Толиб Шаҳидӣ

(Тағйири масир аз Толибхон Шаҳидӣ)

Толиб Шаҳидӣ (Толибхон Зиёдуллоевич Шаҳидӣ; 13 марти 1946, Душанбе) — оҳангсози маъруфи тоҷик. Ходими санъати Тоҷикистон (1966), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1999), дорандаи Ҷоизаи КМ ЛКСМ Тоҷикистон (1978), дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (1994). Узви Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон (1972).

Толиб Шаҳидӣ
Толибхон Зиёдуллоевич Шаҳидӣ
Толибхон Зиёдуллоевич Шаҳидӣ
Толибхон Зиёдуллоевич Шаҳидӣ
Иттилооти асосӣ
Таърихи таваллуд 13 март 1946(1946-03-13) (78 сол)
Зодгоҳ Душанбе
Кишвар
Пеша(ҳо) раҳбари мусиқӣ, оҳангсоз, оҳангсози филм
Навъи садо симфония,операҳо, балетҳо, консертҳои созӣ, мусиқӣ ба филмҳо
Ҷоизаҳо Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1999)
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Толиб Шаҳидӣ 13 марти 1946 дар Душанбе ба дунё омадааст. Фарзанди оҳангсоз Зиёдулло Шаҳидӣ. Дар тарбияи композитори ҷавон композитор Ю. Г. Тер-Осипов, ки зери таъсири ӯ вай ба мусиқӣ дилбастагӣ пайдо намуда, дар Омӯзишгоҳи мусиқии Душанбе назди ӯ таълим гирифтааст, нақши калон бозидааст. Ҳанӯз дар ҳамон давра хислатҳои хоси ҳунарманди ҷавон ташаккул ёфтанд. Шаҳидии ҷавон дар байни ҳамсолон бо садоқати комили хеш нисбати санъати дӯстдоштааш фарқ мекард. Аз асарҳои он давра эҷод намудааш силсилаи миниатюраҳои фортепианӣ барҷастаанд. Дар онҳо шукуфаҳои ҳамон хислатҳои инфиродиро, ки баъдан ҳамчун хусусиятҳои хоси сабки эҷодӣ ташаккул ёфтанд, пайдо кардан мумкин аст. Ин қабл аз ҳама оғози лирикӣ, самимият ва ҳамзамон интихоби васоити таъсирбахши мусиқӣ, фаҳмиши ҳассоси лаҳни мусиқӣ мебошад. Толиб Шаҳидӣ Омӯзӯзишгоҳи мусиқии ш. Душанбе (1967) ва Консерваторияи давлатии Москва (синфи композитсияи А. Хачатурян)-ро (1972) хатм кардааст. Ӯ хамзамон ҳамчунин ба ҳайси омӯзгори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (1974—1976), муҳаррири мусиқии Киностудияи «Тоҷикфилм» (1976—1980), муҳарири мусиқии Телевизиони тоҷик (1982—1987), дирижёри Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ (1987) кор кардааст.

