Драматургияи тоҷик
Драматургияи тоҷик - драматургияи касбӣ дар адабиёти тоҷик падидаи наве буда, песаҳои А. Усмонов «Мубориза», С. Саидмуродов «Раъно», Ғанӣ Абдулло «Вахш», Сотим Улуғзода «Шодмон» ва «Калтакдорони сурх», Ҷалол Икромӣ «Душман», ки воқеъияти солҳои 30-юмро бо рангомезиҳои романтикию реалистӣ тасвир кардаанд, барои пешрафти ин навъи адабӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд. Ҳамзамон, адибони тоҷик маҳз дар осори драматургӣ ба таҳқиқи мавзӯъҳои гуногуни таърих, фолклор ва классикаи миллӣ фаъолона рӯй оварда, қаҳрамонони шӯриши Восеъро ба саҳнаи театр кашиданд (А. Фитрат, М. Турсунзода, А. Деҳотӣ). Дар заминаи сужетҳои «Шоҳнома» осори драмавии А. Пирмуҳаммадзода ва В. Волкенштейн «Рустаму Суҳроб», А. Лоҳутӣ «Коваи оҳангар», дар асоси достони «Хусраву Ширин»-и Низомӣ драмаи ҳамноми Мирзо Турсунзода ба миён омаданд. Дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ драматургияи тоҷик воқеъияти майдони ҷангу ақибгоҳро фаро гирифта (Ҷалол Икромӣ ва А. Файко «Хонаи Нодир», Сотим Улуғзода «Дар оташ»), дар айни замон, корбасти мавзӯъҳои таърихиро идома дод.
Драматургияи солҳои 50 - 80-ум
вироишСолҳои баъди ҷанг сермаҳсултарин давраи инкишофи драматургияи тоҷик ба ҳисоб рафта, дар ин давра гуногунии жанриву услубии ин навъи адабӣ ба маротиб афзуд. Ҷустуҷӯҳои ҷиддии ахлоқиву маънавиро дар драматургияи тоҷик пйесаҳои Файзулло Ансорӣ «Ҳаёт ва ишқ», «Имтиҳон», «Ҳукми модар», «Як либос атлас», «Модар нигарон аст», Мирсаид Миршакар «Фоҷиаи Усмонов» (таҳрири дувумаш – «Шаҳри ман»), Ғанӣ Абдулло «Суруди кӯҳсор», Ҷалол Икромӣ «Хор дар гулистон», Аъзам Сидқӣ «Иродаи зан», Гулрухсор Сафиева «Ғори аҷинаҳо», Мавҷуда «Зистан мехоҳам» ва ғ. барҷастатар ифода карданд. Ҷанбаҳои ахлоқи иҷтимоӣ ва муаммои шахсу мавқеи ӯ дар ҷомеа дар пйесаҳои Меҳмон Бахтӣ «Захми забон», «Эҳ, ҷавонӣ, ҷавонӣ…», Султон Сафар «Уқоб», Нур Табаров «Дар чорсӯ» омехта бо ҳиссиёти изтиробомез ба тасвир омада, бисёре аз нақсҳои ҷамъиятӣ ва низоми фармонфармойиро фош намуданд. Инкишофу бозёфтҳои драмаи таърихӣ аз бисёр ҷиҳатҳо ба ному фаъолияти устод Сотим Улуғзода вобаста мебошад, ки дар драмаҳои «Рӯдакӣ», «Темурмалик», «Алломаи Адҳам ва дигарон», «Шифокори бузург» образҳои пурғунҷоишу мушаххаси таърихӣ офарида, рӯҳи бунёдкори халқро таҷассум намудааст. Асари А. Атобоев «Робиаи Балхӣ» ҳам ба ҳамин силсила мансуб буда, анъанаи мазкур имрӯз дар навтарин пйесаҳои Меҳмон Бахтӣ «Фирдавсӣ», «Шоҳ Исмоили Сомонӣ», Сафармуҳаммад Айюбӣ «Меъроҷи Шоҳин» ва «Сомонхудот», Бароти Абдураҳмон «Искандар ва Спитамен», асарҳои алоҳидаи Нур Табару Ато Ҳамдам ва диг. падидору устувор гардид. Корбасти муваффақонаи драматургии сужетҳои адабиёти классикӣ дар солҳои 60-70-ум аз ҷониби Ғанӣ Абдулло дар пйесаҳои «Рустаму Суҳроб» ва «Фарёди ишқ» идомаву тарвиҷ ёфт.[1]
Инчунин нигаред
вироишДромнависони Тоҷикистон:
- Абдулло Ғанӣ
- Абдумалик Баҳорӣ
- Абдусалом Деҳотӣ
- Абдуғаффор Абдуҷабборов
- Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ
- Атахон Сайфуллоев
- Ато Ҳамдам
- Атобоев Абдуссалом
- Ашӯрмуҳаммадов Ёрмаҳмад
- Аъзам Сидқӣ
- Гулрухсор Сафиева
- Мансури Суруш
- Меҳмон Бахтӣ
- Меҳрубон Назаров
- Мирсаид Миршакар
- Муҳаммад Ғоиб
- Наримон Бақозода
- Сафармуҳаммад Айюбӣ
- Саидқул Сабзаев
- Султон Сафар
- Файзулло Ансорӣ
- Феликс Тошмуҳаммадов
Эзоҳ
вироиш- ↑ Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 8 - 9 ISBN 978-99947-2-379-9