Мел Гибсон
Мел Гибсон (англисӣ: Mel Gibson) (3 январ, 1956) — ҳунарпешаи синамои австралиягӣ ва амрикоӣ, нависанда, ҳунарпешаи телевизион, ҳунарпешаи театр ва синамо ва продюсери филм. Барандаи ҷоизаҳои Оскар, Глобуси тилоӣ (ҳама соли 1996) барои коргардонии драмаи русӣ — «Храброе сердце». Соли 2017 ба ҷойизаи Оскар и Глобуси тилоӣ барои коргардонии драмаи русӣ — «По соображениям совести» пешниҳод шудааст.
англ. Mel Gibson | |
| |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | англ. Mel Colm-Cille Gerard Gibson |
Таърихи таваллуд: | 3 январ 1956[1][2][3][…] (68 сол) |
Зодгоҳ: | |
Шаҳрвандӣ: | |
Касб: | таҳиякунандаи филм, ҳунарпешаи синамо, коргардони филм, нависанда, садопеша, филмноманавис, ҳунарпешаи телевизиюн, ҳунарпешаи театр, таҳиякунандаи телевизиюнӣ, ҳунарпеша, коргардон |
Корнома: | 1977 — то ҳол |
Самт: | вестерн[d], филми диром, historical drama film[d], Филми таърихӣ ва филми экшн |
Ҷоизаҳо: | |
IMDb: | ID 0000154 |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишҲарчанд ки Мел Гибсонро (англисӣ: Mel Gibson) (3 январ, 1956 —) дар Ҳолливуд австралиягӣ гӯянд ҳам, дар асл Мел Колумсилл Ҷерард Гибсон (номи пуррааш) дар Ню Йорк, дар оилаи ирландиҳои католик (падараш корманди роҳи оҳан ва модараш сарояндаи опера буд) 3 январи соли 1956 ба дунё омадааст. Соли 1968 оилаи Гибсонҳо, ки дар он ҷо ба ғайр аз Мел боз 10 кӯдаки дигар буд, ба Австралия мекӯчад.
Ҳамсинфони нави Мел талаффузи амрикоии ӯро бисёр мазоҳ мекарданд ва ба ӯ лозим омад, ки дар як муддати кӯтоҳ шеваи австралиягиро аз бар намояд. Дар аввал Мел мехост хабарнигор шавад, вале ҳукми тақдир дигар буд: боре хоҳараш дар рӯзномае эълони барои ташкили гурӯҳи театриеро дида, пинҳонӣ аз ӯ сурат ва маълумот дар бораи Мелро мефиристад. Чанде пас ӯро барои санҷиш даъват мекунанд. Мел ба Сидней омад ва имтиҳонҳои қабулро бедушворӣ супурда, ба Донишкадаи Миллии Санъати Театр дохил шуд ва мунтазам санъати ҳунарпешагиро аз бар менамуд. Устодон дар ин ҷавон як истеъдоди худододеро диданд, вале карйераи ӯ қариб, ки сар нашуда дар соли аввали таҳсил тамом шуда буд: Мел шабҳои дароз дар майхонаву тарабхонаҳо бо дӯстони наваш менишаст ва анқариб ба истеъмоли нашъа дода мешуд. Танҳо пас аз чанд сол, баъд аз он ки Гибсонро дар шабнишиние бо шишаи пиво сарашро кафонда, қариб куштанд, ҳунарманд аз ин корҳо даст кашид. Ӯ фермаеро харид, то берун аз шаҳри калон ба табиат наздиктар бошад. Акнун Мел тарзи солими ҳаётро тарғиб мекард ва майнӯширо тарк намуд.
