Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад ибни Ҳаким ибни Абдураҳмон ибни Одам Рӯдакӣ (форсӣ: ابوعبدالله جعفر بن محمد بن حکیم بن عبدالرحمن بن آدم رودکی, маъруф ба Одамушуаро; 860[1], Панҷрӯд, Давлати Сомониён[3] — 941[1][2], Панҷрӯд, Давлати Сомониён[3]) — бунёдгузори адаби форсӣ, нахустин шоири машҳури форсисарои Эронзамин дар давраи Сомониён.
Тахаллусҳо: | Рудаки |
---|---|
Таърихи таваллуд: | 860[1] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 941[1][2] |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир, нависанда, овозхон, наққол |
Жанр: | рубоӣ, қасида ва ғазал |
Забони осор: | форсӣ[3] |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишАбӯабдуллоҳ Рӯдакӣ соли 858 дар деҳаи Панҷрӯд аз тавобеъи Самарқанд (бинобар ин дар баъзе сарчашмаҳо Рӯдакии Самарқандӣ низ меноманд), ки акнун рустое аз ноҳияи Панҷакент дар вилояти Суғд аст, ба дунё омадааст. Таърихи ҳазору сад солаи адабиёти тоҷик бо номи бунёдгузори он устод Рӯдакӣ сахт вобаста аст. Рӯдакиро муосиронаш ва суханварони баъдина бо унвонҳои ифтихорӣ: Одамушуаро форсӣ: آدم الشعرا Қофиласорои назми форсӣ, Соҳибқирони шоирон, Султони шоирон, Мақаддумушуаро ва ҳамсони инҳо ёд мекунанд. Асосгузор ва сардафтари адабиёт аслан маънои онро надорад ки пеш аз дигарон асар эҷод карда бошад.[4]
Устод Рӯдакӣ бо хидматҳои бузургаш ба ин мақоми таърихӣ расидааст. Рӯдакӣ дар таърихи фарҳанги халқи тоҷик аввалин суханваре аст, ки таҷрибаҳо ва муваффақиятҳои гузаштаи худро дар соҳаи адабиёти форсӣ ҷамъбаст кардааст. Рӯдакиро яке аз асосгузорони жанрҳои назми форсӣ — достон, рубоӣ, қасида, байт, ғазал ва дигар пазируфтаанд.
Рӯдакӣ ва Сомониён
вироишШеърҳои Рӯдакӣ нишон медиҳанд, ки ӯ Амир Исмоили Сомониро шоҳи тавоно, Амир Аҳмад Сомонӣ ҳамчун дӯсти ҳунарманд ва Амир Наср Сомонӣ ҳамчун шогирди бомаърифати худ мешуморанд.[5]
Ҳунару дастовардҳои устод Рӯдакӣ ба гӯши амири Хуросон Наср II ибни Аҳмад мерасад ва вай устодро ба дарбораш даъват мекунад. Рӯдакӣ дӯсти Наср II мешавад. Устодро асосгузори девон, ки як намуди маҷмуъаи шеър аз рӯи тартиби алифбо мебошад, ном мегирад.
Рӯдакиро даставвал ба дарбори Насри I Сомонӣ, ки солҳои 864—892 ҳокими Самарқанд буд, мекашад. Ӯ ҳамчунин дар манзилҳои деҳқонон, яъне заминдорони давлатманд ва мулкдор ба сарояндагӣ, навозандагӣ ва шоирӣ машғул мешавад. Рӯдакӣ бо ташаббуси Абулфазли Балъамӣ, ки аз соли 892 то соли 938 вазир буд, ба Бухоро ба пойтахти Сомониён даъват шуд. Рӯдакӣ дар он замоне, ки давраи рушди болоравии худшиносии халқи тоҷик буд, даъвати Балъамиро ба ҷон пазируфт. Иштироки Рӯдакӣ дар ин раванди ташаккули халқи тоҷик айни муддао буд. Ӯ бо дарбори Исмоили Сомонӣ (892—907) ва Аҳмад ибни Исмоил (907—914) беалоқа набудааст. Рӯдакӣ дар дарбори Наср ибни Аҳмади Сомонӣ, яъне Насри II (914—943) ба мартабаи азим соҳиб мешавад.
Бинобар ҳамин худи Рӯдакӣ мегӯяд:
Киро бузургию неъмат зи ину он будӣ,
|
Наср ибни Аҳмади Сомонӣ дӯстдор ва ташвиқкунандаи адабиёти дарӣ буд. Худаш ҳам шеър мегуфт. Ӯ Рӯдакиро надим, яъне аз наздикони худ мегардонд. Рӯдакӣ бо ӯ дар бисёр сафарҳояш ҳамроҳӣ карда, Нишопур, Марв, Сарахсу Ҳирот ва бисёр шаҳрҳои дигарро дидааст. Нуфузи Рӯдакӣ дар дарбор ниҳоят бузург буд. Наср ибни Аҳмад ва сарлашкарону ҳокимони қаламрави ӯ ба шоир барои қасидаву достонҳояш ҷоизаҳои калон медоданд.
