Макка
Макка (ар. مكة Макка, инчунин مكة المكرّمة Макка ал-Мукаррама) — шаҳр дар ғарби мамлакати Арабистони Саудӣ, маркази маъмурии вилояти Ҳиҷоз. Дар баландии беш аз 300 м аз сатҳи баҳр воқеъ гаштааст. Масоҳаташ 451 км2, аҳолиаш 2 млн 386 ҳазор нафар (2022), саввумин шаҳри мамлакат аз рӯи шумораи аҳолӣ. Бахши ҳамворӣ ва нишебиҳои Маккаро Батҳо, бахши шарқи Масҷидулҳаромро Маълот ва бахши ғарбу ҷануби онро Масфала меномиданд. Дар бахши ҷанубии Каъба бозори Укоз воқеъ гашта буд. Дар он замон Макка ҳудуди 6 ҳазор нафар аҳолӣ дошт.
Макка | |
مكة | |
Нишон[[Акс:|100px]] | Парчам[[Акс:|100px]]} |
Кишвар: | Арабистони Саудӣ |
---|---|
Вилоят: | |
Ноҳия: | |
Замони таъсис: | |
Марказ: | |
Координатаҳо: | |
Иқлим: | |
Масоҳат (га): | 400 км² |
Паҳноӣ(км): | |
Дарозӣ (км): | |
Аҳолӣ, ҳазор нафар: | 1 700 000 нафар (2007) |
Коди телефонӣ: | +2 |
Нишонаи почта: | |
Вақт: | UTC +3 |
[[Акс:|center|300px]] |
Таърих
вироишЗамони пайдоишаш номаълум аст; тахмин меравад, ки дар ҷои корвонсаройи назди чашмаи Замзам ва бозори сари роҳи тоҷирон бунёд ва ташаккул ёфтааст. Баъзе муҳаққиқон Маккаро бо Макараба, ки Ҳеродот аз он ёд кардааст ё Макораба, ки дар «Ҷуғрофиё»-и Батламиус зикр шудааст, айният медиҳанд. Макка маркази ойинҳои бостонии арабҳост.
Тибқи ривоятҳо дар он Одам ва Ҳавво, Шис, Иброҳим, Исмоил, Ҳоҷар зистаанд. Таърихи Макка бо нахустин инсон – Одам вобаста аст. Ӯ баъди бо амри илоҳӣ аз биҳишт ба замин фуруд омаданаш дар ин мавзеъ буд ва дар ҷои Каъба ибодатгоҳе бино кард. Бинои мазкур то замони туфони Нӯҳ вуҷуд дошт. Таърихи минбаъдаи ин мавзеъ то замони Иброҳим маълум нест. Иброҳим ба ин ҷо зани худ Ҳоҷар ва фарзандаш Исмоилро, ки тифли ширхора буд, овард. Дар аҳди ӯ сарзамине, ки дар он Макка воқеъ аст, биёбони беобу беодам буд. Иброҳим онҳоро дар водӣ назди теппае гузошт, ки баъдан дар он ҷо Каъба бунёд ёфт ва худ ба Фаластин бозгашт. Дере нагузашта, захираи оби Ҳоҷар ва Исмоил тамом шуд ва дар ин ҳангом муъҷизае рух доду чашмаи Замзам пайдо шуд. Бад-ин васила ин ҷо барои зист мусоид гардид. Пас аз чанде ба ин ҷо аз Яман қабилаи ҷурҳум омад ва аз Ҳоҷар иҷозати иқомат хоста, муқим гардид. Исмоил нахуст ба духтаре аз қабилаи ҷурҳум хонадор шуд ва пас аз чанде аз вай ҷудо гашта, духтари сардори қабилаи мазкурро ба занӣ гирифт. Аз ин издивоҷ ӯ соҳиби 12 писар шуд, ки ҳама минбаъд аҷдоди қабилаҳои арабӣ гаштанд. Баъдтар ин қабилаҳо дар тамоми сарзамини Арабистон интишор ёфтанд ва ҳатто аз марзҳои он ҳам берун рафтанд. Дар Макка писараш Қидор монд, ки Аднон – бобокалони паёмбар (с) аз насли ӯст. Иброҳим барои дидорбинӣ бо ҳамсару писараш зуд-зуд ба Макка меомад. Дар яке аз чунин сафарҳо Худованд ба ӯ фармуд, ки дар ин ҷо Хонае барои ибодат бисозад. Иброҳим ҳамроҳи писараш Исмоил Хона – Каъбаро бино кард (Қуръон, 2, 125–127).
