Абурайҳони Берунӣ

олими форс-тоҷики ислом

Абӯрайҳон Муҳаммад ибни Аҳмади Берунӣ (форсӣ: ابوریحان بیرونی‎, ар. أبو الريحان البيروني‎; 4 сентябр 973[1], Кос, Хоразм, Давлати Сомониён[3]9 декабр 1048[2], Ғазнӣ, Давлати Ғазнавиён) — яке аз бузургтарин алломаҳои Машриқзамин, риёзидон, файласуф, табиатшинос, табиб, мунаҷҷим, муаррих ва ҷомеашиноси тоҷику форс[4][5][6][7].

Абурайҳони Берунӣ
форсӣ: ابوریحان محمد بن احمد البیرونی
Таърихи таваллуд 4 сентябр 973[1]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 9 декабр 1048[2] (75 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ физик, риёзиёт, ахтаршиносӣ, илмҳои табиъӣ, таърих, гоҳнигорӣ[d], laborer[d], ҳиндшиносӣ[d], улуми Замин[d], ҷуғрофиё, фалсафа, нақшанигорӣ[d], мардумшиносӣ, ахтарбинӣ, кимиё, пизишкӣ, равоншиносӣ, илоҳиёт, дорӯшиносӣ, таърихи дин[d] ва конишиносӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Абӯрайҳон дар 14 шаҳривари соли 352 хуршедӣ (баробар бо 6 сентябри соли 973 мелодӣ) дар Коси Хоразм дар оилаи тоҷик зода шудааст. Зодгоҳи ӯ, ки дар он замон рустои кӯчаке буд, баъдан ба ифтихори ӯ ба «Берунӣ» таҷдиди ном дода шуд[8]. Аз падару модар дар айёми тифлӣ бенасиб монда буд. Маълумоти ибтидоиро дар муҳити наздикон касб кард. Асосҳои илмро дар зодгоҳаш назди Абунасри Мансур шогирди Абулвафои Бузҷонӣ омӯхт. Берунӣ дар яке аз ноҳияҳои Хоразм дар байни аҳли касбу ҳунар ба воя расид ва мувофиқи маълумоти ибни Яқут, тахаллуси «Берунӣ»-ро аз номи ҳамин ноҳия гирифтааст.

Забони модарии Берунӣ хоразмӣ буд, онро дӯст медошт ва дар «Китоб-ус-сайдана» навиштааст, ки агар пурсанд, ки «…ба кадом забон афзалият бидиҳам, ман ҳатман забони хоразмиро интихоб мекунам». Забони дуюми Берунӣ форсӣ буд, вале бештари асарҳои илмии худро ба забони арабӣ — забони илмии роиҷ дар ҳамон замон менавишт. Ҳанӯз дар айёми ҷавонӣ ба омӯхтани дигар забонҳо шурӯъ намуд ва аз рӯйи маълумоти худаш забонҳои суриёнӣ, юнонӣ ва яҳудии қадимро омӯхт, ҳангоми мусофираташ дар Ҳиндустон фарҳанги ҳиндӣ ва забони санскритро низ азбар намуд. Берунӣ дониши ҳаматарафаро дар ватанаш Кот, ки дар он ҷо олимони риштаҳои нуҷум, ситорашиносӣ, риёзиёт, тиб, таърих ва ғ. аз мамолики дуру наздик ҷамъ омада буданд, гирифта буд. Дар синни 17-солагӣ ба он дараҷаи илму дониш расида буд, ки бино ба маълумоти маъхазҳо, худаш ба таври мустақилона мушоҳидаҳои илмӣ мегузаронд. Ӯ устодони чирадасте ба мисли Абуалӣ ибни Ироқ дошт, ки ба насаб бародарзодаи Хоразмшоҳ буд. Ибни Ироқ нисбати пешрафти илмии Берунӣ ғамхорӣ мекард, аз лиҳози моддӣ дастгирӣ менамуд. Берунӣ дар синни 21-22-солагӣ ба ҷустуҷӯи мустақилона дар соҳаи илми ҳайъат (ситорашиносӣ) пардохта, кусуфи (гирифти) офтобро мушоҳида кард ва барои расадбандии ситораҳо ба ихтирои устурлоб шурӯъ намуд.

Фаъолияти илмӣ

вироиш

Вазъи солҳои 90-уми асри X дар Осиёи Марказӣ дар натиҷаи ба сари ҳокимият омадани Қарахониён дар Хоразм тағйир ёфт ва Берунӣ маҷбур шуд, ки зодгоҳашро тарк кунад. Ҳокимият дар Хоразм ба дасти Маъмун ва ҳукумати ашрофи маҳаллӣ ба дасти ашрофи бегона гузашт. Берунӣ ба Рай омад ва дар он ҷо бо Абумаҳмуди Хуҷандӣ мулоқот намуд. «Дар шаҳри Рай, менависад ӯ, дар асараш „Минералогия“, („Китобу-л-ҷамоҳир фӣ маърифат-ил-ҷавоҳир“) дӯсте доштам аз тоҷирони Исфаҳон, дар хонаи ӯ будубош мекардам». Мувофиқи маълумоти ҳамин асар, ӯ дар он ҷо бо чанде аз дӯстони заргар ҳамсуҳбат шуда, дар бораи маъданҳо ва ҷавоҳирот маълумоти фаровоне ҷамъ намуд. Дар Рай ба мутолиаи асарҳои Абубакри Розӣ пардохта, аз рӯйи ҳусни таваҷҷуҳ ба навиштаҳои Розӣ, рӯйихати осори ӯро тартиб дод. Берунӣ боз ба Гургон омад ва ҳангоми ҳанӯз дар ватан буданаш бо Ибни Сино ба мукотибаи илмӣ пардохт. Ду абармарди айём роҷеъ ба масоили офоқу анфус, кайҳону замин, масоили физикавиву фалсафӣ назарҳои худро мубодила намуданд. Берунӣ нуктаҳои заъфи фалсафаи Арастуро ёдрас мешуд ва Ибни Сино аз он дифоъ менамуд. Бо вуҷуди қаробати афкору андешаи ин ду бузурги майдони илм, ақидаҳояшон дар масъалаи шинохти олам аз ҳам фарқ доштанд. Берунӣ ба масоли амалӣ шавқи бештар дошт ва Ибни Сино ба масоили назариявӣ машғул буд. Берунӣ дар ин давра дар Гургон асари машҳури худ «Осору-л-боқия» (Китоби осору-л-боқийа ани-л-қурун-ал-халийа)"-ро таълиф намуд. Ӯ боз аз чор асари дигари худ, ки дар овони ҷавонӣ навишта шуда буданд, маълумот медиҳад, ки онҳо, мутаассифона, то ба рӯзгори мо омада нарасидаанд ва танҳо чанд порча аз онҳо дар таркиби дигар асарҳо боқӣ мондаанд. Аз онҳо ду асар оид ба нуҷум, саввум оид ба ҳаводиси табиӣ (табиатшиносӣ) ва санъат буда, асари чаҳорум «Таърихи ҳаракати сафедҷомагон ва қарматҳо» ном доштааст, ки ба масоили таърихи сиёсӣ бахшида шуда будааст.

