Ашӯрова Озодахон Машрабовна (таваллуд 8. 6. 1970, шаҳри Конибодом) — ҳунарпеша, мақомсаро, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2011).

Озодахон Ашӯрова
Озодахон Машрабовна Ашӯрова
Таърихи таваллуд 8 июн 1970(1970-06-08) (54 сол)
Зодгоҳ шаҳри Конибодом
Пеша(ҳо) сароянда,ҳунарпеша

Зиндагинома

вироиш

Хатмкардаи омӯзишгоҳи касбҳои техникии Конибодом (1992) ва факултети мусиқии тоҷикии (мусиқии анъанавӣ) ДДСФТ ба номи М. Турсунзода (2000). Сабки мақомсароиро дар давраи донишҷӯӣ таҳти сарварии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Барно Исҳоқова омӯхтааст. Фаъолияи сарояндагиро соли. 1996 дар Ансамбли давлатии «Шашмақом»-и ба номи Ф. Шаҳобови Кумитаи давлатии радиошунавонӣ ва телевизиони Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, ҳамзамон солҳои 2003–2007 таҳсилро дар Академияи мусиқии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома додааст. Ҳоло ба ҳайси сарояндаи ансамбли «Шашмақом»-и ҳамин академия фаъолият менамояд.

Эҷодиёт

вироиш

О. Ашӯрова зиёда аз 100 суруди мардумӣ, классикӣ ва композиторони тоҷикро сурудааст. Махсусан шохаҳои овозии «Ушшоқ», «Муғулчаи Дугоҳ», «Сарахбори Ороми ҷон», «Ороми ҷон», «Уфари Ороми ҷон», ва ғ.-и «Шашмақом»-ро бо тозаҷӯиҳо иҷро намудааст. О. Ашӯрова дар баробари ин ба эҷодкорӣ машғул аст. Масалан, дар заминаи намуди «Ораз» силсилаи «Савти Ораз»-ро эҷод намуда, дар CD сабт кардааст. О. Ашӯрова ширкаткунанда ва дорандаи ҷоизаи озмуни байналмилалии «Шарқ тароналарӣ» (Самарқанд, 2003), Симпозиуми байналмилалии мақом (Исфара, 2003) ва ғ. аст. Ба мамлакатҳои Россия, ИМА, Белгия, Испания, Англия, Юнон, Миср, Эрон, Фаронса, Олмон, Словения, Норвегия, Ҳиндустон, Шветсия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон сафарҳои ҳунарӣ карда, мусиқии анъанави (классикӣ)-и тоҷикро муаррифӣ намудааст. Аз соли 2003 ҳар сол бо даъвати ҳукумати Фаронса дар шаҳрҳои ин мамлакат барномаҳои консертӣ баргузор менамояд.

Ҷоизаҳо

вироиш

Барандаи ҷоизаи Фестивал-озмуни умумииттифоқӣ дар шаҳри Маскав (1987). Соли 2008 сазовори ҷоизаи байналмилалии Грэми гардидааст. Аълочии радио ва телевизиони Ҷумҳурии Тоҷикистон. Бо медали «Хидмати шоиста» сарфароз гардидааст. / Н. Шарипов

Сарчашма

вироиш