Фарзандони Исмоил дар ин сарзамин муддате тулонӣ иқомат доштанд, сипас ба ин ҷо аз Яман қабилаи хузоа омад. Ҷурҳумиҳо намехостанд, ки қабилаи мазкур дар ин ҷо маскан гирад. Соли 207 байни ду қабила ҷанг даргирифт, ки дар он хузоиён пирӯз омаданд ва Маккаро тасарруф карданд. Фарзандони Исмоил дар ин ҷанг ширкат надоштанд, аз ин рӯ, хузоиён ба онҳо кордор нашуданд. Қабилаи хузоа ҳудуди 300 сол дар Макка ҳукм ронд. Дар аҳди ҳукмронии он мардум аз дини нахустини худ, ки бар пояи тавҳид бунёд ёфтаву аз Иброҳим ва Исмоил маншаъ мегирифт, дур шуд ва ширк густариш ёфт. Бути асосӣ Ҳубал дар Макка насб шуда буд. Танҳо шумори андаке аз пайравони дини тавҳидии иброҳимӣ – ҳанифҳо аз ибодат ба худоҳои мушрикон рӯ гардониданд.
Тақрибан соли 440 Қусай – пешвои қабилаи қурайш дар набард бо хузоиён пирӯз омад ва қурайшиён қабилаи ҳокими Макка гаштанд. Қусай ба ҳар як хонадони қабила қитъае замин дар атрофи Каъба ҷудо карда, ҷоҳи Замзамро тоза намуд ва манзили худро Доруннадва (маҷлисгоҳ) қарор дод. Қабилаи қурайш пардадори Каъба буд, калиди онро дар ихтиёр дошт, сиқоят (обдеҳӣ)-и ҳоҷиён ба зиммааш буд. Бино бар набудани об барои обёрӣ, манъи машғулшавӣ бо киштукор ва шикор дар замини муқаддас, эътирофи масунияти қурайшиён аз сӯи қабилаҳои ҳамсоя, онҳо ба тиҷорат машғул буданд. Бо мақсади таъмини амнияти корвонҳое, ки ба Шом, Ироқ ва Яман рафтуомад доштанд, онҳо бо қабилаҳои бодиянишини атроф, ба шарти пардохтани ҳиссаи муайян аз даромад аз ин тиҷорат, паймонҳо мебастанд.
Қурайшиён низ мушрик ва бутпараст буданд; дар баробари эътирофи ҳастии Аллоҳ – Офаридгори ҳамаи мавҷудот бутҳоро низ ибодат карда, онҳоро василае байни худои бағоят дур аз умури заминӣ ва инсонҳо мепиндоштанд. Чун дар замони Исмоил ҳар сол дар Каъба маросими ҳаҷ баргузор мегардид, ки дар он ҳоҷиён аз тамоми Арабистон гирд меомаданд; Каъба пур аз бут гашта буд. Макка ба маркази тиҷорӣ ва фарҳангии Арабистон табдил ёфта буд. Корвонҳои тиҷории маккиён ба гӯшаҳои гуногуни Арабистон, Яман, Ҳабаша, Шом, Фаластин сафар мекарданд. Ба бозаргонӣ ва харидуфурӯш дуздону роҳзанҳо дар роҳҳои корвонгард монеъ мешуданд. Ба ин хотир арабҳои моҳҳои мамнуъ («ашҳуру-л-ҳурум»)-ро риоя мекарданд, ки дар онҳо дуздиву ғорат ва куштор манъ буд.
