Ҳабибуллоҳ Абдураззоқ

(Тағйири масир аз Ҳабибуллоҳ Абдурразоқ)

Ҳабибулло Абдураззоқов (7 ноябри 1937, Кӯлоб, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон — 19 январи 2021, Душанбе, Тоҷикистон) — ҳунарпеша, коргардони театр ва синамои тоҷик, Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1987). Узви Иттифоқи синамогарони ИҶШС (1973).

Ҳабибуллоҳ Абдураззоқ
форсӣ: حبیب الله عبدالرزاق
Таърихи таваллуд: 7 ноябр 1937(1937-11-07)
Зодгоҳ: Кӯлоб, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт 19 январ 2021(2021-01-19) (83 сол)
Маҳалли марг: Душанбе, Тоҷикистон
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Касб: ҳунарпеша
Корнома: 19621988
Ҷоизаҳо: Ордени Шараф Ордени Дӯстӣ Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон
IMDb: ID 0008320

Зиндагинома

вироиш

Ҳабибулло Абдураззоқов дар соли 1937 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Студияи тоҷикии (роҳбарони бадеӣ, ходимони шоистаи санъати Тоҷикистон, профессорон О. И. Пижов ва Б. В. Бибиков) Донишкадаи давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарский (Москва, 1960), Курсҳои олии коргардонии донишкадаи мазкурро (коргоҳи ҳунарманди халқии ИҶШС Н. П. Охлопкова, Москва, 1964) хатм кардааст.

Хонавода

вироиш

Ҳабибулло Абдураззоқов нахуст бо ҳунарпешаи театр Фотима Ғуломова издивоҷ кард[1], ки коргардони театр Барзу Абдураззоқов фарзанди онҳост. Аммо баъдан Шарофат Рашидова издивоҷ кард[2][3], ки суратгири маъруф Ниссор Абдураззоқов ҳосили ин издивоҷ аст.

Фаъолияти ҳунарӣ

вироиш

Ҳабибулло Абдураззоқов дар солҳои 1960—1961 ҳунарпешаи Театри мусиқию мазҳакавии Ленинобод, солҳои 1961—1969 ҳунарпешаи Театри давлатии академикию драмавии Лоҳутӣ, солҳои 1969—1971 саркоргардони Театри мусиқию мазҳакавии Ленинобод, солҳои 1971—1973 саркоргардони Театри давлатии ҷавонон, солҳои 1973—1975 коргардони таҳиягари киностудияи «Тоҷикфилм», соли 1975 коргардон ва ҳунарпешаи Театри Лоҳутӣ, солҳои 1987—1990 раиси Иттифоқи ходимони театрӣ интихоб гардида, ҳамзамон солҳои 1987—1991 муовини аввали Иттиҳодияи ходимони театрии ИҶШС буд

Аз соли 2002 муассис ва роҳбари бадеии театри ғайридавлатии «Падида» буд.

Театр

вироиш

Коргардонӣ

вироиш

Ба ҳайси коргардон намоишномаҳои «Марҳум»-и (Б. Нушич, 1966), «Рустам ва Суҳроб» (Ғ. Абдулло, 1967), «Купрук» (Ф. Ниёзӣ, 1969), «Карим Девона» (Т. Аҳмадхонов, 1969), «Садо аз тобут» (А. Каҳҳор, 1975), «Вақте ки шаҳр хоб буд» (А. Чхеидзе), «Дар чорроҳа», «Ҳарос» (ҳар ду аз Н. Табаров, 1984) ва ҳоказоро таҳия кардааст.

Нақшофарӣ

вироиш

Дар саҳнаи Театри давлатии академикию драмавии ба номи А. Лоҳутӣ нақшҳои барҷастаро дар намоишномаҳои репертуари классикӣ ва аз рӯйи пйесаҳои муосир, ба монанди Карл Моор («Роҳзанҳо»-и Шиллер), Чатский («Мусибат аз ақл»-и Грибоедов), Любим Тортсов («Фақирӣ айб нест»-и А. Островский), шоир Хуршед («Шуълаи озодӣ»-и Ғ. Абдулло), Ёдгор («Дохунда»-и С. Айнӣ) ва ғайраро офаридааст.