Эҷодиёт

вироиш

Солҳои таҳсил дар Консерваторияи давлатии Москва Т.Шаҳидӣ хеле сермаҳсул кор мекунад. Ӯ дар бисёр жанрҳо асарҳо офаридааст. Бешубҳа онҳо, дар навбати худ, аз нигоҳи арзиши идеявӣ-бадеӣ гуногунанд. Вале ҳамаи ин асарҳоро самимияти матлаб ва ҷиддияти муносибат баҳри ифодаи онҳо муттаҳид менамояд. Тамоми асарҳои Т.Шаҳидӣ дорои тобишҳои миллӣ, нақши манбаҳои мардумӣ, ки композитор нисбаташон бо ғамхории латиф ва муҳаббати ҷавонӣ муносибат менамояд, мебошанд. Дар байни асарҳои даврони консерватории композитори ҷавон «Мақом» барои оркестри торӣ ва фортепиано, ки ба барномаи оркестри камеравии Консерваторияи Москва дар Озмуни байналмилалии оркестрҳои камеравии донишҷӯён ба номи Ҳ.Караян ворид гардида буд, барҷаста аст. Ин асар, ки асоси онро оҳангҳо ва метроритми халқӣ-сурудӣ ташкил медиҳанд, ба обуранги дурахшони оркестрӣ, саршор аз шавқу завқи ҷавонӣ, маводи тозаи мусиқӣ ва зарофати худ хеле самимӣ аст. Композитор зери мафҳуми «мақом» айни ҳол ҳазли суннатии нешдореро, ки байни мардуми хеш хеле маъмул ва дӯстдошта аст, дар назар дорад. Толиб Шаҳидӣ эҷодиёти худро берун аз иштиёқи мусиқии халқи хеш умуман тасаввур карда наметавонад. Муҳтавои ҷустуҷӯҳои эҷодии ӯ дигар аст — чӣ гуна онро боз ҳам равшантар ва боэътимодтар асалӣ созад, ҳамоҳанги замон гардонад. Дар радифи ҳамин ковишҳо достони симфонии «Идона» (1975) қарор дорад, ки асоси онро суруди халқии «Ёр-ёр» ташкил медиҳад. Дар ин асар махсусан эҳсоси баланди лаҳнфаҳмии композитор, муҳаббати ӯ нисбат ба мусиқии мардумӣ ҳувайдо аст. Дар ин ҷо ӯ боварӣ нисбати истифодаи имкониятҳои нафиси оркестри симфониро пайдо карда, нишон дода тавонистани маҳорати худ бо услуби оркестриро олиҷанобона намоиш медиҳад. Аз нимаи дуюми солҳои 70-ум композитор дар ҷодаи мусиқии балет пурмаҳсул фаъолият менамояд. Жанри балет дар эҷодиёти ӯ ривоҷу равнақи минбаъдаи худро ҳам дар самти истифодаи васоити ифодаи миллии бадеии забони мусиқӣ ва ҳам дар ҷодаи интихоби мавзӯҳо, сужаҳо, сохтори драматургия ва композитсияи намоишномаҳо дарёфт. Инҳо балетҳои «Спитамен» (1975), «Марги судхӯр» (1978), «Хотираи қалб» (1981), «Юсуф ва Зулайхо» (1988), «Сиёвуш» (1992) ва дигарон мебошанд. Яке аз асарҳои бузург балети телевизионии «Рубоиёти Хайём», ки соли 1980 киностудияи «Тоҷикфилм» наворбардорӣ намуда буд (балетмейстер-басаҳнагузоранда Сталина Азаматова, коргардон — Е.Кимягарова-Пошкевич, иҷрокунандагони нақшҳои асосӣ: Олиҳа — Ситора — Малика Собирова, Умари Хайём — В.Тедеев), гардид. Хусусияти ин балет — омезиши мусиқӣ, рақс ва назм аст. Аз нигоҳи драматургия намоишнома ҳамчун инъикоси мусиқӣ ва рақсӣ-саҳнавии андешарониҳои адиб, ки бо Олиҳаи латиф Ситора оид ба масъалаҳои гуногуни ҳаётӣ, ҳаёту мамот, ишқ, некию бадӣ, фоҷиа ва мазҳака, рисолати инсон ва ғайра муколама меронад, офарида шудааст. Охири солҳои 70-ум ва ибтидои солҳои 80-ум дар эҷодиёти Толиб Шаҳидӣ мусиқии симфонӣ бартарӣ пайдо мекунад. Тӯли якчанд сол ӯ Симфонияи № 2 «Тоҷикон» (1978), Симфонияи № 3 «Абӯалӣ ибни Сино» (1983), Симфонияи № 4 «Мақомот» (1984), достони симфонии «Садо» (1984), Консерт барои фортепиано бо оркестр (1985), Симфония-элегия ба хотираи Зиёдулло Шаҳидӣ барои оркестри торӣ, арфаҳо ва литавраҳо (1985), симфонияи камеравии «Чарх» барои оркестри торӣ ва ду фортепиано (1985)-ро эҷод мекунад. Дар таҳаввулоти эҷодии Т.Шаҳидӣ Симфонияи № 2 «Тоҷикон» асари марҳилавӣ мегардад, ки онро ӯ пас аз мутолиаи асари ҳамноми Б.Ѓафуров эҷод менамояд. Дар симфония ба сифати мавзӯи андешаву мулоҳизаи бадеӣ, халқи тоҷик ва тақдири таърихии он намудор мегардад. Ин аз муаллиф татбиқи васеи матлаб, ташаккул ва таносуби симоҳои марбут ба мавқеъ ва ҷабҳаҳои гуногуни халқи тоҷикро тақозо намуд. Дар ин асар ҳамон хислатҳои сабки инфиродии композитор, ки барои тамоми фаъолияти минбаъдаи ӯ ҳалкунанда гардиданд, ба монанди мутобиқгардонии табиии маводи миллӣ бо васоити муосири услуби композиторӣ ба таври равшан зоҳир гардиданд. Шиносоӣ ба ин симфония омили тақризу мулоҳизаҳои хеле баланди олимон ва композиторони барҷаста, аз ҷумла. А. Эшпай, Вл. Штепанек ва дигарон гардид. Дар баробари балетҳо ва асарҳои калонҳаҷми симфонӣ ба қалами ӯ инчунин як қатор асарҳои камеравӣ, сурудҳо тааллуқ доранд, ки онҳо репертуари оркестри эстрадии «Гулшан»-ро мукаммал, мусиқӣ ба кинофилмҳо ва намоишномаҳои театриро бой гардонидаанд. Мусиқии Толиб Шаҳидӣ борҳо дар барномаҳои консертии Форумҳои умумииттифоқӣ ва байналмилалӣ иҷро гардида, дар радио ва телевизион доимо садо медиҳад. Т.Шаҳидӣ муаллифи симфонияҳо, операҳо, балетҳо, консертҳои созӣ, мусиқӣ ба филмҳо, намоишномаҳои «Эдип», «Исороти ибодатнома», «Ромео ва Ҷулйетта», «Сусмор», «Шоҳ Фаридун», «Шоҳ Лир», «Рӯдакӣ» ва диг. мебошад. Т.Шаҳидӣ шабнишиниҳои муаллифии хешро дар Москва (1985, 1999, 2006, 2008), Германия (Карлсруе, 2004), Алма-Ато (1996), Теҳрон (2003, 2005) баргузор намудааст. Дар барномаи шабнишинии муаллифие, ки 31 октябри соли 2008 дар толори хурди Консерваторияи Москва доир гардида буд, асарҳое, ки солҳои охир муаллиф эҷод кардааст, ворид шудаанд. Инҳо асарҳои фортепиании — Сонатаи № 2 бахшида ба Сергей Прокофев, ду этюд-татствир «Суфӣ ва Буддо» ва «Бозӣ бо нард» дар иҷрои пианинонавоз Екатерина Мечетина; Adagio-и виолончелӣ бахшида ба хотираи устодаш Арам Хачатурян аз ҷониби Ҳунарпешаи халқии Россия Игор Гавриш иҷро гардид. Дар ин шабнишинӣ инчунин ретро-миниатюраҳои хорӣ, ки композитор ба хотираи падараш бахшидааст, садо додаанд. Миниатюраҳои хорӣ аз ҷониби Хори консертии Консерваторияи Москва таҳти роҳбарии Александр Соловёв иҷро карда шуданд. Дар шабнишинӣ сюитаи «Гуфтугӯи паррандагон» барои се флейта дар иҷрои ансамбли «Сиринск», «Масалҳои маънии нуҳуфта» Ҷалолиддин Румӣ барои кларнет ва фортепиано, асари «Allegro барои 5» барои флейта, там-там, кларнет, маримба ва фортепиано садо доданд. Оид ба ин шабнишинии муаллифӣ суханони Ҳунарпешаи халқии Россия, дорандаи ҷоизаҳои давлатӣ, профессори Консерваторияи давлатии Москва, композитор Роман Леденев чунинанд: «Мусиқии Толиб ҳамеша зебост, дурахшанда аст, дар он қалби Шарқ ва миллати куҳанбунёди тоҷик метапад. Ҳамзамон ин мусиқӣ фарогири хислати тамоми инсонҳои рӯи замин буда, ба андешаи ман, онро новобаста аз мансубияти тоифавӣ, макони зист, машғулият барои ҳар як инсон фаҳмову азиз мегардонад. Ин мусиқиро бояд шунид ва хеле хуб аст, ки имрӯз мо чунин имкониятро дорем». Асарҳои Т.Шаҳидӣ дар бисёр фестивалҳои мусиқӣ дар ИМА, Олмон, Россия, Англия, Франсия, Қазоқистон, Туркия, Эрон иҷро карда мешаванд. Ӯ дорандаи мукофоти мусиқии беҳтарин дар Кинофестивали Белгия (2008) буда, дарсҳои маҳоратии ӯ дар Консерваторияи давлатии Москва ба номи П. И. Чайковский, Консерваторияи миллии Қазоқистон ба номи Курмангазӣ, Донишгоҳи ҳунарҳои зебои Эрон, Донишгоҳи мусиқӣ ва рақси шаҳри Ковентрии Британияи Кабир доир гардиданд. Нахустнамоишҳои асарҳои ӯ дар ҳамбастагии эҷодӣ бо дирижёрҳо ва иҷрокунандаҳои маъруф, ба мисли Марк Эрмлер, Дмитрий Китаенко, Валерий Гергиев, Александр Слутский, Сергей Скрипка, Йо Йо Ма, Сергей Кравченко, Игор Гавриш, Ноком Эрлик, Бежан Ҳадам Мисоқ, ансамбли флейтаҳо «Сиринск», Екатерина Мечетина, Хибла Герзман, Игор Фёдоров, Валерий Шкарупа, ифтихори мактаби пианинонавозии Тоҷикистон ва Эрон Дилбар Ҳакимова ва дигарон амалӣ мегарданд. Муаллифи балети «Марги судхӯр» (1978), «Рубоиёти Хайём» (1981), «Юсуф ва Зулайхо», операҳои «Посбони оташ», «Амир Исмоил», «Халифи якрӯза», «Себҳои сеҳрнок», «Чор симфония», аз ҷумла «Тоҷикон» (1987), «Абӯалӣ ибни Сино» ва «Мақомот» (ҳар ду 1984), консерт барои сюитаи балетӣ, увертюраҳои «Ба съезди 26-уми КПСС» ва «Республикаи ман» барои оркестри симфонӣ, чор квартет барои созҳои торӣ, контатаҳо, асарҳои созию овозӣ ва камеравӣ, мус. барои кинофилм ва спекталҳо. Симфонияи 2-юмаш дар Симпозиуми байналмилалии Самарқанд (1983) ва достони симфонии «Идона»-аш дар Фестивали дуюми байналмилалии «Минбари Осиё» (Алмаато), ҳамчунин дар Булғория, Руминия, Чехословакия ва Испания садо додаанд.

