Ноҳияи Спитамен

(Тағйири масир аз Ноҳияи Нов)

Ноҳияи Спитамен (форсӣ: ناحیۀ اسپيتمن‎) — яке аз ноҳияҳои идории вилояти Суғд аст. Маркази ин ноҳия шаҳраки Навкат. Аҳолӣ — 128 700 нафар. Масоҳат — 496,7 км². Дар масофаи 28 км ҷанубу ғарбтар аз шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст. Аз Спитамен то Душанбе 294 км роҳ аст.

Ноҳияи маъмурӣ
Ноҳияи Спитамен
русӣ: Спитаменский район
Кишвар  Тоҷикистон
Тобеъи Вилояти Суғд
Шомили 1 шаҳрак ва 6 ҷамоат
Маркази маъмурӣ Навкат
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис 29 сентябри 1926
Масоҳат 496,7 км²
Вақти минтақавӣ UTC+05:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 149 700[2] нафар (2022)(6-ум ҷой)
Зичӣ 321,7 нафар/км²
Миллият тоҷикон
Мазҳаб мусулмонон-суннҳо
Забони расмӣ тоҷикӣ ӯзбекӣ
Шиносаҳои ададӣ
Сарвожа NA
Рамзи ISO 3166-2 TJ.SU.NA
Коди телефон +992 3441
Нишонаи почта 735800
Домени интернет tj
Коди мошинҳо 02 TJ
Ноҳияи Спитамен дар харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ҷойгоҳ

вироиш

Ноҳияи Спитамен бо сарзамини 355,7 км² дар водии Фарғона ҷой дорад. Дар шимол бо ноҳияи Масчоҳ, дар шарқ — бо ноҳияи Ҷаббор Расулов, дар ҷануб — бо ноҳияи Деваштич, дар ғарб — бо ноҳияи Зафаробод аз ноҳияҳои вилояти Суғд ҳамсоя ва дар ҷануб бо ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон ҳаммарз аст.

Иқлим

вироиш

Таърих

вироиш

Ин ноҳия 29 сентябри 1926 чун ноҳияи Нов дар бахше аз округи Хуҷанд дар Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон таъсис ёфта аст. 10 маи соли 1929, бино бар Қарори III анҷумани Шуроҳои ҶШС Ӯзбекистон округи Хуҷанд ба Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон дода шуд ва дар октябри соли 1929 бахше аз Тоҷикистон шуд.

21 ноябри соли 2003 бар асоси Қарори № 460 Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ёди Спитамен ноҳияи Спитамен[3] номида шуд.

Мардум

вироиш

Мардуми ноҳияи Спитамен бо забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ сухан мегӯянд. Бар пояи омори соли 2015, ноҳияи Спитамен 128 700 тан ҷамъият дошт ва зичии аҳолияш 321,7 кас дар км² буд.

сол 2014 2015 2019 2020
шумора
(ҳаз. нафар)
125,6 128,7 139,2 141,6

Бахшбандӣ

вироиш

Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Спитамен 1 шаҳрак ва 5 ҷамоат дорад[4]:

Ҷамоатҳои ноҳияи Спитамен[5]
Ҷамоат Аҳолӣ
Навкат 23 578
Куруш 21 702
Сарбанд 6 442
Турсун Ӯлҷабоев 12 910
Истиқлол 13 879
Тағояк 12 047
Хуррамзамин 6246

Ҳукумат

вироиш

Сарвари ноҳияи Спитамен Раиси Ҳукумати он аст ки вайро Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Спитамен Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад ки онро раъйдиҳандагони ноҳияи Спитамен барои 5 сол интихоб мекунанд.

Иқтисод

вироиш

Ноҳияи Спитамен 288 хоҷагии кишоварзӣ, аз ҷумла 283 хоҷагии деҳқонӣ, дорад. Ҳаҷми умумии заминҳои корами ноҳия 16 425 га, аз ҷумла 15 821 га замини обӣ, аст. Маҳсули аслии кишоварзии ноҳия пахта, сабзавот, ғалла ва качолу аст[6].

Ҷиҳати рушди соҳаи саноат танҳо дар панҷ соли охир дар ноҳия 15 корхонаи нав ба фаъолият оғоз карда, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бамаротиб афзоиш ёфтааст. Яке аз иншооти зикршуда Корхонаи муштараки ҶСП «Норд Азия Металл» мебошад.

Бунёди корхонаи мазкур бо ҳамкории соҳибкорони маҳаллӣ ва сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин ду сол пеш оғоз ёфта, барои сохтмони он беш аз 23 миллион сомонӣ равона шудааст. Корхонаи «Норд Азия» баъди бо иқтидори истеҳсолии пурра ба кор даромаданаш дар як сол ба маблағи 50 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол менамояд ва 120 нафар сокинони маҳаллиро бо ҷойи кори доимӣ таъмин месозад.

Фаъолияти корхонаи ҶДММ «Спитамен Ойл» низ оғоз гардид, ки бо иқтидори коркарди 150 тонна ашёи хом дар як шабонарӯз бунёд гардида, равғани рустанӣ истеҳсол мекунад. Коргоҳ дар як сол метавонад то 30 ҳазор тонна равғани рустании тоза истеҳсол намояд. Илова бар ин, дар корхона дар асоси технологияи замонавӣ хӯроки махсуси ғизоноки паранда истеҳсол мегардад. Дар корхонаи мазкур низ 120 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи корӣ таъмин карда мешаванд.[7]

Роҳҳои мошингард

вироиш

Дар ҳудуди ноҳия дар самти азнавсозӣ ва обод кардани роҳҳои мошингард танҳо соли 2015 қариб 100 километр роҳҳои дорои аҳаммияти маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ аз таъмир бароварда шудаанд. Аз ҷумла, роҳи мошингарди Куруш-Спитамен пурра азнавсозӣ гардида, роҳи Спитамен -шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ ба масофаи беш аз 50 километр ба маблағи 13 миллион сомонӣ таъмир карда шудааст.

Бо сифати баланд ба истифода додани он имконият фароҳам овард, ки рафтуомади мусофирон ба минтақаҳои дигари кишвар, аз ҷумла барои сокинони ноҳияи Мастчоҳ тавассути ноҳияи Спитамен осон гардида, акнун аҳолии ноҳияи Мастчоҳ барои то пойтахти кишвар расидан 130 километр роҳро камтар тай менамояд.[7]

Маориф ва фарҳанг

вироиш

Тандурустӣ

вироиш

Ноҳия дар аксҳо

вироиш