Роҳи Мурғоб – Кулма

Тоҷикистон ва Хитой мунтазам дар масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷониба ва мушкилиҳои мубрами байналхалқӣ мубодилаи афкор менамоянд. Бо кӯшиши ҷонибҳо, заминаи боэътимоди шартномавӣ-ҳуқуқӣ ба вуҷуд омадааст, ки ба рушди ҳамдастиҳои сиёсӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди иқтисодӣ мусоидат мекунад. Сол то сол робитаҳои мунтазам густаришёбандаи иқтисодӣ ва гуманитарӣ, мустаҳкам кардан ва такмил додани пойгоҳи шартномавӣ-ҳуқуқии ҳамкориҳои Тоҷикистону Хитой рушд ёфта истодаанд. Маҳз ҳамин ҳамкориҳои дутарафа имкон доданд, ки сохтмони шоҳроҳи Мурғоб-Қулма-Қарокурум оғоз ёбад. Ин роҳ Тоҷикистонро бо Чин, Покистон, Эрон, Ҳинд ва бандарҳои калонтарини ҷаҳонӣ мепайвандад. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имрӯзҳо бо вилоятҳои Ҷумҳурии Халқии Чин равобити тиҷоратӣ дорад, ки барои рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд. Сохтмони роҳи Мурғоб-Қулма-Қароқурум ин ду давлати ҳамсояро боз бештар ба ҳам наздик намуд.

Сохтмони навбати аввали роҳ

вироиш

Моҳи ноябри соли 1997 дар фасли сармои зимистони Помири Шарқӣ дар давраи буҳрони шадиди иқтисодӣ сохтмони роҳи Мурғоб-Қулма-Қароқурум оғоз гардид. Тавассути ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон навбати аввали роҳи Мурғоб-Қулма-Қароқурум дар муддати кутоҳ, яъне 3 ноябри соли 1998 сохта ба истифода дода шуд.

Масофаи шоҳроҳ аз Душанбе то сарҳади Ҷумҳурии Халқии Чин 1010 км ва то Давлати Исломии Покистон 1110 км ташкил медиҳад. Барои амалсозии лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди Мурғоб - ағбаи Қулма дар солҳои 2000-2003 14 млн. 813,0 ҳазор доллари ИМА масраф гардид. Намояндагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии сарвазири мамлакат Оқил Оқилов чандин маротиба аз ин шоҳроҳ дидан намуданд.[1]

3 ноябри соли 1998 ба муносибати кушода шудани роҳи автомобилгарди Мурғоб-Қулма президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон ба ВМКБ ташриф оварда, дар ҳузури мардуми Тоҷикистону Ҷумҳурии Халқии Чин суханронӣ намуд. Аз он ҷумла таъкид намуданд, ки

“боиси хушнудист, ки имрӯз мо шоҳиди боз як воқеаи муҳим – кушодашавии роҳи мошингарди Мурғоб-Қулма мегардем, ки натиҷаҳои кӯшишҳои пайгиронаи Ҳукумати Чумхурии Тоҷикистон ва меҳнати суботкоронаи сохтмончиён аст. Албатта, дар амал тадбиқ намудани барномаи пурвусъат меҳнати софдилона, вақт ва маблағи калонро тақозо мекунад. Вале бо дарназардошти он ки мамлакати мо дорои неруи бузург аст, мутахассисон олимон, коркунони соҳибтаҷриба кам нестанд ва аз ҳама муҳимаш созандагии халқият хислати азалии мардуми тоҷик аст, ман боварӣ дорам, ки мо ҳама мушкилоти мавҷударо паси сар мекунем, ба ҳамаи сахтиҳо тоб меорем ва ба муроди хеш мерасем”

[2]

Ба истифода супоридани роҳ

вироиш

24 майи соли 2004 шоҳроҳи Мурғоб-Қулма ба истифода супорида шуд. Ин роҳ барои тараққиёти минбаъдаи вилоят аҳамияти махсус дорад. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дорои захираҳои бойи фоиданок мебошад ва ин имконият медиҳад, ки бо Ҷумҳурии Халқии Чин ва дигар давлатҳо корхонаҳои муштарак дар соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ бунёд кунад. Бо ин шароити мусоид садҳо ҷойи нави корӣ кушода мешаванд.[3]Ҳоло,роҳ байни ВМКБ ва дигар манотиқи ҷумҳурӣ аз тариқи навоҳии вилояти Хатлон тамоми сол боз аст. Навсозии шоҳроҳи Кӯлоб – Дарвоз – Кулма идома ёфта, он торафт бештар ба талаботҳои стандарти ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мегардад.[4]

Дар гузаргоҳи наздисарҳадии Қулмаи Ҷумҳурии Халқии Чин савдои сарҳадӣ равнақу ривоҷ ёфтааст. Тавассути шоҳроҳи Мурғоб-Қулма-Қароқурум ҳар рӯз садҳо мошин ҳаракат намуда, дар як шабонарӯз ҳазорҳо тонна бори мавриди ниёзи мардумро мекашонанд.Танҳо дар соли 2007 аз гузаргоҳи сарҳадии Қулма 12,5 ҳазор мусофир гузошта, муомилоти мол 250 млн. доллари ИМА–ро ташкил додааст.[5]

  1. www.ign.tj. СОХТМОНИ РОҲИ МУРҒОБ-ҚУЛМА-ҚАРОҚУРУМ – САМАРАИ ИСТИҚЛОЛИЯТ(тоҷ.) (10 сентябри 2024). 20 ноябри 2024 санҷида шуд.
  2. Эмомалӣ Раҳмон. Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат. Ҷ. 7. - Душанбе , 2002. – С. 450.
  3. www.ign.tj. СОХТМОНИ РОҲИ МУРҒОБ-ҚУЛМА-ҚАРОҚУРУМ – САМАРАИ ИСТИҚЛОЛИЯТ(тоҷ.) (10 сентябри 2024). 20 ноябри 2024 санҷида шуд.
  4. www.jumhuriyat.tj. РАҲОВАРДИ ИСТИҚЛОЛ Ё БИСТ ДАСТОВАРДИ МУҲИМТАРИНЕ, КИ САҲИФАҲОИ ТАЪРИХИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНРО РАНГИН МЕСОЗАНД.РОҲИ КУЛМА – МУРҒОБ(тоҷ.) (28 октябри 2024). 20 ноябри 2024 санҷида шуд.
  5. Масов, Р. Файзи истиқлол дар «Боми ҷаҳон» / Р. Масов, Ҳ. Пирумшоев. – Душанбе, 2010. – 411 с.