Бурҳон Маҳмадқулов

Бурҳон Ҳотамович Маҳмадқулов - сарояндаи тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1990), профессори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов (2003)

Бурҳон Маҳмадқулов
Бурҳон Ҳотамович Маҳмадқулов
Санаи таваллуд

27 май 1945(1945-05-27) (75 сол)

Зодгоҳ

Душанбе

Касб(ҳо)

сароянда

ЗиндагиномаВироиш

С. 1962 омӯзишгоҳи мусиқии Душанбе ва Консерваторияи давлатии Москва ба номи П.И.Чайковскиӣро (1967) хатм карда дар театри калони ИҶШС (1968-1969) аз В.И. Арсенов таҷриба андухтааст. Аз с. 1967 овозхони (сарояндаи) Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ аст.

ЭҷодиётВироиш

Дар тӯли ин солҳо дар зиёда аз 40 операи композиторони классики русу Ғарб ва тоҷик нақш бозидааст, ки Гертсог, Алфред, Кассио («Риголетто», «Травиата», «Отелло»-и Ҷ. Верди), Рудолф («Богема»-и Пуччини), граф Алмавив («Сартароши Севилӣ»-и Ҷ. Россини), Назир («Шуриши Восеъ»-и С. Баласанян), Ҳайдарбек («Қишлоқи тиллоӣ»-и Д. Дӯстмуҳаммедов), Айнӣ («Айнӣ»-и Ш. Сайфиддинов), Мадан («Комде ва Мадан»-и З. Шаҳидӣ), шоҳ Ковус («Рустам ва Суҳроб»-и Т. Сатторов), Мотсарт («Мотсарт ва Салиери»-и Н. Римский – Корсаков), Владимир («Княз Игор»-и А. Бородин) аз ҷумлаи онҳоянд. М. зиёда аз 90 суруду романсҳои композиторони мухталиф ва сурудҳои халқиву классикиро иҷро намудааст, ки аксарияти онҳо дар фонди Радиои тоҷик сабт шудаанд. Сурудҳои халқӣ: «Ғарибон», «Саламно», «Гулъузорам», «Дилбари ҷонон»; классикӣ: «Таронаи Баёт», «Ушшоқ» ва ғ.; композиторон: «Зи сӯзи сина» (шеъри Ҳилолӣ), «Дилдода шудам» (шеъри Лоҳутӣ), «Муҳаббат» (шеъри М. Турсунзода)-и З. Шаҳидӣ, «Ҷавонӣ», «Гулноз»-и Д. Дӯстмуҳаммедов, «Зебо Душанбе»-и Х. Абдуллоев, «Тоҷикистон»-и А. Одинаев, «Мӯи тиллоранг»-и С. Ҳамроев ва ғ. мисол шуда метавонанд. Паҳлуи дигари фаъолияти Маҳмадқулов тарбияи мутахассисони баландихтисоси овозхонии касбӣ мебошад. Ӯ дар як вақт омӯзгориро пеша намуда, С.-ҳои 1969-2003 дар кафедраи овозхонии академии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (аз с. 1990 дотсент, аз с 2003 проф.) ва аз с. 2003 профессори кафедраи овозхонии академии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов кору фаъолият дорад. Дар тӯли ин солҳо шогирдони зиёдеро (зиёда аз 50 наф.) тарбия намудааст, ки 2 наф. онҳо соҳиби унвони фахрӣ гардидаанд: Акбар МирраҷабовҲунарпешаи халқии Тоҷикистон (2002), Содиқ НуруллоевҲунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (2012). Шогирдони Б. Маҳмадқулов (Мирраҷабов А., Нуруллоев С., Фазлиев Ф.) дар озмунҳои бонуфузи байналмилалӣ соҳиби ҷоизаҳо гардидаанд. Дар синфи Маҳмадқулов шогирдон аз хориҷи кишвар низ таҳсил кардаанд: Ризвонгули Барот (ш. Урумчӣ), Пен (Дзе) Чен (ш. Шанхай), Юсупова Г. (Исроил), Шаповалова О., Шарапова М. (Русия) ва ғ. М. дар якчанд фестивалҳои умумииттифоқӣ иштирок варзидааст. Маҳмадқулов дар чандин озмунҳои бонуфузи байналмилалӣ узви ҳакамон буд. (Озмуни байналмилалии «Роман сиада, ш. Чимкенти ҶҚ, 2011, 2012, 2013 ва ғ.»). Ба кишварҳои Афғонистон, Муғулистон, Туркия, Сирия, Ироқ, Руминия, Олмон, Белоруссия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва ш.–ҳои Русия сафари ҳунарӣ кардааст.[1] Ӯ овози форам ва дорои маҳорати сарояндаги ва маданияти баланд дошта дар саҳнаи театр якчанд нақшҳои (образҳо) ҷолиб офаридааст. Махсусан маҳорати сарояндагиаш дар овозхонии операвии асарҳои классикии миллӣ, рус ва хориҷӣ хеле хуб садо медиҳад.

Қаҳрамонҳо дар спектаклҳоВироиш

МукофотВироиш

  • Ҷоизаи озмуни байналмилалии навозандагон ва сарояндагони Осиёи Миёна ва Қазоқистон (1969) дар Алмаато,
  • Ордени “Нишони фахрӣ”,
  • Ордени “Шараф”,
  • Ифтихорномаҳои Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон ва соҳавӣ қадр карда шудааст.
  • [2]

Мукофот ва ҷойизаҳоВироиш

  • Лауреати озмуни байниҷумҳуриявии мусиқичиён-иҷрокунандагони ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон (Алмаато, 1969).
  • Бо орденҳои «Нишони Фахрӣ» (1977) ва «Шараф» сарфароз гардонида шудааст.[3]

Пайвандҳои берунаВироиш

ЭзоҳВироиш

  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.225-226. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)
  2. Cомонаи театр
  3. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.225-226. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)