Берунӣ дар Гургон ба ҳисоб кардани дараҷаи хатти тӯли замин ё нисфуннаҳор (меридиан) пардохт ва дар ин кор ӯро аз ҷиҳати молӣ амири Гургон Қобуси Вушмгир дастгирӣ мекард. Амир Қобус ба Берунӣ вазифаи вазириро пешниҳод намуд, вале ӯ ин пешниҳодро рад кард. Баъди чанде ҳокимият дар Хоразм ба дасти Ибни Маъмун (Абулҳасан Алӣ) гузашт. Соли 1004 Абурайҳонро бо хоҳиши Хоразмшоҳ дубора ба Хоразм даъват намуданд ва ӯ яке аз ашхоси сиёсӣ ва наздиктарин мушовири шоҳ гардид. Аз порчаҳое, ки аз асари ӯ «Таърихи Хоразм» дар китоби «Таърихи Байҳақӣ»-и Абулфазли Байҳақӣ боқӣ мондаанд, маълум мешавад, ки ӯ дар дарбори Хоразмшоҳ ҳафт сол (1010 — 17) фаъолият доштааст. Дар Хоразм ҳавзаи илмие бо иштироки уламои машҳури замон, ба мисли Ибни Ироқ, Ибни Сино, Абусаҳли Масеҳӣ ва дигарон таъсис ёфта буд. Дар ин марказ Берунӣ ва ҳамкасбони ӯ ба мушоҳида ва таҳқиқи масъалаҳои нуҷум пардохта, дар баробари дигар кашфиёт аввалин бор назарияи ҳаракати Офтобро пешниҳод намуданд.

Дар натиҷаи ҳаракати васеи қабоили турку оғуз ба сӯи ҷанубу ғарб — Суғду Бохтар (Мовароуннаҳр ва Хуросон) баъди Қарохониён ба арсаи таърих Ғазнавиён омаданд ва фасли нави таърихи сиёсии Осиёи Марказӣ ва саргардонии нави Берунӣ шурӯъ шуд. Султон Маҳмуд баъди ғасби Хоразм олимони ҳавзаи илмии он маҳал, аз ҷумла Беруниро асир гирифта, ба пойтахти наваш — шаҳри Ғазна фиристодан мехост. Азбаски Берунӣ муаллифи асар дар бораи ҳаракати қарматиён дар Осиёи Марказӣ буд, андешаҳои ақлгароёнаи онҳоро ғоибона дастгирӣ мекард ва андешаҳои ифротгароёнаву таассубомези фақеҳони маҳаллӣ, бахусус сиёсати ғосибонаи феодалҳои туркҳои кӯчманчиро қабул надошт, Султон Маҳмуд ва наздиконаш ӯро ба мансубият ба исмоилиён айбдор намуда, мехостанд, ки ӯ ва яки дигар аз олимони хоразмӣ — Абдусамад Авлиёро ба қатл маҳкум кунанд. Вазири султони Ғазна — Хоҷа Ҳасан, ки шахси дурандеш буд, аз Берунӣ дифоъ кард ва ҳаёти ӯро наҷот дод, вале ғазнавиён Абдусамадро ваҳшиёна куштанд. Баъдан ба шахсони ба султон наздик муяссар гардид, ки шоҳро бо Берунӣ оштӣ диҳанд. Ҳамин тариқ, Берунӣ дар дарбори Султон Маҳмуд 13 сол зиндагӣ ва кор кард. Дар Ғазна Султон Маҳмуд ба ӯ ва олимони дигар шароити кор омода намуд. Берунӣ ба навиштани китоби наваш «Таърихи Хоразм», асари «Таҳдиду ниҳоёт-ил-амокин ли тасҳеҳи масофат-ил-масокин», «Андар муайян кардани ҳадд барои мушаххас кардани масофаи байни маҳалҳои зисти мардум» («Геодезия») шурӯъ намуд. Дар Ғазна ӯ инчунин асари «илал-Қонун-ил-Масъуди фи-л ҳайат ва-н-нуҷум»-ро ба анҷом расонд. Соли 1029 Берунӣ дар Ғазна китоби «ат-Тафҳим ли авоили саноат-ит-танҷим»-ро навишт, ки бо номи «Китоб-ут-тафҳим» машҳур аст ва он бо забонҳои арабиву форсӣ то ба замони мо расидааст. Ибни Яқут вазъияти мушкили олимони ҳамтои Беруниро дар дарбори Султон Маҳмуд тасвир карда менависад, ки ҷоҳилии ин шахс ба дараҷае буд, ки ӯ ҳар гуна маълумоти нави илмӣ, мушоҳидаҳои ҷуғрофиро бо куфр ва қарматия алоқаманд мекард. Султон Маҳмуд ширкати Беруниро дар юришҳои ғосибонаи худ ҳатмӣ мешуморид. Аз ин рӯ, бо истифода аз чунин имкон Берунӣ тавонист, ки чанде ба Ҳиндустон сафар кунад, бо олимони Ҳинд ҳамсуҳбат гардида, андешаҳои илмии мардумони Ҳиндро омӯзад. Чанд вақт Берунӣ дар шимоли Ҳиндустон, дар қалъаи Нандиа ба кори ҳисоббарории доираи кураи Замин машғул гардид ва ба ӯ муяссар шуд, ки то соли 1030 дар бораи фарҳангу илми Ҳиндустон асари алоҳидаеро бо номи «Мо ли-л-Ҳинд» («Таҳрир мо ли-л Ҳинд мин мақала мақбула фи-л-ақл-ил-марзула») таълиф кунад.