Дар аввал, ситораи оянда аз ба саҳна баромадан тарсе дошт, вале ӯ онро бартараф карда тавонист ва ҳанӯз дар айёми донишҷӯияш дар филми аввалини худ «Тобистон» /Summer City/ нақшофаринӣ кард. Баъд аз хатми донишкада, Мел муддате чанд дар Ширкати Театрии Ҷануби Австралия дар нақшҳои дуюмдараҷа бозӣ мекард. Соли 1979 Гибсон дар ду филми тамоман мухталиф нақш офарид. Барои нақшаш дар драмаи «Тим» /Tim/, ҳунарпешаи 22-сола ба ҷоизаи синамои Австралия — Сэмми сазовор шуд. Нақши полис дар филми "Макси девона" /Mad Max/ шуҳраташро афзуд ва ӯро ба ҷаҳониён ошно намуд. Боз як ҷоизаи Сэммиро дар номинатсияи «Ҳунарпешаи беҳтарин» Гибсон барои иштирок дар филми Питер Вейр «Галлиполӣ» /Gallipoli, 1981/ гирифт. Вале шуҳрати ҷаҳониро ба ҳунарпеша қисми дуввуми «Макси девона», ки «Ҷанговари роҳ» /Mad Max II. The Road Warrior, 1981/ ном дошт, овард. Танҳо баъд аз ин, ба Мел таваҷҷуҳи коргардонҳои Ҳолливуд ҷалб шуд. Филми аввалини ҳунарпеша дар Ҳолливуд «Баунтӣ» /The Bounty, 1984/ буд, ки дар он бо ҳамроҳии Энтони Хопкинс Гибсон нақш офарид. Баъд аз иштирок дар чандин филмҳои дигар дар Амрико, Мел ба ватани дуввуми худ (ҳарчанд ки мумкин Австралия барои ӯ ватани ягона буд) баргашт, то бо Тина Тернер дар қисми сеюми «Макси девона» — «Дар таҳти раъд» /Mad Max Beyond Thunderdome, 1985/ бозӣ кунад.
Шӯҳрати Гибсон баъд аз баромадани филми "Аслиҳаи марговар" /Lethal Weapon, 1987/ боз ҳам афзуд. Ин филм дар бораи саргузашти ду полис классикаи ин жанр гардид ва аз он пас чандин филмҳои пастсифате баромаданд, ки ба он тақлид мекарданд. Се қисми дигари ин филм низ, бо иштироки Мел Гибсон баромаданд, аммо онҳо ба тамошобинон ба мисли филми аввала он қадар писанд наомаданд.
Вале Мел намехост, ки ҳамеша як намуд нақшҳоро бозӣ кунад ва дар ҷабҳаҳои гуногун ҳунари худро намоиш медод, то бинандагон боварӣ ҳосил карданд, ки ӯ ҳунарманди асил аст. Офаридани нақши Гамлет дар филми «Гамлет»-и Франк Зеффиреллӣ барои мухлисони Гибсон ногаҳонӣ буд.
Дар ибтидои солҳои 90-ум, Мел Гибсон ширкати кинои худаш — ICON Production-ро таъсис медиҳад ва мехоҳад ки коргардонӣ низ кунад, Ӯ соли 1993 филми «Одами берӯй» /The Man Without A Face/ -ро ба навор мегирад. Ин филм хеле машҳур гардид ва чанде пас Мел боз филми дигареро бо номи «Дили ҷасур» /Braveheart/ ба навор гирифт, ки он дар бораи муборизаи қаҳрамононаи халқи Шотландия барои истиқлолашон (дар садаи XIII) таҳти сарварии қаҳрамони Гибсон — Уилям Уоллес ҳикоя мекард. Филм натанҳо маъқули тамошобинон шуд, он аз тарафи мунаққидони синамо баҳои баланд гирифта, соҳиби 10 ҷоизаи Оскар гардид (аз ҷумла барои коргардони беҳтарин) ва онро беҳтарин филми сол эълон намуданд.
Солҳои 1996 ва 1997 филмҳои /Ransom, 1996/ ва «Сири сӯиқасд» /The Conspiracy Theory, 1997/ баромаданд, ки онҳо низ комёб буданд. Баъдтар филмҳои «Аслиҳаи марговар 4» /Lethal Weapon 4, 1998/ ва «Мукофоти амал» /Payback, 1998/ ба тамошобинон пешкаш шуданд. Мел Гибсон ба дастовардҳояш нигоҳ накарда, боз дар филмҳои нав ба нав иштирок меварзад ва бо ҳамин мухлисони сершумори худро дар тамоми ҷаҳон шод мегардонад.
Филми охирини Мел Гибсон (аз рӯи сенарияи худаш) «Апокалипсис» ном дорад, ки он низ достони таърихӣ буда, ба давраи охирини маданияти майя бахшида шудааст. Бори аввал ин филм 8 декабри соли 2006 нишон дода мешавад.
Филмҳо
вироишЭзоҳ
вироиш