Ҷастин Бибер

Овозхони канадӣ

Ҷастин Дрю Бибер (англ. Justin Drew Bieber; тав. 1 март 1994, Лондон, Онтарио, Канада) — сарояндаи мусиқии попи канадӣ, суруднавис, ҳунарпеша ва мусиқидон. Соли 2008 Скутер Браун дар YouTube Ҷастинро пайдо намуд ва дертар менеҷери ӯ шуд. Скутер вохурии ӯро бо Ашер дар Атланта ташкил намуд, ки дар муддати кӯтоҳ онҳо ҳамкорӣ намуданд ва Ҷастин артисти лейбли Raymond Braun Media Group (RBMG) гардид.

Ҷастин Бибер
Justin Bieber
Иттилооти асосӣ
Ном ба ҳангоми таваллуд Justin Drew Bieber
Таърихи таваллуд 1 март 1994(1994-03-01) (29 сол)
Зодгоҳ Стратфорд, Лондон (Онтарио), Канада
Солҳои фаъолият 2007-то ҳол
Кишвар  Канада
Пеша(ҳо) сароянда
суруднавис
ҳунарпеша
Навъи садо тенор
Соз Гитара
фортепиано
vocals
барабан
Сабк Поп
Ҳип-ҳоп
R&B
Номи мустаъор JB ва Biebs
Ҳамкорӣ Big Sean
Крис Браун
Chance the Rapper
Дипло
Эд Ширан
Дил Твист
Ludacris
Maejor
Скриллекс
Трэвис Скотт
Ашер
Ношир(он) Island
Teen Island
Ҷоизаҳо
Соядаст
Соядаст
justinbiebermusic.com(англ.)
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома вироиш

Ҷастин 1 марти соли 1994 дар Лондон, Онтариои Канада дар беморхонаи Сент Ҷозеф таваллуд шудааст[1] ва дар Стратфорд, Онтарио ба воя расидааст[2]. Ӯ фарзанди ягонаи Ҷеремӣ Ҷек Бибер ва Петти Маллетт мебошанд, ки ҳеч гоҳ издивоҷ накарда буданд[3]. Вақте ки ӯ таваллуд шуд, Маллетт ноболиғ буд, модараш Дайан ва падарандари ӯ Брюс ба ӯ дар тарбияи писараш кумак карданд[4]. Аҷдоди Ҷастин фаронсавиҳои Канада, ирландиҳо, инглисҳо, шотландиҳо ва олмониҳо мебошанд[5][6].

Тавассути падараш Ҷеремӣ, Ҷастин ду хоҳару як бародар дорад. Ҷеремӣ ва дӯстдухтари собиқи ӯ Эрин Вагнер, ки соли 2014 пас аз ҳафт сол аз ҳам ҷудо шуданд, ду фарзанд доранд, духтарашон Язмин ва писарашон [7]. Ҷеремӣ моҳи феврали соли 2018 бо дӯстдухтари худ Челсӣ хонадор шуд ва онҳо соҳиби як духтар бо номи Бай мебошанд[8][9]. Ҷастин инчунин соҳиби хоҳархонде бо номи Элли мебошад, ки духтари модари угайи ӯст[10]. Петти, ҳамчун модари танҳо корҳои гуногуни каммуздро иҷро карда Ҷастинро ба воя расондааст. Ҷастин бо падараш рафтуомадро идома медиҳад[11].

Бибер дар мактаби ибтидоии ва католикии Жанна Саве дар Стратфорд, ки дузабона аст, таҳсил намудааст[4]. Ба воя расида ӯ навохтани фортепиано, барабан, гитара ва сурнайро ёд гирифт[2][12]. Ӯ соли 2012 мактаби миёнаи "St. Michael Catholic"-ро дар Стратфорд, Онтарио, хатм кардааст[13]. Аввали соли 2007, ҳангоми Ҷастин 12-сола буд, суруди Ne-Yo "So Sick" -ро барои рақобати маҳаллӣ дар Стратфорд сароид ва ҷои дуюмро ишғол кард[12][14]. Маллетт ӯро ба навор гирифта дар YouTube барои оила ва дӯстонашон гузошт. Ӯ ҳар гуна сурудҳоро месароид ва модараш дар сомонаи интернетӣ мегузошт, ки ин Ҷастинро рӯз аз рӯз ба мардум муаррифӣ мекард[15].

Эҷодиёт вироиш

Оғози фаъолияти эҷодӣ

Скутер Браун, роҳбари собиқи So So Def, дар сомонаи YouTube видео меҷуст ва ногаҳон яке аз наворҳои Ҷастинро дида[11], Браун ба ҳайрат афтод. Ӯ Ҷастинро ёфт ва қарор дод, ки бо модараш тамос гирад. Петти намехост фавран розӣ шавад, аммо пас аз ваъдаҳои зиёд аз тарафи Скутер, ӯ ба Ҷастин иҷозат дод, ки ба Атланта, Ҷорҷия барои сабт парвоз кунад[11]. Ҷастин ба зудӣ бо Raymond Braun Media Group (RBMG), дар ҳамкории муштарак байни Браун ва Ашер шартнома баст[16][17]. Ҷастин Тимберлейк низ мехост бо Ҷастин ҳамкорӣ кунад, аммо Бибер Ашерро интихоб кардааст[17][18]. Браун менеҷери Ҷастин гардид. Суруди нахустинаш "One Time"-ро соли 2009 сабт кард[19], ки дар рӯйхати даҳгонаи беҳтаринҳои Канада ва дар "топ-30"-и якчанд мамлакатҳо ҷой гирифт[15].

