Парчами Русия
Парчами Русия
Нишони Русия
Нишони Русия
Харитаи Русия

Русия (русӣ: Россия) расмӣ Федератсияи Русия (русӣ: Российская Федерация) — давлатест, ки дар қисми шарқии Аврупо ва қисми шимолии Осиё қарор гирифтааст ва рӯзи 7 ноябри соли 1917 ҳамчун рӯзи таъсисёбии давлат ба шумор меравад. Солҳои 19221991 РСФСР буд, ҳамчун яке аз 15 ҷумҳуриҳои СССР. Cоли 1991, Федератсияи Русия ном гирифт. Аз 2 апрели 1997, Русия — аъзои иттиҳоди Русия ва Белоруссия гашт. Аз ҳама давлати бузургтарини дунё аз ҷиҳати масоҳат (17 075 400 км² ё 11,46 % (1/9) майдони тамоми хушкии Замин.

Аҳолии Русия — 141 888 900 нафар одам (ба ҳисоби 1 июни соли 2008, мувофиқи додаҳои омори давлатии Русия, 2,13 % ҳамаи аҳолии Замин дар ҳаминҷо сукунат мекунад). Русия ҳаммарз аст, бо 16 давлат ба воситаи хушкӣ: Норвегия, Финляндия, Эстония, Латвия, Литва, Полша, Белоруссия, Украина, Абхазия, Гурҷистон, Осетияи Ҷанубӣ, Озорбойҷон, Қазоқистон, Чин, Муғулистон, Кореяи Шимолӣ, ба воситаи баҳр: Жопун ва ИМА, ки ин гуна ҳолати мавқеъ, ба ӯ имконият медиҳад, ки роли мӯҳимро бозад, ҳам дар Аврупо, ҳам дар Осиё.

Аъзои Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди иқтисодии Евразия ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад.