Факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

Факултети филологияи тоҷик — яке аз факултаҳои ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров мебошад. Таъсиёби - соли 1933.

Факултети филологияи тоҷик
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Соли асосгузорӣ 1933
Мавқеи
ҷойгиршавӣ
Хуҷанд, Тоҷикистон
Сайти расмӣ http://www.hgu.tj

Таърихи таъсис ва соҳаи фаъолият Вироиш

Факултети филологияи тоҷик аз куҳантарин сохторҳои таълимии ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров буда, он соли хониши 1933-1934 ба сифати шуъбаи адабию лингвистӣ таъсис ёфта буд ва ду нафар муаллими ин шуъба ба 16 нафар донишҷӯи соли аввал таълим медоданд. Вале ба далели набудани мутахассисон ва теъдоди нокифояи донишҷӯён факултет дер амал накарда, нақшаи қабули донишҷӯёни он ба собиқ Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ) дода шуд. Аммо бо тақозои таъмини эҳтиёҷи зиёди қисмати шимоли Тоҷикистон ба мутахассисон соли таҳсили 1937-1938 аз нав факултети таъриху филология таъсис ёфт, ки он аз ду шуъба - забону адабиёти тоҷик ва таърих иборат буд. Баъдтар шуъбаҳои забон ва адабиёти ӯзбек, забон ва адабиёти рус ва ҳамчунин шуъбаи ғоибона ташкил гардиданд.

Солҳои 50-ум ба ҳайати факултет шуъбаҳои забонҳои хориҷӣ ва педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ низ шомил гардиданд. Давоми ин солҳо нерӯи илмию таълимӣ ва пояи моддию техникии факултет пайваста такмил ёфта, теъдоди донишҷӯ хеле афзуд, ки ин ба ташкили факултетҳои нав замина гузошт. Ин буд, ки соли 1956 шуъбаи забонҳои хориҷӣ, соли 1960 шуъбаи педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ, соли 1964 шуъбаи забон ва адабиёти рус ба факултетҳои мустақил табдил ёфтанд. Дертар шуъбаҳои таърих (1987) ва забон ва адабиёти ӯзбек (1991) низ ба сифати факултетҳои алоҳида арзи вуҷуд намуданд.

Муаллимони аввалини факултет Ф. Абдуллозода (нахустин мудири қисми таълими донишкада), А. Мирпоччоев, М. Мансуров, А. Оқилов, М.М. Явич, А. Нестеренко, М. Назиров, Ҷ. Хоҷаев, Б. Олимҷонов, А. Турсунов, А. Ғаффоров ва дигарон дар ташаккул ва инкишофи иқтидори зеҳнию маърифатии таълимгоҳи хеш саҳми арзанда гузоштаанд.

Солҳои минбаъда ҳайъати олимони факултет аз ҳисоби нахустин номзадҳои илм О. Орифӣ, Қ. Тоҳирова, М. Турсунов ва А. Сайфуллоев мукаммал гардид. Бо омадани ин донишмандон ва як зумра омӯзгори ҷавони болаёқат, аз қабили А. Сатторов, Ю. Салимов, А. Усмонов, Ӯ. Аҳмадова, А. Ваҳҳобов, Р. Тошматов ва Б. Махсумова нерӯи илмию таълимии факултет ва кафедраҳои забону адабиёти тоҷик пурқувват шуда, сифати тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси соҳаи филология ба дараҷот беҳтар гардид. Маҳз ҳамин солҳо нахустин асарҳои илмию тадқиқотии суханшиносони маъруф интишор ёфтаанд.

Солҳои 60-70-ум ба ҳайати омӯзгорони факултет як гурӯҳ ҷавонони болаёқат ва ҷӯяндаи дигар, аз қабили Ф. Зикриёев, Абдувалӣ Давронов, А. Зоҳидов, С. Ҳоҷиев, А. Абдуқодиров, А. Набиев, М. Файзуллоева, А. Насриддинов, Н. Ҳикматуллоев, А. Ҷалолов ва дигарон шомил гардиданд. Ин даҳсолаҳо низ барои факултет солҳои пурбаракат дар ҷодаи илм ва таълиму тарбия буданд, зеро маҳз дар ҳамин давра рисолаҳои арзишманд ва дастурҳои судманди таълимии устодон Қ. Тоҳирова, Носирҷон Салимов, А. Усмонов, А. Ваҳҳобов, С. Асадуллоев, Т. Мақсудов, А. Сатторов, Ӯ. Аҳмадова, Р. Тошматов, Ф. Зикриёев ва ғайра ба табъ расидаанд.

Аввалин мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик шодравон Файзулло Абдуллозода буд, ки с.1932 баъди хатми Донишкадаи олии омӯзгории Тошканд ба зодгоҳи худ баргашта, дар бунёди ДДОЛ ба номи С.М. Киров саҳми сазовор гузошт. Дар пешрафти фаъолияти илмию таълимии факултет ва тайёр кардани ҳазорҳо мутахассиси соҳа пеш аз ҳама сарварони факултет саҳм гирифтаанд. Аз соли 1937 ба ин боргоҳи илму маърифат олимону омӯзгорони шинохта Б.И. Виноградов, С.Н. Фадеев, Н.Ф. Просенко, И.С. Фрейдкина, Д. Ҳамроев, Н.Н. Ростовсева, Ғ.Ҳ. Ҳайдаров, А. Қодиров, А.А. Нелипа, М. Искандаров, Ш.М. Охунов, Ҳ. Мамадов, А. Абдуқодиров, А. Насриддинов, С. Ҳоҷиев ва Ф. Зикриёев, Н. Файзуллоев, М. Хоҷаева Ш. Тоҷибоев сарварӣ кардаанд.

