик шуд. Душман бо 58 танк ва сарбозони зиёд ба ҳуҷум гузашт. Ҷанги шадид сар шуд. Сафар Амиршоев аввалин шуда оташ кушод. «Шоҳпаланг» якбора дар ҷояш истоду аз он дуд фағона зад. Душман якбора ба муқобили тӯпи Сафар Амиршоев 12 танкро сафарбар кард. Сафар Амиршоев танки якумро сӯзонд. Яке аз снарядҳо дар назди тӯпи Сафар Амиршоев таркид. Сипари чапи тӯп сӯрох шуда, тӯпи Сафар Амиршоев таркид ва худи Сафар Амиршоев захмӣ шуд. Шикастапораи снаряд синаи ӯро шикофта, аз миёнаи шонааш баромада буд. Сафар Амиршоев оғуштаи хун ҷангро давом дода, боз як танки душманро тарконд. Қаҳрамонии бемисли ӯ ҷанговаронро рӯҳбаланд кард. Онҳо чор танкро аз кор бароварданд. Душман ақиб гашт. Сафар Амиршоев дар шафати тӯпаш ҳалок шуд.
Бо фармони Президиуми Совети Олии ИҶШС аз 25 сентябри соли 1944 ба сержанти калон Сафар Амиршоев, баъд аз марг, унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шуд. Дар қабристони бародарии шаҳри Жежмаряй ба хок супорида шудаст.[2]
Ордену медалҳо
вироишБо орденҳои Ленин, Ситораи Сурх ва медалҳои «Барои шуҷоат» ва «Барои мудофиаи Сталинград» сарфароз гардидааст.
Бузургдошт
вироишДоир ба корномаи Сафар Амиршоев ҷангноманавис Раҳмон Сафар очерки «Ӯ мурдан намехост» ва повести ҳуҷҷатии Сафар Амиршоев (Душанбе:Ирфон,1973. – 122 с.) навиштааст. Дар Театри мусиқию мазҳакавии шаҳри Кӯлоб ва Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов аз рӯи пйесаи Р. Сафаров ва Т. Аҳмадхонов соли 1977 намоишномаи «Сафар Амиршоев»-ро ба саҳна гузошта буданд.
Хотира
вироиш- Дар қабристони бародарон, вилояти Каунас, ноҳияи Кайшядор, шаҳри Жежмаряй, кишвари Литва ба хок супурда шудааст.
- Дар шаҳри Жежмаряй кӯчаро ба номаш гузоштаанд.
- Дар шаҳри Душанбе кӯчаи Сафар Амиршоев
- Дар ноҳияи Балҷувон Деҳоти Сафар Амиршоев
- Дар шаҳри Кӯлоб кӯча ва муҷассамашро
- Дар ноҳияи Кӯлоб хоҷагии калонтаринро
- Дар деҳаи Даҳана муҷассамаашро гузоштаанд то номи қаҳрамон фаромӯш нашавад.
Адабиёт
вироиш- Р. Сафаров Сафар Амиршоев. – Душанбе: Ирфон,1973. – 122 с.
Эзоҳ
вироишПайвандҳо
вироишСарчашма
вироиш- Амиршоев Сафар // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.