Раъйпурсии конститутсионии Тоҷикистон (2003)

22 июни соли 2003 дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол оид ба ворид намудани тағйироту илова ба баъзе боб ва моддаҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар маҷмӯъ 56 тағйирот) раъйпурсии сеюми умумихалқӣ оид ба қабули Қонуни Асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Раъйпурсӣ миёни нозирон, коршиносон ва давлатҳои алоҳида баҳои мухталиф гирифт.

Раъйпурсии конститутсионии Тоҷикистон
Кишвар
Қонунӣ барои Тоҷикистон
Пеш аз Раъйпурсии конститутсионии Тоҷикистон (1999)
Баъдӣ Раъйпурсии конститутсионии Тоҷикистон (2016)
Замони вуқуъ 22 июн 2003
Шумораи интихобкунандагон 2 965 000
Ballots cast 2 857 685
Шумораи овозҳои қабул 2 836 496
Number of negative votes 175 246
Number of support votes 2 661 250
Зиёда аз 90%-и қаламрави Тоҷикистонро кӯҳҳо ишғол намуда, шумораи аҳолӣ дар аввали соли 2019 9 126 600 нафарро ташкил медиҳад.

Замина

вироиш

Моҳи январи соли 2003 палатаи болоии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонШӯрои миллӣ (Маҷлиси миллӣ) пешниҳод намуд, ки Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар раъйпурсии умумихалқӣ 6 ноябри соли 1994 ҳангоми авҷи Ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 қабул шудааст, ислоҳот ворид карда шавад. Мубоҳисаи вакилони парлумон ва ҳукумати Тоҷикистон 24 феврали соли 2003 оғоз шуда, 19 марти соли 2003 ҳарду палатаи парлумони Тоҷикистон тасмим гирифтанд, ки масъалаҳои марбут ба тағйири Конститутсияи ҷумҳурӣ тибқи Қонуни асосӣ ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод карда шаванд., зеро тибқи Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳама гуна тағйирот ба Конститутсия танҳо пас аз тасдиқи тағйироти пешниҳодшуда аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни раъйпурсии умумихалқӣ оид ба Конститутсия сурат мегирад. Мухолифин, аз ҷумла Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, Ҳизби демократи Тоҷикистон ва Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мухолифи ислоҳи Қонуни асосӣ буданд, зеро ба ақидаи онҳо, тамдиди мӯҳлати президентӣ то 7 сол, имкони ду мӯҳлат интихоб шудан ва аз нав тағйир додани мӯҳлати пешини президенти амалкунанда Эмомалӣ Раҳмон як иқдоми бузурге барои ба иқтидоргароӣ (авторитаризми) боз ҳам қавитар афтодани Тоҷикистон буда, дар оянда барои Эмомалӣ Раҳмон имкониятҳои бемаҳдудро барои истиқрори қудрат ва гардиши Точикистон ба диктатура боз мекунад. Дар ин давра Тоҷикистон мушкилоти шадиди иҷтимоию иқтисодӣ, бекории оммавиро аз сар гузаронида, барои барқарор кардани иқтисод ва обрӯи ҷанги шаҳрвандӣ (солҳои 1992-1997) кӯшиш намуд. Инчунин дар ин давра муносибатҳо бо Ӯзбакистони ҳамсоя бо як қатор сабабҳо дар сатҳи «ҷанги сард» буд[1] [2] [3] .