Болоравии аҳаммияти Макка диққати ғосибони хориҷиро ба худ ҷалб намуд. Дар давраҳои гуногун ҳокимони римиву румӣ ва форсу ҳабаша Ҳиҷозро тасарруф карданӣ буданд, аммо бино бар омилҳои гуногун, талошҳои онҳо барои расидан ба ин мақсад ба нокомӣ меанҷомид ва Макка ба ҳайси шаҳр-давлат то замони таъсиси нахустин давлати исломӣ боқӣ монд. Аз ҷумла, соли 571 Абраҳа – фармонравои ҳабашитабори Яман ба қасди вайрон кардани Каъба бо сипоҳи фаровон ва филони ҷангӣ ба Макка лашкар кашид, аммо шикаст хӯрд (нигар: Асҳоби фил).
Дар таърихи ислом Макка макони баргузидаи Худо буда, бо воқеаҳои асосӣ дар таърихи олам, паёмбарон ва ҷамоаи исломӣ алоқаманд аст. Дар Макка Муҳаммад (с) зода шуда, ба паёмбарӣ расид ва бештари умри хешро сипарӣ кард. Муҳимтарин падида дар таърихи Макка пайдоиши ислом дар ин шаҳр аст, ки дар натиҷаи он вазъи ҷамъиятӣ-сиёсӣ дар Макка ба куллӣ дигаргун шуд. Суннатҳои чандиасраи арабӣ бо буҳрони амиқ рӯбарӯ шуданд. Мусулмонон бо ҷонибдорони тарзи ҳаёти анъанавӣ, ки онҳоро аъёну ашрофи Макка роҳбарӣ мекарданд, дар муқобала қарор гирифтанд. Паёмбар (с) ва нахустин саҳобагонро сахт таъқиб мекарданд ва зери фишор қарор медоданд. Иддае аз онҳо ноилоҷ ба Ҳабаша рӯ оварданд.
Паёмбар (с) соли 628 дар хоб дид, ки ба Макка ворид шуд ва тавофи Каъба кард. Ҳамон сол мусулмонон бо сарварии эшон (с) барои ба ҷо овардани умра ба Макка раҳсипор шуданд. Баъди ба имзо расидани сулҳи Ҳудайбийя онҳо ба Мадина баргаштанд ва соли оянда бе ҷанг вориди Макка шуданд. Паёмбар (с) баъди фатҳи Макка дар он 19 рӯз иқомат кард ва дар ин айём корҳои зиёдеро анҷом дод, аз ҷумла, ба дастури ӯ бутҳоро, аз ҷумла, муҷассамаи Иброҳим ва Исмоилро аз даруни Каъба берун карданд, суратҳои девори онро зудуданд. Паёмбар (с) пардадории Каъбаро ба Банӣ Шайба ва обдеҳӣ ба ҳоҷиёнро ба хонадони Абдулмутталиб супурд, ба Билол фармуд, то аз болои Каъба азон бигӯяд, баъзе саркашони аз дин беруншударо бахшид, мардону занон ба ӯ байъат карданд, дастаҳоеро барои даъват ба ислом ба гӯшаву канорҳо фиристод. Пас аз пайвастани Макка ба давлати исломӣ он тадриҷан моҳияти сиёсии худро аз даст дод, вале моҳияти диниаш афзуда, ба маркази динии натанҳо арабҳо, балки мусулмонони тамоми олам табдил ёфт.
