Рӯйдодҳои кунунӣ/Бойгонӣ/2006
(Тағйири масир аз Вокеаҳои кунунӣ/Бойгонӣ/2006)
- 30 Декабр бомдоди имрӯз, пас аз намози бомдод ҳукми еъдоми диктатори пишини Ироқ Саддом Ҳусайн (Каси ки рузи xуд ро сардори қодисия меxонд) ва ду шарики ӯ дар шаҳри Бағдод иҷро шуд.[1] Бойгонӣ шудааст 27 сентябри 2007 сол.
- 21 Декабр - Сафармурод Ниёзов, раиси ҷумҳури Туркманистон, ки 21 соли ахир ин кишварро идора мекард, соати яки шаби рӯзи 21 декабр дар синни 66 солагӣ аз олам даргузашт.[2](пайванди дастнорас)
- 12 Декабр - Ҷаҳон Қурбонов, варзишгари 20- солаи тоҷик дар Бозиҳои Осиёӣ дар Қатар дар мусобиқоти бокс ба рақобати ниҳоӣ роҳ ёфт.Вай дар рақобатҳо дар вазни 81 килограмм нахуст бар Хиаоринг Занг, варзишгари Чин ғолиб омад.[3](пайванди дастнорас)
- 11 Декабр - Августо Пиночет дар Чиле баъд аз кудетои низомии соли 1973 16 сол дар мақоми раёсати ҷумҳурӣ буд. Ҳоло баъд аз даргузашташ дар ин кишвар барои ба хок супурдани вай маросими расмии дафн баргузор нахоҳад шуд. [4](пайванди дастнорас)
- 11 Декабр - Рӯзи душанбе (11 декабр) дар шаҳри Ню-Йорк 60 солагии таъсиси ЮНИСЕФ ё Бунёди ҳимоят аз кӯдакони Созмони Миллали Мутаҳид ҷашн гирифта шуд. Кофӣ Аннан, дабири кулли СММ дар ин маросим гуфт, ки ЮНИСЕФ ҷони миллионҳо кӯдакро дар кишварҳои ҷангзада ва камбизоатӣ дар саросари дунё наҷот додааст.[5](пайванди дастнорас)
- 9 Декабр - Аввалин бор дар таърихи ширкати худ дар Бозиҳои Осиё, аз соли 1994 то имрӯз, варзишгарони тоҷик ба ҷоизаи тилои ин мусобиқот даст ёфтанд. Пирӯзиии гурзафкани 24-сола Дилшод Назаров дар сабқати рӯзи ҷумъаи 8 Декабр, ба Тоҷикистон имкон дод, аз ҷойи пешазохирини ҷадвали мусобиқа ба ҷойи 23-юм барояд, ки аз бисёр кишварҳо, монанди Қирғизистону Туркманистон ва Афғонистону Покистон болотар аст.
[6] Бойгонӣ шудааст 27 сентябри 2007 сол.
- 29 Ноябр - Амрико қасд дорад барои нахустин бор дар Тоҷикистон утоқи тиҷорати худро таъсис бидиҳад. Ин матлаб дар як нишасти мизи муддавар ки дар шаҳри Душанбе бо ибтикори сафорати ин кишвар доир гардид эълом шудааст
Трейси Энн Ҷейкобсон сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон зимни ин нишаст гуфт роҳандозии утоқи тиҷории Амрико дар Тоҷикистон мусоидат менамояд то ширкатҳо ва сармоягузорони собиқадори амрикоиву хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ҷалб гарданд. [7] Бойгонӣ шудааст 29 сентябри 2007 сол.
- 28 Ноябр - Ҳайати варзишии Тоҷикистон барои ширкат дар понздаҳумин давраи Бозиҳои Осиёӣ рӯзи сешанбеи 28 Ноябр озими Қатар шуд.
- 9 Ноябр - Бритней Спирз, овозхони маъруфи амрикоӣ ва шавҳари дуввуми ӯ Кевин Федерлийн барои ҳаққи тарбият ва нигоҳубини ду кӯдаки хурдсолашон талош мекунанд.[8] Бойгонӣ шудааст 29 сентябри 2007 сол.
- 14 Октябр - Дар кохи синамои «Ҷомӣ» нахустнамоиши филми нави ҳунарӣ «Вақте, ки болои шаҳр борон мерехт» баргузор гардид. Филм роҷеъ ба муҳаббат, садоқат ва фарҳанги хонаводагист, ки заҳмати килки Абдурофеъ Рабиев, филмнависи маъруфи тоҷик аст.
[9] Бойгонӣ шудааст 29 сентябри 2007 сол.
- 9 Октябр - Фирӯза Алифова, сарояндаи маъруфи тоҷик барои услуби вижаи овозхониаш барандаи ҷоизаи Вазорати фарҳанг ва иттилооти Қазоқистон шуд. Аз миёни шашсад ширкатдори озмуни байналмилалии мусиқии "Остона 2006" ӯ дар давраи ниҳоии озмун дар қатори 14 сароянда ба бурдани чунин ҷоиза мушарраф шуд.