Баъди марги Султон Маҳмуди Ғазнавӣ давраи зиндагии нисбатан оромтаре барои Берунӣ фаро расид. Ба ҷойи Маҳмуд писараш Масъуд ба тахти шоҳӣ нишаст, ки нисбат ба илму таҳқиқоти илмӣ таваҷҷуҳи фавқулода нишон медод ва Беруниро ҳаматарафа дастгирӣ менамуд. Тибқи ахбор онҳо шабҳо дар бораи сохти замину кайҳон суҳбат мекарданд. Берунӣ ба ӯ сабабҳои фарқияти дарозии рӯзу шабро шарҳ медод ва дарси забони арабӣ меомӯхт, ҳамчунин дар бораи умури корҳои идории давлатӣ ҳидоят медод. Чун нишони ин таваҷҷуҳ ва муҳаббату садоқати Султон Масъуд ба Берунӣ ӯ бо хотири ором асари дигари нуҷумӣ иншо кард, ба номи ӯ «Қонуни Масъудӣ» гузошт. Дар ин давра қабилаҳои дигари кӯчӣ бо номи «салоҷиқа» ба ҳаракат даромада, даъвои ҳукумат карданд ва соли 1040 шоҳ Масъудро ба қатл расонданд. Бо дигар шудани авзоъ Берунӣ аз ҷустуҷӯҳои илмӣ даст накашид ва тавонист, ки асари «Минералогия»-ро ба охир расонад. Вазъи саломатии Берунӣ пас аз ин бад гардид ва ӯ дар ҳолати беморӣ «Китоб-ус-сайдана» («Китоб дар бораи маводди табобатӣ» — «Фармакогнозия»)-ро ба охир расонд. Китоби мазкур дар бораи гиёҳҳои шифобахш ва тарзу тариқаи истифодаи онҳо дар табобат иншо шудааст. Ҳамзамон дар хусуси хосияти шифобахшии ҳайвонот ва маъданҳо низ маълумот додааст. Ҷолибияти бештари маълумоти китоби фавқуззикр он аст, ки номҳои адвиёт ба забонҳои паҳлавӣ, арабӣ, юнонӣ, суриёнӣ ва санскритӣ оварда шудаанд. То фарҷоми умри бобаракати худ Берунӣ дар Ғазна дар манзили писари Масъуд — Мавдуд умр ба сар бурд ва дар ҳамон ҷо оламро падруд гуфт.

Ақоиди илмию фалсафӣ

вироиш

Берунӣ мутафаккири зуфунун ва бисёрҷабҳа буд. Ӯ қариб дар тамоми соҳаҳои илм асар эҷод карда, ё назари илмиву фалсафии худро ба ин ё он масъала ба таври мушаххас баён намудааст. Ақоиди илмию фалсафии ӯ бештар ҷанбаи табиатшиносӣ доштанд ва назари ӯро мухтасаран назари натурфалсафӣ арзёбӣ намудан мувофиқи мақсад мебошад, зеро фаъолияти илмию ҷаҳоншиносии Берунӣ аксаран роҷеъ ба баррасии соҳаҳои гуногуни илми табиатшиносӣ аст. Таҷрибаи илмиву амалии Берунӣ (таҷриба, озмун), ба масъалаҳои заминшиносӣ, маъданшиносӣ, илми ҳайъат, улуми дақиқ, осори илмиву фарҳангӣ, расму русум (антропология)-и халқу миллатҳои гуногун бахшида шудааст. Ӯ ба муҳокимаронӣ ва фаъолияти назариявию муроқибавии хосси тарзи тафаккури асримиёнаӣ муқобил буд. Берунӣ аслан олими зуфунун — энсиклопедист аст. Аз мероси ӯ ба мо дар маҷмӯъ бештар аз 143 асар ба ёдгор мондааст, ки ба улуми риёзӣ (математика), ситорашиносӣ (нуҷум), ҷуғрофия, натурфилософия, минералогия, фармакология, таърих, мардумшиносӣ, хронология, филология ва ғ. бахшида шудаанд. Ба ғайр аз ин миқдори бузурги асарҳое ҳастанд, ки бо иштироки Берунӣ эҷод шудаанд. Баъзе аз асарҳои нодири мутафаккир то ба замони мо нарасидаанд.

Омӯзиши осори мутафаккир ҳанӯз аз садаи XX шурӯъ шуда буд. Ба асарҳои ӯ бузургтарин олимони табиатшиноси замон ва тамаддуни ислом Умари Хайём, Насируддини Тусӣ, Улуғбек, Қозизодаи Румӣ ва диг. такя ва истинод кардаанд. Мувофиқи шаҳодати муаррихони машҳури таърихи илм, омӯзиши осори ӯ тавассути аврупоиён дар миёнаи садаи XIX бо тарҷумаи баъзе аз порчаҳои «Мо ли-л-Ҳинд» оғоз ёфт. Дар ин кор хидмати шарқшиноси олмонӣ Э. Захау (1845—1930), дар нашру тарҷумаи асарҳои мутафаккир хидмати муаррихон Э. Видеман, К. Налино, К. Шой ва диг. хеле бузург аст. Аз байни муаррихони эронӣ Акбари Доносиришт ва аз миёни муҳаққиқони давраи шӯравӣ хидмати олимон Э. Сале, С. П. Толстов, А. Берунӣ Халидов, У. И. Каримов, П. Г. Булгаков, А. Д. Шарипов, Берунӣ А. Розенфелд, М. М. Рожанская, Э. К. Соколовская оид ба таҳлилу баррасии осору ақоиди Берунӣ хеле бузург аст. Ақидаҳои Берунӣ ҳамчун олими табиатшинос оид ба ҳастӣ, оламу одам, маърифат, фаҳмиши таърих ва ҷамъият бештар хусусияти амалӣ ва таҷрибавӣ доранд. Дар мукотибаи худ бо Абуалӣ ибни Сино ӯ ба назарияи табиатшиносии Арасту аз дидгоҳи интиқодӣ назар намуда, ҳамвора назарияи машшоии қадимии оламро қабул надорад ва тарафдори ҳудуси олам мебошад. Хидмати Берунӣ дар инкишофи атомистика, таълимоти натурфалсафӣ дар бораи ҳаракати коинот ва тамоми моддаҳои олам, табдили моддаҳо ба шаклҳои гуногун ва ҳаракати даврии олам (эволютсия ва инволютсия) хеле бузург аст. Дар ин самт Берунӣ бисёр ақидаҳои сирф диалектикиро баён карда, нақши зиддиятро дар табиат хеле бузург арзёбӣ намуд ва ҳаракату тағйирёбиро хосияти умумии мавҷудот шуморида буд. Берунӣ таълимоти Арастуро дар бораи «маҳалли табиӣ» рад карда, мегӯяд, ки ҳамаи чизҳо ба сӯи маркази олам кашида мешаванд ва бо ин заминаро барои ғояи таълимот дар бораи қувваи ҷозибаи олам ба вуҷуд овард.

