Деҳоти Ғазантарак

(Тағйири масир аз Ҷамоати Ғазантарак)

Ҷамоати Ғазантаракҷамоатест дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғди Тоҷикистон.

Ҷамоат
Ғазантарак
Ғазантарак
Парчам Нишон
Парчам Нишон
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Вилояти Суғд
Ноҳия Деваштич
Таърих ва ҷуғрофиё
Минтақаи замонӣ UTC+5:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ (2013) 14049 тан
Миллият тоҷикҳо, ӯзбекҳо
Эътиқодот мусулмонон сунниҳоон
Номи қавмӣ ғончигӣ
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992

Сохтори маъмурию ҳудудии Ҷамоат

вироиш

Ҷамоати деҳоти Ғазантарак 23 марти соли 1977 ташкил шудааст. Ҷамоат дар зери қаторқўҳҳои Туркистон ҷойгир буда, аз маркази ноҳия 3 км дуртар воқеъ гаштааст. Аз тарафи шимол бо Ҷамоати деҳоти Яхтан, аз ҷануб бо Ҷамоати деҳоти Муҷун ва аз ғарб бо Ҷамоати шаҳраки Ғончӣ ҳамсарҳад мебошад. Ҷамоати деҳоти Ғазантарак аз 8 деҳаву маҳалла иборат буда, яке аз Ёдгориҳои қадимаи таърихию фарҳангӣ ба ҳисоб меравад. Деҳаи Ғазантарак яке аз деҳаҳои куҳандиёр ба ҳисоб меравад. Дар гузашта яъне ба вилояти Курушана, ки асосан аз 7 — шаҳри калон иборат буд ва яке аз онҳо шаҳри Ғаза ба ҳисоб мерафт, ки аз қадимулайём деҳаи Ғазантарак, Қалъачаи Азим ва Қаробӯин ба ҳайати он дохил буданд. Ин деҳаҳо бо токпарварӣ машғул ва машҳур буданд. Шираи ангури Ғазантарак то 40 % қанд дорад. Ҳатто баъзе сайёҳон қайд мекунанд, ки дар шаҳри Лос-Анҷелоси Амрико дар музей, мавизи «Чиллагии» Ғазантаракро дидаанд.

Шароитҳои табиию иқлимӣ ва захираҳо

вироиш

Дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Ғазантарак аз захираҳои табиӣ,- хоки зард барои тайёр кардани хишти пухта, гили бўтта — барои тайёр кардани зарфҳои кулолӣ, ашёи хом барои тайёр кардани семент ва оҳак, инчунин дар назди деҳаи Қаробўин оби шифобахш мавҷуд аст. Иқими Ҷамоати деҳоти Ғазантарак хушк ва камбориш буда, ҳарорати миёнаи моҳи январ – 5 + 5 0С аст ва дар моҳи июл ҳарорати аз ҳама баланд +35 +40 0С мебошад. Масофаи байни Ҷамоати деҳоти Ғазантрак ва маркази ноҳияи Ғончӣ 3, то Хуҷанд 67 ва то Истаравшан 14 км мебошад.

Мардум

вироиш

Аҳолии Ҷамоати Ғазантарак дар аввали соли 2009 — 16529 нафарро ташкил дод, ки зиёда аз 61,3 % онро тоҷикон ва 38,7 %-и боқимондаро ўзбекон ва намояндагони 5 миллати дигар ташкил медиҳанд. Мардон 8099 ва занон 8430 нафар мебошанд.[1]

Деҳоти ҷамоат

вироиш
Деҳаҳои Ҷамоати Ғазантарак
Деҳа Аҳолӣ
Ғазантарак
Янгиариқи Поён
Қалъачаи Раис
Қалъачаи Азим
Гул (деҳа)
Қаробӯин
Анбарҳази Поён

Пайвандҳо

вироиш
  1. Ҷамоати деҳоти Ғазантарак(пайванди дастнорас)