Даврони истиқлол Вироиш

Дар тӯли ду даҳсолаи охири асри ХХ ва даҳсолаи аввали садаи ХХI факултет дар ҷодаи илму маърифат ба дастовардҳои матлуб нойил гардид. Дар ин солҳо нуҳ нафар дастпарвар ва устоди Донишгоҳ: А. Сайфуллоев (1980), С. Асадуллоев (1986), Ф. Зикриёев (1987), А. Насриддинов (1990), М. Хоҷаева (1995), Носирҷон Салимов (2002), А. Ҳасанов (2004), Н. Файзуллоев (2006) ва Р. Бобоҷонова (2006) Низомиддин Зоҳидов рисолаи докторӣ ва наздик чил нафар муаллим рисолаи номзадӣ дифоъ намуда, эътибору нуфузи таълимгоҳи хешро баланд карданд. Нимаи дуюми солҳои 90-уми асри гузашта марҳилаи нави рушди факултет ба шумор меояд. Маҳз дар ҳамин солҳо дар ҳайати факултет ду шуъбаи нав - рӯзноманигорӣ (1997) ва шарқшиносӣ (1999) таъсис ёфта, вобаста ба ин ихтисосҳо кафедраҳои нав ташкил гардиданд. Моҳи декабри соли 2001 шуъбаи шарқшиносӣ ба факултети мустақил табдил ёфт.

Солҳои охир ба тайёр намудани мутахассисон аз рӯи ихтисоси «Забон ва адабиёти тоҷик барои мактабҳои ӯзбекзабон» эҳтиёҷ ба миён омад, зеро баъд аз қабули Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бинобар зарурати омӯхтан ва таълими забони давлатӣ дар макотиби забони таҳсилашон ғайритоҷикӣ, аз ҷумла ӯзбекӣ ба тарбияи кадрҳои омӯзгории ба иҷрои ин вазифаи муҳим аз ҳар ҷиҳат омода ниёзмандӣ эҳсос гардид. Аз ин рӯ, аз соли таҳсили 2002-2003 сар карда, факултет толибилмонро тибқи ихтисоси мазкур низ қабул менамояд.

Дастовардҳои илмиву таълимии олимони факултет берун аз қаламрави вилоят низ эътироф ва қадршиносӣ шудааст. Соли 2001 устоди варзидаи Донишгоҳ, профессор Ф. Зикриёев чун яке аз муаллифони асари сеҷилдаи бунёдӣ ва дастҷамъонаи «Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик» Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино, соли 2006 доктори илмҳои филологӣ, профессор А. Насриддинов барои фаъолияти пурсамар дар риштаи таълим ва тайёр кардани мутахассисон ба дарёфти Ҷоизаи навтаъсиси Президенти кишвар дар соҳаи маориф, дар соли 2009 Ҷоизаи адабии устод С.Айнӣ, соли 2011 Ҷоизаи байналхалқии Чеҳраи мондагори забон ва адаби форсии Анҷумани байналмилалии устодони забон ва адаби форсиро дарёфт кардаанд. Олимони факултет, профессорон А. Насриддинов, М. Хоҷаева, А. Ҳасанов ва Н. Файзуллоев барандагони Ҷоизаи вилоятии ба номи академик Бобоҷон Fафуров ва Камоли Хуҷандӣ мебошанд.

Кафедраҳо Вироиш

Феълан дар ду шуъбаи факултет панҷ кафедра:

  • адабиёти классикии тоҷик,
  • адабиёти муосири тоҷик, забони тоҷикӣ,
  • журналистика ва назарияи тарҷума,
  • усули таълими забон ва адабиёти тоҷик

фаъолият мебаранд, ки дар ҳайати хеш 7 нафар доктору профессор, беш аз 30 нафар номзади илм ва зиёда аз 20 нафар омӯзгор доранд. Факултети филологияи тоҷик дар тӯли мавҷудияти худ бештар аз 9500 нафар мутахассиси олитахассусро тайёр кардааст. Феълан дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибонаи он бештар аз 1000 нафар донишҷӯ таҳсил мекунанд.

Дастпарварони факулта Вироиш

Аз байни хатмкардагони факултет теъдоди зиёди олимон, шоирону нависандагон, кормандони соҳаи фарҳанг ва ходимони давлатӣ ба воя расидаанд, ки дар ривоҷу равнақи илму маориф, адабиёту санъат, ҳамчунин соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ ҳиссаи сазовор доранд. Шоираи халқии Тоҷикистон Фарзона, адибони маъруф Аминҷон Шукӯҳӣ, Муҳиддин Фарҳат, Ҳоҷӣ Содиқ, Абдумалик Баҳорӣ, Б. Фаррух, Баҳром Фирӯз, А. Воситзода, Д. Раҷабӣ, Озод Аминзода, А. Раҳматзод, Доро Наҷот, М. Пӯлод, Қ. Алӣ, Н. Шариф, Норӣ, Шаҳноза, Адиба, Гулноз ва дигарон асосҳои маърифати адабиро маҳз дар факултет гирифтаанд. Як зумра олимони маъруф, ки дар марказҳои илмии ҷумҳурӣ ва берун аз он фаъолият доштанд ва доранд, амсоли Носир Салимов, Р. Ғаффоров, С. Воҳидов, Ю. Акбарзода, А. Набавӣ, Валӣ Самад, С. Сиддиқов, У. Султонов ва дигарон дастпарварони ин факултетанд.

Пайвандҳо Вироиш