Табиатшиносӣ

вироиш

Берунӣ ҳаракати ҷисмҳо ба сӯи маркази Заминро эътироф намудааст, ки он амалан фикри баъдан пешниҳодкардаи физикадони бузурги англис И. Нютон (асри XVIII) дар бораи қувваи ҷозибаи Замин ба хотир меорад. Ӯ тарафдори мавҷудияти оламҳои бисёр дар Коинот ё худ таълимот дар бораи касрати олам мебошад ва муътақид аст, ки ин оламҳо метавонанд дар шаклҳои дигар ва бо қонуниятҳои ба худ хос арзи вуҷуд дошта бошанд. Берунӣ дар масъалаи атомистика низ ақидаи мустақили худро дорад. Ӯ тақсимпазирии зарраҳои оламро эътироф карда, то ба беохир ва беинтиҳо тақсим шудани онҳоро рад мекунад, зеро он метавонад ба инкори ҳаракат оварда расонад. Вай барои исботи ботил будани тақсимшавии беохир мисоли ҳаракати Моҳу Офтобро меорад, ки ин «беохирӣ»-ро паси сар мекунанд ва яке аз дигаре пеш мегузарад. Берунӣ бисёр масъалаҳои физикавию табиатшиносиро, ки бо фалсафа қаробат доранд, аз ҷумла масъалаи ҳаракат, афтиши озоди ҷисмҳо дар фазо, аз гармӣ васеъ шудани ҷисмҳо, дарки манбаи нурҳои кайҳонӣ, таъсир ва мақоми нури Офтоб ва ғайраро мавриди таҳқиқ қарор додааст.

Нахустмоя ё асоси моддии ақсоми кайҳон, ба эътирофи Берунӣ, чор унсур — обу хоку боду оташ мебошад. Дар масъалаи амали қонуни сабабият дар олам Берунӣ аз мактаби Арасту ва машшоиён пайравӣ карда, сабабиятро дар кайҳон меписандад ва Муҳаррики аввалро, ки ба мавҷудияти Олам такони аввал мебахшад, «Иллату-л-илал» меномад. Берунӣ амали қонуни сабабиятро дар силсилаи маротиби вуҷуд, ҳамчунин нисбати падидаҳои дигари табиату ҳодисаҳои ҷамъият имконпазир медонад, ки ҳар яке барои дигаре сабабу натиҷа шуда метавонанд. Берунӣ, бархилофи уламои дигари ислом, тамоми масъулияти оламро ба дӯши Офаридгор нагузошта, мавҷудияти қонуниятҳои дохилии табиат ва ҷомеаи инсониро таъкид кардааст. Дар ин робита ӯ ба мақоми Ақл (қонунмандӣ) дар кайҳон ва ҳаёти инсон диққат додааст. Инсони дорои ақл дорои масъулият низ мебошад.

Дар масъалаи назарияи дониш мутафаккир тамоми раванди маърифатро ба се қисм тақсим мекунад: ҳис, ақл ва қалб. Берунӣ дар дарку маърифати олам ба эҳсос баҳои сазовор додааст. Ба фикри ӯ, нақши ҳиссҳо дар таҷрибаҳои илмиву амалии мутафаккир хеле бузурганд. Бовар доштан ба эҳсос ва маълумоти ҳисҳо заминаи муҳимме барои мушоҳидаҳои амалӣ мебошанд, нодида гирифтани нақши онҳо дар ҷараёни маърифат боиси коста шудани дониши инсон мегардад. Инсон бояд ба воситаи қувваи биноӣ барои маърифати олами офаридаи Худованд кӯшиш кунад ва маълумоти ҳисси биноӣ дар тасмимгирии ақлонӣ кумак хоҳад кард. Ҳисси шунавоӣ бошад, барои аз худ кардани суханҳои Оллоҳ мақоми муҳим дорад. Ҳамин тариқ, Берунӣ чунин мешуморад, ки агар эҳсос барои Ақли инсон дар шинохти Олам ва барои аз худ кардани суханони Худо (Қуръон) мадад кунад, инсон ба ҷузъ онҳо эътиёҷ ба ақлу қалб низ дорад. Ба ибораи дигар, агарчи инсон аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва қувваи ҳиссӣ аз дигар мавҷудоту ҳайвонот заифтар аст, Худо маҳз бо ақл ӯро мусаллат гардонида, ҳамчун мавҷуди шарифи олами хокӣ вайро ба ҷойнишинии худ дар рӯйи Замин (халифату-л-арз) сарафроз кардааст. Инсони дорои ақл на фақат дар назди инсоният, балки дар назди олами набототу ҳайвонот низ масъул аст, онҳоро бояд бо қудрати ақли худ муҳофизат ва муроқибат намояд. Дар баробари рисолати ақлонии инсон Берунӣ дар масъалаи дин ва ахлоқ ба мақоми қалб таъкид мекунад, ки аз тариқи омехтани қувваи ақлонӣ бо қалб имони одамӣ дучанд мешавад. Аз ин рӯ, фалсафаи Беруниро метавон таълимоти натурфалсафӣ ва ратсионалистӣ номид. Дар баъзе мавридҳо дар ҷаҳонбинии ӯ, ба қавли муҳаққиқон, тобишҳои андешаи деистӣ зуҳур мекунад. Берунӣ ба аҳкоми асосии дини ислом зиддияти шадид нишон намедиҳад ва ба зарурати ҳар гуна дин (зардуштия, яҳудият, масеҳият, ислом, боварҳои динҳои ҳиндиву буддоӣ) барои оромиши равонии ҷомеа таъкид мекунад. Берунӣ аҳаммияти фолбинӣ ва муайян кардани асрори олам аз тариқи астрология ва усулҳои ғайриҳирфаии таҳқиқотро ба зери суол мегузорад.