 
Баромади Ҷастин соли 2010 дар Кохи Сафед

17 ноябри соли 2009, Бибер нахустин албоми хурди худ - "My World" -ро нашр кард. Суруди дуввуми албом "One Less Lonely Gir" ва ду суруди таблиғотии «Love Me» ва «Favourite Girl» дар iTunes гузашта шуданд,ки дар "топ-40"-и Billboard Hot 100 ҷой гирифтаанд. Пас аз ин «One Less Lonely Girl» дар радио садо дод, ки ба дараҷаи топ-15 дар Канада ва Иёлоти Муттаҳида дохил шуд[20][21]. My World дар ИМА, Канада, Бритониё, Австралия ва Зеландияи Нав сершунавандатарин албом гашт[22][23][24]. Ҷастин аввалин овозхоне гардид, ки ҳафт суруди ӯ аз албоми нахустинаш ба Billboard Hot 100 ҷой гирифт. Барои дастгирии албом, Ҷастин дар барномаҳои VMA 2009, Dome, The Today Show, Wendy Williams Show, Lopez Tonight, «Эллен», Good Morning America баромад намудааст.

Ҷастин дар Кохи Сафед барои Президенти Иёлоти Муттаҳида Барак Обама ва хонуми якум Мишел Обама бо суруди Стиви Уандер "Someday at Christmas", баромад намуд[25]. Ин маросим 20 декабри соли 2009 дар телевизиони амрикоии TNT пахш карда шуд. Бибер 31 январи соли 2010 дар маросими 52-уми ҷоизасупории Грэмми, барои дасгирии Ҳаити пас аз заминҷунбӣ суруди «We Are the World»-ро, (сурудро Майкл Ҷексон ва Лионел Ричӣ навиштаанд), иҷро намудааст[26].

Нахусталбоми My World 2.0 ва филми «Justin Bieber: Never Say Never»

Суруди "Baby", аз нахусталбоми ӯ My World 2.0, моҳи январи соли 2010 дар ҳамкори бо  Лудакрис, сабт шудааст, хело муваффақ гардид. Суруд дар сурудҳои беҳтарини ИМА, ҷои панҷумро ишғол намуд ва дар ҳафт кишвари дигар дар рӯйхатҳои даҳгонаи беҳтарин ҷой гирифт. Муддати тӯлонӣ клип, навори сертамошобини YouTube гардид, то он даме ки клипи овозхони Кореяи Ҷанубӣ PSY - "Gangnam Style" сабт шуд. Бо вуҷуди ин, "Baby" то ҳол рекорди худро барои баҳои  хуб дар YouTube аз даст надодааст.

Ду суруди таблиғотии "Never Let You Go" ва "U Smile" дар Toп 30 Hit 100-и ИМА ва Toп 20-и Канада дохил шуд. Тибқи Metacritic, албом баҳои хуб гирифтааст. Ӯ дар Billboard 200-и ИМА рақами як гашт ва Биберро ҷавонтарин овозхон ба ин рӯйхат дохил намуд, ки Стиви Уандер соли 1963 чунин унвонро гирифта буд[27].

Албоми "My World 2.0" 23 марти соли 2010 бароварда шуд, ки дар ИМА, Канада, Ирландия, Австралия ва Зеландияи Нав сершунавандатарин албоми сол гардид[28][29]. Барои дастгирии албом, Ҷастин дар якчанд барномаҳо, аз ҷумла The View, 2010 Kids Choice Awards, Nightline, Late Show Дэвид Леттерман ва ғайраҳо баромад кардааст[30]. Бибер бо Шон Кингстон дар суруди "Eenie Meenie" ҳамкорӣ кард, ки он ҳам дар албоми дебютии ӯ дохил мешавад. Ин суруд онро ба даҳгонаи беҳтарини Британияи Кабир, Австралия ва топ-20-и чанд кишвари дигар дохил намуд.

 
Ҷастин ҳангоми намоиши консертии My World Tour (2011) дар Индонезия

10 апрели соли 2010, Бибер дар барномаи Saturday Night Live меҳмон гашт[31]. Суруди дуюми My World 2.0, "Somebody to Love ", моҳи апрели соли 2010 бароварда шуд ва ремикси суруд низ аз тарафи устоди Бибер Ашер, сабт шудааст. Суруд дар рӯйхати сурудҳои беҳтарини Канада дар ҷои даҳум, дар ИМА ҷои понздаҳум ва дар чандин кишварҳои дигар дар ҷои бистум қарор гирифт. 23 июни соли 2010, Бибер нахустин сафари расмии худ (My World Tour)-ро оғоз кард, то ин ки албомҳои My World ва My World 2.0 -ро таблиғ намудааст[32]. Моҳи июли соли 2010, Бибер машҳуртарин овозхоне гардид, ки дар олами маҷозӣ суруду клипҳои ӯро зиёдтар меҷӯян. Ҳамон моҳ видеомусиқии ӯ "Baby" дар шабакаи YouTube сертамошотарин навор гардид, ки "Bad romance" - и Леди Гагаро гузашт[33]. Моҳи сентябри соли 2010, маълум шуд, ки Бибер се фоизи тамоми трафики Twitter-ро ташкил медиҳад.

