Сабоҳат Қосимова
Сабоҳат Қосимова (Сабоҳатхон Набиева; 19 ноябри 1951, деҳаи Ватан, ноҳияи Фархор — 24 майи 2023, Душанбе, Тоҷикистон) — ҳунарпеша ва коргардони театри тоҷик. Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон (2014).
Сабоҳатхон Набиева | |
Таърихи таваллуд: | 19 ноябр 1951 |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 24 май 2023 (71 сол) |
Шаҳрвандӣ: | |
Касб: | ҳунарпешаи театр, коргардони театр |
Ҷоизаҳо: |
Зиндагинома
вироишСабоҳат Қосимова 19 ноябри соли 1951 дар деҳаи Ватани ноҳияи Фархор ба дунё омадааст[1]. Соли 1973 шуъбаи актёрии Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистонро хатм кардааст. Дар солҳои 1973—1989, 1999—2002 ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмаи ба номи Лоҳутӣ, аз соли 1990 ҳунарпеша ва роҳбари бадеии Театри Аҳорун дар чан соли охир буд.
Хонавода
вироишСабоҳат Қосимова бо Фаррух Қосим (1948-2010) панҷ сол дар донишкада якҷо хондаву баъди супурдани ҳамаи имтиҳонҳои давлатӣ, 29 майи соли 1973 издивоҷ карданд[2].
Хоҳари Сабоҳат Муқаддас Набиева (1950-1979) овозхони ансамбли Гулшан буд.
Театр
вироишАз беҳтарин нақшҳои офаридаи Сабоҳат Қосимова дар Театри Лоҳутӣ метавон Адиба («Интихоби домод»-и Ҳоҷӣ Содиқ), Ҳабиба («Алломаи Адҳам ва дигарон»-и Сотим Улуғзода), Шараф («Корвони бахт»-и Мирсаид Миршакар), Неля («Бозиҳои бераҳмона»-и А. Арбузов), Мадлена («Тӯдаи риёкорон»-и М. Булгаков) ва ғайраро ном бурд.
Дар Театри «Аҳорун» нақшҳои Зулайхо («Юсуфи гумгашта…»-и Ҷомӣ), Карделия («Шоҳ Лир»-и Шекспир), Ширинкор («Шоҳ Фаридун»-и Фирдавсӣ) ва ғайраро бо маҳорати баланд бозидааст.
Сабоҳат Қосимова дар ҳайати Театри «Аҳорун» ба Эрон, Русия, Белгия, Полша, Ҳолланд, Фаронса сафарҳои ҳунарӣ кардааст.
Ӯ ҳамчунин дар зиёда аз 100 намоишу спектаклҳои телевизионӣ нақш бозидааст.
Даргузашт
вироишСабоҳат Қосимова рӯзи 24 майи соли 2023 дар 72-солагӣ даргузашт[3].
Ҷоизаҳо
вироишСабоҳат Қосимова барандаи ҷашнвораи ҷаҳонии театрҳо дар Гурҷистон (1983), барандаи ҷоизаи «Барои беҳтарин нақши зан» дар озмуни театрҳои ҷавонон ва наврасони Осиёи Миёна ва Қазоқистон дар Тошканд, озмунҳои байналмилалии «Наврӯз-90», «Тугайлик» дар шаҳри Уфа, «Даҳаи фаҷр» дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, «Осиёи Миёна» дар шаҳри Антверпени Белгия аст[1].
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Сабоҳат Қосимова: «Таваллуди дигар» ёде аз Фаррухи Қосим аст»(тоҷ.). Радиои Озодӣ (4 апрели 2013). 18 ноябри 2021 санҷида шуд.
- ↑ Сабоҳат Қосимова аз Фаррухи Қосим ёд мекунад. Pressa.tj. Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» (19 ноябри 2019). 18 ноябри 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 18 ноябри 2021.
- ↑ Рао/Ро. Сабоҳат Қосимова дар 72-солагӣ даргузашт. ВИДЕО(тоҷ.), Радиои Озодӣ (24 май 2023). Проверено 24 май 2023.
Адабиёт
вироиш- Қосимова Сабоҳат // РАВЗАНА — ҶӮРАЕВ. — Д. : СИЭМТ, 2004. — (Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик : [дар 3 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қ. Қурбонов ; 1988—2004, ҷ. 3). — ISBN 5-89870-5.
- Набиева Сабоҳатхон // Кӯлоб. Энсиклопедия. — Д.: СИЭМТ, 2006. — С. 331. — 640 с. — ISBN 5-89870-071-4.
- Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.
- Набиева Сабоҳатхон (Қосимова) // Энсиклопедияи бонувони шинохтаи тоҷик (муаллиф-мураттиб Раъно Мирзоева). — Д., 2021. — С. 296. — 520 с. — ISBN 978-999-75-68-20-5.