Ҷомеъашиносӣ

вироиш

Бо истинод ба сарчашмаҳо ва эътирофи аксари муҳаққиқони осори Берунӣ, ӯро метавон яке аз муаррихон ва асосгузорони илми антропология дар сарзамини Шарқ арзёбӣ намуд. Ӯ аввалин бор усули муқоисавию таърихии фарҳангҳоро ба роҳ монда буд. Ин усул дар бештари асарҳои машҳури ӯ «Осору-л-боқия», «Мо-ли-л-Ҳинд» ва «Китобу-л-ҷамоҳир фи маърифат-ил-ҷавоҳир» ба мушоҳида мерасад. Усули бархӯрди таърихӣ ва илмӣ-табиӣ ба шайъи таҳқиқ аз усулҳои роиҷи усулшиносӣ (методология)-и илмии Берунӣ мебошад. Дар масъалаи шинохти моҳияти ҷамъият Берунӣ чунин мешуморад, ки сабабҳои пайдоиш ва фаъолияти ҷомеа аз нукоти зер иборат мебошанд: 1) одамон аз рӯйи зарурат, барои бартараф намудани хатар ва таъмини эҳтиёҷоти худ ба ҳам меоянд; 2) одамон дорои қобилиятҳои гуногун мебошанд, як кас наметавонад, ки тамоми қобилиятҳоро дошта бошад ва ё ҳамаи касбҳоро азхуд карда бошад, аз ин рӯ, онҳо ба ҳамдигар эҳтиёҷ доранд, бо ҳам мубодилаи мол ва доду ситад мекунанд, то ки барои таъмини мавҷудияти худ ба ҳам кумак карда бошанд; 3) эҳсоси иҷтимоии инсон, тибқи хулосаи таълимоти Берунӣ, дар ниҳояти кор пайдоиши ирсӣ доранд, онҳо, яъне одамон дар тафовут аз дигар ҳайвонот дар танҳоӣ вуҷуд дошта ё фаъолияти амалӣ карда наметавонанд. Абурайҳони Берунӣ мақоми омили ҷуғрофиёиро низ дар инкишофи тамаддуни инсоният ҳалкунанда мешуморад ва мегӯяд, ки «…тафовути бадани (мардум) аз ҷойи зисти онҳо сарчашма мегирад».

Риёзиёт

вироиш

Саҳми Берунӣ дар илми риёзиёт (арифметика, алгебра ва ғайра), инкишофи арифметикаи назариявӣ, муттаҳид намудани назарияи ададҳои бутун (назарияи касрҳо) ва назарияи муносибатҳои бузургиҳои муттасил (ҳисоб кардани қимати адади π (пи) аз тариқи дарозии доира ва диамет-ри он ва ғайра), илми нуҷум (ситорашиносӣ) — усули мушоҳидаи кусуфи моҳ якбора аз ду нуқтаи замин, сохтани устурлоби мукаммалтар, таълимот дар бораи гардиши Замин дар гирди меҳвари худ ва эҳтимолияти гардиши он дар гирди Офтоб — ба вуҷуд овардани заминаҳои зарурӣ барои назарияи Галилей ва Коперник дар бораи ҳаракати Замин ва офтобмарказият, кашфиёти зиёди илмӣ дар соҳаи ҷуғрофия — назарияи иқлимҳо, қабатҳои геологӣ (пастиву баландиҳо ва қабатҳои умқҳои замин) ва ғ., маълумоти муфид ва нодир дар бораи минералогия (ҷавоҳирот), маводди доруворӣ (фармакология) ва ғ. хеле бузург аст.

Осори азхудкардашудаи юнонӣ ба мутафаккирони мусулмон, аз ҷумла Берунӣ имкон дод, ки гузориши масъалаҳои ҳисоббарорӣ ва алгоритмиро дар дараҷаи сифатан нав ба роҳ монанд. Дар натиҷа дар ҷое, ки риёзидонони ҳиндӣ қоидаи мушаххаси ҳисобро ташаккул дода буданд, олимони риёзидони мамолики ислом назарияҳои комилан васеъро ба вуҷуд оварданд. Мас., дар асарҳои математикии мутафаккирони мусулмон диққати зиёд ба исботи масъалаҳо дода мешуд, дар ҳоле ки дар осори ҳиндиҳо ин чиз ба назар намерасид. Берунӣ дар инкишофи арифметикаи назариявӣ, ки асосҳои он дар китобҳои 7-9-уми Уқлидус (Евклид) ва яке аз пайравони Фаисоғорис (Пифагор) — Николай Герезӣ нигошта шуда буданд, саҳм гузошта, мувофиқи таснифи арифметикаи назариявӣ ададҳои пурраро мавриди омӯзиш қарор дод, ки мувофиқи он «адади воҳиди аслӣ тақсимнашаванда аст». Баъдан Берунӣ мафҳуми ададҳои воҳиди «шартиро» ҷорӣ кард, ки ба қисмҳои дигар (ба касрҳо) тақсим мешавад. Аз рӯйи ҳамин тасниф Никомах Берунӣ ададҳои ҷуфт ва тоқ, ададҳои шаклиро баррасӣ намуд, ки дар забони ҳиндӣ «санкалита» (ҷамъ кардан барои секунҷа) ва «санкалита» (ҷамъ барои махрут, конус) ном доштанд. Берунӣ дар ҳалли масъалаҳои ҷамъбандии қаторҳо ва комбинаторика (таҳлили комбинаторӣ) низ саҳм дорад. Ӯ усули комбинаториро дар омӯзиши назарияи санъати шеъри ҳиндӣ татбиқ мекунад. Мутафаккир дар ин кор аз таҳқиқоти математикии сохтори шеъри ҳиндии Браҳмагупта пайравӣ карда, пешниҳод менамояд, ки чунин кор нисбати назарияи шеъри юнонӣ низ анҷом дода шавад.