Синамо

вироиш

Дар филмҳои ҳунарии: «Оромӣ намешавад» (1961), «Замони осудагӣ» (1962), «Марги судхӯр» (1965), «Хиёнат» (1967), «Ифшосозӣ» (1969), «Духтари сеюм» (1971), «Чор нафар аз Чорсанг» (2 қисм, телевизионӣ, 1972), «Салом, одами меҳрубон» (1973), «Панҷ нафар дар пайроҳа» (1973), «Асрори гузаргоҳи фаромӯшшуда» (1973), «Истгоҳи куҳӣ» (тел., 1973), «Роҳи сафед» (1974), «Субҳи Ганг» (2 қисм, 1975), «Достони Сиёвуш» (2 қисм, 1976), «На крутизне» (2 қисм, тел., 1976), «Муҳосира» (1977), «Одам пӯсташро иваз мекунад» (5 қисм, тел., 1978), «Минтақаи назоратӣ» (1980), «Обрӯ» (тел., 1984), «Дарвеши ланг» (1986), «Иловагӣ ба роҳи дуюм меояд» (2 қисм, тел., 1986), «Нигоҳ» (1988), «Ҳаёти одии бобои Амин» (кутоҳ, 1988) нақш бозидааст.

Дар филми бадеии студияи телевизиони Душанбе «Фариштаи сиёҳ» (1963); филмҳои ҳунарии киностудияи «Узбекфилм»: «Ба ватан хидмат мекунам» (1980), «Сайди дев» (1983), «Дар орзуи падар» (силсилафилми телевизионӣ, ТВТ, 2005), «Асир» (истеҳсоли ҶФО, 2006), «Шукрона» (силсилафилми телевизионӣ ТВ Эрон, 2007), «Дар чашми бод» (силсилафилми телевизионӣ 52 қисм, Эрон, 2008).

Дар Олмон ҳам як филм нақш офарида буд, ки он филм ҳам Гран-прии ҷашнвораҳои ҷаҳониро гирифта буд[4][5].

Ҷоизаҳо

вироиш

Бо нишонҳои «Дӯстии халқҳо» (нишони ИҶШС, 1980), «Дӯстӣ» (нишони Тоҷикистон, 1998), грамотаи фахрии Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон, медали «Барои меҳнати шоён» ба муносибати 100-солагии зодрӯзи В. И. Ленин (1970), медали Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст[6].

Ба муносибати 70-солагии ҳунарпеша ва коргардон Ҳабибулло Абдураззоқов маҷмӯъаи мақолаҳои «Марде дар шаҳр ва шаҳре дар мард», бахшида ба фаъолияти сермаҳсули ӯ, аз ҷумла фаъолияташ дар синамо рӯйи чоп омад.

Даргузашт

вироиш

Ҳабибулло Абдураззоқов рӯзи 19 январи соли 2021 дар 83-солагӣ дар Душанбе даргузашт[7].

  1. Фотима Ғуломова, ҳунарпешаи машҳури театр ва синамо 85-сола шуд. ВИДЕО(тоҷ.). Радиои Озодӣ. 19 Январ 2021 санҷида шуд.
  2. Ҳабибулло Абдураззоқов: Ҳунарманди асил бояд мавқеи худро дошта бошад!. asiaplustj.info. Новости Таджикистана ASIA-Plus. 19 Январ 2021 санҷида шуд.
  3. Зодрӯзи Шарофат Рашидова – асосгузори театри рақси тоҷик(тоҷ.). Pressa.tj (2 Декабри 2019). 19 Январ 2021 санҷида шуд.
  4. Ҳабибулло Абдураззоқов: "Айб дар тамошобин не, дар театрҳои мост". www.ruzgor.tj. РӮЗГОР (20 июни 2013). 19 Январ 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 5 августи 2020.
  5. Даргузашти Ҳабибулло Абдураззоқов ҳунарманд ва коргардони пуровозаи тетару синамо. www.asiaplustj.info. Хабарҳои Тоҷикистон ASIA-Plus. 19 Январ 2021 санҷида шуд.
  6. Абдураззоқов Ҳабибулло. tojikfilm.tj. МД «Тоҷикфилм».
  7. Ҳабибулло Абдураззоқов, ҳунарманди маъруфи синамо ва театр даргузашт. ВИДЕО(тоҷ.). Радиои Озодӣ. 19 Январ 2021 санҷида шуд.

Адабиёт

вироиш