Пайдоиши ҳаёт

(Тағйири масир аз Абиогенез)

Пайдоиши ҳаёт, ё абиогенез (аз юнонӣ а…, bios – ҳаёт ва genesis – пайдоиш) — назарияи ба вуҷуд омадани мавҷудоти зинда аз моддаҳои табиаташон ғайриорганикӣ.

Таърихи инкишофи идеяҳо дар бораи пайдоиши ҳаёт

вироиш

То миёнаҳои садаи XIX гумон мерафт, ки мавҷудоти зинда худ аз худ аз маводи ғайриорганикӣ тавлид меёбанд, масалан, гӯё мушу калламушҳо аз партов, қурбоққаҳо аз лойқаю обсабзҳо, кирм аз гӯшти пӯсида пайдо мешаванд. Вале олими италиявӣ Ф. Реди соли 1668 исбот намуд, ки кирминаҳои пашша дар гӯшти пӯсида фақат дар натиҷаи ба гӯшт тухм гузоштани худи пашшаҳо ба вуҷуд меоянд. Дар садаи XVIII олими италиявӣ Л. Спаллансани муқаррар кард, ки дар пиёбаи ҷӯшонида микроорганизмҳо инкишоф намеёбанд. Таҷрибаҳои олими франсавӣ Л. Пастер низ беасосии ақидаҳои болоро собит намуданд. Соли 1871 олими немис Р. Вирхов дар асоси таълимот оид ба назарияи ҳуҷайра қайд кард, ки ҳуҷайраҳои зинда аз ҳуҷайраҳои зиндаи пешина пайдо мешаванд. Феълан дар рӯи Замин пайдоиши ҳаёт аз маводи ғайриорганикӣ ба мушоҳида нарасад ҳам, аз эҳтимол дур нест, ки миллиардҳо сол қабл аз ин пайдо шуда бошад. Маъмултарин назарияи Абиогенезро олими шӯравӣ А. И. Опарин пешниҳод намудааст. Ӯ соли 1924 бо номи «Пайдоиши ҳаёт» мақолае ба табъ расонда, тасаввуротеро ба миён овард, ки дар маҳлулҳои пайвастҳои калонмолекула метавонанд худ аз худ қитъаҳои консентратсияи зиёд ҳосил шаванд. Онҳо аз муҳити берунӣ нисбатан дур ҷойгир буда, метавонанд бо он тамос дошта бошанд. Опарин онҳоро қатраҳои коасерватӣ ё коасерватҳо номид.

Назарияҳои пайдоиши ҳаёт

вироиш

Назарияҳои машҳуртарини пайдоиши ҳаёт дар Замин инҳо мебошанд:

Дар айни ҳол назарияҳои худпайдоиш ва ҳолати статсионарӣ танҳо аҳамияти таърихӣ ва/ё фалсафӣ доранд. Чунки натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ба ин назарияҳо мухолиф мебошанд. Назарияи панспермия бошад мавзӯи пайдоиши ҳаётро масъалаи асосии худ намешуморад, он танҳоро варо ба замонҳо қадим ва норавшани коинот мебарад. Вале аз он чун фарзияе дар бораи пайдоиши ҳаёт дар рӯи замин сарфи назар кардан нашояд. Инчунин, ба ин рӯйхат баъзан назарияи аз тарафи худо офарида шуданро (креатсионизмро) ворид мекунанд, ҳарчанд ки он илмӣ нест.

Таҳаввулоти биохимиявӣ

вироиш

Назарияи сафедавӣ-коатсервативии Александр Опарин

вироиш

Мувофиқи ин назария, раванди пайдоиши ҳаётро дар сайёраи Замин ба се давр ҷудо кардан мумкин аст:

  • Пайдоиши моддаҳои органикӣ
  • Пайдоиши сафеда
  • Пайдоиши ҷисмҳои сафедадор

ваТаҳқиқотҳои астрономӣ нишон медиҳанд, ки ситорагон ва низомҳои сайёравӣ аз моддаи газу гардӣ ба вуҷуд омадаанд. Дар баробари металҳо ва оксидҳояшон дар таркиби он ҳидроген, аммиак, об ва карбоҳидриди соддатарин — метан мавҷуд буданд.

Шароити пайдоиши ҷараёни ҳосилшавии сохторҳои сафедадор аз замони пайдоиши нахустин уқёнус муҳайё гардид. Дар муҳити об карбоҳидридҳои мураккаб ба тағйироту табдилёбии гуногун дучор мешуданд. Дар натиҷаи чунин мураккабшавии сохти молекулаҳо моддаҳои боз ҳам мураккабтари органикӣ, аз қабили карбоҳидратҳо пайдо шуда метавонистанд.

Илм собит намуд, ки дар натиҷаи таъсири нурҳои ултрабунафш бо роҳи сунъӣ натанҳо аминокислотаҳо, балки дигар моддаҳои биохимиявиро ҳосил кардан мумкин аст. Яке аз дастовардҳои муҳими биохимияи имрӯза синтези пурраи молекулаи сафеда мебошад: гормони инсулин, синтез карда шуд, ки он тамоми мубодилаи карбоҳидратҳоро назорат мекунад.