Берунӣ усулҳоеро дар такмили чор амали илми ҳисоб: ба мураббаъ (квадрат) ва куб (мукааб) баровардани ададҳо, баровардани решаи квадратӣ ва кубӣ, инчунин, мафҳумҳои решаи «ақлонӣ ё ратсионалӣ» ва «ғайриратсионалӣ»-ро пешниҳод мекунад. Решаи ғайриратсионалӣ гуфта мутафаккир чунин решаеро дар назар дорад, ки онро ба воситаи сухан ифода кардан мумкин нест, мас., решаи иборат аз даҳ адад. Барои чунин реша пайдо кардани чунин ададе аз имкон дур аст, ки дар сурати зарб задани он ба ҳамон миқдор адади даҳ ҳосил шуда бошад. Чунин ададро, одатан, фақат ба таври тахминӣ пайдо кардан мумкин аст. Берунӣ дар ин ҷо усули Диофант (математики садаи 3-и Искандария)-ро барои пайдо кардани ҳар гуна дараҷаи адад истифода мекунад. Як ҷиҳати хосси таълимоти Берунӣ назари умда ва глобалӣ доштан ба системаи донишҳо мебошад, ки дар он минтақа, нажод, ирқ ягон аҳаммияте надошт ва ӯ донишҳои халқҳо ва давраҳои гуногунро ба таври зинда омезиш медод. Берунӣ ҳангоми баррасии силсилаҳои ҳисоб ҳам силсилаи даҳгонӣ ва ҳам силсилаи «арабӣ»-и шастгонаро, ки «ҷумал» ном дошт ва дар он на рақам ба таври абстрактӣ, балки тасвири образноки рақам ифода гардида буд, ба таври муқоиса дида баромад. Мутаассифона, асарҳои махсуси Берунӣ бахшида ба ирратсионалҳо то замони мо нарасидаанд ва мо дар ин маврид фақат аз порчаҳое, ки дар асарҳои дигари мутафаккир ба мисли «Китоб-ут-тафҳим» ва «Қонуни Масъудӣ» мавҷуданд, истифода бурда метавонем.

Берунӣ барои ошкор намудани моҳият ва усули ҳисоб кардани адади π (пи), нисбати дарозии доира ба қутр (диаметр)-и он айнан ҳамин тавр амал мекунад. Истифодаи мафҳумҳо ва усулҳои арифметикӣ дар нисбати бузургиҳои санҷиданашавандаи геометрӣ яке аз ҷиҳатҳои хосси тамоюли арифметиккунонӣ дар илми асрҳои миёна мебошад. Муҳаққиқони осори Берунӣ ва муаррихони таърихи илм баронанд, ки муттаҳид намудани назарияи ададҳои бутун (назарияи касрҳо) ва назарияи муносибатҳои бузургиҳои муттасил хидмате дар илми математика аст, ки дар ниҳояти кор ба Берунӣ нисбат дорад. Ғояи Берунӣ дар мавриди васеъ кардани мафҳуми ададҳо баъдан аз тарафи олими дигар — Умари Хайём ҳаматарафа инкишоф дода шуд. Берунӣ моҳияти фалсафии ин масъалаҳои риёзиро шарҳ дода, ишора мекунад, ки таносуби байни «адад» ва «ҳисобшавандаро» бояд ҳама вақт ба назар гирифт, зеро ададҳои мутлақ ва абстрактиро бо ашёи ҳисобмешуда набояд айният дод, ки онҳо объекти шумор ба ҳисоб мераванд ва наметавонанд ба таври механикӣ як чиз шуморида шаванд.

Алгебра

вироиш

Саҳми Берунӣ дар инкишофи илми алгебра (алҷабр) низ хеле бузург аст, зеро маҳз ба туфайли риёзидонҳои мусулмон алгебра ба сифати илми мустақил дар миёни илмҳои дигар арзи вуҷуд намуд. Асари алоҳидаи Берунӣ оид ба алгебра ба дасти мо нарасидааст, вале масъалаҳои алгебравиро дар асарҳои дигари мутафаккир, аз ҷумла дар «ҳафт суолу ҷавоб»-и китоби ба илми нуҷум бахшидаи ӯ пайдо кардан мумкин аст.

Нуҷум

вироиш

Кашфиёти бузургтарини Берунӣ ғояи таълимоти офтобмарказӣ (Манзумаи Офтобӣ) мебошад, ки бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла назарияҳои аврупосентристӣ дар илм то ба ҳол ба таври пурра арзёбӣ нашудааст. Берунӣ дар «Мо-л-ил-Ҳинд» менависад, ки Офтоб аз ҷисми оташангез иборат аст ва дар гирди он сайёраҳои дигар қарор гирифтаанд, ки аз он нур мегиранд. Аз ин андеша фақат чунин хулоса ба даст меояд, ки Офтобу ситорагон табиати моддӣ дошта, Офтоб дар маркази кайҳон қарор гирифтааст. Дар китоби «Қонуни Масъудӣ» ӯ доираи Офтобро чунин менигорад: «… Офтоб барои дигар ситораву сайёраҳои гирди он манбаи нигоҳдории тартиби ҷойгирии онҳо мебошад ва мақоми он дар байни онҳо ба мисли мақоми подшоҳ аст дар нисбати мамлакат, ҳаракати ҷирмҳои осмонӣ ба ҳаракати Офтоб вобаста мебошад, он ҳаракати дигар ҷирмҳоро идора мекунад» (саҳ. 23-24). Дар асари дигари худ, ки ба илми нуҷум бахшида буд, Берунӣ дар бораи Офтоб чунин менависад: «ба мисле, ки ҳаракати ҷирмҳои дигари осмонӣ, сайёраҳо аз Офтоб вобаста мебошад, ҳамин тавр равшании онҳо низ аз он вобаста аст». Бо вуҷуди он ки Берунӣ тибқи суннати муқарраршудаи ҷаҳони ислом пайравӣ аз манзумаи кайҳонии Батлимус (Птолемей), ки дар заминаи заминмарказӣ, сохта шудааст пайравӣ мекунад, андешаҳои озодонаи худро дар шинохт ва пайравӣ аз системаи офтобмарказӣ баён намуда, дар асараш «Мо-ли-л-Ҳинд» андешаҳои мутафаккирони ҳиндиро дар масъалаи мақоми марказияти Офтоб ба таври васеъ истифода мебарад. Ӯ манзумаи офтобмарказиро на фақат рад намекунад, балки даъват мекунад, ки ин масъала бояд боз ҳам мушаххастар омӯхта шавад.

