Open main menu

майи соли 2018Вироиш

апрели соли 2018Вироиш

  • 9 апрели соли 2018 Баъди танаффуси шашсола охири ҳафтаи гузашта интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон барқарор шуда, айни замон ба ҷумҳурӣ дар як соат 1 ҳазор метри мураббаъ газ интиқол дода мешавад. (/news.tj/tj/ 9.04.2018).
  • 6 апрели соли 2018 Аз рӯи раддабандӣ аз ҳама нашрияи серхонандатарин нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» (34%) мебошад. Сипас, бо фосилаи камтар нашрияи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон «Омӯзгор» (23,8%) ва нашрияи марказии ҲХДТ рӯзномаи «Минбари халқ» (22,2%) ҷойгир шудаанд.(// khovar.tj/ 06.04.2018).

марти соли 2018Вироиш

феврали соли 2018Вироиш

январи соли 2018Вироиш

  • 20 январи соли 2018, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба иваз намудани номи шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Сарбанд, ноҳияи Бохтар, шаҳраки Восеъ ва деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ, деҳаҳои Шота Руставели, Тошохӯр ва Будинободи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ба имзо расониданд. Дар асоси қарори мазкур номи шаҳри Қӯрғонтеппа ба шаҳри Бохтар, шаҳри Сарбанд ба шаҳри Левакант, ноҳияи Бохтар ба ноҳияи Кӯшониён, шаҳраки Восеъи ноҳияи Восеъ ба шаҳраки Ҳулбук, деҳаи Қурбоншаҳиди деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ ба Меҳробод, деҳаи Шота Руставелии деҳоти Ситораи Сурхи ноҳияи Ёвон ба деҳаи Саргаҳ, деҳаи Тошохӯри деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон ба деҳаи Боғдара ва деҳаи Будинободи деҳоти Гулсара Юсуфоваи ноҳияи Ёвон ба деҳаи Зарриндашт иваз карда шуданд.(khovar.tj/ 22.01.2018).
  • 10 январи соли 2018, соли 2017 дар Ҷаласаи 11 - уми байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ номинатсияи «Оши палав» - и тоҷикон дар қатори беҳтарин намунаҳои ғайримоддии ҷаҳон сабти ном шуд. (jumhuriyat.tj/ 10.01.2018).

ЭзоҳВироиш