Мувофиқи назарияи Опарин, қадами оянда дар роҳи пайдоиши ҷисмҳои сафедадор ташаккулёбии қатраҳои коатсерват буданд. Дар шароитҳои муайян қабати обии молекулаҳои органикӣ сарҳадоти муайян пайдо менамуд ва онро аз муҳити маҳлул ҷудо мегардонид. Молекулаҳое, ки бо қабати обӣ иҳота шуда буданд ба ҳам мепайвастанд ва комплексҳои бисёрмолекулавӣ — коатсерватҳоро ба вуҷуд меоварданд.

Қатраҳоикоатсерватӣ, инчунин ҳангоми омезиши полимерҳои гуногун ба вуҷуд омада метавонистанд. Дар айни замон Дар ин муддат якҷошавии молекулаҳои полимерӣ ба сохтҳои бисёрмолекула ба амал меомад, ки онҳоро чун қатрае дар зери микроскоп дидан мукин буд.

Қатраҳо метавонистанд аз берун моддаҳоро ба тарзи низомҳои кушод фурӯ баранд. Ҳангоми ба қатраҳои коатсерватӣ дохил шудани катализаторҳои гуногун (аз он ҷумла ферментҳо низ) дар дохили онҳо реаксияҳои химиявии гуногун, ба мисли полимеризатсияи мономерҳои аз муҳити беруна воридшуда ба амал меомаданд. Аз ин ҳисоб ҳаҷм ва вазни қатраҳо калон мешуданд ва баъдтар онҳо ба ҷузъҳои нав тақсим мешуданд. Ҳамин тавр, коатсерватҳо метавонистанд афзоиш ёбанд, бисёр шаванд ва мубодилаи моддаҳоро ба ҷой оваранд.

Баъдтар қатраҳои коатсерватӣ ба интихоби табиӣ дучор мешуданд, ки боиси таҳаввулоти онҳо мегардид.

Ин назария ба ҷуз аз як масъалааш, ки онро муддати мадид қариб ҳамаи мутахассисон сарфи назар мекарданд, асоснок буд. Агар дар даруни коатсерватҳо ба таври бетартибона ягон - ягон сохторҳои сафедадори мувофиқ ҳосил мекарда бошанд (масалан, катализаторҳое, ки ба коатсерватҳо имкони рушд ва зиёдшавиро медиҳанд), пас онҳо чӣ гуна дар даруни коатсерват миқдоран зиёд шуда, ба наслҳои нави коатсерват мегузаштанд? Назария дар ҳалли масъалаи нусхабардории дақиқи сафедаҳо дар даруни коатсерват ва наслҳои оянда оҷиз монд.

Олами КРН чун бунёдгузори ҳаёт.

вироиш

Зиёд шудани маълумот барои коди генетикӣ,кислотаҳои нуклеинӣ ва биосинтези сафедаҳо боиси падид омадани назарияи ба куллӣ нав барои пайдоиши ҳаёт на аз сафедаҳо, балки аз кислотаи рибонуклеинат гардид. Кислотаҳои нуклеинӣ ягона намуди полимерҳои биологӣ мебошанд, ки сохтори макромолекулярии онҳо имкон медиҳад нусхаи пайдарпайии худро аз нав тавлид кунанд. Аз ин рӯ, на сафедаҳо, балки танҳо кислотаҳои нуклеинӣ метавонанд маводи генетикӣ, яъне молекулаҳои худтавлидсоз, ки микросохтори хоси худро дар наслҳояшон такрор месозанд, бошанд. Мувофиқи якчанд андешаҳо маҳз КРН, на КДН метавонист маводи генетикии ибтидоӣ бошад.

Якум, дар синтези химиявӣ ва реаксияҳои биохимиявӣ рибонуклеотидҳо пеш аз дезоксирибонуклеотидҳо меоянд; дезоксирибонуклеотидҳо - маҳсули дигаргуншавии рибонуклеотидҳо мебошанд.

Дуввум, дар равандҳои қадимтарин ва умумитарини метаболизми ҳаётӣ бештар маҳз рибонуклеотидҳо, аз ҷумла барандагон энергетикии асосии намуди рибонуклеозид-полифосфат (АТФ ва ғайра) во мехӯранд.

Сеюм, Азнав пайдо шудани КРН бе иштироки КДН мегузарад, механизми бозтавлидёбии КДН бошад, ҳатто дар олами табии ҳозира низ иштироки ҳатмии КРН-ро дар синтез силсилаи КДН талаб мекунад.

