Созҳои мусиқии миллӣ

Мақолаи асосӣ: Мусиқии Тоҷикистон

Созҳои мусиқии миллӣ — созҳои мусиқӣ яке аз дастовардҳои тамаддуни инсонӣ ба ҳисоб рафта, сатҳи рушди фарҳанги ҳар як миллатро инъикос менамоянд.

Таърих

вироиш

Дар тӯли қарнҳо созҳои мусиқии зиёд офарида шуда, сохташон тағйир ёфтааст ва баъзеашон аз байн рафтаанд. Халқи тоҷик аз қадим ба мусиқӣ дилбастагии хоса дошта, дар ин навъи санъат нодиракориҳои ҳунарӣ намудаааст ва аз ҷумла, ихтироъкорону созандагони умдатарин созҳои мусиқиаш дар густариши санъати навозандагӣ ва ҳунари созтарошӣ саҳми арзанда доранд. Созҳои мусиқии мардуми тоҷикро олим, мусиқидон ва муҳаққиқи барҷаста В. Беляев ба ду гурӯҳи асосӣ тақсим намудааст: Созҳои мусиқии кӯҳистони тоҷик, ки аз ҷиҳати навъу намуд бисёр нестанд ва аз лиҳози сохт одӣ мебошанд:

Созҳои мусиқии тоҷик, ки дар байни аҳолии водиҳо ва шаҳрҳо маълуманд:

Созҳои мусиқии мардуми тоҷик дар айни замон аз рӯи хусусиятҳои иҷро, сохт ва тарзи садодиҳӣ ба гурӯҳҳои торию мизробӣ, торию камонӣ, торию зарбӣ, нафасӣ ва зарбӣ ҷудо мешаванд:

  1. Ба созҳои торию мизробӣ — тор, танбӯр, рубоб, дутор, дуторча (думбра), дутори бам, соз, сетор мансубанд ва тавассути мизроб, захма ва ё нохун навохта мешаванд.
  2. Созҳои торию камонӣ бо камонча навохта мешаванд, — ки ғижак, қобуз, сато ба он мансубанд.
  3. Созҳои торию зарбӣ тавассути ба торҳо бо чӯбчаҳои махсус зарба задан навохта мешаванд, — ки сози чанг ба ин гуруҳ дохил аст. Гарчанде ки қонун тавассути бо нохунак чанг задан ва чангқобуз (лабчанг) ба воситаи зарбаи ангушти ишорати дасти рост навохта мешаванд, лекин аз рӯи сохт ва тарзи садодиҳӣ ба ин гурӯҳ дохил мешаванд.
  4. Созҳои нафасӣ тавассути ба дохилашон бо фишор дамидани нафаси мутриб садо бароварда, бо ангуштони ҳарду даст навохта мешаванд — най, дунай, сурнай, нафир, тутак. Шайпур ва карнай низ ба ин гурӯҳ дохиланд, лекин дар навозиши онҳо ангуштон ширкат накарда, пастию баландии садо бо нафас идора карда мешавад.
  5. Созҳои зарбӣ тавозуни оҳангро идора намуда, ба воситаи зарби дастон, ангуштҳо ва чӯбчаҳои махсус навохта мешаванд. Ба созҳои зарбӣ — даф (доира), таблак, нақора, сафоил, чалаб, табира, табл дохиланд. Қайроқ ва қошуқ низ ба ин гурӯҳ мансубанд, лекин бо ба ҳам задани ҷуфти онҳо садо ҳосил мешавад.

Рушди созҳои мусиқӣ ба рушди ҷамъият, фарҳанг, мусиқӣ, санъати ҷрокунандагӣ ва технологияи истеҳсолот вобаста аст. Аз ин рӯ, аксари созҳо вобаста ба хусусиятҳои хоси худ – сохт, шакл ва садо асрҳо ҳифз шуда, то замони мо расидаанд, қисми дигарашон такмил ёфтаанд, қисми севумӣ бошад, ба талаботи замонтоб наоварда, аз байн рафтаанд. Созҳои мусиқӣ робитаи зич ва пайвандии ногусастанӣ бо эҷодиёт ва санъати касбӣ доранд.[1]

Пайвандҳо

вироиш
  1. Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон / Мураттиб: Д. Раҳимов; муҳаррир Ш.Комилзода. – Душанбе: Эр-Граф, 2017. – С. 63-65. – 280 с.