Бибер сабти албоми дуввуми худро моҳи июли соли 2010 дар Ню Йорк оғоз намуд. Аммо садои ӯ аз қаблтар паст гардид. Моҳи апрели соли 2010 овозхон хотиррасон кард: "Мисли ҳама наврасон ман низ чунин мушкилӣ дорам, аммо ман беҳтарин мураббии вокал дорам, ҳамааш хуб хоҳад шуд."

Ҷастин дар силсилафилми CSI: Crime Scene Investigation нақш бозидааст: қисмате ки ӯ иштирок намудаааст 23-юми сентябри соли 2010 пахш карда шудааст. Қаҳрамони ӯ навраси роҳгумро тасвир мекунад, ки бо мушкилии душвори оилавӣ дучор мешавад[34]. 12-уми сентябри соли 2010 дар маросими MTV Video Music Awards, Ҷастин сурудҳои U Smile, Baby ва Sombody To Love - ро дар намуди поппурӣ иҷро намудааст[35]. Моҳи октябри соли 2010, Ҷастин эълон кард, ки як албоми акустикиашро бо номи My Worlds Acoustic мебарорад[36]. Он рӯзи "Black Friday" (Ҷумъаи сиёҳ) дар Иёлоти Муттаҳида нашр шуд, ки албом нусхаҳои акустикии сурудҳояшро аз албомҳои пешинаи худ ва як суруди нав "Pray", дар бар гирифтааст[37].

11 феврали соли 2011 консерт-филми ҳуҷҷатии ӯ "Justin Bieber: Never Say Never", дар формати 3D рӯи навор баромад. Филм аз тарафи коргардон Ҷон Чу бароварда шудааст. Филм рӯзи аввали намоиш, ки дар 3105 кинотеатр ба намоиш гузошта шудааст, $12,4 миллион доллар ҷамъ овард. Он рӯзи аввали истироҳатӣ $30.3 миллион доллар ҷамъ овард, ки муваффақтарин филм- консерти ҳуҷҷатии сердаромад дар Иёлоти Муттаҳида гардид[38].

Муваффақият ва албоми навбатии «Under the Mistletoe»

23 феврали соли 2011 дар Brixton Academy маросими ҷоизасупории навбатии NME Awards баргузор гардид. Ҷастин Бибер дар ин маросим ду ҷоиза ба даст овардааст[39][40].

27 феврали ҳамон сол, Бибер дар якҷоягӣ бо ҳунарпеша ва овозхони амрикоӣ Селена Гомез, дар Vanity Fair Oscar Party иштирок намуданд , ки овозаҳои равобити ошиқона онҳоро тасдиқ кард.

Ӯ овозхони ҷавонтарин ва яке аз ҳафт мусиқидонҳое мебошад, ки дар тӯли 12 моҳ 53 миллион доллар ба даст овардааст.

8 август дар Ню Йорк маросими ҷоизасупории Teen Choice Awards баргузор шуд, ки Ҷастин чаҳор ҷоизаро барои «беҳтарин мусиқидон-мард», «марди зеботарин», «беҳтарин ҳунарпеша» ва «золим телевизионӣ» ба даст овардааст[41]

Охири моҳи октябри соли 2011, маълум гардид, ки Бибер аввалин шахсуст, ки видеояш дар YouTube ду миллиард тамошобин ҷамъ намудааст[42].

1 ноябр албоми дуввуми Ҷастин таҳти унвони «Under the Mistletoe» сабт шуд. Баъзе аз сурудҳои ин албом дар ҳамкорӣ бо чунин сарояндаҳо ва гурӯҳҳо ба монанди: Ашер, Boyz II Men, Мэрайя Кэри, The Band Perry ва Busta Rhymes сабт шудаанд. Ӯ дар Billboard 200 ҷои аввалро ишғол намуд, ки дар ҳафтаи аввали нашри он 210,000 нусха ба фурӯш рафтааст[43].

Албомҳои «Believe», «Journals» ва сафарҳои ҷаҳонӣ

 
Ҷастин Бибер ҳангоми сафари ҳунарии Believe Tour (октябри 2012)

Охири соли 2011, Бибер сабри албоми севуми худ Believe -ро оғоз намуд.  Kanye West ва Дрейк тасдиқ намуданд, ки онҳо бо Ҷастин дар ин албом ҳамкорӣ хоҳанд кард.

22 феврали соли 2012, Бибер дар Твиттер эълон кард, ки аввалин суруд аз албом моҳи марти соли 2012 сабт мешавад. Ҳафтаи дигар, Бибер дар "The Ellen DeGeneres Show" меҳмон шуд ва эълом намуд, ки аввалин суруди албомаш бо номи "Boyfriend" 26 марти соли 2012 бароварда мешавад. Сурудро бо ҳамроҳии Mike Posner навиштааст.

19 июн албоми "Believe" ба фурӯш бароварда шуд[44]. Дар ҳафтаи аввали пас аз интишори фитта, он беш аз 370 ҳазор нусха фурӯхта шуд[45].

Тирамоҳи соли 2012 сафари ӯ барои дастгирии албоми "Believe" оғоз ёфт, ки таърихи якум консерт дар Глендейли Аризона баргузор шуд. Сафари консертӣ то аввали декабри соли 2013 давом кард ва 8-уми декабр дар Перт анҷом ёфт. Дар тӯли чунин муддати тӯлонӣ, овозхон тавонист дар Амрико, Африка, Осиё, Австралия ва Аврупо консерт диҳад. Инчунин, Бибер бо қисми аврупоии "Believe Tour" ба Русия ташриф овард, ки бори аввал ду консерт дод - дар Санкт-Петербург ва Маскав[46].

