Деҳоти Муҷун
Ҷамоати деҳоти Муҷун — ҷамоатест дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғди Тоҷикистон.
Маҳалли аҳолинишин | |||
Муҷун | |||
|
|||
Кишвар | Тоҷикистон | ||
Вилоят | Вилояти Суғд | ||
Ноҳия | Деваштич | ||
Таърих ва ҷуғрофиё | |||
Таъсис | 1929[1] | ||
Масоҳат | |||
Баландии марказ | 1 035 м[2][1] | ||
Минтақаи замонӣ | UTC+5:00 | ||
Аҳолӣ | |||
Аҳолӣ | 24840 тан (2011) | ||
Номи қавмӣ | ғончигӣ | ||
Забони расмӣ | тоҷикӣ | ||
Пешшумораи телефон | +992 | ||
|
Ҷойгоҳ
вироишҶамоати деҳоти Муҷун дар қисми ҷануби шарқии ноҳияи Деваштич вилояти Суғд ҷойгирбуда, масофа аз маркази ноҳия 12 аз маркази вилоят 90 ва аз маркази Ҷумҳурии Тоҷикистон 260 км-ро ташкил медиҳад. Ҷамоати деҳоти Муҷун дар нишебиҳои шимолии қаторкӯҳҳои Туркистон ҷойгир шудааст. Маркази ҷамоати деҳоти Муҷун дар баландии 1035 м аз сатҳи баҳр қарор дорад. Масоҳати умумии ҷамоати деҳоти Муҷуни ноҳияи Деваштич 19.47 км квадратиро ташкил медиҳад. Ҷамоати деҳоти Муҷун аз 10 деҳа иборат аст: Муҷун, Истиқлол, Ҳазорчашма, Зароб, Нуробод, Меҳробод, Ҳавутак, Анбарин, Гулшан ва Панҷбоғ. Ҷамоат дар ҷанубу шарқи ноҳияи Деваштич аз шимол бо ҷамоати деҳоти Ғазантарак, аз ҷануб бо ҷамоатҳои Расровут, Ваҳдат ва Калининобод, аз тарафи ғарб — бо ноҳияи Истаравшан (18 км), аз тарафи шарқ бо вилояти Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон ҳаммарз мебошад.
Таърих
вироишҶамоати деҳоти Муҷун дар асоси хуҷҷатҳои пешниҳодкардаи бойгонии давлатии шаҳри Истаравшан соли 1929 таъсис ёфтаст. Дар соли 1935 ум Совети қишлоқи Иторчи ва дар солҳои 1944 Совети қишлоқи Анбағаз низ номнавишт шудааст. Дар солҳои 1950 ум бо сабаби барҳам хӯрдани ноҳияи Калининобод деҳаҳои дар ҳудуди ӯ буда ба ҷамоати деҳоти Муҷун ҳамроҳ шудаст.
Иқлим
вироишМиқдори миёнаи солонаи нурафшони офтоб 6200 кч.м.кв буда, ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво 12,5 С аст. Ҳарорати миёнаи ҳаво дар моҳи июл 30-32.4 С буда, дар моҳи январ −2 то −14 С хунук мешавад. Дар ҷамоати деҳоти Муҷун миқдори солонаи бориш ба 220—320 мм баробар аст.
Ҷамоат дар баландии 1050 м аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад. Ҷамоат аз захираҳои табии масолеҳи бинокорӣ (гил, хок, сангҳои таҳкурсӣ, сангҳои барои истеҳсоли оҳак) санги мармар бой мебошад. Хокҳои Ҷамоат асосан хоки хокистарранги тира, зардхок, шағалхок, инчунин хокҳои серсанг ва рег вомехӯранд. Хоки минтақаи бешазори арча ва доманаи кӯҳсор қаҳваранг ё худ доминаранг буда, поёнтар ба гашти дашт он ба тирахаки кушод ва зардхок таҷлил меёбад.
Набототу ҳайвонот
вироишДар ҳамвории доманакӯҳҳо дар баландиҳои (1000—1900 метр) набототи биёбонию нимбиёбони эфемирҳо, шибоғ, шутурхор, ҷӯробак, кавар, ковук ва ғайра, дар куххо дар баландиҳои зиёда аз 1100—1900 дар биёбони дамои хӯшадорҳо, лубиёҳо, гулҳо, буттаҳои зирк, настаранг, бодомӣ, бодоми талхак ва ғайраҳо мерӯянд. Дар водиҳои ноҳия бошад зироатҳои маданӣ, гандум, ҷав, ҷавдор, сулӣ, ҷуворимакка, нахуд, лаблабу, шалғам, турб, пиёз, сабзӣ, помидор, бодиринг, харбуза, каду, ангуру тут, себ, нок, шафтолу, зардолу,гелос парвариш меёбанд. Олами ҳайвонотро юрмон, харгӯш, рӯбоҳ, гург, хуки ваҳшӣ, ҷайра, хирси мала, оҳу, бузҳои ёбоӣ; паррандаҳо: кабк, мурғи ҳилол, мастка, зоғ, уқоб, бургут, мусича, гунҷишк, фароштурук, акка, кабӯтари ёбоӣ, бедона, булбул; Моҳиҳо: ширмоҳӣ, гулмоҳӣ, пешонағафс-хазандаҳоро мор, калтакалос, сусмор, каждум, калпеса намояндагӣ мекунанд.
Мардум
вироишБа ҳолати 1.01.2011 аҳолии ҷамоати деҳоти Муҷун 24840 нафарро ё 18 % аҳолии умуми ноҳияи Деваштичро ташкил медиҳад, аз ҷумла мардон 12581 нафар, занон 12259 нафар буда, суръати миёнаи афзоиши солонаи аҳолӣ 2,98 %- ро ташкил медихад. Дар ҳудуди ҷамоат 6348 хонавода истиқомат мекунад.
Деҳаҳои ҷамоат
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 https://www.gonchi.tj/tj/jamoatho/jamoati-mujun
- ↑ таджикская Википедия — 2004.
- ↑ Ҷамоати деҳоти Муҷун. 20 феврали 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 25 марти 2016.