«Омӯзгор» — ҳафтаномаи Вазорати маорифи ҶТ ба забони тоҷикӣ мебошад.

Навъ ҳафтанома

Ношир Вазорати маорифи ҶТ
Даврият 1 маротиба дар як ҳафта

Ношир — Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Мавзӯъҳои рӯзнома — шарҳу тавзеҳи вазъи маориф дар Тоҷикистон. Таҳлил ва шарҳи масъалаҳои таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ, усулҳои нави таълиму тарбия ва ҳаёти иҷтимои ва фарҳангии мамлакат мебошад. Рӯзнома ба андозаи А — 3 16 саҳифа ба забони тоҷикӣ, дар як ҳафта 1 маротиба нашр мешавад.

Таърих

вироиш

Дар таърихи маориф, фарҳанг ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 июли соли 1932 мувофиқи қарори Бюрои КМ ПК (б) Тоҷикистон аз 5 июл (Протоколи № 112) шумораи аввалини рӯзномаи педагогӣ бо номи «Барои маорифи коммунистӣ» ба табъ расид. Бо ҳамин ном рӯзнома то соли 1938 нашр гардида, дар ташкили мактабҳои замони нав, маҳви бесаводӣ ва татбиқи инқилоби маданӣ хидмати шоиста намуд.

Соли 1938 рӯзнома ба «Газетаи муаллимон» табдили ном карда, то соли 1942 бо ҳамин унвон нашр гардид. Вобаста ба душвориҳои солҳои Ҷанги Дуюми Ҷаҳон, аниқтараш, аз соли 1942 то соли 1946 нашри рӯзнома муваққатан қатъ гардид. Пас аз танаффуси 4-сола моҳи сентябри соли 1946 «Газетаи муаллимон» аз нав ба табъ расид ва бо ҳамин ном то соли 1959 нашр гардида, тамоми рӯйдодҳои муҳими соҳаи маорифро инъикос менамуд.

Соли 1959 рӯзнома ҳамчун нашрияи вазоратҳои маориф ва маданияти ҷумҳурӣ унвони «Маориф ва маданият»-ро гирифт ва дар баробари инъикоси масъалаҳои сиёсию иқтисодии кишвар, инчунин, дар баррасии масъалаҳои гуногуни соҳаи маориф, фарҳанг ва адабиёт ҳамаҷониба саҳми арзанда мегузорад. Бахусус, мубоҳисаҳои илмию адабие, ки дар саҳифаҳои рӯзнома чоп мешуданд, мавриди таваҷҷуҳи ҳамешагии хонандагон қарор доштанд.

Аз 1 январи соли 1981 рӯзномаи «Маориф ва маданият» ба ду рӯзномаи мустақил: «Газетаи муаллимон» — нашрияи Вазорати маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон ва «Маданияти Тоҷикистон» — нашрияи Вазорати фарҳанги ҶШС Тоҷикистон ҷудо шуд.

«Газетаи муаллимон» солҳои 80-ум низ миёни ҳаводорони худ маҳбубияти хоса дошт. Таҳкими заминаҳои моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, такмили ихтисоси омӯзгорон ҷиҳати пешрафти раванди таълиму тарбия, тарғиби дастовардҳои тозатарини соҳаи маориф ва таҷрибаи пешқадами педагогӣ аз мавзӯъҳои муҳими рӯзнома буданд.

Бо оғози бозсозӣ дар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла, Тоҷикистон талабот ба васоити ахбори омма дигар шуд. Вобаста ба талаботи нав, бахусус, арҷгузории забони модарӣ ва суннатҳои миллӣ дар сохтори рӯзнома ва номи он тағйирот ба амал омад. Бо қарори Ҳукумати ҶШC Тоҷикистон аз 28 майи соли 1989 «Газетаи муаллимон» ба ҳафтаномаи «Омӯзгор» табдили ном кард ва нашрия дар таърихи худ бори аввал номи тоҷикиро гирифт. Тағйироти шаклӣ ва пурмазмун шудани муҳтавои ҳафтанома боиси боз ҳам баланд гардидани нуфузи «Омӯзгор» шуд. Солҳои 1991 теъдоди нашри он ба 48 000 нусха расид.

