Фарҳангистон

(Тағйири масир аз Академия)

Фарҳангистон (форсӣ: فرهنگستان‎) ё Акадeмия (аз юн. Ακαδήμεια) — муассисаи илмӣ (ҷамъияти илмӣ) — Академияи илмҳо (Академияи улум), ё ки муассисаи таҳсилотӣ дар назар аст.

Нақшаи Академия қадимӣ дар наздикии Афина.

1) номи нахустин мактаби фалсафие аст, ки Афлотун дар садаи IV то милод (385 п.м. то соли 529 милодӣ) таъсис додааст.[1] Номи Академия аз номи боғи наздикии Афина гирифта шудааст. Номи боғ бошад ба номи каҳрамони мифологии юнониён (аз юн. Ἀκάδημος) - Академиос гузошта шудааст;[2] 2) муассисаи калони илмие, ки мутахассисони баландихтисоси илмӣ дошта, масъалаҳои илмии як ё чандин соҳаҳои илмро тадқиқ мекунад. (мас. дар Тоҷикистон Академияи илмҳои Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Академияи илмҳои тиббии Тоҷикистон, Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи таҳсилотии Тоҷикистон).

3) номи баъзе мактабҳои олй. Дар Эрон низ қадимтарин Академияи Ганди Шопур (асрҳои III—VII) ва Донишгоҳи тиббии Ганди Шопур дар давраи салтанати Давлати Сосониён фаъолият намудааст. Дар замони муосир (Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, Академияи мусиқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои ҳарбӣ ва ғайра).

Нигаред

вироиш
  1. Академия платоновская // Философский словарь. М: ИПЛ, 1986. С. 10.
  2. Википедиаи русӣ. Академия