Раъно Ғолибова
Раъно Абрамовна Ғолибова (24 май 1915, Қӯқанд, Вилояти Фарғона, — 10 сентябр 1995, Бостон, ИМА) — сарояндаи опера (меццо-сопрано). Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1941).
Рена Абрамовна Галибова | |
Таърихи таваллуд | 24 май 1915 |
Зодгоҳ | Қӯқанд, Ӯзбекистон |
Таърихи даргузашт | 10.09.1995, Бостон, ИМА |
Маҳалли даргузашт | |
Солҳои фаъолият | аз 1935 |
Кишвар | |
Пеша(ҳо) | сароянда |
Навъи садо | метсо-сопрано[d] |
Ҷоизаҳо |
Зиндагинома
вироишРаъно Ғолибова 24 майи 1915 дар шаҳри Қӯқанд ба дунё омадааст. Дар вақти хурдсолиаш дар шаҳри Тошканд, ҶШС Ӯзбекистон зиндагӣ мекард, куҷо ки падараш продюсери театр буд. Дар синни 13 солагӣ ба фаъолияти мусиқиашро шурӯъ кард. Дар 18 солагӣ ӯро ба Радиокомитети Тошканд ба кори таклиф карданд. Якумин бор дар соли 1935 дар саҳнаи операи Тошканд ҳунарнамоӣ кардааст ва якчанд муддат бо ҳунарпешаҳои машҳури ӯзбеку яҳудиёни бухороӣ дар ҶШС Ӯзбекистон кор кардааст.
Дар соли 1934 Раъно Ғолибова ба Гавриэл Рубинович Самандаров шавҳар кард ва дар соли 1938 онҳо бо оилаи худ ба шаҳри Сталинобод (Душанбе), ҶШС Тоҷикистон омаданд. Дар ҳамон ҷо Раъно аз солҳои 1940 то 1966 сарояндаи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ буд.
Дар соли 1939 дар сини 24 солагӣ ӯ унвони Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон дарёфт кард. Дар соли 1941 дар Даҳаи санъати Тоҷикистон дар шаҳри Москва ӯ баройи И. Сталину роҳбарони давлати ИҶШС сурудҳо сароидааст. Раъно Ғолибова соли 1941 яке аз саррояндагони операи ҶШС Тоҷикистон аст, ки унвони Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистонро дарёфт кардааст. Ғолибова то соли 1991 дар саҳнаҳои шаҳрҳои гуногуни СССР ҳунарнамоӣ кардааст.[1]
Дар соли 1991 Раъно Ғолибова аз СССР тамоман рафт ва бо оилаи худаш ба ИМА, шаҳри Бостон фирор кард. Раъно Ғолибова дар соли 1995 дар сини 80 солагӣ дар Бостон, ИМА вафот кардааст. Ба хок супурда шуд дар як гӯристони яҳудии шаҳри Ню Йорк, ИМА, Маунт Кармел, дар райони Квинс.