Дар ҷараёни "Believe Tour" ӯ албоми акустикии "Believe Acoustic"-ро низ, ки иборат аз нусхаҳои сабуки сурудҳо аз албоми "Believe" ва инчунин якчанд композитсияҳои нав мебошанд пешкаш намудааст. Албом дар Амрико ҷои 1 ва дар Британияи Кабир ҷои 5 ишғол намуд[47].

Моҳи октябри соли 2013, Бибер эълом дошт, ки ният дорад ҳар душанбе 10 суруди навро ҳамчун таблиғи филми нави консерти "Justin Bieber. Believe" интишор мекунад. Аввалин суруд аз даҳ суруд бо номи "Heartbreaker" рӯзи душанбеи якуми октябр дар iTunes бароварда шуд. Пас аз он сурудҳои боқимонда «All That Matters», «Hold Tight», «Recovery», «Bad Day», «All Bad», «PYD», «Roller Coaster», «Change Me» ва «Confident» сабт шуданд. Суруди дуввум "All That Matters" бо нусхаи клипвидео аз тарафи таҳиягар Колин Тилли сабт карда шудааст. Ҳама 10 суруд дар маҷмӯа бо номи  «Journals» ба фурӯш бароварда шуд. Ҳамин тавр охири соли 2013 филми «Justin Bieber. Believe ” дар экранҳои калон бароварда шуд[48].

Албоми "Changes"

25 марти соли 2019, Бибер тавассути Instagram эълон намуд, ки аз бо сабабҳои гуногун танаффус мегирад[49]. Бо вуҷуди ин, ӯ баъдтар ба мухлисонаш ваъда дод, ки албоми панҷумашро дар ҷашнвораи Coachella Valley Music and Arts 2019 пешниҳод менамояд[50]. 24 декабри соли 2019, Бибер хитоб намуд, ки албоми панҷуми худро сабт менамояду ба сафари чоруми консертии худ дар соли 2020 оғоз хоҳад кард. Аввалин суруди албом "Yummy", 3 январи соли 2020 сабт шуд[51]. Дар  Billboard Hot 100 ҷои дуввумро ишғол намуд. Ӯ дар барномаи The Ellen DeGeneres Show 28 январи соли 2020 иштирок намудаааст, ки ниҳоят саннаи барориши албоми панҷуми худро "Changes", 14 феврали соли 2020 тасдиқ [52]. Худи ҳамон рӯз, ӯ инчунин як суруди албомро "Get Me", ҳамчун таблиғ бо иштироки овозхон Кейланӣ сароид[53]. 7 феврал, Ҷастин суруди дуввуми албом "Intentions" -ро (бо Quavo) пахш намуд[54]. Ин суруд дар Billboard Hot 100, ҷои панҷумро ишғол намуд. "Changes" рӯзи 14 феврал пахш шуд, ки рақами аввал дар Billboard 200 гардид[51][55].

27 январи соли 2020, дар нахустнамоиши силсилафилми ҳуҷҷатии "Seasons", Бибер суруди нави "La Bomba" -ро суруди овозхони колумбиявӣ Ҷей Балвинро пешниҳод намуд, ки Ҷастин бо забонҳои англисӣ ва испанӣ сароид[56][57].  8 майи соли 2020, Ҷастин бо овозхони амрикоӣ Ариана Гранде суруди "Stuck with U" -ро сабт намуданд[58].

Ҳаёти шахсӣ вироиш

Аз соли 2010, ӯ бо ҳунарпеша ва овозхон Селена Гомес робитаи ошиқона дошт[59]. Соли 2012, маълумоте пайдо шуд, ки онҳо расман ҷудо шуданд[60], аммо ин гузоришҳо аз ҷониби дигар манбаъҳо рад карда шуданд[61][62]. Моҳи январи соли 2013, пас аз он ки Селена бо Ҷош Ҳатчерсон дар маросими ҷоизасупорӣ "Глобуси тилоӣ" пайдо шуд ки, ҷудошавии онҳоро исбот намуд[63][64]. Пас аз ҷудо шудан бо Гомес, Бибер бо моделҳои молдовӣ Ксения Делӣ ва София Ричӣ мулоқот кардааст.

Соли 2015, Бибер як аксро дар Instagram гузошт, ки ӯ духтари Стивен Болдуин, модел - Ҳейлӣ Болдуинро мебӯсад. Овозаҳо дар бораи робитаи ҷавонон фавран дар шабака паҳн мешуданд, аммо сарфи назар аз видеоҳо ва аксҳои исботкунандаи муносибатҳои онҳо, Ҷастин ва Ҳейлӣ ҳамеша рад мекарданд ва иддао доштанд, ки онҳо танҳо дӯстони хубанд. Соли 2016, онҳо ҷудо шуданд ва дар яке аз мусоҳибаҳо, Бибер робитаашро бо модел тасдиқ кард ва сабаби ҷудошавиашонро шарҳ дод[65].

Моҳи ноябри соли 2017, Бибер боз бо Селена Гомес мушоҳида шуд[66]. Камтар аз шаш моҳ, онҳо низоъро шурӯъ карданд, ки сабаб барқарор шудани иртиботи Ҷастин бо Ҳейли Болдуин буд. Моҳи марти соли 2018, Бибер ва Гомес бори дигар ҷудо шуданд[67].