Пешниҳодҳои раъйпурсӣ

вироиш
 
Эмомалӣ Раҳмонов ва Владимир Путин дар моҳи апрели соли 2003 дар Тоҷикистон

Тағйироти асосии пешниҳодшуда ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он иборат буд, ки мӯҳлати ваколати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҳафт сол ва на бештар аз ду мӯҳлат пайдарпай, вале дар айни замон, мӯҳлати қаблии президенти феълӣ маҳдуд карда шавад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро ба эътибор нагирифта, «сифр» карданд ва фарзия бо риояи софдилонаи ин қонун ва бо баргузории интихоботи навбатии президентӣ ва пирӯзиҳои фарзияи Эмомалӣ Раҳмонов дар интихоботи президентии солҳои 2006 ва 2013 метавонист қудратро то соли 2020, дар мақоми раёсати ҷумҳурӣ бимонад. Барои ин талаб карда шуд, ки аз Конститутсия моддаи дахлдор, ки мухлати ваколати президентро танхо бо як мӯхлат махдуд мекард, хориҷ карда шавад. Дар раъйпурсӣ ҳамчунин ҷорӣ намудани хизматрасонии ройгони тандурустии давлатӣ, аз 5 то 10 сол тамдид кардани мӯҳлати ваколати судяҳо, тағйирот ба моддаҳои дахлдор оид ба кафолати пурраи риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷониби давлат, ва дигар тағйироту иловаҳои хурд буданд. Дар маҷмӯъ, ба бобҳо ва моддаҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 56 тағйиру иловаҳо пешниҳод карда шуданд, ки танҳо бо як савол дар бюллетен тартиб дода шудаанд[1] [2] [3] .

Раванди овоздиҳӣ

вироиш

Бюллетенҳои раъйпурсӣ бо се забон: ба забони давлатӣ ва расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - ба забони тоҷикӣ, ба забоне, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо эътироф кардааст, ба забони русӣ ва инчунин забоне, ки дар шимол ва ғарби кишвар маъмул аст - ба ӯзбекӣ тайёр карда шудаанд. Тибқи маълумоти расмии Маркази Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии умумихалқӣ иштироки рекордии 96,39 % нафарро ташкил дод. (яъне 2.857.685 аз 2.965.000 шахрвандони сохибихтиёр овоз доданд). Дар бархе аз сафоратхонаҳо ва консулгариҳои хориҷӣ дар хориҷ низ қитъаҳои интихоботӣ боз шуда, шахрвандонони Тоҷикистони муқими Русия ва Ӯзбекистон дар хориҷ аз ҳама бештар раъй додаанд. Худи ҳамон рӯз раъйпурсӣ эътиборнок эълон шуд [1] [2] .

Натиҷаҳо

вироиш

Ба тарафдории ин тағйирот ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон — 93,82 % овоз доданд (ё 2.661.250 нафар), 6,18 % — мухолиф овоз доданд (ё 175246 нафар). Тағйиру иловаҳои дахлдор ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби парлумон қабул карда шуданд [1] [2] . Бисёре аз кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла Иёлоти Муттаҳида, ин раъйпурсиро , ки ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ нест, эътироф карданд[4] .

Инчунин нигаред

вироиш
  • Раъйпурсии Қонуни асосӣ дар Тоҷикистон дар соли 1994 нахустин чунин раъйпурсӣ дар таърихи Тоҷикистон аст
  • Раъйпурсии Қонуни асосии Тоҷикистон дар соли 1999 дуввумин раъйпурсӣ дар таърих аст
  • Раъйпурсии қонуни асосии Тоҷикистон дар соли 2016 чаҳорумин ва то кунун охирин раъйпурсӣ дар Тоҷикистон аст.

Пайвандҳо

вироиш
  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 Tadschikistan, 22. Juni 2003: Verfassungsreform(олмонӣ)(пайванди дастнорас — таърих). Database and Search Engine for Direct Democracy. 27 феврали 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 30 сентябри 2020.
  2. 2.0 2.1 2.2 2.3 Focus on constitutional referendum(англ.)(пайванди дастнорас — таърих). The New Humanitarian. 27 феврали 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 27 феврали 2020.
  3. 3.0 3.1 Референдум в Таджикистане(рус.)(пайванди дастнорас — таърих). Deutsche Welle. 27 феврали 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 27 феврали 2020.
  4. США оспаривают результаты референдума в Таджикистане(рус.)(пайванди дастнорас — таърих). Voice of America. 27 феврали 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 27 феврали 2020.