Чаҳорум, КРН дар баробари дорои ҳамаи функсияҳои КДН буданаш, метавонад баъзе функсияҳои ба сафедаҳо хос, аз ҷумла катализи реаксияҳои химиявиро иҷро кунад. Ҳамин тавр, мо метавонем бигӯем, ки КДН ин шакли дертар таҳаввулшудаи КРН мебошад, ки барои иҷрои функсияҳои бозтавлид ва нигоҳдории нусхаҳои ягонаи генҳо дар таркиби геноми ҳуҷайра бе иштироки бевосита дарбиосинтези сафедагон иҷро кунад.

Панспермия

вироиш
Мақолаи асосӣ: Панспермия

Назарияи ҳолати статсионарӣ

вироиш

Мувофиқи ин назария Замин ягон вақт пайдо нашудааст, он аз азал буд; дар он ҳамеша ҳаёт буд ва агар дигаргун мешуд ҳам хеле кам тағйир меёфт. Мувофиқи ин назария намудҳо ҳеч гоҳ пайдо нашудаанд, онҳо аз азал буданд ва ҳар кадоми онҳо ду имконият — миқдоран дигар шудан ва пурра нест шуданро дорад.

Аз рӯи баҳодоҳои кунунии дар асоси таҷзияи радиоактивӣ буда, Замин тақрибан 4,6 млрд сола аст. Усулҳои дақиқтари муайянкунии синни Замин санаҳои боз ҳама қадимтарро нишон медиҳанд. Инро асос гирифта, тарафдорони назарияи ҳолати статсионарӣ ақидаи аз азал мавҷуд будани Заминро бештар густариш медиҳанд. Вале ин фарзия ба куллӣ аз маълумоти астрономияи ҳозира фарқ мекунад. Мувофиқи ин маълумот ҳар як ситора ва мутаносибан низомҳои сайёравии онҳо дар як муддати муайяни вақт арзи ҳастӣ намуда, баъд нобуд мешаванд. Аз ин рӯ, дар айни замон назарияи ҳолати статсионарӣ чун назарияи илмӣ пазируфта намешавад.

Назарияи худпайдоиши ҳаёт

вироиш

ИН назария дар Чини Қадим, Бобул ва Миср ба вуҷуд омадааст ва дар баробари креатсионизм амал мекард. Арасту (384—322 пеш аз милод), кӣ ӯро аксари вақт асосгузори биология мехонанд, тарафдори фарзияи якбора ба вҷуд омадани ҳаёт буд. Мувофиқи ин фарзия, «ҳиссачаҳои» махсуси модда дорои «маҳаки фаъол»е мебошанд, ки дар шароити мусоид метавонанд организми зиндаро ба вуҷуд оваранд. Бо пайдоиши дини насронӣ назарияи якбора ба вҷуд омадани ҳаёт ғайримаъмул шуд: онро танҳо одамоне, ки ба ҷодуву ҷину аҷина бовар доштанд эътироф мекарданд, вале он то асрҳои наздик мавҷуд буд.

Олими машҳур Ван Гелмот гӯё таҷрибае гузаронидааст, ки дар он ӯ дар муддати се рӯз муш сохтааст. Барои ин ба олим либоси чиркин, ҷевони торик ва камтар гандум зарур шудааст. Маҳаки фаъол барои сохтани муш ба ақидаи Ван Гелмот арақи бадани инсон буд.

Соли 1688 биолог ва табиби итолиёӣ Франческо Редӣ масъалаи пайдоиши ҳаётро ҷиддитар омӯхт ва назарияи якбора ба вуҷуд омадани ҳаётро зери танқид қарор дод. Редӣ муқаррар сохт, ки кирмакҳои хурди дар гӯшти вайроншаванда пайдошуда тухми пашшаҳо мебошанд. Ӯ чандин таҷрибаҳо гузаронида, маълумотеро пайдо намуд, ки мувофиқи он ҳаёт метавонад танҳо аз чизи зинда пайдо шавад (консепсияи биогенез).

Соли 1860 ба омӯзиши масъалаи пайдоиши ҳаёт химики фаронсавӣ Луӣ Пастер пардохт. Ӯ бо таҷрибаҳои худ собит сохт, ки бактерияҳо дар ҳама ҷой ҳозиранд ва маводи ғайризинда метавонад бе ягон мушкилӣ дорои мавҷудоти зинда гардад, агар онҳо дуруст стерилизатсия нашаванд. Олим муҳитҳои гуногунро, ки дар онҳо бактерияҳо метавонистанд пайдо шаванд, дар об ҷӯшонид. Ҳангоми ҷӯшонидан микроорганизмҳо ва спораҳои онҳо мемурданд.

Дар натиҷаи гузаронидани таҷрибаҳо Пастер дурустии назарияи биогенезро собит сохт ва назарияи якбора ба вуҷуд омадани ҳаётро пурра инкор кард.

Эзох

Адабиёт

вироиш
  • Энсиклопедияи миллии тоҷик, Ҷ.1, Д., 2011;
  • Белясов Д. К., Общая биология, М., 1993;
  • Биология для школьников и поступающих в ВУЗы, М., 1999.

Сарчашма

вироиш
  • Захаров В. Б. Общая биология. 10 класс. М., 2005.

Пайвандҳо

вироиш