Аз соли таъсис (1932) то давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистн (1991) нашрия бо номҳои гуногун рӯи чоп омада, дар ҳақиқат, ҳамчун оинаи маорифу фарҳанги кишвар хидматҳои арзандаву шоистаро ба анҷом расонидааст. Пеш аз ҳама муҳаррирони масъули собиқи нашрия Саид Носиров, Баҳром Сирус, Абдураҳмон Бухоризода, Қосим Ҳакимзода, Нуриддин Пиримқулов, Фазлиддин Муҳаммадиев, Бобо Худойдодов, Абдураҳмон Аҳмадов, Музаффар Олимов, Бӯринисо Бердиева, Бобо Насриддинов, С. Сайфуллоев ҷиҳати рушду нумӯи нашрия хидматҳои арзанда кардаанд. Рӯзноманигорон М.Боғиров, Б. Муҳаммадалиев, Қ. Маҳмудов, А. Расулов, М.Муҳаббатшоев, М.Яҳёев, О.Қаҳҳорова, Р.Имомов, Д.Дӯстов, А.Шукуров, Н.Азизов, Ҷ.Абдулҳаев, С.Қаландаров, Б.Расулзода, М.Кенҷаева, Ғ. Муродалиев, М. Рустам ва дигарон бо навиштаҳои худ дар баррасию ҳалли бисёр проблемаҳои соҳаҳои маориф ва фарҳанг саҳмгузорӣ кардаанд. Ҳамчунин, нашрия барои бисёр адибони шинохтаи ҷумҳурӣ мактаби сайқали маҳорати эҷодӣ буд. Аз ҷумла, нависандагон Болта Ортиқов, Фазлиддин Муҳаммадиев, Бобо Насриддинов, Ӯрун Кӯҳзод, Ҷумъа Одинаев, Мутеулло Наҷмиддинов, Фотеҳ Абдулло, Бахтиёр Муртазоев, Эҳсон Субҳонов, Абдуғаффор Партоев, Назокат Олимова, шоирон Бозор Собир, Мастон Шералӣ, Ҳабибулло Файзулло, Сарвар Аминҷонов, Ҳақназар Ғоиб, Ҳикмат Раҳмат, Ҳоҷӣ Мурод, Султон Шоҳзода, Амонбек Шаҳзода, Раҳмат Назрӣ, Зулфия Атоӣ, Сармад, Нафасбеки Раҳмон ва дигарон кор карда, намунаҳои эҷоди худро дар саҳифаҳои нашрия ба табъ расонидаанд. Бисёр олимон ва муҳаққиқон низ дар ин нашрия ба камол расидаанд, ки Баҳром Сирус, Абдураҳмон Бухоризода, Асаддуло Саъдуллоев, Урватулло Тоиров, Бобо Худойдодов, Б.Олимов, О. Бозоров аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Хидматҳои шоистаи ҳафтаномаи «Омӯзгор» дар рушди соҳаи маориф ва фарҳангу илму маърифат соли 1982 бо Грамотаи фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон ва баъдтар, бо Ифтихорномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр карда шудааст.

Буҳрони сиёсии ибтидои солҳои 90-ум дар ҷумҳурӣ ба воситаҳои ахбори умум, аз ҷумла, рӯзномаю маҷаллаҳо бе таъсир намонд. Дар натиҷаи гусаста шудани робитаҳои иқтисодии Тоҷикистон бо ҷумҳуриҳои собиқ ИҶШС, ба амал омадани буҳрони шадиди иқтисодӣ, душвориҳои пайдо кардани маводи полиграфӣ (коғаз, пластина, плёнка ва ғайра) дар ҷумҳурӣ ва нокифоягии маблағ «Омӯзгор» солҳои 1994—1997 душвортарин марҳилаи мавҷудияти худро аз сар гузаронд. Ҳаҷми ҳафтанома аз 16 то ба 8 саҳифа кам шуда, чопи он ба таъхир меафтод. Танҳо бо дастгирии Вазорати маориф ва ҳамчунин, матонат, садоқат ва фидокорию ҷоннисориҳои чанде аз кормандони сарсупурдаи он «Омӯзгор» барқарор монд.

Сохтор

вироиш

Пайвандҳо

вироиш