Асарҳои саҳнавӣ

вироиш

1975 — «Спитамен», балет. 1978 — «Марги судхӯр», балет. 1980 — «Рубоиёти Хайём», филм-балет. 1981 — «Хотираи дил», балет. 1987 — «Ҳифзкунандаи оташ», опера. 1989 — «Бинӣ-Котула», операи бачагона. 1989 — «Юсуф ва Зулайхо», балет. 1990 — «Халиф Лаклак», операи бачагона. 1992 — «Зани зебо ва ғул», операи бачагона. 1992 — «Сиёвуш», балет. 1999 — «Амир Исмоил», опера.

Асарҳои симфонӣ

вироиш
  • 1974 — «Празднество», симфоническая поэма. М., «Советский композитор», 1978.
  • «Таджики», симфония № 2. По прочтении книги Б. Гафурова. М., «Советский композитор», 1988.
  • 1975 — Консерти № 1 барои фортепиано ва оркестр.
  • 1975 — «Чарх», камерная симфония для 2 фортепиано и струнного оркестра. М., «Советский композитор», 1990.
  • 1982 — Сюита из балета «Смерть ростовщика». М., «Советский композитор», 1982.
  • 1984 — «Садо», симфоническая поэма. М., «Советский композитор», 1988.
  • 1994 — Консерт № 3 для фортепиано и оркестра. М., «Советский композитор», 2002.

Асарҳои камеравӣ-созӣ

вироиш
  • 1981 — «Речитативы Руми», сюита для флейт и фортепиано. М., «Советский композитор», 1981.
  • 1981 — Соната № 1 для фортепиано. М., «Советский композитор», 1981.
  • 1981 — «Достони мусофиротӣ», силсилаасари вокалӣ барои сопрано ва фортепиано. Шеърҳои Хайём, Лоиқ ва халқ.
  • 1985 — «Симфония-элегия» памяти З. Шахиди для струнного оркестра, арфы и литавр. М., «Советский композитор», 1985.
  • 1985 — «Чарх», симфонияи камеравӣ барои оркестри торӣ ва 2 фортепиано.
  • 1991 — Соната № 2 для фортепиано. 100-летию С.Прокофьева посвящается. М., «Композитор», 2006.[1]
  1. Композиторон ва мусиқишиносони Тоҷикистон. — Душанбе, 2011, — c. 259—264

Сарчашма

вироиш