Тобистони соли 2018 Бибер ва Болдуин дубора робитаро оғоз намуданд[68][69]. 7 июли соли 2018, маълум шуд, ки онҳо номзадӣ намудаанд[70]. 8 июли соли 2018, Бибер ин номзадиашонро тавассути интишори мақола дар Instagram тасдиқ намуд[71].

14 сентябри соли 2018, Ҷастин Бибер ва Ҳейли Болдуин расман издивоҷ намуданд[72].

Парвандаҳоии ҷиноӣ вироиш

23 январи соли 2014, Ҷастин Бибер аз ҷониби полиси Майами барои рақобати мошинронӣ дар кӯчаҳои шаҳр дастгир карда шуд. Ӯ аз гузариши озмоиши машрубот даст кашид. Дертар Бибер иқрор шуд, ки қабл аз рондани мошин ӯ машрубот менӯшид, марихуана ва ҳаб истифода мебурд. Додгоҳ ӯро бар ивази дуюним ҳазор доллар раҳо кард[73][74].

23 январи соли 2014 дар сомонаи Кохи сафед як дархосте пайдо шуд, ки аз мақомоти ИМА талаб мекунад, ки иҷозатномаи зисти Ҷастин Биберро бекор карда ӯро ба ватани худ ба Канада истирдод кунад[75][76].

Ҷастин Бибер дар ҳамла ба ронандаи лимузин гумонбар дониста мешавад. Ҳодиса рӯзи 29 декабри соли 2013 дар назди стадиони хоккейи Air Canada баргузор шуд, ки он ҷо овозхон бо дӯстон ва муҳофизонаш барои тамошои бозӣ бо иштироки клуби NHL омадааст. Аз шикояти ронанда чунин бармеояд, ки дар байни ӯ ва яке аз мусофирон муноқиша рух додааст. Ҳангоми ҷанҷол ӯ ба ронанда якчанд маротиба ба сар ва тахтапушташ задааст. Пулис Биберро ба ҳамла муттаҳам кард. Мурофиаи пешакии судӣ 10 марти соли 2014 таъйин шудааст. Оид ба ҳодисаи қаблӣ - рондани мошин дар ҳолати мастӣ ва истифодаи шаҳодатномаи ронандагӣ, ки муҳлати таъйиншудааш тамом шуда буд, мурофиаи судӣ 16 феврали соли 2014 таъйин шуд[77].

1 феврали соли 2014 ҳавопаймои Ҷастин Бибер дар фурудгоҳи Тетерборо (Ню-Ҷерсӣ) боздошт шуд. Сабаби боздошт, дохили ҳавопаймо бӯи марихуана мекард[78].

Вазъи саломатӣ вироиш

8 январи соли 2020, Ҷастин Бибер эълом кард, ки ӯ ду сол гирифтори бемории Лайм буда, охири соли 2019 ташхис шудааст. Ӯ инчунин аз бемории сироятии роҳҳои нафас(мононуклеози сироятӣ, ки тавассути вируси Эпштейн-Барр ба вуҷуд меояд), ки ба пӯст, фаъолияти мағзи сар, сатҳи энергия ва умуман саломатӣ таъсир мекунад, ранҷ мекашад. Пештар, якчанд аксҳо нашр шуда буданд, ки дар онҳо ӯ хеле хаста менамуд ва чеҳраи ӯ пур аз акне буд, ки овозаҳо дар бораи нашъамандии ӯро ба бор овард, ки онҳоро Ҷастин рад кард[79].

Дискография вироиш

Албомҳо
  • My World 2.0 (2010)
  • Under the Mistletoe (2011)
  • Believe (2012)
  • Purpose (2015)
  • Changes (2020)
  • Justice (2021)

Филмнома вироиш

  • CSI: Crime Scene Investigation (2010) - Ҷейсон Маккенн
  • Justin Bieber: Never Say Never (2011) - худаш
  • Men in Black 3 (2012) - худаш
  • Katy Perry: Part of Me (2012) - худаш
  • Zendaya: Behind the Scenes (2012) - худаш
  • Justin Bieber's Believe (2013) - худаш
  • Behaving Badly (2014) - зиндонӣ
  • Lip Sync Battle (2015)
  • Zoolander 2 (2016) - худаш
  • Killing Hasselhoff (2017) - худаш
  • Justin Bieber: Seasons (2020) - худаш

Барномаҳои консертӣ вироиш

  • Urban Behavior Tour (2009)
  • My World Tour (2010–2011)
  • Believe Tour (2012–2013)
  • Purpose World Tour (2016–2017)
  • Changes Tour (2020)

Ҷоизаҳо вироиш

Низ ниг. Ферҳисти мукофоту ҷоизаҳои бадастовардаи Ҷастин Бибер бо забони англисӣ

Ҷастин дар тӯли тамоми фаъолияташ тақрибан 100 миллион сабтро ба фурӯш баровардааст, ки ӯ серфуруштарин сарояндаи марди Канада ва яке аз беҳтарин ҳунармандони мусиқии ҷаҳон шуд[80][81]. 23 ноябри соли 2012, Бибер аз ҷониби сарвазири Канада Стивен Харпер бо медали алмосии ҷашнии малика Елизаветаи II қадрдонӣ шудааст[82]. Бибер шаш маротиба номзад ва як маротиба гирандаи ҷоизаи Грэммӣ[83][84], ду ҷоизаи [85][86], панҷ ҷоизаи NRJ [87][88][89], ва чордаҳ Billboard Music Awards мебошад[90][91]. Ӯ дар овоздиҳӣ аз тарафи мухлисон дувоздаҳ маротиба ғолиби American Music Awards[92][93] ва бисту се маротиба ғолиби ҷоизаи Teen Choice Awards гардидааст[94][95]. Ӯ инчунин бисту як маротиба мукофоти "MTV Europe Music Awards" - ро бурд намудааст, ки рекорди ӯ мебошад[96][97]. Соли 2016, Бибер чордаҳ рекорд дар китоби рекордҳои Гиннес дорад, ки ҳаштои онро бо шарофати муваффақияти албоми Purpose ба даст овардааст[98].