Рӯдакӣ тарбиятгар ва пешвои тамоми адибони замонаш буд. Шаҳиди Балхӣ, Муродӣ ва Фароловӣ аз ин қабил буданд. Далелҳои зиёди таърихиӣ аз таъсири фавқулоддаи ашъори Рӯдакӣ шаҳодат медиҳад. Боре Наср ибни Аҳмад ба Ҳирот сафар кард. Ба сабаби хушии обу ҳаво ва зебоии табиати ӯ чор сол он ҷо монда, пойтахти худ шаҳри Бухороро гуё аз ёд баровард. Вазирону сарлашкарони ӯ, ки муштоқи ёру диёр ва пазмони аёлу фарзандон буданд, майли Бухоро доштанд. Азбаски замони осоишта буд, амир аз фароғат даст намекашид. Онҳо аз устод Рӯдакӣ мадад ҷустанд, ки чорагарӣ кунад. Рӯдакӣ ба доди онҳо расид. Вай дар васфи Бухоро қасидае навишта, бо самимият, ташбеҳу муболиға шеъри гӯшнавозе эҷод кард.
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме,
Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме.
Реги Омуву дурушти роҳи ӯ,
Зери поям парниён ояд ҳаме.
Оби Ҷайҳун бо ҳама паҳноварӣ
Хинги моро то миён ояд ҳаме.
Эй, Бухоро, шод бошу дер зӣ,
Мир наздат шодмон ояд ҳаме.
Мир моҳ асту Бухоро осмон,
Моҳ сӯи осмон ояд ҳаме.
Мир сарв асту Бухоро бӯстон,
Сарв сӯи бӯстон ояд ҳаме.
Офарину мадҳ суд ояд ҳаме,
Гар ба ганҷ андар зиён ояд ҳаме.
Рӯдакӣ низ бо ғуломон ва амволи зиёди худ, ки аз чаҳорсад шутур ва дусад ғулом иборат буд, ба Бухоро баргашт.
Лозим ба ёдоварӣ аст, ки Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дар қасидаи «Модари май»-и худ сарзамини таҳти ҳукмронии Амири Сомониро, ки тоҷикон ҳувияти торихии худро вомдори эшон медонанд, Эрон мехонад ва аз он ба некӣ ном мебарад.
Шодӣ Бу Ҷаъфар Аҳмад ибни Муҳаммад,
Рӯдакӣ
|
Намунҳо аз осори Рӯдакӣ
вироишГар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ,
Бар кӯру кар ар нукта нагирӣ, мардӣ.
Мардӣ набувад фитодаро пой задан,
Гар дасти фитодае бигирӣ мардӣ.[6]
- Дар ишқ чу Рӯдакӣ шудам сер аз ҷон
- В-аз гиряи хунин мижаам шуд марҷон.
- Алқисса, ки аз дасти азоби ҳиҷрон
- Дар оташи рашкам дигар аз дӯзахиён![7]
- Бе рӯйи ту хуршеди ҷаҳонсӯз мабод,
- Ҳам бе ту чароғи оламафрӯз мабод!
- Бо васли ту касс чу ман бадомӯз мабод,
- Рӯзе, ки туро набинам он рӯз мабод![8]
- Дили ман арзане, ишқи ту кӯҳе,
- Чӣ соӣ зери кӯҳе арзанеро?
- Бубахшо, эй писар, бар ман бубахшо,
- Макуш дар ишқ хира чун манеро.
- Биё, инак нигаҳ кун Рӯдакиро,
- Агар беҷон равон хоҳӣ танеро
- Чун теғ ба даст орӣ мардум натавон кушт,
- Наздики Худованд бадӣ нест фаромушт.
- Исо ба рахе дид яке мурда фитода,
- Ҳайрон шуду бигрифт ба дандон сариангушт.
форсӣ: :پوپک دیدم به حوالی سرخس
- بانگک بر بُرده به ابر اندرا
- چادرکی رنگین دیدم بر او
- رنگ بسی گونه بر آن چادرا
англ. I saw a bird near the city of Sarakhs
- It had raised its song to the clouds
- I saw a colorful chador on it
- So many colors on its chador
- Дигар панди машҳур
тоҷикӣ: Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,
- Не бад-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ.
- Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ
- Киштие соз, то бад-он гузарӣ!
англ. Look upon the world with an eye of reason,
- not in the way that you once looked.
- The world is the sea. Do you wish to cross it?