Дар аҳди Умавиён Ҳиҷозро, ки Макка дар ҳудуди он воқеъ аст, волиёни халифа идора мекарданд. Абдуллоҳ ибни Зубайр (622–692) хилофати Язид ибни Муовия (647–683)-ро номашрӯъ хонда, сарварии ҷунбиши зиддиумавиро ба зимма гирифт ва соли 683 Маккаро зери тасарруфи худ қарор дод. Язид барои саркӯби ӯ неруҳоеро аз арабҳои Шом ба Макка фиристод. Сипоҳи умавӣ шаҳрро ба муҳосира гирифт ва дар асари сангборон бо манҷаниқ бинои Каъба осеб дид. Бо марги Язид ба Абдуллоҳ ибни Зубайр муяссар гардид, ки ҳукмашро дар бахши бештари Хилофат ҷорӣ намояд ва Макка тӯли беш аз даҳ сол пойтахти Хилофат гардид. Абдулмалик ибни Марвон (646–705) соли 692 яке аз фармондеҳонаш – Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуфро барои аз миён бардоштани Ибни Зубайр роҳии Ҳиҷоз кард. Ҳаҷҷоҷ Маккаро тӯли шаш моҳ дар муҳосира қарор дод ва бо манҷаниқ кӯбид ва Абдуллоҳ ибни Зубайр дар майдони ҷанг кушта шуд.
Соли 747 Маккаро хавориҷ тасарруф карданд, вале онҳоро худи ҳамон сол Аббосиён аз он ҷо берун ронданд. Баъд аз ин солҳаои 750–961 Маккаро волиёни дастнишонда Хилофати аббосӣ идора мекарданд. Аз соли 916 дар Арабистон қарматия фаъъол гардид. Ҷонибдорони он ҳамаи роҳҳоро ба Макка баста, ба сафари ҳоҷиён монеа эҷод мекарданд. Соли 930 онҳо Маккаро тасарруф карданд ва Ҳаҷаруласвадро бо худ бурданд, аммо пас аз чанде онро дубора баргардониданд.
Пас аз тасарруфи Миср аз ҷониби Фотимиён (968) нуфузи онҳо дар Ҳиҷоз боло рафт. Аз ин ба баъд Маккаро ворисони Алӣ ибни Абитолиб аз насли фарзандаш Ҳасан идора мекарданд, ки шариф хонда мешуданд. Шарифҳо тақрибан ҳокимони мустақил буданд ва ба ин сабаб бисёр вақт миёни онҳову Фотимиён ва волиёни яманиашон низоъҳо сар мезад.
Соли 1517 Ҳиҷозро султони турк Салими I Явуз забт ва ба Хилофати усмонӣ ҳамроҳ кард, аммо шарифҳои Макка ба ҳайси табааи он ҳукмронии худро идома медоданд. Соли 1803 Маккаро ваҳҳобия ишғол кард. Барои барқарор кардани назорат бар Арабистон султони турк Маҳмуди II ба табааи худ – ҳокими Миср Муҳаммад Алӣ муроҷиат кард ва ӯ ҳам Маккаро соли 1813 озод намуд.
Дар солҳои Ҷанги ҷаҳонии якум шарифи Макка Ҳусайн ибни Алии Ҳошимӣ бо пуштибонии англисҳо худро аз Хилофати усмонӣ мустақил эълон кард. Сипас худро халифа хонданӣ шуд, вале ин хилофи нақшаҳои англисҳо буд, аз ин рӯ, онҳо дигар ӯро пуштибонӣ накарданд. Ин боис гардид, ки Абдулъазизи саудӣ (1877–1953) соли 1925 Маккаро ишғол намояд. Пас аз соли 1926 ҳукм дар Ҳиҷоз ва бахши аксари нимҷаз. Арабистон ба дасти сулолаи Саудиён гузашт. То ибтидои асри 20 Макка тақр. ҳамон ҳудудеро фаро мегирифт, ки дар замони Аббосиён ишғол мекард ва тақр. 50 ҳазор сокини муқимӣ дошт.