Олимони намоёни илми нуҷуми ҷаҳони ислом аз қабили Ҳасан Алӣ ал-Марокашӣ (асри 13), Низомуддин Абуалӣ Бирҷандӣ (асри 15-16) аз ин иқдоми Берунӣ ба ваҷҳ меомаданд ва дар ҳайрат буданд, ки чӣ тавр Берунӣ дар вазъияти мавҷуда тавонистааст дурустии низоми офтобмарказиро зери суол гузорад, дар ҳоле ки бузургтарин олимони Юнони Қадим ва Шарқ, ба мисли Ибни Сино ва Закариёи Розӣ аз он шадидан пайравӣ мекарданд. Муҳаққиқони осори табиатшиносии Берунӣ ин иродаи матини Беруниро ҳаматарафа дифоъ ва қадр кардаанд. Дар боби дуюми китоби якуми «Қонуни Масъудӣ» Берунӣ шаш усули Батлимусро, ки дар асараш «Алмаҷастӣ» баён ёфтаанд, баррасӣ мекунад. Дар он ҷо Батлимус дар баробари дигар масъалаҳои нуҷумӣ аз мақоми марказӣ ва собит доштани Замин баҳс мекунад. Барои Батлимус ҳукми «аксиома» (ҳақиқати бебаҳс)-ро дошт, вале Берунӣ ин усулро ҳамчун «догма» (андешаи шахшуда) баррасӣ менамояд. Ҷиҳати ҷолиби ин баҳс аз он иборат аст, ки Берунӣ андешаҳои озодандешонаи худро аз тариқи ишораҳо ба гуфтаҳои мунаҷҷимони ҳиндӣ, аз ҷумла Ариабҳатта (476—550) ва Браҳмагупта пардапӯш мекунад. Дар робита ба ҳамин масъала Берунӣ андешаи гардиши Замин дар гирди меҳвари худро ба ҳаводорони илми ҷаҳони ислом аввалин бор (чандин қарн пеш аз олими итолиёӣ Галилей дар Аврупо) пешниҳод карда, шарҳ медиҳад, ки ин андешаро олимони ҳиндӣ, ки «пайравӣ аз Ариабҳатта доштанд» («Қонуни Масъудӣ», саҳ. 28), дастгирӣ мекарданд. Дар масъалаи муносибати Берунӣ ба назарияи ҳаракати Замин дар таърихи илм чунин ақидае маъмул аст, ки мувофиқи он Берунӣ ҳамчун «Коперники асрҳои миёна» муаррифӣ мешавад. Вале ҳақиқат он аст, ки ҳарчанд Берунӣ ғояи ҳаракатпазирии Заминро дастгирӣ мекард, зоҳиран аз чунин пешниҳоди ошкорона даст мекашид, зеро он дар муҳити он замон созгор набуд. Ба ӯ имконият барои фош гуфтан фақат дар асарҳое даст дод, ки барои доираи танги ҳаводоронаш, аз ҷумла дар асари ӯ «Устурлоб» навишта шуда буданд. Яке аз муҳаққиқони машҳури осори Берунӣ — Зоҳидов В. Ю. чунин мешуморад, ки азбаски Берунӣ бо мунаҷҷим ва риёзидони бузурги давр ас-Сахрӣ муносибати хеле наздик дошт, бо мушорикати ӯ асбобҳои нуҷумро месохт, ки дар заминаи аҳкому адвори Замин тартиб ёфта буданд ва дурустии ин назарияро тасдиқ мекарданд. Берунӣ бисёр эродҳои оид ба андешаи ҳаракати Заминро рад карда буд. Аз ҷумла, ӯ исбот карда буд, ки чизҳои рӯйи Замин ҳангоми ҳаракати он намеғалтанд, зеро тибқи амали қуввае аз маркази Замин чизҳо ба маркази Замин кашида мешаванд. Ҳамин тариқ, Берунӣ андешаҳои хеле ҷолиби илмиеро дар риштаи нуҷум (астрономия) ба вуҷуд оварда буд. Аз эҳтимол дур нест, ки ақидаҳои пешниҳоднамудаи Берунӣ заминаро барои таҳқиқоти минбаъдаи астрономӣ васеъ намуданд, зеро назариёти ахтаршиносии ӯ баъдан аз тарафи олимони дигар, аз ҷумла Насируддини Тусӣ дар расадхонаи Мароға, расадхонаи мактаби Улуғбек дар Самарқанд ва ғ. роҳро барои ифодаи ғояи назарияи офтобмарказӣ васеъ кушода буд. Муҳаққиқони илм собит кардаанд, ки Коперник аз бойгонии дастхатҳои Тусӣ ба таври фаровон истифода кардааст.

Ҳамин тариқ, ба андешаи муҳаққиқон ва мутафаккирон, Берунӣ бузургтарин олим ва файласуфи табиатшиносии амалӣ (эксперименталӣ, озмунӣ, таҷрибавӣ) дар асрҳои миёна ба шумор меравад. Ӯ ба тарзи тафаккуре, ки баъдан дар давраи нави Аврупо ба таври васеъ интишор ёфта, дар инкишофи улуми табиатшиносӣ ва технологияи саноатии Аврупо саҳми ҳалкунанда гузошта буд, таъсири боризе расондааст.

Таълифот

вироиш

Миқдори таълифоти Беруниро муҳақиқон аз 130 то 180 асар донистаанд, вале 20 асари ӯ аз осеби замонҳо дар амон монда то ба имрӯз расидаанд, ки маъруфтаринашон «Қонуни Масъудӣ» (донишномаи мукаммале дар илми нуҷум, ҳайат ва риёзиёт), «Таҳдиду ниҳоёт-ил-амокин ли тасҳеҳи масофат-ил-масокин» (дар бораи ҷуғрофиёи манотиқи ҷаҳон), «Мақолатун фи-н-нусуб-ил-латӣ байн ал-филиззот ва-л-ҷавоҳири ва-л-ҳуҷҷун», «Афроду-л-мақоли фи амрӣ-из-зилол», «Истихроҷу-л-автори фӣ-д-доира», «Ат-тафҳим-ли-авоили-синоат-ил-танҷия; Таҳқиқ мо-лил-ҳинд».