[10](пайванди дастнорас)
- 2 Октябр - Тимҳои футболи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода ва «ХИМА»-и Душанбе ба бозии ниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2006 роҳ ёфтанд.
[11](пайванди дастнорас)
- 30 Cентябр - Дар Википедиаи Тоҷикӣ тақрибан соатҳои 18:10 - 18:25 бо вақти Тоҷикистон - шумораи мақолаҳо ба 3000 расид.
- 29 Сентябр - Ҳафт варзишгари навҷавони тоҷик дар мусобиқоти байналмилалӣ дар риштаи теннис, ки дар шаҳри Ишқободи Туркманистон ҷараён дорад, рақобат мекунанд.
[12](пайванди дастнорас)
- 16 Сентябр - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардуми Чин Вэн Тсзябао дар маросими тантанавии оғози расмии сохтмони хатти баландшиддати интиқоли нерӯи барқ "Ҷануб-Шимол" иштирок намуданд.
[13] Бойгонӣ шудааст 12 Декабри 2007 сол.
- 10 Cентябр - Дар Википедиаи Тоҷикӣ тақрибан соатҳои 18:30 - 19:00 бо вақти Тоҷикистон - шумораи мақолаҳо ба 2000 расид.
- 9 Cентябр - 15 солгарди Рӯзи истиқлоли Тоҷикистон муборак!
- 1 Cентябр - Рӯзи Дониш муборак!
- 1 Cентябр - Дар арафаи ҷашнҳои 15-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон, соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ, [[2700 - солагии шаҳри Кӯлоб]] ва анҷумани шашуми тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон мақолаи навбатии илмию таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов зери унвони "Арзишҳои ориёӣ дар тамаддуни ҷаҳонӣ" дар шумораи 105 (21 161) - и рӯзномаи Ҷумҳурият аз 29 августи соли равон ба чоп расид.
[14] Бойгонӣ шудааст 28 сентябри 2007 сол.
- 29 Август - Дар Википедиаи Тоҷикӣ тақрибан соатҳои 17:30 - 18:00 бо вақти Тоҷикистон - шумораи мақолаҳо ба 1000 расид.
- 24 Август - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов 24 Aвгусти соли 2006 ба унвони Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи ҳамдардӣ фиристод
[15] Бойгонӣ шудааст 28 сентябри 2007 сол.
- 22 Август - Бар асари суқути ҳавопаймои русӣ ТУ-154 рейс 612 Анапа - Санкт-Петербург дар Украина, бино ба гузоришҳо тамоми 170 сарнишини он ҷони худро аз даст додаанд. Пештар аз ин вазорати умури изтирории Русия гуфт, ки дар назди шаҳри Донетски Украина, маҳалли ҳодиса ҷасади 30 нафарро пайдо кардаанд.
- 22 Август - Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳури Тоҷикистон имрӯз зимни ширкат дар маросими вижае дар ноҳияи Шаҳристон, вокеъ дар 230-километрии шимоли шаҳри Душанбе, пойтахт ба корҳои сохтмони дар тунели «Шаҳристон» огоз бахшид.
- 21 Август - додгоҳи расидаги ба парвандаи чадиде алайҳи раҳбари собиқи Ироқ ба иттихоми куштори хазорон тан аз курдҳои сокини ин кишвар дар Бағдод баргузор шудааст.
- 21 Август - Субҳи душанбе як таркиш бинои дутабақаи бозори "Евразия" дар минтақаи Черкизовои шаҳри Маскавро такон дод, ки дар натиҷаи он камаш даҳ нафар кушта ва беш аз сӣ каси дигар маҷрӯҳ шуданд. Ба гуфти шоҳидон, бинои ошхонаро оташ фаро гирифт ва тоҷирони ба даҳшат афтода аз макони инфиҷор фирор намуданд.
[18] Бойгонӣ шудааст 27 сентябри 2007 сол.
- 18 Август - 17 Августи соли 2006 нависандаи машҳури тоҷик Темур Зулфиқоров, ки дар шаҳри Маскав зиндагӣ мекунад, 70 –сола шуд. Соҳибҷашнро дӯстону ҳамкасбон ва ҳаводорони эҷодиёташ табрик намуданд. Бо супориши сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Сафар Сафаров, ки имрӯзҳо дар шаҳри Сочӣ мебошад, соҳибҷашнро намояндаи расмии сафорат табрик намуд.
[19] Бойгонӣ шудааст 28 сентябри 2007 сол.
- 17 Август — Бо қарори ҳукумати Лубнон, армияи кишвар ба ҷанубӣ дарёи Литани ҷой гирифтанд. Якум Тонкҳо ва мошинҳои ҳарбии Лубнон дарёи Литанро гузашт. [20]
- 16 Август — Википедияи Русӣ 11-ум Википедияи шуд ки шумораи мақоляҳояш аз 100 ҳазор гузашт
- 15 Август - Дар маҷлиси илмии шуъбаи илми биология ва тибби Академияи илмҳои Тоҷикистон зикр шуд, ки дар давоми 15 соли охир дар амри рушди гастроэнтерология ва биология дастовардҳои зиёде ба назар расидаанд. Маҷлис ба 15-умин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд.