Apple Inc.
Apple Inc. ([ˈæp(ə)l ɪŋk]; Тарзи навишт ба тоҷикӣ — «Эппл»; тарҷумаи apple аз англиси ба тоҷикӣ — «себ») — яке аз ширкатҳои Амрикоии чандмиллата буда, мақри он дар Купертино, штати Калифорния ҷойгир аст, ки он аз истеҳсоли компютер-ҳои фардӣ ва планшетӣ, аудиоплеерҳо, телефонҳо, барномаҳои компютери иборат аст. Беҳтарин маҳсулоти шинохташуда бо номи Mac - хати компютерҳо, iPod - аудиоплеер, iPhone - смартфон, ва iPad - планшет компютер. Инҳо иборат аз OS X ва IOS - системаҳои оператсиони, iTunes-медиа браузер, Safari-веб браузер, iLife ва iWork-маҷмуа (комплект) вобаста ба ороиши сурат (дизайн ва дигар ёрирасонҳо).
Навъ | ширкат[d], ширкати тиҷорӣ, бренд, ширкати саҳҳомии ом[d], corporation[d], ширкати фанноварӣ ва computer manufacturer[d] |
---|---|
Таъсисёбӣ | 1 апрел 1976[1] |
Бунёнгузорон | Steve Wozniak[d], Ronald Wayne[d][2][3] ва Стив Ҷобс[3] |
Макон | |
Бахш | санъати нармафзор[d][4], consumer electronics industry[d][5], Нашри рақамӣ, Электроника, фановариии иттилоот, санъати телефони ҳамроҳ[d] ва тавсеъаи нармафзор[d] |
Сармояҳои хусусӣ |
|
Гардиш | |
Шумораи кормандон | |
Ширкатҳои духтарӣ | FileMaker, Inc.[d], Anobit[d], Beats Electronics[d][7], Braeburn Capital[d], AuthenTec[d], FingerWorks[d], Prismo Graphics[d], Raycer[d], SchemaSoft[d], Apple Germany[d], Apple Israel[d], Claris[d], Apple Store[d], Apple Sales International[d][8], Siri Inc.[d] ва Apple Czech[d] |
Сайт | apple.com(англ.) |
Таърих
вироишАсосгузори ин ширкат Стив Ҷобс ва Стив Возняк, мебошанд, ки дар миёнаи солҳои 1970 нахуст компютери хос бо амалгари Моторола Motorola таи рақами 6502 насб кардан. Пас аз фурӯҳтани якчанд даҳҳаи ин намуди компютерҳо соҳибкорони ҷавон маблағи лозимиро ҷамъ карданд ва ширкати худ мувофиқи қоида 1 апреля соли 1976 сабтином кардан.
Зиёда аз бист сол ин ширкат компютерҳои фасон бо номи Макинтош Macintosh тавлид мекард, ки онҳо дар асоси амалгарҳои истеҳсоли ширкати Моторола ва бо барномаи идорагарии хос бо номи Мак ОС Mac OS фаъолият мекарданд. Сохтори ин намуди компютер ягон ширкат такрор карда натавонист ва бинобар ин Иҷозатномаи таносуб хариддорро пайдо накард.
Одатан ширкати Эйпл (Apple) дар ширкатҳои давлатӣ ва омӯзишӣ хеле васеъ паҳн шудааст. Ҳамчунин ин ширкат байни ширкатҳои чопӣ ва нашриётҳо маъмул аст, чаро ки якумин равзанаҳои идорагарӣ графический интерфейс пользователя ва таҷҳизоти идоракунии дастӣ бо номи "мушак" мышь истифода намудаанд.
Дар соли 1985 президенти ИМА Рональд Рейган Ҷобс ва Вознякро барои ривоҷидиҳии пешрафти техникӣ мукофотонида кард.
Фаъолият
вироишИн ширкат маҳсулоти худро тариқи тӯрбанди мағозаҳояш ба фурӯш мегузорад (беш аз 147 дар ИМА, Канада, Ҷопон ва Британияи Кабир). Дар соли молии 2005, ки барои Apple 24 сентябр ба охир расид, ин ширкат аз фурӯши чакани мағозаҳояш $2,35 млрд., дарёфт кард, ки 17 % аз даромади солонааш мебошад.
Шумораи умумии кормандонаш — 14,8 ҳазор нафар (24 сентябр 2005). Дар соли 2004 даромади ширкат ба 276 млн. доллар расид.
Маҳсулот
вироишДар айни замон ба ғайр аз компютерҳои намуди Макинтош (Macintosh) (компютерҳои рӯимизӣ ПаваМак (PowerMac), айМак (iMac) ва Мак мини (Mac mini), компютерҳои китобшакл ноутбук: Пава Бук (PowerBook), айБук (iBook), МакБук MacBook ва МакБук Про MacBook Pro, компютерҳои шакли шабакавӣ Кзерв (серверҳои Xserve), нармафзори таносуб барои онҳо шакли Мак ОС (барномаи идорагарӣ Mac OS), нармафзори мультимедиавӣ айЛайф iLife ва ғайра), ширкати Эйпл (Apple) таҷҳизоти садонавоҳӣ тамғаи айПод iPod истеҳсол менамояд. Иловатан ин ширкат сабти мусиқии ададӣ ба воситаи дукони бузург, ки дар Интернет бо таври худкор ва бо номи айТюнес iTunes вуҷуд дорад фурӯши менамояд ва тасвирнамоҳои (дисплейҳои) барои кинтеатрҳо бо номи Эйпл Синема Дисплей (Apple Cinema Display) ҳамчунин истеҳсол менамояд.
Аз январи соли 2006 ширкати Эйпл (Apple) истеҳсоли компютерҳо, ки дар асоси амалгарҳои ширкати Интел Intel Core Duo сохта шудаанд ба фурӯши баровард.
Ҷолиб
вироишПайвандҳо
вироиш- ↑ ROR Data — v1.19 — 2023. — doi:10.5281/ZENODO.7644942
- ↑ BBC News Online (ингл.) — 1997.
- ↑ 3.0 3.1 The Daily Telegraph, Daily telegraph, الديلي تلغراف (ингл.) / C. Evans — London: 1855. — ISSN 0307-1235; 1477-3805
- ↑ https://apple.com
- ↑ https://www.apple.com
- ↑ https://www.statista.com/statistics/273439/number-of-employees-of-apple-since-2005/
- ↑ http://www.beatsbydre.com/aboutus
- ↑ https://ec.europa.eu/commission/presscorner/detail/en/IP_14_663
- ↑ Apple Inc. - 2023 Form 10-K
- ↑ https://www.sec.gov/Archives/edgar/data/0000320193/000032019323000106/aapl-20230930.htm — 2023.