- Build a ship of good deeds.[9]
Эҷодиёт
вироишРӯдакӣ аз шоирони пуркор ва сермаҳсули дунё буд. Эҷодиёти ӯ аз 8-солагиаш сар шуда, қариб 70 сол давом кард. Бар замми ин, Рӯдакӣ чунон истеъдоди бузург дошт, ки асарҳои калонро дар муддати кӯтоҳ эҷод мекард. Соли 932 ӯ бо хоҳиши дӯсташ Балъамӣ Калила ва Димнаро дар 12 ҳазор байт ба назм медарорад. Ҳоло аз он қариб сад байт бокист.
Порчаҳо аз «Калила ва Димна»
вироиш
Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,
|
Баъди аз он Синдбодномаро менависад. Соли 933 қасидаи Модари майро дар чанд рӯз мегӯяд, ки он дар шакли боқимондааш аз 94 байт иборат аст. Соҳиби девони бузург будани Рӯдакӣ аниқ аст. Девони маҷмӯаи ашъори лирикии ин ё он шоир аст, ки мувофиқи жанрҳо ҷобаҷо карда мешавад. Калила ва Димна ва Синдбодномаро боз 5 маснавии дигар доштааст. Ҳамаи ин нишон медихад, ки Рӯдакӣ бе ҳеч шакку шубҳа аз шоирони пурмаҳсул будааст. Аз ин ҷиҳат Муҳаммад Авфӣ ашъори ӯро сад дафтар, яъне сад ҷилд мегӯяд. Шоири асри XI Рашидии Самарқандӣ сездаҳ рах сад ҳазор байт будани шеъри Рудакиро хабар медихад:
Гар сари ёбад ба олам кас ба некушоирӣ,
|
Шоири дигари асри XI Асадии Тусӣ, ки бо Рудакӣ қарибулахд ва аз донишмандони забардасти эҷодиёти ӯ буд, яксаду ҳаштод ҳазор байт гуфтани Рудакиро таъкид мекунад, ки ин хабар беш аз ҳама ба ҳақиқат наздик аст:
Шоир чу гузин Рудакӣ он к-аш бувад абёт
|
Аз ин осори беандоза бузурги устод Рӯдакӣ акнун дар ҳудуди ҳазор байт боқӣ мондаасту бас. Вале ҳамин миқдори ками дурдонаҳои ӯ низ нубуғи шоирӣ ва қудрати офаридагори устодро намоиш медихад.
Пирӣ ва вафоти шоир
вироишБа ҳамин минвол замони камолоти эҷодии Рӯдакӣ дар Бухоро гузашт. Ӯ на танҳо дар дарбор, балки дар байни халқ ва хоса гуруҳҳои равшанфикри аҳли шаҳр низ шуҳрати тамом ёфта буд. Дар бораи пирӣ ва нотавонии худ Рӯдакӣ аз ҷумла дар қасидаи Модари май ишораҳо дорад. Хонадони Сомониён дар аввали ҳукумронии худ ба пайравони мазҳабҳо, ҳатто динҳо бетараф буданд. Аз соли 919 сар карда дар хоки Сомониён, аз як тараф таблиғоти карматӣ авҷ мегирад, аз тарафи дигар, дар охирҳои замони Насри ибни Ахмад (914—943) таасуб ва хурофоти мазҳаби хеле боло рафт. Рӯдакӣ аз фитнаҳо, бетартибиҳо, амалиёти зиддихалқии қувваҳои ҷудоиҷуи марказгурез ва ривоҷу ҳуруфоти мазҳабӣ, ки ҳаёти шоирро талх карда, ба кори эҷодии ӯ халал мерасонданд, ба танг омада, дар сафи одамони пешқадам, ватандӯст ва халқпарвар меистад. Вай ҳатто аз он пушаймон мешавад, ки дар дарбор хидмат кардааст:
- Басе нишастам ман бо акобиру аъён,
- Биозмудамашон ошкору пинҳонӣ.
- Нахостам зи таманно магар, ки дастурӣ,
- Наёфтам зи атоҳо магар пушаймонӣ.
Ҳукуматдорон ин рафтори бебоконаи шоирро бардошта натавонистанд. Онҳо молу мулки Рӯдакиро мусодира карда, ба чашми ӯ мил кашида, кӯр карданд. Мил кашидан аз кабехтарин ҷазоҳои ҳокимони феодалӣ буд, ки бо лулачаи оҳанини тасфон гавҳараки чашми одамонеро, ки аз ҷиҳати мафкурави хафноктарин шумурда мешуданд, доғ мекарданд.
