Одил Назаров (23 августи 1929, Хуҷанд — 13 майи 2003, ҳамон ҷо) — раҳбари мусиқӣ ва оҳангсози тоҷик. Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1960), узви ИК Тоҷикистон (1977).

Одил Назаров
Таърихи таваллуд 23 август 1929(1929-08-23)
Зодгоҳ Хуҷанд, ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт 13 май 2003(2003-05-13) (73 сол)
Маҳалли даргузашт Хуҷанд, Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Пеша(ҳо) оҳангсоз, дирижёр
Ҷоизаҳо
Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон

Зиндагинома

вироиш

Одил Назаров 23 августи соли 1929 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст[1]. Соли 1939 ба Омӯзишгоҳи мусиқии Ленинобод дохил шуд ва онро соли 1945 хатм кард[2].

Корнома

вироиш

Дар баробари таҳсил аз соли 1943 дар Театри драмаи мусиқии Ленинобод навозандаи оркестр буд.

Дар солҳои 1957—1965 дирижёри орекстр, солҳои 1965—1967 сардирижёри оркестр, солҳои 1967—1987 директор ва аз соли 1987 дирижёри театри Те­атри драмаи мусиқии Ленинобод буд. Ҳамзабон дар баробори кор дар театр аз сооли 1945 омӯзгори Омӯзишгоҳи мусиқии Ленинобод буд[2].

«Марши идона» (ба муносибати 20-солагии ташкил ёфтани ҶШС Тоҷикистон) асари нахустини ӯст. Одил Назаров муаллифи сурудҳои «Мутрибон» (шеъри М. Аминзода), «Ба доди дил бирас» Неъмат Шариф, «Увертюраи идона» ва ғайра мебошад.

Истеъдоди оҳангсозии Одил Назаров алалхусус дар навиштани мусиқӣ ба пйесаҳои «Ғуломи сиёҳ»-и И. В. Иконников, «Шаҳло»-и Аминҷон Шукӯҳӣ ва Аскар Ҳаким, «Исёни арӯсон»-и адиби Ӯзбекистон Саид Аҳмад намоён гардидаст[2].

Асарҳо барои оркестри созҳои халқӣ: «Ленинободи ман», «Сайри лола», «Дил бурдӣ» ва якчанд валсҳои лирикӣ тааллуқ доранд. Сурудҳои Назаров «Ба раққоса», «Диламро деҳ», «Дил бурдӣ», «Ту ҷони ман» ва ғайра аз тарафи ҳофизон суруда мешуданд[3].

Ҷоизаҳо

вироиш

Бо медали «Барои меҳнати шоён» (1970) ва панҷ Ифтихорномаи Фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (1960, 1967, 1974, 1979, 1985) қадр шудааст[4].

  1. Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.
  2. 2.0 2.1 2.2 Назаров Одил // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).
  3. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. — Душанбе: Аржанг, 2019. — С. 251. — 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)
  4. Композиторон ва мусиқишиносони Тоҷикистон. — Д., 2011. — С 114—116