Эзоҳ вироиш

  1. Vlessing, Etan. Justin Bieber's Mom Joins Fight to Keep Canadian Pregnant Teen Shelter Open, The Hollywood Reporter (February 28, 2012).
  2. 2.0 2.1 Parvis, Sarah E (2010). McMeel, Andrews, ed. Kansas City, MO. London: Simon & Schuster. pp. 13–17. ISBN 978-1-4494-0181-8. Retrieved August 4, 2010. 
  3. Marikar, Sheila Justin Bieber's Mom, Pattie Mallette: 7 Things to Know. ABC News (November 19, 2012).
  4. 4.0 4.1 Infantry, Ashante. Justin Bieber guide added to hometown of Stratford's tourism website, Toronto Star (May 14, 2010). Бойгонӣ шудааст 5 Январ 2013  сол. Проверено 3 августи 2020.
  5. Justin Bieber tops celebrity birthdays for March 1 – Celebrities – Entertainment. Toronto Sun.
  6. Jon Ronson Justin Bieber: One day with the most Googled name on the planet – Music – The Guardian. the Guardian.
  7. Thomasos, Christine. Justin Bieber's Dad Jeremy Splits From Longtime Girlfriend Erin Wagner, Celebeat (March 4, 2014).
  8. Thomasos, Christine. Justin Bieber Birthday: Selena Gomez Not Part of Celebration That Included Father, Little Brother and Sister, The Christian Post (March 2, 2014).
  9. Bailey, Alyssa. Justin Bieber Introduces the World to His New Baby Sister, Elle (August 16, 2018).
  10. Thomasos, Christine. Justin Bieber welcomes baby half sister, NewsDay (August 16, 2018). Бойгонӣ шудааст 9 июли 2019  сол. Проверено 3 августи 2020.
  11. 11.0 11.1 11.2 Hoffman, Jan. Justin Bieber is Living the Tween Idol Dream, The New York Times (December 31, 2009).
  12. 12.0 12.1 Colurso, Mary. Temperature's rising as Justin brings Bieber fever to Birmingham, Alabama (December 17, 2010).
  13. Itzkoff, Dave Justin Bieber Graduates From High School. The New York Times. The New York Times.
  14. Mitchell, Gail Usher Introduces Teen Singer Justin Bieber. Billboard (April 28, 2009).
  15. 15.0 15.1 Herrera, Monica. 'Time' is right for teen singer Justin Bieber, Thomson Reuters (July 13, 2009).
  16. TJ. Neon Limelight Interviews: Usher Protegé Justin Bieber: Accidental Star. Neon Limelight (August 11, 2009). 11 августи 2009 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 26 май 2012.
  17. 17.0 17.1 Herrera, Monica Justin Bieber – The Billboard Cover Story. Billboard. e5 Global Media (March 19, 2010). 7 май 2010 санҷида шуд.
  18. Usher and Justin Timberlake Battled It Out For Justin Bieber. MTV (September 12, 2009). 11 Январ 2011 санҷида шуд.
  19. Mitchell, Gail. Usher Introduces Teen Singer Justin Bieber, Billboard, e5 Global Media (April 28, 2009).
  20. Justin Bieber RIAA album certifications. RIAA. 11 Январ 2010 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 1 Январ 2016.
  21. November 2010 – Gold & Platinum Certifications, Canadian Recording Industry Association. Бойгонӣ шудааст 30 апрели 2009  сол. Проверено 15 Декабри 2010.
  22. Justin Bieber AIRA Singles Certification. ARIA Charts. Australian Recording Industry Association. 30 марти 2010 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 8 феврали 2010.
  23. The Official New Zealand Music Chart. Recording Industry Association of New Zealand. — «Note: Week commence on Monday, March 29, 2010»  31 марти 2010 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 23 марти 2010.
  24. RIAA – Gold and Platinum – June 15, 2010. Recording Industry Association of America. 10 Январ 2010 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 5 апрели 2013.
  25. Ram, Archana Justin Bieber joins Mary J Blige and others for 'Christmas In Washington'. Entertainment Weekly (December 2, 2009). 4 августи 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 26 май 2012.
  26. Kaufman, Gil 'We Are The World' Remake Brings Lil Wayne, Kanye West, Pink, Usher, More Together For Haiti. MTV News (February 2, 2010). 2 феврали 2010 санҷида шуд.
  27. Justin Bieber Tops Billboard 200 With 'My World 2.0'. Billboard. e5 Global Media (March 31, 2010).
  28. Justin Bieber – My World – Music Charts. αCharts. 14 апрели 2010 санҷида шуд.
  29. Justin Bieber – My World 2.0 – Music Charts. αCharts. 14 апрели 2010 санҷида шуд.
  30. Cheung, Nadine Justin Bieber Makes Millions Happy With the Release of 'My World 2.0'. JSYK. AOL (March 23, 2010). 23 марти 2010 санҷида шуд.
  31. Justin Bieber Coming Back To NY For Saturday Night Live, Long Island Press (February 21, 2010). Бойгонӣ шудааст 13 июли 2011  сол. Проверено 10 апрели 2010.
  32. New Music Featuring Justin Bieber!, Seventeen (May 25, 2010). Проверено 18 октябри 2018.
  33. Bieber's 'Baby' YouTube's most-watched video, Today (July 16, 2010). Бойгонӣ шудааст 2 июли 2017  сол. Проверено 30 марти 2011.
  34. Paskin, Willa Justin Bieber Got Shot and Killed on CSI Last Night. Vulture (February 18, 2011). 9 май 2014 санҷида шуд.
  35. Vena, Jocelyn Justin Bieber's Triple-Threat VMA Performance: Making The Show. MTV (September 13, 2010). 14 сентябри 2010 санҷида шуд.
  36. Ziegbe, Mawuse Justin Bieber Announces Acoustic Album Release Date. MTV (October 24, 2010). 25 октябри 2010 санҷида шуд.
  37. How Will Justin Bieber's My Worlds Acoustic Rank Against Great Unplugged Albums?. MTV (November 10, 2010). 14 ноябри 2010 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 26 май 2012.
  38. Justin Bieber: Never Say Never. Box Office Mojo. Retrieved February 12, 2011.
  39. Shockwaves NME Awards 2011 Winners - What Do You Think?(англ.). New Musical Express. IPC Media. 26 феврали 2011 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 1 июли 2012.
  40. Куркин, Дмитрий. Во всем виновата Канада(рус.). Звуки.Ру. 26 феврали 2011 санҷида шуд.
  41. Победители Teen Choice Awards 2011, WomanNews (8 августи 2011). Проверено 29 феврали 2012.
  42. Джастин Бибер первым набрал два миллиарда просмотров в YouTube, Lenta.ru (1 ноябри 2011). Проверено 29 феврали 2012.
  43. Рождественский альбом Бибера возглавил чарт Billboard 200. Lenta.ru.
  44. Идеальные духи для девушки Джастина Бибера, Europa Plus TV (19 июни 2012). Проверено 21 июни 2012.
  45. Justin Bieber's 'Believe' Is Year's Biggest Debut, Bows at No. 1. Billboard (26 июни 2012). 27 Декабри 2013 санҷида шуд.
  46. Джастин Бибер после "громкого" концерта в Петербурге прилетел в Москву. NEWSru.com (30 апрели 2013). 27 Декабри 2013 санҷида шуд.
  47. Justin Bieber Scores Fifth No. 1 Album on Billboard 200 Chart. Billboard (6 феврали 2013). 27 Декабри 2013 санҷида шуд.
  48. Justin Bieber 'Believe' Movie To Hit Theaters. MTV. 27 Декабри 2013 санҷида шуд.