Рӯдакӣ пири нотавон, озорёфта ва ҷазогирифта ба деҳаи худ баргашт. Баъди бозгашт ба зодгоҳ Рӯдакӣ зиндагии пурҷушу хурӯш ва осудаи худро ба ёд оварда, мулоҳиза меронад, ки чаро ӯро аз майдони мубориза берун карданд? Бале, гуноҳе надошт. Шоири ранҷур навишта буд:
- Басо, ки маст дар ин хона будаму шодам,
- Чунон ки чохи ман афзун буд аз амиру мулук.
- Кунун ҳамонаму хона ҳамону шаҳр ҳамон,
- Маро нагуй, ки аз чи шудаст шоди сук?
Баъди се соли ба зодгоҳи худ баргаштан, яъне соли 941 Рӯдакӣ аз олам гузашт. Ҷасади ӯро дар саҳни бӯстони Панҷруд ба хок супурданд. Оромгоҳи ӯ то имрӯз зиёратгоҳи мухлисони назми пок ва сухани Олӣ мебошад.
Марги чунин як суханвари донову тавоно наздикон ва дӯстони ҳамқаламашро бениҳоят ғамгину мотамзада карда буд. Яке аз шоирони гумноми ҳамзамони устод Рӯдакӣ дар марсияи ба ӯ бахшидааш бо ҳазор дарду алам гуфтааст:
Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯй,
|
Устод Рӯдакӣ дар тӯли зиндагии худ мероси бузурги адабӣ боқӣ гузошта, яке аз шоирони пуркору пурбортарини замони худ будааст. Осори бадеиву таърихии суханвари панҷрӯдиро Муҳаммад Авфии Бухороӣ дар «Лубобу-л-албоб» сад дафтар ва Асадии Тӯсӣ (тав. 1005—1010 — ваф. 1073) дар қасидаи мунозиравии худ «Араб ва Аҷам» яксаду ҳаштод ҳазор байт баршумурданд. Шояд дар ин гуфтаҳо муболиға роҳ ёфта бошад, аммо ҳамаи ин далели он аст, ки мероси бузурги устод Рӯдакӣ на танҳо бо муҳтавои баланду ҳунари шоирӣ, инчунин бо ҳаҷму андозааш ҳанӯз дар асрҳои XII—XIII суханварони баъдиро дар ҳайрат гузошта будааст тасодуфӣ нест, ки Рашидии Самарқандӣ устод Рӯдакро сарвари шоирони забардаст номидааст.[11]
Гиромидошти устод А. Рӯдакӣ дар Тоҷикистон
вироишБарои гиромидошти номи устод А. Рӯдакӣ дар панҷсад сомонаи пули миллии Тоҷикистон расмашро, дар гӯшаву канори Тоҷикистон номи яке аз ноҳияҳо ба номи Рӯдакӣ гузошта шудаасту, дар вилояту ноҳияҳо хиёбону кӯчаҳову ва маҳалҳои аҳолинишин номгузорӣ карда шудаанд. Дар пойтахт шаҳри Душанбе Боғи Устод Рӯдакӣ, хиёбони марказии шаҳр ба номи Хиёбони Рӯдакӣ, муҷассамаи А. Рӯдакӣ дар хиёбони номбурда, якчанд муассисаҳои давлатӣ номгузорӣ шудаанд. Ҳазорҳо нусха китобу нашрияҳо дар бораи эҷодиёти А. Рӯдакӣ пайваста маводҳои илмиву бадеӣ ҳамасола нашр карда истодаанд. Рузи 22- юми сентябр ҳамчун Рузи Рудаки чашн гирифта мешавад.
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 Большая российская энциклопедия (рус.) — М.: Большая российская энциклопедия, 2004.
- ↑ 2.0 2.1 https://www.persee.fr/doc/lefab_0996-6560_2015_num_26_1_1262 — С. 181.
- ↑ 3.0 3.1 3.2 3.3 3.4 3.5 Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ Китоби сарви самарқанд : шарҳи сурӯдаҳои рӯдакӣ, пеши гуфтор, Пупак Никталаб, 2020
- ↑ Китоби сарви самарқанд : шарҳи сурӯдаҳои рӯдакӣ, Саҳифаи 9, Пупак Никталаб, 2020
- ↑ Рубоиёт аз А. Рудакӣ 31. 10 Январ 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 12 августи 2020.
- ↑ Рубоиёт аз А. Рудакӣ 22. 10 Январ 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 12 августи 2020.
- ↑ Рубоиёт аз А. Рудакӣ 7. 10 Январ 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 12 августи 2020.
- ↑ Centro Linguistico di Ateneo
- ↑ Рӯдакӣ.Шеърҳо. Тартибу тавзеҳи У. Каримов ва С. Саъдиев. — Душанбе: Ирфон, 1974. 217 с.
- ↑ Зиндагиномаи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ. 10 Январ 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 16 Январ 2017.
Пайвандҳо
вироиш- Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Шарҳи мунтахаби ашъор Бойгонӣ шудааст 8 марти 2023 сол.