Саид Носиров
Саид Носиров (Носиров Саид Тӯрабоевич; Саид Носир; 1901, Хуҷанд — 21 октябри 1938, Сталинобод[1]) — рӯшанфикри тоҷик, арбоби давлатӣ, собиқадори маориф ва фарҳанги Тоҷикистон.
Носиров Саид Тӯрабоевич | |
Комиссари маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон
|
|
1932 — 1934 | |
Пешгузашта | Нисор Муҳаммад |
Ҷонишин | Кулӣ Абдинов |
Таваллуд |
1901 |
Даргузашт |
21 октябр 1938 |
Фарзандон | Юсуф Носиров |
Ҷоизаҳо |
Зиндагинома
вироишДар мактаби ибтидоии Хуҷанд ва мактаби русии маҳаллӣ таҳсил кардааст. Саид Носиров солҳои 1918—1920 котиби комитети камбағалони шаҳри Фарғона, котиби комитети комсомолии вилояти Фарғона интихоб гардид, солҳои 1920—1922 ба сафи Армияи Сурх даъват шуд ва дар ҳайати Экспедитсияи Ҳисор дар озод намудани Бухорои Шарқӣ иштирок кард.
Саид Носиров солҳои 1923—1924 мудири шӯъбаи ташкилии комитети партиявии шаҳри Хуҷанд; соли 1925 котиби комиҷроияи ноҳияи Ҷиликӯл, 1926—1929 прокурори шаҳрҳои Кӯлоб, Уротеппа, Панҷакент, соли 1929 раиси суди округи Хуҷанд, 1930—1931 раиси Комиҷроияи шаҳри Хуҷанд, 1931—1932 ҷонишини раиси КИМ ҶШС Тоҷикистон буд. Соли 1932 комиссари маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон таъйин шуд ва дар айни замон (1934) раиси комитети ташкилии Иттифоқи нависандагони ҶШС Тоҷикистон буд, як муддат раиси Иттифоқи нависандагон низ интихоб шудааст.
Саид Носиров аз июни 1934 ба хидмати ҳарбӣ гузшт, аввал ҷонишин, баъд комиссари дивизияи 20 кӯҳгарди тоҷик буд[2].
Саид Носиров аз соли 1923 узви КПСС буд ва дар солҳои 1931—1937 депутати КИМ-и ҶШС Тоҷикистон узви КМ ҲК (б) Тоҷикистон интихоб шудааст.
Ҷоизаҳо
вироишВай бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнати ҶШС Тоҷикистон, грамотаҳои фахрӣ қадрдонӣ шудааст.
Бузургдошт
вироишЯке аз кӯчаҳои Хуҷанд ва шаҳри Душанбе ба номи ӯ гузошта шудааст[3].
Эзоҳ
вироиш- ↑ Сталинские расстрельные списки по Таджикской ССР.(рус.). pomnirod.ru. Мое Семейное Древо. 21 июни 2022 санҷида шуд.
- ↑ Мильбах В. С., Павлович С. Л., Чураков Д. Р. Политические репрессии командно-начальствующего состава, 1937—1938 гг. Среднеазиатский военный округ. — СПб.: Гангут, 2019. — 340 с. — С.261.
- ↑ Носиров Саид Тӯрабоевич // Донишномаи Душанбе. — Д.: СИЭМТ, 2016. — С. 480. — 732 с. — ISBN 978-99947-33-89-7.
Адабиёт
вироиш- Носиров Саид // Муҳит — Плеханов. — Д. : СИЭСТ, 1984. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 5).
- Носиров Саид Тӯрабоевич // Кӯлоб. Энсиклопедия. — Д.: СИЭМТ, 2006. — 640 с. — ISBN 5-89870-071-4.