  49. Just Bieber Taking Break From Music, Focusing on Health and Marriage. www.tmz.com (March 25, 2019). 26 марти 2019 санҷида шуд.
  50. Justin Bieber Announces New Album, Tour, Docuseries and Single "Yummy". Complex. 19 феврали 2020 санҷида шуд.
  51. 51.0 51.1 Justin Bieber. Billboard.com. 13 марти 2020 санҷида шуд.
  52. Halle Kiefer. Justin Bieber Announces New Album Will Drop Valentine’s Day. Vulture.com (28 Январ 2020). 13 марти 2020 санҷида шуд.
  53. Justin Bieber Announces ‘Changes’ Album, Shares ‘Get Me’ With Kehlani: Stream It Now | Billboard. web.archive.org (January 28, 2020). 5 августи 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 28 Январ 2020.
  54. Justin Bieber & Quavo Team up For Powerful Music Video 'Intentions': Watch. Billboard.com (7 феврали 2020). 13 марти 2020 санҷида шуд.
  55. DaBaby's "Rockstar" Tops Hot 100 for Second Week. Billboard (15 июни 2020).
  56. Justin Bieber sings in Spanish for upcoming track in new docuseries despite not speaking the language: 'I'm just good at imitating'. Insider (28 January 2020). 20 апрели 2020 санҷида шуд.
  57. Are Justin Bieber and J Balvin Collaborating (Again)?. Billboard (28 February 2020). 20 апрели 2020 санҷида шуд.
  58. Ariana Grande & Justin Bieber's First Collab 'Stuck With U' Is Dropping & Here's Everything We Know About The Song. Capital FM (4 May 2020). 8 май 2020 санҷида шуд.
  59. Джастин Бибер поразил возлюбленную Селену Гомес тайской кухней, KaliningradToday (14 феврали 2012). Бойгонӣ шудааст 8 Январ 2014  сол. Проверено 2 марти 2012.
  60. Justin Bieber and Selena Gomez have broken up, reports say / Reuters Бойгонӣ шудааст 24 сентябри 2015  сол. v
  61. Justin Bieber wins Selena Gomez back after ‘begging for forgiveness’. STV (23 ноябри 2012). 14 Декабри 2012 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 23 Декабри 2012.
  62. Почему расстались Бибер и Гомес?(рус.). NEWS.am style (12 Январ 2013). 21 Январ 2013 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 3 феврали 2013.
  63. Селена Гомес покинула вечеринку с Джошем Хатчерсоном, Love Radio (15 Январ 2013). Бойгонӣ шудааст 29 Январ 2013  сол. Проверено 3 феврали 2013.
  64. Почему расстались Бибер и Гомес?, News.am (12 Январ 2013). Проверено 3 феврали 2013.
  65. Davidson, Caity Weaver,Eric Ray. Full Interview: Justin Bieber on His Health, His Love Life, and Whether He's Truly "Sorry"(англ.), GQ (11 February 2016). Проверено 5 июли 2018.
  66. Это официально: Джастин Бибер и Селена Гомес снова вместе. Проверено 5 июли 2018.
  67. Джастин Бибер и Селена Гомес ходят в церковь из-за Хейли Болдуин(рус.), PEOPLETALK (21 Декабри 2017). Проверено 5 июли 2018.
  68. Джастин Бибер и Хейли Болдуин подтвердили возобновление романа. Бойгонӣ шудааст 5 июли 2018  сол. Проверено 5 июли 2018.
  69. Justin Bieber Pulls Super Romantic PDA Move on Hailey Baldwin, TMZ. Проверено 5 июли 2018.
  70. Певец Джастин Бибер обручился с племянницей Алека Болдуина(рус.). 9 июли 2018 санҷида шуд.
  71. Теперь официально: Джастин Бибер и Хейли Болдуин подтвердили помолвку. Бойгонӣ шудааст 10 июли 2018  сол. Проверено 10 июли 2018.
  72. Марк Бергсон Джастин Бибер женился на Хейли Болдуин! // POPCAKE.
  73. Нетрезвый и обкуренный Джастин Бибер гонял по Майами на Lamborghini. 25 Январ 2014 санҷида шуд.
  74. Джастин Бибер арестован в США за гонки в пьяном виде | РИА Новости
  75. Deport Justin Bieber and revoke his green card(пайванди дастнорас — таърих). 25 Январ 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 феврали 2014.
  76. Американцы призывают к депортации кумира молодёжи Джастина Бибера из США. 25 Январ 2014 санҷида шуд.
  77. Джастин Бибер добровольно сдался полиции. 30 Январ 2014 санҷида шуд.
  78. Самолет Бибера задержали в аэропорту в США из-за запаха марихуаны — Новости Общества — Новости Mail.Ru(пайванди дастнорас — таърих). 1 феврали 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 феврали 2014.
  79. https://www.bbc.com/russian/other-news-51046326
  80. Justin Bieber in meltdown? You better Belieber it(англ.). www.scotsman.com. 10 сентябри 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 19 июни 2018.
  81. International, Radio Canada. Justin Bieber live in Canadian homecoming(англ.), RCI | English (16 May 2016). Проверено 10 сентябри 2017.
  82. Justin Bieber awarded Diamond Jubilee Medal by Stephen Harper(англ.), CTVNews (23 November 2012). Проверено 10 сентябри 2017.
  83. Entertainment - CBC News(англ.). www.cbc.ca. 10 сентябри 2017 санҷида шуд.
  84. The Envelope: Hollywood's Awards and Industry Insider - Los Angeles Times. 10 сентябри 2017 санҷида шуд.
  85. STV programmes news and information(англ.). Live Local. 10 сентябри 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 27 май 2012.
  86. Nominees (7 феврали 2016). 10 сентябри 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 7 феврали 2016.
  87. NRJ Music Awards 2011 - Various Artists | Songs, Reviews, Credits | AllMusic. AllMusic. 10 сентябри 2017 санҷида шуд.
  88. 2012 NRJ Music Awards: The Show, The Winners | Celebrity-gossip.net (30 Январ 2012). 10 сентябри 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 30 Январ 2012.
  89. NRJ Music Awards in Cannes: and the nominees are... - The Riviera Times Online (30 май 2013). 10 сентябри 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 30 май 2013.
  90. Justin Bieber Wins Social Artist Billboard Award, Tops 13 Total Career Nods(англ.), FYIMusicNews (19 May 2015). Бойгонӣ шудааст 10 сентябри 2017  сол. Проверено 10 сентябри 2017.
  91. Billboard Awards Finalists 2016: Billboard Music Awards Nominations | Billboard (17 апрели 2016). 10 сентябри 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 17 апрели 2016.
  92. Justin Bieber: His American Music Awards History, Billboard. Проверено 10 сентябри 2017.
  93. AMAs 2016: See the Full List of Winners, Billboard. Проверено 10 сентябри 2017.
  94. Teen Choice Awards:
  95. Justin Bieber, Selena Gomez, Zayn Malik Lead Teen Choice Awards 2016 Nominations, Billboard. Проверено 10 сентябри 2017.
  96. Flynn, Caitlin. How Many MTV EMAs Did Justin Bieber Win? He Was The Night's Biggest Winner & Twitter Has A Lot Of Feelings About It. Проверено 10 сентябри 2017.
  97. MTV EMA 2016: Complete Winners List | Billboard (13 Январ 2017). 10 сентябри 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 13 Январ 2017.
  98. Justin Bieber scores eight titles in Guinness World Records 2017 Edition(англ.), Guinness World Records (29 August 2016). Проверено 10 сентябри 2017.

Иқтибосҳо вироиш