Макка назди мусулмонон аз ҷойгоҳе воло, мартабае олӣ ва дараҷаи баланд бархурдор буда, аз нигоҳи таърихӣ ва динӣ аҳаммияти бузург дорад. Макка беш аз 50 ном дошта, аз ҷумла, дар Қуръон бо номҳои Макка (48:24), Бакка (3:96), Уммулқуро (6:92, 42:7), ал-Балад (14:35; 90: 1–2), ал-Балда (27:91), Водии Бекишт (14:37), Маод (28:85), Қаря (47:13), ал-Масҷиду-л-Ҳаром (48:27) ёд шудааст. Макка муқаддастарин мавзеъ дар ислом, макони ҳаҷгузории мусулмонони ҷаҳон, ҳарам (эҳтиромаш воҷиб ва беэҳтиромӣ ба он ҳаром) буда, ҳамроҳи Мадина ба ҳар ду Ҳарамайни шарифайн (Ду Ҳарами шариф) гуфта мешавад.
Макка дар Қуръон ҳамчун шаҳри бехатар: ҳарами амин (28:57, 29:67), шаҳри боамн (95:3) тавсиф гаштааст. Тибқи оят, ҳар он ки ба Макка ворид шавад, дар амон аст (3, 97). Худованд ба Макка савганд ёд кардааст (90:1). Дар ҳадис омадааст: «Савганд ба Худо, ки ҳароина, ту беҳтарин замини Худованд ва дӯстдоштатарин замини Худованд назди Худованд ҳастӣ! Агар ман аз ту берун карда намешудам, берун намешудам». Дар ҳадисҳо омадааст, ки Макка дар охирзамон хароб карда хоҳад шуд.
Макка қиблаи мусулмонони ҷаҳон аст: пас аз якуним соли ҳиҷрат самти намозгузорӣ (қибла) аз Байтулмуқаддас ба сӯи Макка табдил ёфт. Мусулмонон ҳангоми анҷом додани амалҳое аз қабили дафни фавтидагон, қироати Қуръон, гуфтани азон, забҳи чорво бояд мутаваҷҷеҳи қибла бошанд. Дар Макка нахустин ибодатгоҳи Худои ягона ҳарами Каъба (Қуръон 3: 96), инчунин Масҷидулҳаром, Ҳаҷаруласвад, мақоми Иброҳим, Ҳиҷр, Мултазам, чоҳи Замзам, кӯҳҳои Сафо ва Марва, Мино, Арафот, Муҳассир, Муздалифа, Ҷамарот, саллоххона барои анҷом додани қурбонии ҳоҷиён ҷойгир шудаанд. Дар Макка мавзеъҳои таърихии бозмонда аз замони садри ислом, аз ҷумла, ғори Ҳиро, ғори Савр, Доруларқам, Доруннадва, шиъби Абитолиб – зодгоҳи паёмбар (с), хонаи Хадиҷа – ҳамсари паёмбар (с), қабристони Муаллот, масҷидҳои Хиф, Байъат, Танъим, Ҷин, Шаҷара, кӯҳи Абуқубайс воқеъ шудаанд. Ба Макка ворид шудани кофирон ва бо худ гирифтани силоҳ манъ аст; кандани рустаниҳои Макка, куштани ҳашароту ҳайвоноти он раво нест.
Иқтисод
вироишИқтисоди шаҳр асосан ба хидматгузории ҳоҷиён нигаронида шуда, шабакаи васеи меҳмонхонаву ошхонаҳо фаъолияти густарда дорад. Воридоти солона ба иқтисоди мамлакат ҳудуди 12 млрд доллар аст (2019). Дар Макка корхонаи истеҳсоли кисва (аз 1962), қурбонгоҳҳои бузург (зимнан ба хориҷа ройгон фиристодани гӯшти чорвои қурбонӣ) фаъолият мекунанд; асосия, асбобу анҷоми филиззии рӯзгор, молу матоъ маснуоти заргарӣ, армуғонҳо истеҳсол мешавад.