Нашри осор

вироиш
  • Бируни Абу Рейхан, Памятники минувших поколений / Пер. и прим. М. А. Салье // Избранные произведения. Т. I. Ташкент, 1957;
  • Бируни Абу Рейхан. Собрание сведений для познания драгоценностей (Минералогия) ̸ Пер. А. М. Беленицкого. Л., 1963;
  • ал-Бируни Абу Райхан. Трактат об определении хорд в круге при помощи ломаной линии, вписанной в него ⁄⁄ Из истории науки и техники в странах Востока, вып. 3, 1963;
  • ал-Бируни Абу Рейхан, Книга об индийских рашиках / Пер. и прим. Б. А. Розенфельда ⁄⁄ Из истории науки и техники в странах Востока, вып. 3,1963;
  • Бируни и Ибн Сина. Переписка / Пер. Ю. Н. Завадовского. Ташкент, 1973;
  • Бируни Абу Рейхан, Фармакогнозия в медицине / Иссл., пер. и. прим. У. И. Каримова // Избранные произведения. Т. IV, Ташкент, 1974;
  • Бируни Абу Рейхан, Книга вразумления начаткам науки о звездах / Пер. и прим. Б. А. Розенфельда и А. Ахмедова // Избранные произведения. Т. VI, Ташкент, 1975;
  • Абурайҳон Берунӣ. Осору-л-боқия. Д., 1982;
  • Десять вопросов Беруни относительно «Книги о небе» и ответы Ибн Сины; ал-Бируни, Об отношениях между металлами и драгоценными камнями по объёму / Пер. Б. А. Розенфельда и М. М. Рожанской ⁄⁄ Из истории физико-математических наук на средневековом Востоке. М., 1983;
  • Бируни Абу Рейхан, Математические и астрономические трактаты / Пред., пер. и комм. П. Г. Булгакова и Б. А. Розенфельда // Избранные произведения. Т.VII. Ташкент, 1987;
  • Бируни Абу Рейхан. Индия ̸ Пер. А. Б. Халидова, Ю. Н. Завадовского // Избранные произведения. Т. II. Ташкент, 1963 // Репринт: М., Ладомир, 1995;
  • David Pingree, «BIRUNI, ABU RAYHAN iv.Geography» in EncycloapediaIranica (accessed April 2011);
  • Georges C. Anawati, «BIRUNI, ABU RAYHAN v. Pharmacology and M;neralogy» in EncycloapediaIranica (accessed April 2011);
  • بیرونی ابوریحان. کتاب التفهیم. دوشنبه، ۱۳۷۳
  1. 1.0 1.1 1.2 Encyclopædia Iranica (ингл.) / N. Sims-Williams, A. Ashraf, H. Borjian, M. AshtianyUSA: Columbia University, 1982. — ISSN 2330-4804
  2. 2.0 2.1 Архив по истории математики Мактьютор — 1994.
  3. 3.0 3.1 Encyclopædia Iranica (ингл.) / N. Sims-Williams, A. Ashraf, H. Borjian, M. AshtianyUSA: Columbia University, 1982. — ISSN 2330-4804
  4. Bosworth, C. E. (1968), «The Political and Dynastic History of the Iranian World (A.D. 1000—1217)», J.A. Boyle (ed.), Cambridge History of Iran, vol. 5: The Saljuq and Mongol Periods, Cambridge University Press: 1-202. [45]. Excerpt from page 7:
  5. Al-Bīrūnī (2007). Encyclopædia Britannica. Retrieved 22 April 2007;
  6. D.J. Boilot, "Al-Biruni (Beruni), Abu’l Rayhan Muhammad b.
  7. J.L. Berggren, Jonathan Borwein, Peter Borwein. Pi: A Source Book(англ.). Springer (2014). 16 июли 2017 санҷида шуд.
  8. Абӯрайҳони Берунӣ. Кимиёи саодат (5 сентябри 2017). 6 сентябри 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 14 апрели 2018.

Адабиёт

вироиш
  • Рожанская М. М. О реконструкции полного текста трактата ал-Бируни об удельных весах. //Историко-астрономические исследования. № 7 (42);
  • Бируни. Сборник статей ̸ Под ред. С. П. Толстова, М.-Л., 1950;
  • Семенов А. А. Беруни — видающийся ученый средневековья ⁄⁄ Беруни — великий ученый средневековья. Ташкент, 1950;
  • Садыков Х. У. Бируни и его работы по астрономии и математической географии. М., 1953;
  • Джалалов Г. Д. Индийская астрономия в книге Бируни «Индия» ⁄⁄ Историко-астрономические исследования. № 8, 1962;
  • Булгаков П. Г. Жизнь и труды Беруни. Ташкент, 1972;
  • Булгаков П. Г. «Геодезия» Бируни как историко-астрономический памятник ⁄⁄ Историко-астрономические исследования, № 11, 1972;
  • Булгаков П. Г. Ранний трактат Бируни о секстанте Фахри. //Историко-астрономические исследования. № 11, 1972;
  • Шарипов А. Великий мыслитель Абу Райхан Бируни. Ташкент, 1972;
  • Розенфельд Б. А., Рожанская М. М., Соколовская З. К. Абу-р-РайханАл-Бируни. 973—1048, М., 1973;
  • Джалалова З. Г. Учение ал-Бируни о движении Солнца ⁄⁄ Историко-астрономические исследования. № 12, 1975;
  • Розенфельд Б. А. Астрономический труд ал-Бируни «Книга вразумления начаткам науки звезд» ⁄⁄ Историко-астрономические исследования. № 12, 1975;
  • (пайванди дастнорас) Тимофеев И. В. Бируни. М.: Молодая гвардия, 1986;
  • Матвиевская Г. П. Очерки истории тригонометрии. Ташкент, 1990;
  • Щетников А. И. К реконструкции итег-рационного метода решения кубических уравнений в средневековой математике ⁄⁄ Труды третьих Колмогоровских чтений. Ярославль, 2005;
  • Minorsky. On Some of Biruni’s Informants. Al-Biruni’s Memorial Volume. Calcutta, 1954;
  • Scheppler B. Al-Biruni: Master astrponomer and muslim scholar of the eleventh century. Rosen, 2006;
  • جورج سارتون. تاریخ علم. ترجمۀ أحمد آرام. امیر کبیر.۱۳۷۵؛
  • دائرةالمعارف بزرگ اسلامی. ج۱۳. تهران، ۱۳۸۳

Сарчашма

вироиш


Пайвандҳо

вироиш