Ҳикмат Ризо

(Тағйири масир аз Ҳикмат Ризоев)

Ҳикмат Ризо (10 октябри 1894, Ёнахш, Обигарм, (ноҳияи Файзобод) — 3 феврали 1990, Буни Ҳисорак, Душанбе) — ҳофиз, шоири халқӣ, гӯрғулисаро, Ҳофизи халқии Тоҷикистон (1963).

Ҳикмат Ризо
Таърихи таваллуд 10 октябр 1894(1894-10-10)
Зодгоҳ Ёнахш, Обигарм
Таърихи даргузашт 3 феврал 1990(1990-02-03) (95 сол)
Маҳалли даргузашт Буни Ҳисорак, Душанбе
Кишвар
Пеша(ҳо) ҳофиз, шоири халқӣ, гӯрғулисаро
Ҷоизаҳо

Зиндагинома

вироиш

Ҳикмат Ризо ҳунарманди хушсалиқа соли 1894 дар деҳаи Ёнахши ноҳияи Обигарм ба дунё омада он ҷо ба воя расидааст. Дар наврасию ҷавонӣ деҳқонӣ карда, сардори бригада ва мудири фермаи колхоз буд. Падару бародараш навозандаву сароянда буданд. Ӯ аз 15-солагӣ ба даст дутор гирифту ба сурудхонӣ ва фалаксароӣ сар кард. Пас аз ширкат дар маъракаҳои гӯрӯғлихонӣ, аз 20-солагӣ ба ҳунарнамоӣ оғоз карда, дар 22-солагӣ мустақилона гӯрғулӣ мехонд. Дар гӯрғулисарои думбура асбоби ягонаи ва асосии ӯ буд. Дар ҳунари ҳофизӣ устоди аввалини ӯ бародари калониаш Зиё Ризо буд. Баъдан давоми 40 сол аз Наврӯз Ҷомаҳмадов гӯрғулӣ омӯхт. Устоду дастгири дигари ӯ Хол Мусофир аст. Ҳикмат Ризо мегуфт: «50 ҳазор байтро дар дили ман Наврӯз андохт». Баътар ин адад ба 126 ҳазор мисраъ расид. Яъне Ҳикмат Ризо бо истеъдоди худододи худ ба эпоси «Гӯрғулӣ» аз худ иловаҳо даровард. Олимони фолклор эътироф кардаанд, ки гӯрғулии Ҳикмат Ризо ба 150 ҳазор мисраъ мерасид.

Эҷодиёт

вироиш

Ҳикмат Ризо бо ҳунари ҳофизӣ, бо истеъдоди баланди гӯрғулисароӣ тӯю маъракаҳоро гарм мегирифт, дар дили мардум орзуи фардои дурахшонро ҷо мекард, ғаму дарди зиндагии онҳоро сабук мегардонд. Солҳои 40-ум (асри XX), ҳини дар сохтмони роҳи калони Душанбе-Хоруғ кор карданаш, дар васфи роҳсозон суруд мехонд, пораҳои эпоси «Гӯрғулӣ»-ро зам-зама мекард.

Овозаи сарояндагии Ҳикмат Ризо ба аҳли илму адаб ва ҳунари Тоҷикистон расид. Ва бо даъвати устод Мирзо Турсунзода ва олими намоёни соҳаи филология Абдулғанӣ Мирзоев соли 1948 ба шаҳри Душанбе омад. Ҳамон вақт аз забони ӯ 35 достони «Гӯрғулӣ» (иборат аз 100 ҳазор сатр) сабт гардид. Ин ганҷи бебаҳо дар хазинаи фолклории Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти Академияи илмҳои Тоҷикистон маҳфуз аст. Ҳикмат Ризо ба ғайр аз достони «Гӯрғулӣ» дар ҳаҷми 25 ҷузъи чопӣ афсонаю ривоят ва ёддошту хотираҳои сабткарда дорад. Соли 1965 гӯрғулии Ҳикмат Ризо дар 4 қартаи калонҳаҷм сабт карда 4 бор ба нашр расид.

Зиндагии Ҳикмат Ризо ба ҳаёти фарҳангии ҷумҳурӣ пайвасту пайванд буд. Ӯ иштирокчии Даҳаи санъат ва адабиёти тоҷик дар Москва (соли 1949) ва Симпозиуми шарқшиносони ҷаҳон дар шаҳри Москва (соли 1960) мебошад.

Ҳикмат Ризо ашъори шоирони гузашта, шеъру достонҳои халқиро аз ёд медонист ва дар ҳамин замина худ низ шеъргӯӣ мекард (маҷмӯаҳои «Суруди Ватан», 1950; «Баҳори Тоҷикистон», 1979 ва ғайра). Муаллифи достонҳои «Роҳсозӣ ва ободонӣ», «Ҷанги Ватанӣ» ва ғайра.

Ҳикмат Ризо эпосҳои қаҳрамонии халқи тоҷикро дар садаи XX устувор гардонд ва бо ин хидматаш, ба замми дар дили халқ ҷо гирифтан, ба унвонҳои Ҳофизи халқии Тоҷикистон, «Шоири халқ» ва «Ҳомери асри XX» шуҳрат ёфт.

Бузургдошт

вироиш

17 ноябри соли 1990 ба хотири гиромидошти номи ӯ дар деҳаи Мискинобод нимпайкараи ӯро гузоштанд, ки дар рӯзи кушода шуданаш ҳазорҳо нафар мухлисони ӯ ҷамъ омада буданд. Дар бораи Ҳикмат Ризо ходимони киностудияи «Тоҷикфилм» филми мустанаде бо номи «Жакон» (филмномаи С. Ҳақдодов, коргардон С. Солеҳов) таҳия кардаанд. Яке аз кӯчаҳои Душанбе номи Ҳикмат Ризоро гирифтааст.

Видео

вироиш

Пайвандҳо

вироиш

Сарчашма

вироиш
  • Рӯзномаи Набзи Файзобод