Варзиш ва фарҳанг
вироишДар Макка қароргоҳи созмони Робитаи олами исломӣ ҷойгир аст; муассисаҳои таҳсилоти 4 мазҳаби суннӣ ва шиаи имомия; Донишгоҳи Уммулқуро (соли 1949 ҳамчун коллеҷ таъсис ёфт, мақоми кунуниаш аз 1981), мадрасаи Дорулҳадиси Маккӣ ва мадрасаи хайрияи Дорулҳадис амал мекунанд. Варзишгоҳи ба номи шоҳ Абдулъазиз соли 1986 кушода шуда, қариб 38 ҳазор ҷойи нишаст дорад; дар он тими футболи «Ал-Ваҳда» бозӣ мекунад (таъсисаш 1945).
Иқлим
вироишИқлими шаҳри Макка — тропикии даштӣ. Макка шаҳри яке аз гармтарин шаҳрҳои ҷаҳон аст. Миқдори ками мутлақ +10 °C, миқдори зиёди мутлақ +51,4 °C. Ҳарорати миёнаи солона дар шаҳр +30,7 °C.
Гоҳ-гоҳ борон меборад дар фасли моҳҳои аз октябр то апрел ва аз декабр то январ. Боқимонда вақт бориш умуман намешавад.
Иқлими Макка | |||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Нишондод | Янв. | Фев. | Март | Апр. | Май | Июн | Июл | Авг. | Сен. | Окт. | Нояб. | Дек. | Сол |
Максимуми мутлақ, °C | 37,0 | 38,3 | 42,0 | 44,7 | 49,4 | 51,4 | 50,1 | 49,6 | 49,4 | 46,8 | 40,8 | 37,8 | 51,4 |
Максимуми миёна, °C | 30,2 | 31,4 | 34,6 | 38,5 | 41,9 | 43,7 | 42,8 | 42,7 | 42,7 | 39,9 | 35,0 | 31,8 | 43,7 |
Ҳарорати миёна, °C | 23,9 | 24,5 | 27,2 | 30,8 | 34,3 | 35,7 | 35,8 | 35,6 | 35,0 | 32,1 | 28,3 | 25,5 | 30,7 |
Минимуми миёна, °C | 18,6 | 18,9 | 21,0 | 24,3 | 27,5 | 28,3 | 29,0 | 29,3 | 28,8 | 25,8 | 22,9 | 20,2 | 18,6 |
Минимуми мутлақ, °C | 11,0 | 10,0 | 13,0 | 15,6 | 20,3 | 22,0 | 23,4 | 23,4 | 22,0 | 18,0 | 16,4 | 12,4 | 10,0 |
Андозаи бориш, мм | 20,6 | 1,4 | 6,2 | 11,6 | 0,6 | 0,0 | 1,5 | 5,6 | 5,3 | 14,2 | 21,7 | 21,4 | 110,1 |
Сарчашма: Боду ҳаво ва иқлим |
Демография
вироишДинамикаи шумораи аҳолии шаҳр:
Сол | 1965 | 1979 | 2003 | 2007 |
Аҳолӣ (ҳазор нафар) | 185 | 367 | 1541,8 | 1700,0 |
Адабиёт
вироиш- Густерин П. В. Города Арабского Востока. — М.: Восток—Запад, 2007. — 352 с. — (Энциклопедический справочник). — 2000 экз.
- Барои навиштани ин мақола истифода аз Донишномаи Брокгауз ва Ефрон (1890—1907) шудааст.
- Али-заде А. Исламский энциклопедический словарь. Макка, 2007; Мекка и Медина –два священных города ислама. СПб., Макка, 2007.
- موجز دائرة المعارف الاسلامية. الجزء التاسع و العشرين. الشارقة، ١٩٩٨؛ عبد الغني محمد الياس. تأريخ مكة المكرمة قديمًا و حديثاً. المدينة المنورة ، 2001؛ تأريخ مكة المكرمة. الرياض، 2001.
Сарчашма
вироиш- Кааба — Мекка Бойгонӣ шудааст 16 феврали 2008 сол.
- MakkahLive’s Channel on YouTube — прямая трансляция из Мекки
- Мекка: священный город похож на Манхэттен? (репортаж Би-би-си)